Tajikistan University of Innovation and Digital Technologies - UIDT

Tajikistan University of Innovation and Digital Technologies - UIDT Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Tajikistan University of Innovation and Digital Technologies - UIDT, College & University, 9 Borbad Neighborhood, Kulob.

Tajikistan University of Innovation and Digital Technologies (UiDT) is a leading state-level institution established to spearhead the nation's digital transformation and foster a culture of technological advancement.

Имрӯз, 29 сентябр, дар Театри миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии технологии TAJ-TECH 2026 расман ифтитоҳ гардид.Фору...
29/09/2026

Имрӯз, 29 сентябр, дар Театри миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии технологии TAJ-TECH 2026 расман ифтитоҳ гардид.

Форум бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди технологияҳои рақамӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ баргузор мешавад.

___

Сегодня, 29 сентября, в Национальном театре Таджикистана состоялось официальное открытие Международного технологического форума TAJ-TECH 2026.

Форум организован по инициативе Агентства инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан в целях развития цифровых технологий и укрепления международного сотрудничества.

___

Today, 29 September, the TAJ-TECH 2026 International Technology Forum officially opened at the National Theatre of Tajikistan.

Organised at the initiative of the Agency of Innovation and Digital Technologies under the President of the Republic of Tajikistan, the forum aims to advance digital technologies and strengthen international cooperation.

«НАҚШИ ОСОРИ МАВЛОНО ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСӢ ВА МАЪРИФАТИ МАЪНАВИИ ҶАВОНОН»Санаи 29 сентябри соли 2026 бо ташаббуси Шуъбаи...
29/09/2026

«НАҚШИ ОСОРИ МАВЛОНО ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСӢ ВА МАЪРИФАТИ МАЪНАВИИ ҶАВОНОН»

Санаи 29 сентябри соли 2026 бо ташаббуси Шуъбаи ташкилию тарбиявии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон дар толори китобхонаи донишгоҳ ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Мақоми “Маснавии маънавӣ” дар таҳкими арзишҳои маънавӣ ва худшиносии ҷавонон» бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ҳамоиш арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабию маънавии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонон, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҷалби насли ҷавон ба омӯзиши осори бузургони адабиёти классикӣ буд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти классикии форсу тоҷик бо осори гаронбаҳои худ дар рушди андешаи инсонгароёна, ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши муҳим гузоштааст. Асари машҳури ӯ — «Маснавии маънавӣ» — саршор аз андешаҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ, маърифатӣ ва инсонпарварона буда, то имрӯз аҳаммияти худро ҳамчун сарчашмаи муҳими маърифати маънавӣ нигоҳ доштааст.
Зимни баррасии мавзуъ иштирокчиён оид ба ҷойгоҳ ва мақоми «Маснавии маънавӣ» дар тарбияи маънавии инсон, нақши он дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва худшиносии ҷавонон андешаҳои худро баён намуданд.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки омӯзиши осори Мавлоно барои ҷавонон имкон фароҳам меорад, то онҳо ба арзишҳои волои инсонӣ, маърифат, ахлоқи ҳамида, эҳтироми фарҳанг ва таърихи ниёгон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Дар идомаи ҳамоиш байни иштирокчиён суҳбати озоди маърифатӣ баргузор гардида, атрофи ҳаёт ва фаъолияти Мавлоно, арзиши адабию ахлоқии «Маснавии маънавӣ» ва нақши осори классикӣ дар тарбияи насли наврасу ҷавон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба мероси адабию фарҳангии ниёгон аҳаммияти муҳим дорад.

