Khujand Polytechnic institute of Tajik Technical University

Khujand Polytechnic institute of Tajik Technical University

Share

Khujand Polytechnic Institute of TTU named after acad. M.S.Osimi (KPI TTU) was founded in 2010. Available fields of study/research

It is a State Educational Institution of Higher Education in the field of Engineering and IT Technologies. VISIONS OF THE FUTURE
Khujand Polytechnic Institute of Tajik Technical University is a young, expanding institution with great potential for development. Today, it is working resolutely to develop its research, guaranteeing the quality of its operational activities and extending the scope of

Photos from Khujand Polytechnic institute of Tajik Technical University's post 19/05/2026

ЯРМАРКАИ ВИЛОЯТИИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОН БАРГУЗОР ШУД

Имрӯз, санаи 19-уми майи соли 2026 дар назди бинои Муассисаи давлатии «Қасри ҷавонони ба номи “Лоиқ Шералӣ»-и шаҳри Хуҷанд дар асоси Қарори Раиси вилояти Суғд ва Нақшаи чорабиниҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ярмаркаи вилоятии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод бо иштироки корхона, муассисаву ташкилотҳо, бонкҳо баргузор шуд, ки дар он хатмкунандагони донишкада фаъолона иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ярмарка як қатор корхонаву ширкатҳои пешқадами вилояти Суғд, аз ҷумла ширкатҳои соҳаи бонк, истеҳсолот, марказҳои таълимӣ Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ҷойҳои кории холии (вакансия) худро махсус барои хатмкунандагон ва шаҳрвандон пешниҳод намуданд.
Иштирок дар ин ярмарка имкон дод, ки талаботи имрӯзаи корхонаҳои вилояти Суғд ба кадрҳо омӯхта шуда, ҷиҳати мутобиқ кардани барномаҳои таълимӣ ба бозори меҳнат заминаи нав гузошта шавад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки баргузории чунин ярмаркаҳо қадами устувор баҳри дар оянда таъмин намудани хатмкунандагон бо ҷойи кори доимӣ хоҳад шуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

Photos from Khujand Polytechnic institute of Tajik Technical University's post 19/05/2026

ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

Дар шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз руйи наминатсияҳои “Санъати тасвирӣ ва дизайн” оғоз гардид.
Дар даври шаҳрии озмун 120 нафар довталаб дар номинатсияҳои номбурда иштирок мекунанд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки донишҷӯёни донишкада: Самира Сайфиддинова, Анисахон Рофиева, донишҷӯёни курси 2, ихтисоси таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ, Муталлибҷон Абдуразоқов, донишҷӯи курси 2, ихтисоси меъморӣ аз рӯйи номинатсияи “Санъати тасвирӣ” ва Субҳиябону Ёрова, Улуғбек Бобоев ва Рухшона Улмасова тибқи номинатсияи “Дизайн” маҳсули эҷоди хешро пешкаши ҳакамот гардониданд.
Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд, раёсати фарҳанги вилоят ва аъзои доварон дар маросими оғози даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман" иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, арзёбии сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум менамоянд, гузаронида мешавад.
Тибқи Низоиномаи озмун, дар номинатсияи санъати тасвирӣ нусхабардории асарҳои рассоми дигар қатъиян манъ аст.
Асари офарида бояд бе ёрии падару модар ва устод тартиб дода шуда, дар қисмати пушти он номи асар, насаб, ном ва номи падар, синну соли иштирокдори озмун, номи муассиса, суроғаи ҷойи истиқомат ва роҳбар (омӯзгор) дарҷ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2026 барои баргузории озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 260 000 (ҳашт миллиону дусаду шаст ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо мегардад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

Photos from Khujand Polytechnic institute of Tajik Technical University's post 18/05/2026

СЕМИНАР: ТАТБИҚИ “СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2044" ДАР ДОНИШКАДА

