Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики

  • Home
  • Tajikistan
  • Khujand
  • Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики

Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики Фейсбук-страница Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики

Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики (ТГУ ПБП) был образован 5 августа 1993 года согласно Постановлению Совета министров Республики Таджикистан под номером №364. Здесь изучается едва ли не все направления гуманитарных социально-экономических наук: юриспруденция, менеджмент, коммерция, экономика, управление, информационные системы, политология и т.д.

Отметив значение ТГУПБП Президент Республики Таджикистан Э.Ш.Рахмонов еще 24.01.1995 года в журнале «Деловой мир» сказал: «Университет права, бизнеса и политики Таджикистана станет «мозговым центром» реформ законодательства и будет готовить специалистов в области предпринимательства, коммерческой деятельности и международного права».

Баргузории конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Методикаи таълим, таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ д...
25/09/2026

Баргузории конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Методикаи таълим, таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф” дар ДДҲБСТ

25 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Методикаи таълим, таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф”, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конференсия олимони варзида, мутахассисони соҳа, меҳмонон, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ ширкат варзиданд.
Дар оғоз, ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода баромад намуда, меҳмонон ва иштирокдорони конференсияро ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Ӯ қайд намуд, ки конференсияи имрӯза дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ аҳамияти махсус дошта, имрӯз низоми маориф на танҳо ба интиқоли дониш, балки ба ташаккули шахсияти эҷодкор, дорои тафаккури интиқодӣ, қобилияти таҳлил ва омодагӣ ба истифодаи технологияҳои муосир равона гардидааст.
Дар ин раванд, методикаи таълим яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таҳсил ба ҳисоб меравад. Усулҳои муосири таълим бояд донишомӯзон ва донишҷӯёнро ба фаъолияти мустақилона, таҳлил, таҳқиқ ва ҳалли масъалаҳои воқеӣ ҷалб намоянд. Омӯзгор дар ин раванд на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки роҳнамо, машваратчӣ ва ташкилкунандаи муҳити таълимӣ мебошад.
Ҷанбаи дигари муҳими мавзӯи конференсия таҳқиқоти илмӣ буда, пешрафти соҳаи маориф бе рушди таҳқиқоти илмӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави таълим имконнопазир аст. Таҳқиқоти илмӣ ба мо имкон медиҳад, ки мушкилоти мавҷудаи низоми таълимро муайян намуда, роҳҳои самараноки ҳалли онҳоро пешниҳод намоем. Дар баробари ин, имрӯз мо шоҳиди рушди босуръати зеҳни сунъӣ ҳастем. Зеҳни сунъӣ тадриҷан ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ворид шуда, барои маориф низ имкониятҳои нав фароҳам меорад. Истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад дар таҳияи маводи таълимӣ, омода намудани супоришҳои инфиродӣ, ҷустуҷӯ ва коркарди иттилоот, таҳлили натиҷаҳои таълим ва дастгирии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ мусоидат намояд. Яъне, технологияҳои зеҳни сунъӣ метавонанд раванди таълимро бештар мутобиқ ба талаботи инфиродии донишомӯз ва донишҷӯ гардонанд, илова намуд Мӯминзода Ш.А.
Дар идома, тибқи барномаи конференсия академики Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.п., профессор Назаров Ахтам Пулот дар мавзуи “Татбиқи методи Пулот дар арзёбии объективонаи дониши хонандагон оид ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ дар раванди омӯзиши ҷадвалҳои электронӣ“ тариқи маҷозӣ, н.и.п., дотсенти Донишгоҳи миллии тадқиқотии “ТИИИМСХ” Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рузметова Муҳаббат дар мавзуи “Преподавание литературы англоязычных стран с использованием инструментов на базе искусственного интеллекта” тариқи маҷозӣ, н.и.и., мудири кафедраи барномасозӣ ва зеҳни сунъии МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Низомиддинов Сайфиддин Шарофидинович дар мавзуи “Донишгоҳи зеҳнӣ: зеҳни сунъӣ дар таълим, илм ва идоракунии сифати таҳсилот”, н.и.и., дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезии ДДҲБСТ Қосимова Марҳабо Икромалиевна дар мавзуи “Баҳодиҳӣ ва санҷиши донишҷўён тавассути алгоритмҳои зеҳни сунъӣ маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Зимни ироаи маърӯзаҳо таъкид гардид, ки ҳамгироии методикаи муосири таълим, таҳқиқоти илмӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ метавонад барои ташаккули муҳити нави таълимӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Муҳим аст, ки дар ин раванд омӯзгорон, муҳаққиқон ва муассисаҳои таълимӣ таҷрибаҳои худро мубодила намуда, роҳҳои мувофиқ ва самараноки истифодаи технологияҳои навро муайян намоянд.
Дар анҷоми маърўзаҳои илмӣ байни иштирокчиён ва меҳмонон доир ба мавзуи баррасишаванда музокироти судманди илмӣ ҷараён гирифт.
Дар ҷамъбаст иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ барои маърӯзаҳои пурмӯҳтаво бо Сипосномаи раёсати Донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.
Кори конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Методикаи таълим, таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф” дар бахшҳо идома ёфта, дар онҳо маърӯзаҳои олимону устодони соҳа шунида шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ ҶОМЕАИ МЕҲНАТИИ ДОНИШГОҲ ДАР ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ
24/09/2026

ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ ҶОМЕАИ МЕҲНАТИИ ДОНИШГОҲ ДАР ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

ИШТИРОК ВА БАРОМАДИ ДОНИШҶӮИ ДДҲБСТ АЗИЗА ҶУМАЗОДА ДАР  НАЗДИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЗИМНИ МУЛОҚ...
23/09/2026

ИШТИРОК ВА БАРОМАДИ ДОНИШҶӮИ ДДҲБСТ АЗИЗА ҶУМАЗОДА ДАР НАЗДИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЗИМНИ МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

23/09/2026

АНДЕШАҲОИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ, МИРЗОКОМИЛ КОМИЛОВ ПЕРОМУНИ ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ ВА ҲИФЗУ НИГАҲДОШТИ ОН

Баргузории конференсияи илмию амалӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи  Рӯдакӣ таҳти унвони «Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакӣ» 22 сен...
22/09/2026

Баргузории конференсияи илмию амалӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакӣ»

22 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию назариявӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакӣ» баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Фурқат Ҳомидзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ – таҷлили сухан, ҳикмат ва фарҳанги оламшумули тоҷик аст. Устод Рӯдакӣ бо мероси гаронбаҳои худ поягузори адабиёти классикии мо маҳсуб меёбад.
Сипас, маърӯзаҳои илмии устодону донишҷӯёни Донишгоҳ, д. и. т, профессор, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ Ғаффорӣ Нӯъмонҷон дар мавзуи «Нақши таърихии Рӯдакӣ дар фазои давлатдории Сомониён», н. и. ф., дотсент, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Шавкат Рустамов таҳти унвони «Манбаъҳо ва сарчашмашиносии осори мондагори Рӯдакӣ», н. и. ф., дотсент, мудири нашриёти “Дабир” Нурихон Охунҷонова дар мавзуи “Ситоиши ҳунари суханварӣ ва шахсияти Рӯдакӣ аз ҷониби шоирону олимони адабиётшиноси асримиёнагӣ”, н.и.ф., дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Муқаддас Каримова бо номи “ Сабки эҷод ва маҳорати суханварии Рӯдакӣ», донишҷӯи курси 1, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Сумайа Сатторова дар мавзуи “Ҳикматҳои Рӯдакӣ ва аҳамияти тарбиявии онҳо” баромад намуда иброз доштанд, ки камоли забону адаби тоҷик аз осори ӯ ибтидо мегирад.
Дар анҷом, донишҷӯён шеърҳо ва порчаҳоро аз эҷодиёти устод Рӯдакӣ қироат намуданд.
Ҳамоиш бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси адабӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон баргузор шуда, дар сатҳи баланди фарҳангӣ анҷом ёфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ - КАФИЛИ  ЗИНДАГИИ ШОИСТАИқтисоди миллӣ яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ ва омили муҳими таъмини зин...
22/09/2026

РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ - КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Иқтисоди миллӣ яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ ва омили муҳими таъмини зиндагии шоистаи мардум ба ҳисоб меравад. Давлате, ки дорои иқтисоди устувор, истеҳсолоти рушдёбанда ва имкониятҳои васеи иқтисодию иҷтимоӣ мебошад, метавонад барои шаҳрвандони худ шароити мусоиди зиндагӣ, меҳнат, таҳсил ва фаъолияти созанда фароҳам оварад. Аз ин рӯ, рушди иқтисоди миллӣ на танҳо вазифаи иқтисодӣ, балки масъалаи муҳими иҷтимоӣ ва миллӣ мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон бо сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи барқарорсозии иқтисоди кишвар, таҳкими заминаҳои истеҳсолӣ, рушди инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии мардум таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд.
Дар маркази сиёсати иқтисодии давлат инсон ва зиндагии шоистаи ӯ қарор дорад. Ҳадафи асосии рушди иқтисодӣ танҳо афзоиши истеҳсолот ё бунёди корхонаҳо нест, балки фароҳам овардани имконият барои беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Ҳар як иқдоми иқтисодӣ дар сурате аҳамияти воқеӣ пайдо мекунад, ки ба зиндагии ҷомеа таъсири мусбат расонад, ҷойҳои нави корӣ муҳайё созад, даромади мардумро афзоиш диҳад ва имкониятҳои иҷтимоиро бештар намояд.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати Пешвои миллат рушди истеҳсолоти ватанӣ ва саноатикунонии кишвар мебошад. Рушди саноат барои коркарди ашёи хоми дохилӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии давлат замина фароҳам меорад. Корхонаҳои истеҳсолӣ на танҳо манбаи фаъолияти иқтисодӣ, балки мактаби меҳнат, касбомӯзӣ ва ташаккули кадрҳои соҳибтаҷриба мебошанд.
Дар баробари ин, рушди соҳибкорӣ низ барои пешрафти иқтисоди миллӣ аҳамияти бузург дорад. Соҳибкори фаъол ва ташаббускор метавонад дар рушди истеҳсолот, хизматрасонӣ, тиҷорат ва таъсиси ҷойҳои корӣ саҳми назаррас гузорад. Дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои фаъолияти иқтисодӣ яке аз заминаҳои муҳими рушди ҷомеаи муосир мебошад.
Кишоварзӣ низ ҳамчун соҳаи муҳими иқтисоди миллӣ дар таъмини зиндагии мардум нақши муҳим дорад. Истифодаи оқилонаи замин, рушди боғдорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он дар дохили кишвар на танҳо ба таъмини бозори дохилӣ мусоидат мекунад, балки барои рушди истеҳсолоти миллӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Энергетика ва рушди инфрасохтор низ аз самтҳои муҳими рушди иқтисодӣ ба шумор мераванд. Бунёди роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳо, хатҳои интиқоли барқ ва дигар иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ барои пайвастани минтақаҳо, густариши фаъолияти иқтисодӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум заминаи устувор мегузорад. Дар ин раванд ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аҳамияти хосса доранд.
Ҷанбаи муҳими дигар рушди сармояи инсонӣ мебошад. Иқтисодиёти муосир бе илму дониш, технологияҳои нав ва мутахассисони баландихтисос пеш рафта наметавонад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи пайваста ба рушди маориф, илм, омодасозии кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати иқтисодии ҷомеа яке аз омилҳои муҳими пешрафти иқтисоди миллӣ мебошад.
Ҷавонон дар ин раванд неруи бузурги созанда мебошанд. Ҷавони соҳибмаърифат, дорои касбу ҳунар ва ҷаҳонбинии васеъ метавонад на танҳо барои рушди иқтисоди оилавӣ, балки барои пешрафти ҷомеа ва давлат саҳм гузорад. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, касбомӯзӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои ҷавонон аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Дар шароити муосир рушди иқтисоди миллӣ инчунин ба истифодаи технологияҳои нав ва рақамикунонии соҳаҳои гуногун вобастагӣ дорад. Технологияҳои муосир имконият медиҳанд, ки истеҳсолот самараноктар, хизматрасонӣ босифаттар ва идоракунии иқтисодӣ шаффофтар гардад. Аз ин рӯ, пайвастани иқтисод бо илму технология метавонад барои рушди устувори кишвар заминаҳои нав ба вуҷуд оварад.
Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки рушди иқтисодӣ бояд бо ободонӣ, созандагӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ҳамқадам бошад. Ин маънои онро дорад, ки иқтисоди қавӣ бояд ба пешрафти тамоми ҷомеа хизмат кунад. Бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, рушди шаҳрҳо ва деҳот, беҳтар намудани роҳу коммуникатсия, фароҳам овардани шароити мусоиди меҳнату зиндагӣ ва дастгирии табақаҳои гуногуни ҷомеа маҳз дар заминаи иқтисоди устувор имконпазир мегардад.
Аз ин нигоҳ, рушди иқтисоди миллӣ масъулияти танҳо давлат ё як соҳаи алоҳида нест. Он вазифаи умумии ҷомеа мебошад. Меҳнати софдилона, муносибати масъулиятнок ба кор, дастгирии истеҳсолоти ватанӣ, рушди соҳибкорӣ, истифодаи оқилонаи захираҳо, баланд бардоштани дониш ва касбияти шаҳрвандон омилҳое мебошанд, ки ба пешрафти иқтисоди кишвар мусоидат мекунанд.
Истиқлоли давлатӣ ва рушди иқтисодӣ бо ҳамдигар робитаи ногусастанӣ доранд. Истиқлоли сиёсӣ дар заминаи иқтисоди устувор боз ҳам таҳким меёбад. Иқтисоди пуриқтидор имконият медиҳад, ки давлат барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии худро мустақилона амалӣ намуда, барои насли имрӯз ва оянда шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам созад.
Имрӯз вазифаи муҳим аз он иборат аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда иқтидори иқтисодии кишвар боз ҳам таҳким ёфта, истеҳсолоти миллӣ рушд кунад, ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд, соҳибкорӣ густариш ёбад ва сатҳи зиндагии мардум пайваста беҳтар гардад. Дар ин роҳ меҳнати созанда, ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва татбиқи пайгиронаи сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат аҳамияти махсус дорад.
Дар маҷмӯъ, рушди иқтисоди миллӣ заминаи устувори пешрафти ҷомеа ва кафолати муҳими зиндагии шоистаи мардум мебошад. Бо роҳнамоии Пешвои миллат, сиёсати созанда ва иштироки фаъоли ҷомеа метавон иқтисоди миллӣ, истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори инсонӣ ва иҷтимоии кишварро боз ҳам тақвият бахшид.
Зеро иқтисоди рушдёбанда танҳо корхона ва истеҳсолот нест — он ҷойи кори ҳар як шаҳрванд, ояндаи ҳар як оила, имконияти таҳсили фарзандон, ободии маҳал ва заминаи фардои осудаи ҷомеа мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, рушди иқтисоди миллӣ воқеан кафили зиндагии шоиста ва ояндаи устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