Маркази иттилоот ва тарғиб

Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
Донишгоҳи инноватсия – рамзи муваффақияти ту!
iDT University – Your Success Code!
#ДИТР #ДонишгоҳиИнноватсия #ТехнологияҳоиРақамӣ #ИлмФурӯғиМаърифат #Тоҷикистон #Кӯлоб #ОяндаиРақамӣ #Инноватсия

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-МЕТОДИИ КАФЕДРАИ ТАБИӢ-РИЁЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД Дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ...
29/09/2026

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-МЕТОДИИ КАФЕДРАИ ТАБИӢ-РИЁЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон семинари илмӣ-методии кафедраи табиӣ-риёзӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади таҳкими фаъолияти илмӣ-методӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва баррасии масъалаҳои мубрами таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ баргузор карда шуд.
Дар оғози семинар намояндагони кафедра оид ба аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳо дар такмили раванди таълим ва рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии омӯзгорон ибрози назар намуданд.
Дар идомаи семинар омӯзгорони кафедра бо маърӯзаҳои илмӣ-методӣ баромад карданд.
Аз ҷумла, Алимов А.Б. дар мавзӯи «Усулҳои ҳалли масъалаҳои математикии геометрӣ» маърӯза намуда, усулҳои самараноки ҳалли масъалаҳои геометрӣ ва роҳҳои истифодаи онҳо дар раванди таълимро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳамчунин, Аҳмадзода З.П. дар мавзӯи вобаста ба барномаҳои барномавии соҳавӣ ва истифодаи онҳо дар раванди таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ маърӯза намуд. Зимни баромад зарурати истифодаи воситаҳои муосири рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим таъкид гардид.
Баъди маърӯзаҳо байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда саволу ҷавоб ва муҳокимаи илмӣ-методӣ баргузор гардид. Иштирокчиён андеша ва пешниҳодҳои худро ҷиҳати такмили усулҳои таълим, истифодаи технологияҳои муосир ва баланд бардоштани сифати омодагии донишҷӯён баён намуданд.
Дар фарҷоми семинар таъкид гардид, ки баргузории мунтазами семинарҳои илмӣ-методӣ барои рушди фаъолияти касбӣ ва илмии омӯзгорон, такмили таҷрибаи педагогӣ ва баланд бардоштани сифати таълим дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон заминаи муҳим фароҳам меорад.

Маркази иттилоот ва тарғиб

Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
Донишгоҳи инноватсия – рамзи муваффақияти ту!
iDT University – Your Success Code!
#ДИТР #ДонишгоҳиИнноватсия #ТехнологияҳоиРақамӣ #ИлмФурӯғиМаърифат #Тоҷикистон #Кӯлоб #ОяндаиРақамӣ #Инноватсия

ТАШРИФИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ДИТРБо мақсади шиносоӣ бо раванди фаъолияти таълимию илмӣ в...
28/09/2026

ТАШРИФИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ДИТР

Бо мақсади шиносоӣ бо раванди фаъолияти таълимию илмӣ ва вазъи корҳои созандагию ободонӣ дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомиддин Иброҳимзода ба донишгоҳ ташриф овард.
Зимни ташриф муовини вазир бо фаъолияти сохторҳои таълимию илмии донишгоҳ, раванди татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми таълим, имкониятҳои моддию техникии муассиса ва шароити фароҳамовардашуда барои омӯзгорону донишҷӯён шинос гардид.
Дар ҷараёни боздид масъалаҳои марбут ба рушди таҳсилоти рақамӣ, истифодаи самараноки технологияҳои муосир дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки рушди босуръати технологияҳои рақамӣ тақозо менамояд, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати муосир, рушди малакаҳои рақамӣ ва густариши фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Дар фарҷоми ташриф ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти таълимию илмӣ, истифодаи имкониятҳои мавҷуда ва тақвияти корҳои созандагию ободонӣ ба масъулини донишгоҳ тавсияҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.