Бо иқдоми шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот ва назорати электронии донишкада дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишкада оид ба иҷрои бандҳои нақшаи нақшаи амали Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 дар солҳои 2025-2027 семинар - машварат дар мавзӯи татбиқи “Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 дар донишкада баргузор гардид.
Дар семинар машварат иброз гардид, ки сифати таҳсилот ҳамчун низоми доимоамалкунанда дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини сифати таҳсилот, ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва паҳнкунии иттилоот оид ба таҳсилот ва қисмҳои алоҳидаи он равона карда шудааст. Мақсади асосии ба роҳ мондани семинар машварат муаррифии Низомномаи арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ; Барномаи арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ; Нишондиҳандаҳо (индикаторҳо)-и арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ғайраҳо мебошад.
Санадҳои зикршуда барои таъмини сифати таҳсилот ва низоми ягонаи татбиқи он дар донишкада ба роҳ монда, таҳлили ҳамаҷонибаи сифати воқеии таълим, танзими ҳуҷҷатгузорӣ, истифодаи усулҳои фаъоли таълим, хусусиятҳои татбиқи низоми менеҷменти сифат дар бозори хизматрасониҳои таълимӣ, рушди технологияи иттилоотӣ ва мушкилоти омодагии касбии мутахассисон ва муайянкунии самтҳои беҳдошти он мебошад. Умед аст, ки семинар машварати мазкур барои таъмини сифати таҳсилот ва беҳсозии он мусоидат мекунад.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

Photos from Khujand Polytechnic institute of Tajik Technical University's post 17/05/2026

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

Субҳи имрўз, санаи 17.05.2026 дар қатори дигар муассисаҳои олии вилоят, ҷомеаи меҳнатӣ ва донишҷӯёни ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар маъракаи васеи Дави миллӣ ва марафони воледсипедронӣ, ки дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, иштироки фаъолона намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода қабл аз оғози Дави миллӣ баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки «Баргузор намудани чунин чорабиниҳои варзишӣ ба ҷисму рўҳи инсон нерўи нав мебахшад. Шуғл варзидан ба варзиш асоси комёбиҳо ва гарави асосии саломатии инсон аст. Мақсад аз баргузории ин рӯз таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ дар саросари мамлакат мебошад.
Маросими ифтитоҳи Дави миллӣ аз даромадгоҳи хиёбони Раҳим Ҷалил оғоз гардида, иштирокчиён тариқи ин хиёбон ва ба воситаи кўчаи Султон Умаров, купрўки нав ва хиёбони Раҳмон Набиев то майдони назди Парчами миллӣ миёни ҳам сабқат намуданд.
Ҳамчунин дар ин масир марафони велосипедронон низ сурат гирифт, ки дар он беш аз 1000 нафар иштирок доштанд.
Боиси ифтихор аст, ки дар қатори дигар муассисаҳои олӣ, раёсати ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд барои иштироки фаъолона дар Дави миллӣ бо Сипоснома ва тӯҳфаи хотиравии Раиси вилояти Суғд қадршиносӣ гардид.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

Photos from Khujand Polytechnic institute of Tajik Technical University's post 16/05/2026

БАРГУЗОРИИ ҲАШАРҲОИ ДАСТҶАМЪОНА ДАР ДОНИШКАДА

Photos from Khujand Polytechnic institute of Tajik Technical University's post 16/05/2026

ЗЕБОӢ, ТАВОНОӢ ВА ДОНОӢ АЗ ВАРЗИШ АСТ

Субҳи имрӯз, санаи 16.05.2026 бо ҷалби устодон ва донишҷӯёни донишкада дар гулгашти назди меҳмонхонаи “Эҳсон”-и Хуҷанд тренкур (роҳгардӣ) ва машқи пагоҳирӯзӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинии варзишӣ бо амри дил дар фазои тантанавӣ ва бо руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор шуд. Машқи пагоҳирӯзӣ бо роҳбарии мураббиёни ботаҷриба сурат гирифт ва ба иштирокчиён рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Таъкид шуд, ки ҳадафи асосии ин чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, бедор сохтани ҳисси масъулиятшиносӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш мебошад.
Иштирокчиён дар охир изҳор доштанд, ки минбаъд низ пайрави содиқи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат хоҳанд монд ва барои ободиву пешрафти Ватан саҳми шоистаи худро мегузоранд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки ин чорабинӣ дар чорчӯбаи иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

16/05/2026

КОНФРОНС: ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ - ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ НЕРУИ ЗЕҲНИИ ҶАВОНОН”

Photos from Khujand Polytechnic institute of Tajik Technical University's post 16/05/2026

КОНФРОНС: ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ - ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ НЕРУИ ЗЕҲНИИ ҶАВОНОН”

