Факултети Иқтисод ва идораи ДДК

Факултети Иқтисод ва идораи ДДК

Share

Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Факултети Иқтисод ва идораи ДДК, College & University, С. Сафаров 16, Kulob.

Photos from Факултети Иқтисод ва идораи ДДК's post 15/04/2022

БАХШИ МЕНЕҶМЕНТ ВА МАРКЕТИНГ.
Суратгузориш аз рафти конференсияи илмӣ назариявӣ ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба натиҷагирии корҳои илмӣ таҳқиқоти дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат" ва бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (Солҳои 2020-2040) дар бахши менеҷмент ва маркетинг

Photos from Факултети Иқтисод ва идораи ДДК's post 11/04/2022

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ КУРАТОРОН

Санаи 11-уми апрели соли 2022 дар факултети Иқтисод ва идораи Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои кураторон баргузор гардид. Дар ҷаласаи кори муовини ректор оид ба тарбия, н.и.п., дотсент Назаров Ҳотамшо, сардори раёсати тарбия Гулов Рустам, сармутахассиси раёсати тарбия Ҳасанов Бахтиёр иштирок намуданд.
Нишастро декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Лутфия Расулова оғоз кард ва оиди фаъолияти кураторон маълумот дод.
Сипас Назаров Ҳотамшо дар атрофи нақшаи кории факултет суҳбат намуда, ҷиҳати кори кураторон арзёбӣ ва ақидаҳои худро баён кард.

Photos from Факултети Иқтисод ва идораи ДДК's post 10/04/2022

САФАРБАРӢ БА ТАҶАБРИБАОМӮЗӢ

Санаи 8-уми апрели соли 2022 дар факултети Иқтисод ва идораи Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ифтитоҳи оид ба сафарбар намудани донишҷӯёни курсҳои 4-ум ба таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ баргузор гардид.
Зимни нишаст декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Лутфия Расулова ба ҳозирин суханони шодбошӣ гуфта, сипас Бахтовар Бобоев - мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ ба донишҷӯён фаҳмондадиҳӣ гузаронид.
Дар кори конференсия мудирони кафедраҳо ва омӯзгорони пуртаҷриба иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз тарафи садорати факултет ва омӯзгорон барои донишҷӯён баҳри бомуваффақият гузаронидани давраи таҷрибаомӯзӣ комёбиҳо таманно карда шуд.

08/03/2022

https://www.facebook.com/somona.kgu/photos/496543575342070/

ЧТО ТАКОЕ SWIFT И ПОЧЕМУ МНОГИЕ ФИНАНСОВЫЕ ИНСТИТУТЫ ТАК БОЯТСЯ ОТКЛЮЧЕНИЯ ОТ НЕГО.

Аббревиатура SWIFT расшифровывается как Society for Worldwide Interbank Financial Telecommunications или сообщество всемирных межбанковских финансовых каналов связи (международная межбанковская система передачи информации и совершения платежей).
SWIFT существует с 1973 года. Первое сообщение о финансовой транзакции с её помощью 19 октября 1977-го отправил бельгийский принц Альберт.
SWIFT нужен прежде всего для крупных сумм крупных компаний, но им пользуются и частные лица, биржи и брокеры. Межбанковская система SWIFT действует более 40 лет.
Банки, подключённые к SWIFT имеют корреспондентские счёта и чтобы выслать из Парижа в Сан-Франсиско сумму денег не надо отправлять наличные или золото самолётом, хватит из зашифрованного сообщение внутри системы, высланного через интернет.
Советские (а затем российские) банковские учреждения получили доступ к SWIFT в 1989-м. С 1995 года интересы российских пользователей сети представляет Российская национальная ассоциация SWIFT («Россвифт»). Доля системы во внутрироссийских расчётах в середине 2010-х превышала 80%, но к 2021-му упала до 20%.
К 2021 году SWIFT пользуются почти 11 000 финансовых организаций в 200 странах, представляющих практически все страны мира.
У международной платежной системы SWIFT практический нет альтернативы. Все другие системы не такие глобальные, есть российские системы, китайские системы, но через SWIFT проходит примерно 70 процентов международных транзакций.
Ежедневно через сеть SWIFT проходят миллионы платёжных поручений на $5–6 трлн. При этом Россия входит в топ-5 крупнейших пользователей системы.
Отключение целой страны от глобальной финансовой системы уже происходила, девять лет назад Иранские банки были временно изолированы от мира в рамках санкции за разработку ракетно-ядерной программы Тегерана. В результате международного давления иранцы пошли на уступки.

