Академияи Муродӣ

Академияи Муродӣ

Share

Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Академияи Муродӣ, College & University, к. Фирдавси 118, Khujand.

Photos from Академияи Муродӣ's post 01/05/2024

МУРОДИИ ХУҶАНДӢ
(1. 05. 1924 – 9. 07. 2003)
Имруз ҷашни 100-солагии шоири зиндаёд, академик Муродии Хуҷандӣ мебошад. "Академияи Муродӣ" ифтихор дорад, ки бо номи ин фарзанди азизу донишманди диёр фаъолият мекунад! Саодатмандии мост, ки имсол бахшида ба ҷашни 100-солагии Устод китоби “Ташнаи дидор” бо ашъори Муродии Хуҷандӣ нашр мегардад.

Муродии Хуҷандӣ (Ҳоҷимурод Тоҷибоев) дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи тоҷир-корвон ба дунё омадааст. Падараш Тоҷимуҳаммад – писари Холмуҳаммад-эшон аз авлоди шоири соҳибдевони зуллисонайн Эшони Шайдои Хуҷандӣ ва ҳокиму лашкаркаши номвари тоҷик Яъқуббеки Бадавлат мебошад. Модараш Тоҷинисо-бегим духтари Абдунабӣ-махдуми дутории Хуҷандӣ аст.
Филолог-шарқшинос. Номзади илмҳои филологӣ (1982), дотсент (1994), профессор (1999), академики Академияи мардумии Осиёи Марказӣ (1997). Собиқадори меҳнат, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1974). Шаҳрванди фахрии Хуҷанд (1999).
Яке аз кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд (маҳаллаи Бешкаппа дар соҳили дарёи Сир - зодгоҳи мавсуф) ба номи Муродии Хуҷандӣ аст.
Иштирокчӣ ва маҷруҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1943-1944). Саҳнаҳои набарди ӯро дар Белоруссияи шарқӣ китобҳои «Шуҷоат» (Душанбе, 1971) ва «Қиссаҳои ҷонгудоз» (Хуҷанд, 2000) инъикос кардаанд.
Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Ленинобод (1937-1940) ва факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1958-1963).
Мутахассиси Вазорати маҳсулоттайёркунии ҶШС Тоҷикистон оид ба кадр (1944-1945), мудири шуъбаи кадрҳои Кумиҷроияи вилояти Ленинобод (1946), мудири шуъбаи кадрҳои Идораи савдои маҳсулоти гӯшту шири вилоят (1946-1949), ходими адабии рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (1949-1951), омӯзгори забони форсии мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Нов (1963-1966), омӯзгори мактаби миёнаи №5-и шаҳри Ленинобод (1964-1982), мудири кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маорифи вилоят (1966-1976, 1978-1983), ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти АУ ҶШС Ӯзбекистон (1976-1978), ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи дастхатҳои АУ ҶШС Ӯзбекистон (1983-1993), ходими калони илмии Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва профессори факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Fафуров (1993-2003).
Табъи шоирӣ дошт. Ашъори Муродии Хуҷандӣ дар маҷмуаҳои «Чашмаҳои нав» (Сталинобод, 1947), «Гулистони умед» (Душанбе, 1962), «Риштаборон» (Душанбе, 1984), «Сурудҳои шукрона» (Хуҷанд, 1999, 2009), «Қиссаҳои ҷонгудоз» (Хуҷанд, 2000), «Тазкираи шоирони авлодӣ» (Хуҷанд, 2006) ва «Панду ибрат» (Хуҷанд, 2012) чоп шудаанд.
Муродӣ анъанаи зуллисонайниро дар адабиёти муосир идома дод. Ашъори ахлоқии ӯ бо тахаллуси Таскини Хуҷандӣ эҷод шудаанд.
Фолклори Хуҷандро низ ҷамъ овардааст (Сумане аз ҳар чамане. – Душанбе, 1966) ва худ низ яке аз гӯяндагони эҷодиёти даҳонии халқ аст (Муродӣ Н. Инъикоси ҳаёти мардум дар фолклори Хуҷанд. - Хуҷанд: Наргис, 1999).
Муаллифи 12 китоб ва бештар аз 160 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ. Санооти бадеиро дар достонҳои Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ таҳқиқ кардааст. Ҳамчунин, бо таҳриру тарҷума низ машғул буд. Яке аз мураттибони «Куллиёт»-и шоири ӯзбек Ҳамид Олимҷон (Тошкент, 1979), хрестоматияи «Асрлар нидоси» (Тошкент, 1982), «Мунис-ал-ушшоқ»-и Муниси Хоразмӣ ва «Гулшани Дилафгор»-и Дилафгори Пискатӣ (Тошкент, 1982) мебошад. Мутарҷими достони «Ширин ва Хусрав»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ ва ғазалиёти Муҳмаммад Солеҳ ба забони ӯзбекӣ аст. Матни интиқодии «Девони Фонӣ», «Ситтаи зарурия» ва «Фусули арбаа»-и Алишер Навоиро дар се ҷилд омода кардааст (Тошкент, 2002).
Вохӯриҳои Муродӣ бо Қаҳрамонҳои Тоҷикистон, сардафтари адабиёти шуравии тоҷик устод С.Айнӣ, академик Б.Fафуров ва шоири шаҳир М.Турсунзода дар китобҳои «Қиссаҳои ҷонгудоз» (2000) ва «Панду ибрат» (2012) инъикос шудаанд. Зиёда аз 300 барномаҳои радио ва телевизиониро соҳиб аст. «Одамият», «Фарзанди нағз - боғи падар», «Панди пирон» аз ҷумлаи онҳост.
Бо Ордени дараҷаи якуми ҶБВ, 14 медалҳои давлатӣ ва нишонаҳои сарисинагӣ, ифтихорномаҳои Вазорати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон қадр кунонида шудааст.