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ - омили муҳими рушди неруи зеҳнии ҷавонон” баргузор шуд.
Меҳмонони конфронс нахуст аз намоиши дастовардҳои ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкада дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ аз наздик шиносӣ пайдо намуданд.
Бахтиёр Исматзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд конфронсро ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Мазбут Холиқзода, муовини директор оид ба таълими донишкада, сухани шодбошии роҳбарияти муассисаи таълимиро ба самъи иштирокдорони конфронс расонд.
Таъкид шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои миллати мо имконият фароҳам овард, ки роҳи рушди мустақилонаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро интихоб намояд. Дар ин замина, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид месозанд, ки ҷавонон такягоҳи асосии давлат, неруи пешбарандаи ислоҳоту навсозӣ ва кафили фардои ободи кишвар мебошанд. Маҳз ба шарофати сиёсати ҷавонпарваронаи роҳбарияти олии давлат, имрӯз барои таҳсил, кору эҷод ва ташаббусҳои инноватсионии ҷавонон шароити мусоид муҳайё гардидааст.
Имрӯз ҷаҳон босуръат ба марҳилаи нави тараққиёт – ба давраи рақамикунонӣ ва афзоиши аҳамияти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ ворид шудааст. Зеҳни сунъӣ дигар танҳо мавзуи муҳокимаи олимон нест, балки ба қисми ҷудонашавандаи иқтисод, маориф, тандурустӣ, идоракунии давлатӣ ва ҳаёти ҳаррӯзаи одамон табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамқадами равандҳои муосир буда, ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ, аз ҷумла истифодаи васеи зеҳни сунъӣ, аҳамияти махсус медиҳад.
Дар ин раванд саҳми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осими низ назаррас мебошад. Имрӯз дар донишкада омодасозии мутахассисон дар се зинаи таҳсилот — бакалавриат, магистратура ва PhD докторантура ба роҳ монда шуда, танҳо дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ зиёда аз 600 нафар донишҷӯёну муҳаққиқон таҳсил менамоянд. Дар ин самт ду кафедраи тахассусӣ фаъолият бурда, аз рӯйи 5 ихтисос, аз ҷумла ихтисоси «Зеҳни сунъӣ», мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати муосирро омода менамоянд. Бояд махсус таъкид намуд, ки қабули донишҷӯён аз рӯйи ихтисоси «Зеҳни сунъӣ» дар донишкада бори аввал соли 2019 оғоз гардида буд, ки ин иқдоми саривақтӣ ва дурбинона дар самти рушди технологияҳои рақамӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, донишҷӯёни донишкада ҳамасола дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб мегарданд. Масалан, соли ҷорӣ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ донишҷӯи курси 3-юм Муаззамхон Мусоева сазовори ҷойи 3-юм аз фанни технологияи иттилоотӣ гардид, ки далели равшани сатҳи баланди омодагии илмӣ ва техникии ҷавонони донишкада мебошад.
Дар Паёмҳо ва суханрониҳои худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкими савияи донишу малакаи техникиву рақамии ҷавонон, омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, забонҳои хориҷӣ ва ихтисосҳои вобаста ба технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъиро пайваста таъкид менамоянд. Мақсади асосӣ аз ин роҳандозӣ намудани насли нав – мутахассисони соҳибмаърифат, эҷодкор ва рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат мебошад, ки метавонанд манфиатҳои миллиро дар шароити рақобати шадиди иттилоотӣ ҳимоя намоянд.
Маҳз барои ҷавобгӯ будан ба ин ҳадафҳои созанда, мо – устодону олимон ва кормандони соҳаи маориф ва илм – вазифадорем, ки дарси ҳаррӯза, таҳқиқоти илмӣ, барномаҳои таълимӣ ва тарбиявиро бо талаботи замони рақамӣ мувофиқ гардонем. Омӯзиши назариявӣ бояд бо амалия, таҳқиқоти илмӣ бо татбиқи инноватсионӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ пайваста бошад, то ки донишҷӯён ва ҷавонони мо на танҳо истеъмолкунанда, балки офарандагони технологияҳои нав бошанд.
Имрӯза мавзӯи Конференсияи илмӣ назариявии мо – «Технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ — омили муҳими рушди неруи зеҳнии ҷавонон» – хеле саривақтӣ ва муҳим мебошад. Дар ҷараёни кори конференсия мо интизор дорем, ки масъалаҳои ташаккули фарҳанги истифодаи дурусти технологияҳои иттилоотӣ, имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим, афзудани тафаккури эҷодии ҷавонон, таҳкими амнияти иттилоотӣ ва пешгирии таъсири манфии фазои маҷозӣ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор мегиранд.
Сипас дар ҷараёни кори конфронс маърӯзаҳои Шарифҷон Ахмедов, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят дар мавзуъи “Экономический и инвестиционный потенциал и перспективы развития ИИ в Согдийской области”, Хуршед Мақсудов, н.и.т., дотсент., мушовири директори ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ таҳти унвони “Зеҳни сунъӣ ва ташаккули иқтидори зеҳнии ҷавонон”, Аҳлиддин Низомиддинов, муҳандиси соҳаи зеҳни сунъӣ, тадқиқотчии ширкати zypl.ai, мушовир оид ба лоиҳаҳои таҳсилотӣ ва тадқиқоти Шурои зеҳни сунъӣ назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Самтҳои рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд.
Баъди музокираи маърӯзаҳои илмӣ ва ба як қатор фаъолон кофнронс Сипосномаҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд тақдим гардид.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