А что произойдёт с России в этом случаи?
Европейский потребители российского газа не смогут платит за газ. Российские потребители европейских товаров не смогут оплачивать тот импорт, который Россия получает из Европы. Остается вариант возит наличными, будут расплачиваться золотом, будут искать другие системы.
Отключение от SWIFT -а ударит, прежде всего, по валютным прибылям российских компании и по бюджету. В России была создана система передача финансовых сообщений внутрироссийский аналог SWIFT-а и специальное платёжная система “Мир”, чтобы обходить санкции.
Обсуждение потенциального отключения России от SWIFT возобновилось весной 2021 года, после того как Европарламент в апреле принял резолюцию с соответствующим призывом.
В качестве альтернативы в России разработали Систему передачи финансовых сообщений (СПФС), которая может передавать данные в формате SWIFT, однако не зависит от её каналов, уступая при этом в технологичности. В 2017 году СПФС заработала в полном объёме, позволив проводить передачу сообщений о транзакциях в любых валютах. К этой системе подключены более 400 банков. Она открыта для иностранных участников, но пока случаи присоединения иностранных банков к СПФС единичны. В основном это банки стран ЕАЭС (Армения, Белоруссия, Казахстан и Киргизия). Также доступ к СПФС имеют дочерние структуры крупных российских банков в Германии и Швейцарии.

Могут ли авторитарные государства создать свою банковскою сеть для международных расчётов?
Скорее всего, это очень трудоемкий процесс. И каждая такая операция проводится, через какой то международно признанной валютой. Свои аналоги SWIFT есть у КНР (CIPS, рассчитана только на транзакции в юанях) и Евросоюза (INSTEX, пока используется только для финансовых операций европейских стран с Ираном из опасений американских санкций). Если несколько страны хотели бы построит такую систему, то они должны будут торговать между собой в своих валютах.

Аскар УСМОНОВ, ассистент кафедры Менеджмент и маркетинга.

26/02/2022

https://www.facebook.com/somona.kgu/photos/490028999326861/

МАРД НАМИРАД БА МАРГ...

Имрӯз маҳбуби дили ҳазорон нафар дӯстон Қурбонов Хуршед Нуралиевич, устоди шодравони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, зодрӯз дорад.
Умр вафои мекард, устод ба синни 45 солаги мерасиданд.
Мегӯянд, ки инсонҳои нек бо рафтору кирдору гуфторхои хуби хеш дар дилу ёдҳои мардумон ҷовидонӣ нақш мебавданд. Ҳаёти инсонӣ дар баробари ҳастӣ ҳеҷ лаҳзае беш нест, аммо ҷовидонагии ҳамин умри кӯчаки инсониро метавон тариқи талошхо ва амалҳо ёд кард. Ҳамин шоистагии хидматҳои гузаштагон ҳаст, ки имрӯз зиндагӣ онҳо дар гирудори ҳастӣ шоистаи зикр аст. Шодравон Қурбонов Хуршед соли 2021 дар озмуни ҷумҳуриявни “Фуруғи субхи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” иштирок намуда, дар ин озмуни бонуфуз ҷои якумро ишғол карда, бо диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардианд. Дастовардхои устод дар таърих бо ҳарфҳои заррин навишта мешаванд. Устоди азиз Қурбонов Хуршед аз шумори он азизонеанд, ки имрӯз мо ҳамкасбон аз дидору муҳаббаташон маҳрумем.
Метавон дар ситоиши некиву хизматҳои шоёни Қурбонов Хуршед Нуралиевич зиёд сухан ронд. Аммо гуфтани ин нуқта, кофист. ки нафароне, ба мисли мо ҳамкасбон Қурбонов Хуршедро мешиносанд, ҳамеша аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ доштааш, ботаҳамул ва орому нуктасанҷ буданашон ёдоварӣ мекунанд. Кофист, то бигӯем чӣ инсони наҷиб, хушахлоқ ва марди донишманд буданд устод. Хотирахову номи неки устод аз ёдҳои мо, ҳамкасбон, ҳеҷ гоҳ фаромушт нахоҳад шуд.
Ёди устод дар дидаҳою қалбҳо аст, ҳамакнун танҳо дар қалбҳост ва дидаҳо хоҳад монд.
Рӯҳи дусти азиз шоду манзили охираташро пурнур таманно мекунем.

