22/09/2026
МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ "РӮДАКӢ АСОСГУЗОРИ НАЗМИ ТОҶИК"
22.09 2026 дар толори китобхонаи Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба коми Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Рӯдакӣ- асосгузори назми тоҷик» баргузор гадид. Дар чорабинӣ маъмурияти муассиса, омўзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Нуров Миралӣ, муаллими калон кафедраи забон ва адабиёти тоҷик оғоз гардид. Номбурда дар мавзуи "Афкори педагогии Рӯдакӣ" андешаронӣ намуда, чунин гуфт: "Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун падари адабиёти классикии форсу тоҷик дар осори худ ба масъалаҳои тарбия ва ахлоқи инсонӣ диққати махсус додааст. Афкори педагогии ӯ пеш аз ҳама ба донишомӯзӣ, хирадмандӣ, ва тарбияи маънавии инсон равона шудааст. Рӯдакӣ дар ашъори худ инсонро ба омӯзиши илм ва истифодаи хирад даъват намуда, донишро воситаи расидан ба камол медонист. Ӯ аҳаммияти аклу донишро чунин таъкид кардааст: «Бирав за таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир. Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд». Ба андешаи шоир инсон бояд аз таҷрибаи зиндагӣ сабақ гирад ва роҳи дурустро интихоб намояд. Рӯдакӣ дар ашъораш ҷавононро ба меҳнатдӯстӣ, ростгӯӣ ва некукорӣ ҳидоят мекунад. Ӯ таъкид менамояд, ки инсон бояд аз дӯстони нек ибрат гирад ва аз бадкорон дурӣ ҷӯяд. Дар яке аз пандҳои машҳури худ мегӯяд: «Дониш андар дил чароғи равшан аст». Ин андеша нишон медиҳад, ки дониш дар назари Рўдакӣ барои инсон ҳамчун чароғи роҳнамо хизмат мекунад. Рӯдакӣ инчунин ба тарбияи ахлоқӣ аҳаммияти калон дода, масонро ба некӣ ва ёрии дигарон даъват кардааст. Ӯ меҳрубонӣ ва инсонпарвариро аз хислатҳои муҳимми шахси комил медонад. Шоир бо суханони пандомӯзи худ насли ҷавонро ба хирадмандӣ ва дурандешӣ роҳнамоӣ кардааст. Аз нигоҳи Рӯдакӣ тарбия бояд инсонро ҳам аз ҷиҳати дошиш ва ҳам аз ҷиҳати ахлоқи рушд диҳад. Пандҳои ӯ имрӯз низ аҳаммияти тарбиявии худро гум накардаанд, зеро дониш, ахлоқи нек ва инсондӯстӣ ҳамеша арзишҳои муҳим мебошанд. Аз ин рӯ, афкори педагогии Рӯдакӣ қисми муҳимми мероси маънавии халқи тоҷик буда, барои тарбияи насли наврас манфиати бузург дорад"
Сипас, Моҳира Ашурова муовини директор оид ба тарбия дар баромади худ оид ба мақому манзалати устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти тоҷик суханронӣ намуда, таъқид кард, ки осори шоир барои рушди забон, адабиёт ва худшиносии миллӣ аҳаммияти бузург дорад. Ба гуфтаи мавсуф аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиву адабӣ дар баланд бардоштани маърифати донишҷӯён ва тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ хеле калон аст. Ҳамчунин, ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки мероси адабии Рӯдакиро бештар омӯзанд ва аз ғояҳои созандаву инсонпарваронаи он баҳра гиранд.
Дар идомаи мизи мудаввар, Талбакова Баноз омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик дар мавзуи "Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чеҳраи дурахшони адабиёти форсу тоҷик" баромад карда, ёдовар гардид, ки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз бузургтарин шоирони адабиёти форсу тоҷик буда, ӯро асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик мешуморанд. Рӯдакӣ дар асри VIII-IX зиндагӣ ва эҷод кардааст. Шеърҳои ӯ бо забони ширину равон ва мазмуни пурғановат навишта шудаанд. Дар ашъори Рӯдакӣ мавзуҳои дӯстӣ, муҳаббат, некӣ, инсондӯстӣ, раҳму шафқат, ахлоқу ва зебоипарастӣ мавқеи муҳим доранд. Устод Рӯдакӣ бо истеъдоди баланди шоирӣ дар дарбори Сомониён шуҳрати зиёд пайдо кардааст. Осори Рӯдакӣ ба рушди минбаъдаи адабиёти форсу тоҷик таъсири бузург расонидааст. Шеъри машҳураш «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» аз намунаҳои барҷастаи адабиёти классикӣ мебошад. Рӯдакӣ бо мероси адабии худ дар таърихи адабиёти тоҷик мақоми махсус дорад. Аз ин рӯ, ин шоири забардаст ба таври ҳамешагӣ ҳамчун чеҳраи дурахшони адабиёти форсу тоҷик дониста хоҳад шуд.
Дар идомаи ҷамъомад донишҷӯён аз ашъори безаволи устод Рӯдакӣ шеърҳо қироат намуданд. Қироати шеърҳо бо маҳорати хуб ва эҳсоси баланд сурат гирифта, ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид. Аз ҷумла, порчаҳо аз ашъори маъруфи шоир, ки мазмуни ахлоқӣ, панду ҳикмат ва инсононпарвариро дар бар мегиранд, пешкаши ҳозирин гардиданд. Баъдан миёни донишҷуён саволу ҷавоб баргузор гардид. Иштиричиён ба саволҳо оид ба ҳаёт ва фаъолияти адабии Рӯдакӣ, мавқеи ӯ дар адабиёти классикии тоҷик, осори боқимида ва аҳаммияти ашъори шоир ҷавобҳои худро пешкаш намуданд. Саволу ҷавоб ба иштирики фаъолонаи донишҷӯён мусоидат намуда, донишу ҷаҳонбинии онҳоро дар бораи мероси адабии Рӯдакӣ боз ҳам васеътар кард.
Абдулқосим Раҳимов, номзади илми филологӣ, омӯзгори кафедраи забон за адабиёти точик дар фарҷоми чорабинӣ баромад намуда, мизи мудавварро ҷамъбаст кард. Дар суханронии худ ӯ ёдовар шуд, ки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун сардафтари адабиёти классикии тоҷик бо осори гаронбаҳои худ дар таърихи адабиёти ҷаҳонӣ ҷойгоҳи арзанда дорад. Омўзиши осори ӯ барои ҳар як насли ҷавон аҳаммияти маънавӣ ва тарбиявӣ дошта, моро ба дӯст доштани забон, адабиёт, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ҳидоят менамояд.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар сатҳи хуб баргузор гардида, барои баланд бардоштани маърифати адабӣ, эҳтиром ба мероси фарҳангии миллӣ ва шиносоии бештари донишҷӯён бо ҳаёту фаъолияти устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мусоидат намуд.