Иштирокчии Анҷумани дуюм ва чаҳоруми нависандагони Тоҷикистон (1947, 1961), Анҷумани панҷуми муаллимони Тоҷикистон (1967), Анҷумани сеюми ҷамъияти нигаҳдории ёдгориҳои маданӣ ва таърихии Тоҷикистон (1973) ва семинарҳою конфронсҳои илмӣ дар Озарбойҷон (Боку, 1981-82), Ӯзбекистон (Тошкент, 1976-77, 1987-97) мебошад.
Осор: Художественные средства и поэтическое мастерство. (Учебное пособие). – Ташкент, 1981; Бадиий санъатлар ва поэтик маҳорат. - Тошкент,1981; Одамият. – Хуҷанд: Наргис, 1994; Панду ибрат-одобнома. – Хуҷанд: Наргис, 1995; Аз таърихи дини ислом. – Хуҷанд: Наргис, 1998; Дастур барои омӯзандагони алифбои арабӣ-форсӣ. – Хуҷанд: Наргис, 1999; Сурудҳои шукрона. – Хуҷанд, 1999, 2009; Қиссаҳои ҷонгудоз. – Хуҷанд: Наргис, 2000; Мастерство использования художественных средств. – Худжанд, 2000; Дурдонаҳои Қуръон. – Хуҷанд: Ношир, 2001-2002; Раҳнамои хоксорон. – Хуҷанд: Ношир, 2003, 2007, 2010; Дар ҷустуҷӯи бахт. – Хуҷанд: Ношир, 2004; Панду ибрат. – Хуҷанд: Ношир, 2012.
Осори чопнашудаи муаллиф ҳанӯз боқӣ мебошанд.

Намунаи ашъор.

ВАТАН
Ватан, ту гавҳари чашмони моӣ,
Ватан, имони мо, виҷдони моӣ.
Фақат бо ту бубинам ҳикмати даҳр,
Ту ризқу рӯзии мо, ҷони моӣ.
Ватан – ҷонам, туро обод созам,
Зи хору хас тамом озод созам,
Агар халқам: «Ту фарзандам»,-бигӯяд,
Бинолам, рақсаму дил шод созам.
Ватан – маҳсули хуни зодагонам,
Самар аз боғи он ҷондодагонам.
Сабаб ин аст, хокатро ба чашмон
Бимолам, баҳри ту ҳатто диҳам ҷон.

