Institute of Economy and Trade of TSUC - IET TSUC

Institute of Economy and Trade of TSUC - IET TSUC

Share

Шабакаи иҷтимоии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ш.Хуҷанд

Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» (ДИС ДДТТ)

Государственное образовательное учреждение «Институт экономики и торговли Таджикского государственного университета коммерции в г. Худжанде» (ИЭТ ТГУК)

Photos from Institute of Economy and Trade of TSUC - IET TSUC's post 26/06/2026

Дастоварди бузург - Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои ояндаи солҳои 2027 – 2036»

Дар замони муосир сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин арзишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд. Дар шароите ки ҷаҳон бо низоъҳо, таҳдидҳои амниятӣ ва буҳронҳои гуногун рӯ ба рӯ аст, таҳкими фарҳанги сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст. Қабули қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бозгӯи саҳми арзандаи кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ мебошад.
Ҳадафи асосии он таҳкими сулҳ, рушди муколама, мусолиҳа, ҳамбастагии байни наслҳо ва ҷалби ҷавонон ба ташаккули ҷомеаи осоишта мебошад. Ҳуҷҷат инчунин давлатҳоро ба густариши фарҳанги сулҳ, ҳалли ихтилофҳо бо роҳҳои мусолиматомез ва мубодилаи таҷрибаи беҳтарин дар ин самт даъват мекунад.
Қабули ин қатънома бори дигар нишон дод, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор дар масъалаҳои байналмилалӣ обрӯи баланд дорад. Ин ташаббус идомаи сиёсати хориҷии кишвар дар самти таҳкими сулҳ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни давлатҳо мебошад.
Имрӯз Тоҷикистон бо таҷрибаи сулҳу ваҳдати худ метавонад намунаи арзишманде барои ҷаҳони муосир бошад.

Муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, Зокирхонзода М.З.

Photos from Institute of Economy and Trade of TSUC - IET TSUC's post 26/06/2026

Санаи 26 июни соли равон дар доираи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” ҳамоиши устодону кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

     Ҳамоишро муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, н.и.ф., дотсент Аҳрорӣ Гулчеҳрахон Усмонзода оғоз бахшида, таъкид кард, ки дар арафаи 29-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони  “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” қабул гардид.

     Сипас, доктори илмҳои иқтисодӣ, Ҳакимзода Маъруф Маҳмудӣ баромад намуда, аз аҳамияти муҳими қатъномаи мазкур ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ ва ҳамзистии осоишта барои наслҳои оянда тасдиқ карданд.

     Баъдан, муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ Мамадҷонов Файзулло Собирович баромад карда, аз ҳадафҳои асосии Даҳсола ва нақши он дар таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа ёдовар шуд.  

      Иштирокчиёни ҳамоиш омодагии худро дар тарғиби ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” тавассути гузаронидани чорабиниҳои тарбиявию ҳуқуқӣ иброз намуданд.

26/06/2026

Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”

Дар арафаи ҷашнгирии 29 солагии Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ-Ваҳдати миллӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯйи пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул намуд.

29 сол қабл аз ин танҳо ба шарофати заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои мухталифи сиёсӣ ба ҳам оварда шуда, дар кишварамон сулҳу субот, амну осоишта таъмин гардид ва хатари парокандашавии миллат пешгирӣ карда шуд.

Бо қабул шудани қатънома зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” дар арсаи ҷаҳонӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар исбот намуданд, ки Тоҷикистон дар ҳақиқат давлати сулҳофар мебошад. Аҳаммияти муҳимми қатъномаи мазкур дар он ифода меёбад, ки давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, ҳамзиштии осоишта, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.

Бо боварии комил метавон ҳарф зад, ки тамоми давлатҳои муосир қатъномаи мазкурро пазируфта, барои пойдор гаштани сулҳу субот дар кишвари худ талош меварзанд.

 

Мудири шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълим Маҳмудӣ Равшан Бобоҷонзода

25/06/2026

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: ЗАМИНАИ СУЛҲ, АМНИЯТ ВА ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ

Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои халқи тоҷик ба шумор меравад. Он рамзи ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва ягонагии мардум мебошад. Ба шарофати ваҳдат, ҷомеа ба сулҳу субот расида, барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар заминаи мусоид фароҳам гардид.

Пас аз солҳои душвор ва низоъҳои дохилӣ, мардуми Тоҷикистон тавонист бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ роҳи сулҳ ва оштиро интихоб намояд. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон оғози марҳилаи нави таърихӣ барои кишвар гардид. Ин рӯйдоди муҳим ба муттаҳидшавии ҷомеа ва таҳкими давлатдорӣ мусоидат кард.

Ваҳдати миллӣ танҳо мафҳуми сиёсӣ нест, балки арзиши бузурги маънавӣ мебошад. Он мардумро новобаста аз миллат, забон ва ақидаҳои гуногун муттаҳид намуда, барои зиндагии осоишта ва созанда шароит фароҳам меорад. Дар фазои ваҳдат ҳар як шаҳрванд имконият пайдо мекунад, ки барои пешрафти Ватан саҳми худро гузорад.