Бо эҳтироми самимӣ ҳайати ҳамкорону дустон.

Photos from Факултети Иқтисод ва идораи ДДК's post 16/02/2022

17 августи 2020

12/02/2022

ТЕРРОРИЗМ ХАТАР БА ҶОМЕАИ ИНСОНӢ

«Терроризм ва экстремизм аз як ҷиҳат чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан , миллат, дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Эмомалӣ Раҳмон.

Дар замони муосир сар задани зуҳуроти гуногун дар саросари дунё, аз ҷумла муноқишаҳо, задухӯрдҳо, ҷангҳо, иғвоангезӣ миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ба манфиати гурӯҳҳои алоҳида буда, ба афкори шаҳрвандон таъсири манфӣ мерасонад.
Қайд намудан зарур аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш бамаротиб таъкид менамоянд, ки: «террорист дину мазҳаб, миллату давлат надорад». Терроризм падида ва зуҳуроти номатлуби асри XXI ба шумор рафта, ҳазорон нафарро ба доми худ кашидааст, ки дар натиҷаи пайвастан ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва иштирок дар амалиётҳои террористӣ ба ҳалокат расидаанд.
Терроризм дар таърихи чандинҳазорсолаи худ марҳила ба марҳила ташаккул ёфта, дар замони муосир хусусияти байналмилалиро пайдо намудааст. Дар замони муосир терроризм бештар характери сиёсӣ, миллӣ ва динӣ дошта ҳар кадоми он усул, восита, манба, идеология ва дастгоҳи махсуси худро доро мебошад. Субъекти асосии терроризм ин шахсиятҳои алоҳида, ва ташкилотҳое ба шумор мераванд, ки гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористиро бо яроқу аслиҳа, маблағ ва техникаву технология таъмин намуда, дар минтақаҳои гуногуни олам ба воситаи зурӣ, тарсу ҳарос ва қатлу куштор манфиатҳои худ ва хоҷагони худро ҳифз менамоянд. Амалҳои террористӣ дар ҷомеа нооромиро ба бор оварда, иродаи одамонро заиф, дар зеҳни онҳо тарсро ҷо намуда, монеаи пешравӣ, рушди зеҳниву эҷодкории инсон мегардад.
Азият додану одамрабоӣ намудан ба қатлу куштор даст задан, бераҳмию ноадолатона рафтор намудан магар нишонаи инсони комил аст? Чун ба ақли солим ин ваҳшониятро нигарем, ҳеҷ гоҳ бо ин афроди бадхоҳу бадсиришт роҳ намедиҳем, то ба мақсадҳои нопоки худ ноил гарданду ҷамъияти моро халалдор созанд. Мақсади онҳо ғайр аз ғаразҳо чизи дигаре нест. Бояд ёдрас шуд, ки онҳо ягона мақсадашон ноором сохтани ҷамъият ва ба беадолатиҳо роҳ додан аст. Бисёре аз ҷавононе, ки ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд, саводи кофӣ, ақли солим надошта бо сад ҳилаву найранг, бо сад ваъдаҳои бардурӯғ фирефтаи ин гурӯҳҳои тундрав мешаванду ҷони ҷавони хешро аз даст дода, ба дили садҳо модарону падарон ғайр аз доғи фарзанд чизе боқӣ намемонанд.