МОДАРАМ
Модарам, эй матлаи ҳарфи забонам модарам!
Қуввати руҳу мадори ҷисму ҷонам модарам!
Умр агар оби равон, сарчашмаи шаффофӣ ту,
Меҳр агар ганҷи ғизо, нури аёнам модарам!
Бод агар қути нафас, бе ӯ набошад зиндагӣ,
Хок агар гаҳвора, ин ду бо ту донам, модарам!
Ҳастии худро ба ҳастии ту бахшам кам бувад,
Чунки ҳастӣ ҳастии ту, ҷовидонам модарам!

ПАНДИ ПИРОН
Эй ҷавоно, хуб дон, ки мо ҷавонӣ доштем,
Мазраи ахлоқро тухми маонӣ коштем.
Ҳамчу токе хомӯшона бар Ватан печидаем,
Чунки хоки пои некон бар мижа бардоштем.

Photos from Академияи Муродӣ's post 01/05/2022

МУРОДИИ ХУҶАНДӢ
(1. 05. 1924 – 9. 07. 2003)

Имруз ҷашни 98 солагии шоири зиндаёд, академик Муродии Хуҷандӣ мебошад. "Академияи Муродӣ" ифтихор дорад, ки бо номи ин фарзанди азизу донишманди диёр фаъолият мекунад!

Муродии Хуҷандӣ (Ҳоҷимурод Тоҷибоев) дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи тоҷир-корвон ба дунё омадааст. Падараш Тоҷимуҳаммад – писари Холмуҳаммад-эшон аз авлоди шоири соҳибдевони зуллисонайн Эшони Шайдои Хуҷандӣ ва ҳокиму лашкаркаши номвари тоҷик Яъқуббеки Бадавлат мебошад. Модараш Тоҷинисо-бегим духтари Абдунабӣ-махдуми дутории Хуҷандӣ аст.
Филолог-шарқшинос. Номзади илмҳои филологӣ (1982), дотсент (1994), профессор (1999), академики Академияи мардумии Осиёи Марказӣ (1997). Собиқадори меҳнат, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1974). Шаҳрванди фахрии Хуҷанд (1999).
Яке аз кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд (маҳаллаи Бешкаппа дар соҳили дарёи Сир - зодгоҳи мавсуф) ба номи Муродии Хуҷандӣ аст.
Иштирокчӣ ва маҷрӯҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1943-1944). Саҳнаҳои набарди ӯро дар Белоруссияи шарқӣ китобҳои «Шуҷоат» (Душанбе, 1971) ва «Қиссаҳои ҷонгудоз» (Хуҷанд, 2000) инъикос кардаанд.
Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Ленинобод (1937-1942) ва факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст (1958-1963).
Мутахассиси Вазорати маҳсулоттайёркунии ҶШС Тоҷикистон оид ба кадр (1944-1945), мудири шӯъбаи кадрҳои Кумиҷроияи вилояти Ленинобод (1946), мудири шӯъбаи кадрҳои Идораи савдои маҳсулоти гӯшту шири вилоят (1946-1949), ходими адабии рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (1949-1951), омӯзгори забони форсии мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Нов (1963-1966), омӯзгори мактаби миёнаи №5-и шаҳри Ленинобод (1964-1982), мудири кафедраи забони хориҷии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маорифи вилоят (1966-1976, 1978-1983), ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти АУ ҶШС Ӯзбекистон (1976-1978), ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи дастхатҳои АУ ҶШС Ӯзбекистон (1983-1993), ходими калони илмии Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва профессори факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Fафуров (1993-2003).
Табъи шоирӣ дошт. Ашъори Муродии Хуҷандӣ дар маҷмӯаҳои «Чашмаҳои нав» (Сталинобод, 1947), «Гулистони умед» (Душанбе, 1962), «Риштаборон» (Душанбе, 1984), «Сурудҳои шукрона» (Хуҷанд, 1999, 2009), «Қиссаҳои ҷонгудоз» (Хуҷанд, 2000), «Тазкираи шоирони авлодӣ» (Хуҷанд, 2006) ва «Панду ибрат» (Хуҷанд, 2012) чоп шудаанд.
Муродӣ анъанаи зуллисонайниро дар адабиёти муосир идома дод. Ашъори ахлоқии ӯ бо тахаллуси Таскини Хуҷандӣ эҷод шудаанд.
Фолклори Хуҷандро низ ҷамъ овардааст (Сумане аз ҳар чамане. – Душанбе, 1966) ва худ низ яке аз гӯяндагони эҷодиёти даҳонии халқ аст (Инъикоси ҳаёти мардум дар фолклори Хуҷанд. - Хуҷанд: Наргис, 1999).
Муаллифи 12 китоб ва бештар аз 160 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ. Санооти бадеиро дар достонҳои Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ таҳқиқ кардааст. Ҳамчунин бо таҳриру тарҷума низ машғул буд. Яке аз мураттибони «Куллиёт»-и шоири ӯзбек Ҳамид Олимҷон (Тошкент, 1979), хрестоматияи «Асрлар нидоси» (Тошкент, 1982), «Мӯнис-ал-ушшоқ»-и Мӯниси Хоразмӣ ва «Гулшани Дилафгор»-и Дилафгори Пискатӣ (Тошкент, 1982) мебошад. Мутарҷими достони «Ширин ва Хусрав»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ ва ғазалиёти Муҳмаммад Солеҳ ба забони ӯзбекӣ аст. Матни интиқодии «Девони Фонӣ», «Ситтаи зарурия» ва «Фусули арбаа»-и Алишер Навоиро дар се ҷилд омода кардааст (Тошкент, 2002).
Вохӯриҳои Муродӣ бо Қаҳрамонҳои Тоҷикистон, сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик устод С. Айнӣ, академик Б. Fафуров ва шоири шаҳир М. Турсунзода дар китобҳои «Қиссаҳои ҷонгудоз» (2000) ва «Панду ибрат» (2012) инъикос шудаанд. Зиёда аз 300 барномаҳои радио ва телевизиониро соҳиб аст. «Одамият», «Фарзанди нағз - боғи падар», «Панди пирон» аз ҷумлаи онҳост.
Бо Ордени дараҷаи якуми ҶБВ, 24 медалҳои давлатӣ ва нишонаҳои сарисинагӣ, ифтихорномаҳои Вазорати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон қадр кунонида шудааст.