Маркази иттилоот ва тарғиб

iDT University – Your Success Code!
#ДИТР #ДонишгоҳиИнноватсия #ТехнологияҳоиРақамӣ #ИлмФурӯғиМаърифат #Тоҷикистон #Кӯлоб #ОяндаиРақамӣ #Инноватсия

ИШТИРОКИ КОРМАНДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢРӯзҳои 25–26 сентябри соли 2026 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳ...
28/09/2026

ИШТИРОКИ КОРМАНДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Рӯзҳои 25–26 сентябри соли 2026 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи лоиҳаи байналмилалии «Open Food Innovation University (OFINU)» Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Шаклҳои инноватсионии таҳсилот барои рушди иқтисодӣ ва рушди сармояи инсонӣ» баргузор мегардад.
Форуми мазкур бо дастгирии барномаи Erasmus+ Иттиҳоди Аврупо ва иштироки намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои гуногун, ташкилотҳои шарик, коршиносон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардида, ба баррасии масъалаҳои муҳими соҳаи таҳсилот ва рушди сармояи инсонӣ бахшида шудааст.
Дар кори форум намояндагони ҳайати кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон иштирок намуда, дар муҳокимаи масъалаҳои марбут ба рушди шаклҳои муосиру инноватсионии таҳсилот, баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон, таҳкими робитаи таҳсилот бо рушди иқтисодӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳм мегузоранд.
Иштирок дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва таълимӣ, аз худ намудани усулҳои муосири таҳсил, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии имконияту иқтидори Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, иштироки донишҷӯён дар форуми мазкур ба рушди ҷаҳонбинии илмӣ, такмили дониш ва малакаҳои касбӣ ва таҳкими нақши ҷавонон дар равандҳои инноватсионӣ мусоидат хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва тарғиб

Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
Донишгоҳи инноватсия – рамзи муваффақияти ту!
iDT University – Your Success Code!
#ДИТР #ДонишгоҳиИнноватсия #ТехнологияҳоиРақамӣ #ИлмФурӯғиМаърифат #Тоҷикистон #Кӯлоб #ОяндаиРақамӣ #Инноватсия

АКСИЯИ ТОЗАГИВУ ОБОДКОРӢ ДАР ДОНИШГОҲБо мақсади саҳмгузорӣ дар ободонии муҳити донишгоҳ, таъмини тозагӣ ва тартибот, инч...
26/09/2026

АКСИЯИ ТОЗАГИВУ ОБОДКОРӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Бо мақсади саҳмгузорӣ дар ободонии муҳити донишгоҳ, таъмини тозагӣ ва тартибот, инчунин баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва фарҳанги экологӣ, санаи 26 сентябри соли 2026 дар ҳудуди Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон аксияи тозагиву ободкорӣ баргузор гардид.
Дар рафти аксия кормандони донишгоҳ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва рӯҳияи созанда дар корҳои ободонӣ иштирок намуда, ҳудуди донишгоҳ, роҳравҳо, майдонҳои умумӣ ва гирду атрофи биноҳои таълимиро тоза ва ба тартиб дароварданд.
Иқдоми мазкур дар доираи тадбирҳои пайвастаи донишгоҳ ҷиҳати нигоҳдории муҳити тозаву озода, беҳтар намудани ҳолати санитарӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон ва таҳсили донишҷӯён роҳандозӣ гардид.
Тозагӣ ва ободонӣ нишонаи фарҳанги баланд, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба муҳити атроф буда, саҳми ҳар як корманд дар ин самт барои боз ҳам зебову обод гардидани муҳити донишгоҳ муҳим мебошад.

Маркази иттилоот ва тарғиб

Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
Донишгоҳи инноватсия – рамзи муваффақияти ту!
iDT University – Your Success Code!
#ДИТР #ДонишгоҳиИнноватсия #ТехнологияҳоиРақамӣ #ИлмФурӯғиМаърифат #Тоҷикистон #Кӯлоб #ОяндаиРақамӣ #Инноватсия

ХУШХАБАРИмрӯз, 26 сентябри соли 2026, дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-095-и назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи ...
26/09/2026