Афсус, ки баъзе аз ҷавонони ноқисулақли ҷомеа дар замони муосир илмҳои замонавиро аз худ намудану барои ояндаи худ зинаеро ишғол карданашон ва дар ҷомеа ҳамчун шахсони соҳибмаълумот нуфуз пайдо намудан ба беҳудагардию корҳои ношоям даст мезананд, ки умри ҷавони хешро барбод медиҳанду ба корҳои ношоям сару кор мегиранд.
Мо бояд, сади роҳи ин гуна бадахлоқонро бигирем, бо ақли солим, зеҳни комил, ҳушёрии сиёсӣ барои ояндаи миллату давлат ва ободии диёр саҳмгузор бошем.
Ҳамчуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, «ҳеҷ як хоини миллат барои мо мардуми сарбаланди тоҷик давлат обод намекунад». Мо бояд аз як гиребон сар бароварда барои ободию гулгуншукуфии ин диёри биҳиштосо саҳмгузор бошем. Барои ин Ватан то вақте ҷон дар бадан дорем, саҳми босазои худро гузорем.
Шукрона аз он бояд кард, ки имрӯз ҷавонони тоҷик барои амну осудагии миллат дар марзҳо хизмат намуда, қарзи фарзандии хешро адо намуда истодаанд.
Аз ҷавонони дар хориҷбуда ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафаркарда даъват ба амал меорем, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба гуфтаҳои ин гуна шахсони бадсиришт дода нашаванд, то ба фиребу найранг онҳоро ба доми худ кашидаву мисли як бозичае, ки дар даст доранд истифода набаранд.
Имрӯз шукрона бояд кард, ки бо амри яздон ва бо дастгирии марди миллатдӯсту хештаншинос - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин неъмати бебаҳо, ба ободию сарҷамъӣ расидаем.
Мо бояд бо ақли солими хеш нигарем, ки дар ин муддати ниҳоят кӯтоҳе, ки истиқлолият ба даст овардем, чӣ қадар комёбиҳо, бурдбориҳо насибамон гаштааст. Ба ин ҳама пешравиҳое, ки дорем чӣ гуна ношукрӣ кунем, ва ба қадри ин неъмати худододӣ нарасем. Агар ба ҷаҳони имрӯза нигарем, ки чӣ ҳодисаҳо рух дода истодааст, ва чӣ гуна нооромиҳо дида мешаванд. Баъзан давлатҳое ҳастанд, ки дар орзуи тинҷию оромии мамлакаташон ва оромии диёрашон ҳатто, ки як соатро насибашон намегардад. Худ қазоват намоем, ки оромӣ, чӣ неъмати бебаҳоест, аммо соҳиб шудан барои ин неъматро ба даст овардан талошҳои зиёде лозим мебояд! Шукрона бояд намуд, ки имрӯзҳо дар давлати тинҷу ором зиндагӣ дорему нафаси озод кашида дар осмони софу беғубори диёр гашту гузор менамоем. Рӯз то рӯз ободии диёрро менигарему шукргузорӣ аз неъматҳои бебаҳо, давлати соҳибистиқлол, миллати таърихию тамаддунофар ва аз маданияти баланддошта сарфароз бошем. Бо ақли солими хеш рафтор намоем, на ин, ки ақли худро дуруст истифода набурда бо ақли хоми дигароне, ки ғайр аз ҳиллаву найранг мардумозорию мардумфиребӣ, фикри дигаре дар сар надоранд, равона созем.
Кушиш ба харҷ бояд дод, ки дар ҷамъияти инсонӣ хизмати неки худро расонем, ҳамеша ба мисли гузаштагонамон, ки то имрӯз миллати тоҷик фахр аз ин мардони хирад доранд, саҳми худро гузорему пайравони мардони ватандӯсту меҳанпараст бошем.