Иштирокчии Анҷумани дуюм ва чаҳоруми нависандагони Тоҷикистон (1947, 1961), Анҷумани панҷуми муаллимони Тоҷикистон (1967), Анҷумани сеюми ҷамъияти нигаҳдории ёдгориҳои маданӣ ва таърихии Тоҷикистон (1973) ва семинарҳою конфронсҳои илмӣ дар Озарбойҷон (Боку, 1981-82), Ӯзбекистон (Тошкент, 1976-77, 1987-97) мебошад.
Осор: Художественные средства и поэтическое мастерство. (Учебное пособие). – Ташкент, 1981; «Бадиий санъатлар ва поэтик маҳорат». - Тошкент,1981; Одамият. – Хуҷанд: Наргис, 1994; Панду ибрат-одобнома. – Хуҷанд: Наргис, 1995; Аз таърихи дини ислом. – Хуҷанд: Наргис, 1998; Дастур барои омӯзандагони алифбои арабӣ-форсӣ. – Хуҷанд: Наргис, 1999; Сурудҳои шукрона. – Хуҷанд, 1999, 2009; Қиссаҳои ҷонгудоз. – Хуҷанд: Наргис, 2000; Мастерство использования художественных средств. – Худжанд, 2000; Дурдонаҳои Қуръон. – Хуҷанд: Ношир, 2001-2002; Раҳнамои хоксорон. – Хуҷанд: Ношир, 2003, 2007, 2010; Дар ҷустуҷӯи бахт. – Хуҷанд: Ношир, 2004; Панду ибрат. – Хуҷанд: Ношир, 2012.
Осори чопнашудаи муаллиф ҳанӯз боқӣ мебошанд.

Намунаи ашъор.