ХУШХАБАР

Имрӯз, 26 сентябри соли 2026, дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-095-и назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур рисолаи диссертатсионии Саидзода Рамазон Абдураҳим дар мавзуи «Маҳсулнокии зироатҳои лӯбиёӣ вобаста аз усулҳои парвариш дар шароити ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ минтақаи Кӯлоб» бо роҳбарии доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Норов Мастибек Самадович ҳимоя карда шуд.
Рисолаи мазкур аз рӯйи ихтисоси 4.1.2 – «Зироаткории умумӣ, растанипарварӣ» таҳия гардида, ҳимояи он қадами муҳими илмӣ дар самти рушди таҳқиқоти кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.
Маъмурияти Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон Саидзода Рамазон Абдураҳим ва роҳбари илмии ӯ, профессор Норов Мастибек Самадовичро ба муносибати ин дастоварди арзандаи илмӣ самимона табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи илмию омӯзгорӣ комёбиҳои нав орзу менамояд.
Бигзор дастовардҳои илмӣ бозгӯи заҳмати созанда ва заминагузори муваффақиятҳои нав бошанд!

Маркази иттилоот ва тарғиб

Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
Донишгоҳи инноватсия – рамзи муваффақияти ту!
iDT University – Your Success Code!
#ДИТР #ДонишгоҳиИнноватсия #ТехнологияҳоиРақамӣ #ИлмФурӯғиМаърифат #Тоҷикистон #Кӯлоб #ОяндаиРақамӣ #Инноватсия

МАҲФИЛИ ИЛМИИ «ҶОМЕАШИНОС» БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДИТР24 сентябри соли 2026...
25/09/2026

МАҲФИЛИ ИЛМИИ «ҶОМЕАШИНОС» БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДИТР

24 сентябри соли 2026 дар толори китобхонаи Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарӣ маҳфили навбатии илмии «Ҷомеъашинос» баргузор гардид.
Маҳфили илмӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он омӯзгорони кафедра, намояндагони сохторҳои донишгоҳ ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд.
Дар ҷараёни маҳфил масъалаҳои марбут ба аҳамияти таърихию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарӣ Музафарова Б.Х. дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ – дастоварди бузурги таърихӣ» маърӯза намуда, оид ба нақши истиқлолият дар таҳкими давлатдорӣ, рушди ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ андешаҳои худро баён кард.
Ҳамчунин, саромӯзгори кафедра Муродалиев Б. доир ба аҳамияти истиқлолияти давлатӣ ҳамчун арзиши муҳими миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва масъулияти насли ҷавон дар ҳифзу таҳкими дастовардҳои давлатдорӣ суханронӣ намуд.
Дар идомаи маҳфил донишҷӯи бахши якуми ихтисоси 1-98010101 — «Амнияти киберӣ» Урозов Амирҳамза дар мавзӯи «Ифтихор аз 35 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон» маърӯза намуда, оид ба нақши ҷавонон дар рушди ҷомеаи муосир ва саҳми онҳо дар пешрафти кишвар андешаҳояшро иброз дошт.
Дар чорабинӣ мудири кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарӣ, н.и.т. Боронова Р.А. ва намояндаи Раёсати илм ва инноватсия Шеравганзода З. иштирок намуда, аҳамияти баргузории чунин маҳфилҳои илмиро дар баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва худшиносии миллии донишҷӯён таъкид карданд.
Дар фарҷоми маҳфил таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолият ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон заминаи муҳим фароҳам меорад.

Маркази иттилоот ва тарғиб

Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
Донишгоҳи инноватсия – рамзи муваффақияти ту!
iDT University – Your Success Code!
#ДИТР #ДонишгоҳиИнноватсия #ТехнологияҳоиРақамӣ #ИлмФурӯғиМаърифат #Тоҷикистон #Кӯлоб #ОяндаиРақамӣ #Инноватсия

ХУШХАБАРРаёсати Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон унвонҷӯйи кафедраи идораи молия Шарифзода Гулру...
24/09/2026

ХУШХАБАР

Раёсати Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон унвонҷӯйи кафедраи идораи молия Шарифзода Гулрухсор Мирзолатифро ба муносибати ҳимояи муваффақонаи рисолаи номзадӣ самимона табрик менамояд.
Санаи 24 сентябри соли 2026, соати 09:00, дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-014-и назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии мавсуф дар мавзуи «Масъалаҳои мукаммалгардонии идоракунии хавфҳои бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо муваффақият баргузор гардид.
Раёсати донишгоҳ ба Шарифзода Гулрухсор Мирзоҳаким ин дастоварди муҳими илмиро самимона муборакбод гуфта, барояшон парвози баланди илмӣ, дастовардҳои тоза, комёбиҳои минбаъда ва фаъолияти пурсамари илмӣ-таҳқиқотӣ орзу менамояд.
Ҳимояи муваффақонаи рисолаи номзадӣ муборак бошад!