Зафар СОДИҚОВ, Муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинг

07/01/2022

ТИНҶИВУ АМОНИ БЕҲТАРИН НЕЪМАТ АСТ!

Сулҳу ваҳдат ин ибораҳоеянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо аҳли шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст буданро нишон медиҳад.
Ҳодисаҳои рӯзҳои охир, ки дар ҷумҳурии ба мо дӯсту бародар рух дода истода, далели он аст, ки баъзан ашхосе вуҷуд дорад, ки ҳамаи ин неъматҳои бузургро дар давлат нодида мегирад. Тавре дида мешавад, чандин маконҳо ба коми оташ рафта мардуми зиёди бегуноҳ талафот дида истодаанд. Бояд гуфт, ки ба қадру қимати тинҷиву оромӣ ҳар кас расида наметавонад.
Мо мардуми Тоҷикистон ба мардуми бонангу номуси Қазоқистон муроҷиат менамоем, ки дар давлаташон сулҳу субот ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии худро ҳифз намоянд алайҳи ин падидаи зараровар якҷоя мубориза баранд. Тинҷиву оромӣ ин беҳтарин неъмате ҳаст, ки ба мо насиб гаштааст. Дар давлат бояд сулҳу субот ҳамеша пойдор бошад ва ҳаёти мардуми Тоҷикистони азиз, ҳифзи амнияти давлат, шаъну шараф ва номи неки Ватан ва баланд бардоштани парчами кишвар, ҳифзи сарҳад ва якпорчагӣ ва сарзамини муқаддаси мо ҳамеша пойдор бошад.
Поянда бод Сулҳу субот дар Тоҷикистон!

Навруз НОСИРӢ, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

07/01/2022

ПУШТИБОНӢ АЗ СИЁСАТИ ДАВЛАТ НИШОНАИ СОДИҚ БА ВАЙ БУДАН АСТ!

Ваҳдату якдилӣ беҳтарин неъмати бебаҳо дар рӯи олам аст, ки дар заминаи он бунёдкориҳою гулгулшукуфоии Ватан аз он оғоз меёбад инро танҳо инсоне дарк менамояд, ки дорои ақлу заковат ва хиради волост. Агар мо ба таърихи ин ҳама зебогиҳои диёр назар афканем, мебинем, ки дар зарфи си соли соҳибистиқлолӣ мамлакати дар хуну оташ оғуштаамон ба яке аз кишварҳои орому осуда табдил ёфта, таҷрибаи беназири сулҳи тоҷикон аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои байналмиллалӣ эътироф гардидааст .
Боиси таассуф аст, ки рушду тараққиёти як кишвари орому осударо дигарон дидан намехоҳанд ва ба ҳар роҳу васила онро ба хуну оташ кашида, қасди аз байн бурдани онро мекунанд, ки инро дассисаи ҷоҳилгароӣ метавон гуфт.
Ҳодисаҳои рӯзҳои охир, ки дар кишвари ба мо дӯсту бародар Қазоқистон рух додааст, далели гуфтаҳои болост, ки ҳамаро дар ҳайрат овард. Боиси таассуф аст, ки чунин як миллати бо фарҳангу таърихи пурғановат дошта, имрӯз бо дастони худ ҳамаи он ободкориҳою созандагиҳои гузаштагони ҳудро ба коми оташ кашида истодаанд. Дер нест он замоне, ки аз ҳама ин кардаҳои худ пушаймон гардида, ба кори кардаи худ ангушти ҳайрат мегазанд, зеро, ки чунин бадбахтӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мо низ рӯҳ дода буд ва хушбахтона бо ташаббусҳои сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳалли худро пайдо намуд.
Мардуми шарифи тоҷикро зарур аст, ки ҳодисаҳои дар кишварҳои ба мо дусту бародарро бо чашми хирад дида, дар зери сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ҷамъ гардида, аз он пуштибонї намуда, баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани ин кишвари биҳиштосо софдилонаю содиқона ҳизмат намоянд. Зеро, ки ободии кишвари азизамон аз ҳар яки мо вобаста мебошад.