Ватан
Ватан, ту гавҳари чашмони моӣ,
Ватан, имони мо, виҷдони моӣ.
Фақат бо ту бубинам ҳикмати даҳр,
Ту ризқу рӯзии мо, ҷони моӣ.
Ватан – ҷонам, туро обод созам,
Зи хору хас тамом озод созам,
Агар халқам: «Ту фарзандам»,-бигӯяд,
Бинолам, рақсаму дил шод созам.
Ватан – маҳсули хуни зодагонам,
Самар аз боғи он ҷондодагонам.
Сабаб ин аст, хокатро ба чашмон
Бимолам, баҳри ту ҳатто диҳам ҷон.

Модарам
Модарам, эй матлаи ҳарфи забонам – модарам!
Қуввати руҳу мадори ҷисму ҷонам – модарам!
Умр агар оби равон, сарчашмаи шаффофӣ ту,
Меҳр агар ганҷи ғизо, нури аёнам – модарам!
Бод агар қути нафас, бе ӯ набошад зиндагӣ,
Хок агар гаҳвора, ин ду бо ту донам, модарам!
Ҳастии худро ба ҳастии ту бахшам кам бувад,
Чунки ҳастӣ ҳастии ту, ҷовидонам модарам!

Панди пирон
Эй ҷавоно, хуб дон, ки мо ҷавонӣ доштем,
Мазраи ахлоқро тухми маонӣ коштем.
Ҳамчу токе хомӯшона бар Ватан печидаем,
Чунки хоки пои некон бар мижа бардоштем.

20/03/2022

Ҷашни Наврузи ҷаҳонӣ муборак бод, ҳамватанони азиз!

08/03/2022

Рузи Модарон муборак бод!

Photos from Академияи Муродӣ's post 11/01/2022

Имруз мехмони Академияи Муроди санъаткори асилу хофизи мумтоз Сардорбек Солиев буданд. Сардорбек шогирдони моро бо олами санъати точик шинос намуданд.

Мо кулли Академия аз Сардобек бисёр миннатдор хастем.

30/12/2021

Соли нави мелоди муборак бод!

Бигзор соли омада истода соли барору муваффакиятхо ва пешравиву саодатманди бошад!

Соли нави 2022 муборак бод!

24/11/2021

Рузи Парчами давлати муборак бод! ❤️🇹🇯

16/11/2021

Пешвои мо - ифтихори мо!

Рузи Президенти Чумхурии Точикистон муборак бод!

06/11/2021

Кулли дустон ва хамдиёрони гиромиро "Академияи Муроди" бо 27-умин солгарди рузи кабули Конститутсияи Чумхурии Точикистон табрик ва шодбош мегуем!

Бигзор, Ватани азизамон тахти рохбарии хирадмандонаи Пешвои миллатамон, мухтарам Эмомали Рахмон садсолахо рушд кунад ва махбуби оламиён бошад!

Чашни фархунда муборак!!!

Photos from Академияи Муродӣ's post 14/09/2021

Имруз дар мехмонии Академияи мо хофизи хушсадо ва санъаткори асил, дорандаи мукофоти давлатӣ, "Медали хизмати шоиста" ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сирочиддин Худоймерганов буданд.

Мехмони азиз хонандагони моро ба олами зебои мусики ворид карда бо нозукихои он шинос карданд ва бевосита бо асбобхои мусикии миллииамон, ки хамрох оварда буданд мусики навохтанд ва фахмонданд.

Кулли тими Академия бори дигар бо сазовор шудан ба Медали хизмати шоиста С рочиддин Худоймергановро сидкан муборакбод менамояд ва аз имруза вохури бо шогирдон арзи сипос менамояд.

Мо кушиш менамоем то шогирдони азизи Академияи Муроди хаматарафа равнак ёбанд ва рушд кунанд.

Академияи Муроди бо мо ба куллахои орзу!

09/09/2021

30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, барои ҳар як фарди ватандӯст ҷашни муқаддас ва фаромушнопазир аст.

Ҷовидону поянда бод истиқлоли давлатии Тоҷикистон!

Пешвои миллат - Эмомали Рахмон

Ҳамватанони азиз, ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод!

#Истиклол #независимость 🇹🇯

08/09/2021

Истиқлолу озодӣ муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат аст.

Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамватанони азиз, ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод!

#Истиклол #независимость 🇹🇯

Want your school to be the top-listed School/college in Khujand?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Culinary Team

Attire

Telephone

Website

Address


к. Фирдавси 118
Khujand