Маркази иттилоот ва тарғиб

iDT University – Your Success Code!
#ДИТР #ДонишгоҳиИнноватсия #ТехнологияҳоиРақамӣ #ИлмФурӯғиМаърифат #Тоҷикистон #Кӯлоб #ОяндаиРақамӣ #Инноватсия

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ «АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ДАР НИЗОМИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ» ДАР ДИТР 23 сентябри соли 2026 дар...
24/09/2026

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ «АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ДАР НИЗОМИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ» ДАР ДИТР

23 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи иқтисоди рақамӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Амнияти иттилоотӣ дар низоми иқтисоди рақамӣ» баргузор гардид.
Конференсия бо мақсади баррасии масъалаҳои мубрами рушди иқтисоди рақамӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ, густариши равандҳои рақамикунонӣ ва таҳлили дурнамои рушди фазои рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар кори он омӯзгорон, олимону муҳаққиқон ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Зимни конференсия масъалаҳои рушди инфрасохтори рақамӣ, хусусиятҳои ҳудудии рақамикунонӣ, нобаробарии рақамӣ миёни минтақаҳо, дастрасии аҳолӣ ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва нақши амнияти иттилоотӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудудҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар бахши маърӯзаҳои илмӣ Бобоев Неъмат Давлатович, номзади илмҳои география, саромӯзгори кафедраи иқтисоди рақамии донишгоҳ, таҳти унвони «Ҷанбаҳои географии амнияти иттилоотӣ дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза пешниҳод намуд.
Дар маърӯзаи мазкур масъалаҳои марбут ба вазъи инфрасохтори рақамӣ, хусусиятҳои ҳудудии раванди рақамикунонӣ, сатҳи дастрасии аҳолӣ ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва таъсири амнияти иттилоотӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кишвар мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар доираи конференсия маърӯзаҳои илмӣ дар мавзӯъҳои «Масъалаҳои рақамикунонии низоми таъминоти иҷтимоӣ дар шароити муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Амнияти иттилоотӣ дар низоми иқтисоди рақамӣ: масъалаҳо ва дурнамои рушди он дар вилояти Хатлон» пешниҳод гардида, паҳлуҳои гуногуни масъалаҳои рақамикунонӣ ва амнияти иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни конференсия доир ба аҳамияти рушди иқтисоди рақамӣ, таҳкими низоми амнияти иттилоотӣ, такмили инфрасохтори рақамӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ табодули афкор намуда, оид ба масъалаҳои мавриди назар андешаҳои илмӣ ва пешниҳодҳои мушаххас баён карданд.
Дар фарҷоми конференсия таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ барои муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, табодули таҷриба миёни муҳаққиқон, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва рушди минбаъдаи таҳқиқот дар самти иқтисоди рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Маркази иттилоот ва тарғиб

Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
Донишгоҳи инноватсия – рамзи муваффақияти ту!
iDT University – Your Success Code!
#ДИТР #ДонишгоҳиИнноватсия #ТехнологияҳоиРақамӣ #ИлмФурӯғиМаърифат #Тоҷикистон #Кӯлоб #ОяндаиРақамӣ #Инноватсия

Address

9 Borbad Neighborhood
Kulob
735360

Opening Hours

Monday 08:00 - 16:00
Tuesday 08:00 - 16:00
Wednesday 08:00 - 16:00
Thursday 08:00 - 16:00
Friday 08:00 - 16:00
Saturday 08:00 - 14:00

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Tajikistan University of Innovation and Digital Technologies - UIDT posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share