Photos from Khujand Polytechnic institute of Tajik Technical University's post 15/05/2026

ТАҶРИБАОМӮЗИИ ИСТЕҲСОЛИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР КОРХОНАИ МУОСИРИ ҶДММ «CATH»

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, донишҷӯёни ихтисоси таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагии донишкада давраи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ худро дар корхонаи муосири ҶДММ «CATH» гузаронида истодаанд.
Дар раванди таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён бо раванди технологияи муосири дӯзандагӣ, автоматикунонидашудаи буришу дӯхти либос дар шароити воқеии корхона, бо намудҳои гуногуни матоъ ва маводҳои ёрирасон, сифати маҳсулоти тайёр ва мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ ва тарҳрезии моделҳо, сохтани қолабҳо ва тарҳрезии либосҳои муосирро аз наздик шинос мешаванд ва дар як вақт меомӯзанд.
Шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ «CATH» ба донишҷӯён илҳоми тоза бахшида, онҳоро ҳамчун мутахассисони баландихтисоси соҳаи саноати сабук ба камол хоҳад расонд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

Photos from Khujand Polytechnic institute of Tajik Technical University's post 14/05/2026

“ШОМИ ҶАВОНӢ”: “ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба баргузории барномаи фарҳангӣ ва маҳфилҳои ҳаҷвнигорон таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” шоми 13 майи соли ҷорӣ дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат” барномаи фарҳангии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Дар оғози барномаи фарҳангӣ зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар омӯхтани илму ҳунар ва забон ибтикор варзида, Ватанро ободу хуррам бисозанд. Раёсати донишкадаи политехникӣ сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллатро бо фароҳам овардани шароити мусоид дастгирӣ намуда, барои ҷавонон имкониятҳои муосири таълиму тарбияро фароҳам овардааст.
Дар барномаи фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯёни боистеъдоди донишкада сурудҳои “Салом, ҷавонӣ”, “Необыкновенные глаза”, “Эй ёр”, “Ҷононам” рақсҳои дилошӯб, бози-викторина пешкаши хозирин гардида, суруди ватандӯстонаи “Тоҷикистон” ба чорабинӣ ҳусни хотима бахшид.
Дар интиҳои барнома аз ҷониби муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Абдуҷамил Абдуллозода ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд барои ҳамкориҳои судманд дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, саҳми арзанда дар ташкил ва баргузории барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғдро тақдим намуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

14/05/2026

Дар доираи фаъолияти Маркази рушди касбияти донишкада вохӯрии донишҷӯён бо намояндагони бонки Имон Интернешнл дар мавзуи «Саводнокии молиявии ҷавонон» баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ мутахассисони бонк ба донишҷӯён оид ба асосҳои саводнокии молиявӣ, хизматрасониҳои муосири бонкӣ, истифодаи бехатари воситаҳои рақамии молиявӣ ва принсипҳои дурусти идоракунии маблағҳои шахсӣ маълумот пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин диққати асосӣ ба масъалаҳои рушди касбӣ, талаботи бозори муосири меҳнат, инчунин имкониятҳои гузаштани таҷрибаомӯзӣ, коромӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин гардидани ҷавонон дар соҳаи бонкдорӣ равона карда шуд.
Чорабинӣ дар фазои муколамаи озод баргузор гардида, донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои муфид ва тавсияҳои амалӣ гирифтанд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО

Want your school to be the top-listed School/college in Khujand?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Telephone

Address


Ismoili Somoni Avenue , 226
Khujand
735700

Opening Hours

Monday 08:00 - 16:00
Tuesday 08:00 - 16:00
Wednesday 08:00 - 16:00
Thursday 08:00 - 16:00
Friday 08:00 - 16:00
Saturday 08:00 - 14:00