Абдуразоқ ҲАКИМОВ, мудири кафедраи иқтисодиёти
корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Photos from Факултети Иқтисод ва идораи ДДК's post 06/01/2022

Имрӯз дар факултети Иқтисод ва идора оид ба Паёми Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи "Паём роҳнамои миллат" баргузор гардид.
Дар нишаст оид ба мавзӯъ саромӯзгори кафедраи Менеҷмент ва маркетинг Муборак Сафарова, Зикрулло Ғуломов, Ризо Муродов ва мудири кафедраи Иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Абдуразоқ Ҳакимов баромад намуданд. Қайд карда шуд, ки Паёми имсола нисбат ба Паёмҳои солҳои гузашта бартариҳои зиёд дошта, самтҳои асосии илм, иқтисод, сиёсати дохилӣ ва хориҷии
ҷумҳуриро дар бар гирифтааст. Нишаст дар муҳити илмӣ ва бо арзёбиҳо доир шуд.

27/11/2021

БАДАХШОН “НИГИНИ ТОҶИКИСТОН”

Тоҷикистон яке аз давлатҳои орому осоишта дар миёни кишварҳои дунё эътироф гардида, оромиву субот бевосита аз мардуми шарифи мамлакат вобастагӣ дорад.
Мардуми бо нангу номуси тоҷик гирди Сарвари оқилу хирадманд, Пешвои миллат ҷамъ омада, баъд аз дар гузашти ҳазорсолаҳо ин ватани аҷдодиро бо азму талошҳои зиёд бунёд намудаанд.
Ҳар як гӯшаю канори ин сарзамини биҳиштосо бо зебогию накҳати худ, ҳунарҳои гуногуни мардумӣ ва санъати волои меҳмонавозӣ имрзӯҳо диққати саёҳони зиёди хориҷиро ба худ ҷалб намудааст, ки ин боиси боз ҳам рушд ёфтани иқтисодиёти мамлакат мегардад.
Воқеҳои таи чанд рӯзи охир дар Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ба вуқӯъ омада, боиси ташвиши дигар манотиқҳои кишвар гаштааст. Бадахшон “Нигини Тоҷикистон” буду ҳаст, ки ҳеҷ қувваи бадхилофон наметавонад онро хираю тира бисозанд. Мо бояд шукргузор бошем аз сарзамини худ аз пешравию ободиҳо ва тенҷию осудагӣ. Аз ғуруру эҳсос ва ҳассосият даст кашида, баҳри оромию осудагӣ талош намоем.
Тоҷикистон кишвари азизи мост ва мо дар якҷоягӣ, муттаҳидӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонем, дилхоҳ мушкилотро паси сар намоем.
Сулҳу ваҳдат дар кишвари мо бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ ба даст оварда шуда, барои мо беҳтарин неъмат ва асоси ҳамагуна пешравию шукуфоиҳост.
Арҷгузори ба арзишҳои миллӣ, пояндагии сулҳу ваҳдатро бояд ҳар як сокини кишвар пос дошта, ба ҳар гунна дассисаҳо дода нашавем ва ба адолати қонунӣ дар кишвар боварию эътиқодманд бошем. Ҳар як шахси соҳибақл, соҳибхирад пешравиию муваффақиятҳои кишвари азизамонро бо чашми сар дида, дар тавозуни ақл бар кашанду барои ободию рушду нумӯи кишвари азизамон бо диди равшан бояд ин аз ин неъматҳо бехабару носипос набошанд.
Мо як гуруҳ олимон, омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даъват ба амал меоварем, то ки мардуми сарбаланди Бадахшон ба дасисаҳо дода нашаванд, зеро бо роҳи сулҳу салоҳ ва дар доираи қонуниятҳои амалии кишвар ҳолати ба вуқӯъ пайваст роҳи ҳалли худро меёбад.

Ҳайати факултет.

Want your school to be the top-listed School/college in Kulob?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Address


С. Сафаров 16
Kulob