ТУРАЗОДА ҶАМШЕД - декани факултети бизнес ва иқтисодиёти байналмилалии ДДҲБСТ

ДДҲБСТ: ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ21 сентябри соли 2026 дар Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсио...
21/09/2026

ДДҲБСТ: ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ

21 сентябри соли 2026 дар Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони «Истиқлол — ганҷи миллат, бақои давлат» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳмадзод, муовинони ректор, роҳбарони сохторҳои донишгоҳӣ, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, устодону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ ва заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ барои рушди устувори кишвар, эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ имкониятҳои васеъ фароҳам омадааст.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода дар баромади худ оид ба аҳамияти Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, нақши сулҳу ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдорӣ ва вазифаҳои ҷомеа дар самти ҳифзу таҳкими арзишҳои миллӣ андешаронӣ намуд. Мавсуф саҳми ҷавононро дар ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ намуда, онҳоро ба донишандӯзӣ, худшиносии миллӣ, масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа ҳидоят кард.
Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона зимни суханронӣ дар бораи арзиши Истиқлол, худшиносии миллӣ, забону фарҳанг ва рисолати насли ҷавон дар ҳифзи арзишҳои маънавии миллат андешаҳои худро баён намуда, таъкид кард, ки дӯст доштани Ватан ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ аз муҳимтарин масъулиятҳои ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Ҳамчунин, Аҳмадҷони Раҳматзод дар баромади худ доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва нақши шаҳрвандон дар рушди ҷомеа суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун неъмати бузурги миллӣ масъулияти ҳар як шаҳрванди кишварро барои ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободии Ватан ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам бештар менамояд.
Дар фарҷоми ҳамоиш миёни иштирокчиён оид ба мавзуи баррасишуда мубодилаи афкор сурат гирифта, таъкид шуд, ки арҷгузорӣ ба Истиқлол, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тарбияи насли ҷавони ватандӯсту созанда аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза мебошад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Address

17-й микрорайон, дом 1
Khujand
735700

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The School

Send a message to Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики:

Shortcuts

Share

Category