Имрӯз Тоҷикистон дар роҳи рушд қадамҳои устувор мегузорад. Сохтмони роҳҳо, мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар иншооти муҳим маҳз дар шароити сулҳу ваҳдат амалӣ мегардад. Ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст, зеро ояндаи дурахшони кишвар аз ягонагӣ ва ҳамбастагии мардум вобаста мебошад.

Дар хулоса метавон гуфт, ки ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳо ва сарвати гаронбаҳои миллат аст. Мо бояд ин дастоварди бузургро қадр намуда, барои таҳкими он ҳамеша кӯшиш намоем, то Тоҷикистон ҳамчун кишвари ободу пешрафта дар арсаи ҷаҳон мавқеи шоистаи худро нигоҳ дорад.

Ҷалилзода Абдурашит Абдукамол
Директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

24/06/2026

ТАҶАССУМИ ҒОЯИ ВАҲДАТГАРОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Таърихи инсоният собит менамояд, ки баъзе халқу миллатҳо ба сатҳи зарурии ваҳдат, худшиносиву худогоҳӣ расида натавониста аз арсаи таърих ба нестӣ рафтаанд. Аз ин лиҳоз, тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: ”Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буд, заминаи воқеӣ гузошт”[1:22-23] Ана ҳамин ҳақиқати таърихиро Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода ҳанӯз солҳои 70-80-уми асри ХХ амиқан дарк намуда, тавассути асарҳои пурмазмунаш ба мо ҳушдор дода буд, ки муттаҳидиву худшиносивӣ ва худогоҳии миллат пояи устувори давлат ва оини давоатдорӣ мебошанд. Устод муътақид ба он буд, ки инсон бояд ниёгони хешро бишносад, то бидонад, ки ӯ кист ва ба ҷаҳон баҳри чӣ коре омадааст. Дар ин робита Пешвои миллат хеле бамаврид зикр намудаанд, ки “Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тӯфони офатбори ҷанги шаҳрвандӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт. Охир як сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо мероси таърихӣ аст. То хотираи қавии таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостон маҳфуз аст, ҷомеа аз худ накунад, аз хираду заковати гузаштагон баҳраманд нашавад, дар тамоми риштаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонад.” [2:143]
Ваҳдати миллӣ ва худшиносии миллӣ чӣ гуна падида ҳастанд? Дар адабиёти фалсафӣ ба ин савол ҷавобҳои гуногуну мухталиф додаанд. Мо аз шарҳу тафсири ин ақидаҳо худдорӣ менамоем ва таваҷҷуҳи худро ба шинохти ин ду мафҳум аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона месозем. Пешвои миллат мафҳуми ваҳдати миллӣ ва худшиносии миллиро ба ҳамдигар тавъам ва тавзеҳдиҳандаи якдигар меҳисобанд, зеро маъниҳое, ки тар семантикаи онҳо истифода мешаванд ба ҳамдигар хеле наздиканд. Дар шинохти Пешвои миллат ваҳдати миллӣ ин қабл аз ҳама арзишҳои муқаддаси якдилӣ, ифтихор аз ватан, масъулияти ватандорӣ, ҳамгиройӣ, дӯстиву бародарӣ, дарки мансубияти ҳар як сокини кишвар ба ватани азизамон – Тоҷикистон мебошад.
Дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистон рӯзи 27 июни соли 1997 бо ҳарфҳои заррин сабт гаштааст, зеро маҳз дар ҳамин рӯз дар натиҷаи гуфтушунидҳои тулонӣ, бо талошу истодагарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон имзо гашт, ки саҳифаи нави таърихи навини Тоҷикистонро оғоз бахшид.
Таҷрибаи сулҳофарӣ ва ба дастовардани ваҳдати миллии тоҷикон беназир аст. Дар раванди истиқрори сулҳу ризоият тоҷикон усули пешгирии низои ба дараҷаи мусаллаҳона расидаро дарёфт намуданд, ки он имрӯз дар афкори илмию иҷтимоӣ ҳамчун “модели тоҷиконаӣ”-и ҳалли зиддият ва низоъҳо муаррифӣ гаштааст, ки бунёдгузори он Пешвои муаззами милат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Нодирӣ ва бесобиқагии таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон дар он буд, ки вай дар асоси гуфтушунидҳои бисёрзинагӣ сурат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аллакай дар суҳбатҳои қаблӣ, ҳам аъзоёни Ҳукумат ва ҳам роҳбарони мухолифинро бовар кунонида тавонистанд, ки бояд пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шавад, Дар яке аз мусоҳибаҳои телевизонии хеш Пешвои миллат суханони ба иштирокчиёни гуфтушунид иброз намудаашонро ба ёд оварда гуфтанд, ки ягона роҳи таъмини бақоии давлату миллат пеш гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ, комёб гаштан ба ризоияти миллӣ ва ваҳдат мебошад, “...вагарна номи мо дар саҳифаҳои таърих ҳамчун роҳбарони ноуҳдабаро ва миллаткуш сабт хоҳад гашт” Ин суханон ва мавқеъгириҳои устуворонаи роҳбари давлат мазмуну мундариҷаи раванди гуфтушунидро муайян намуд. Аллакай дар вохӯрии аввал доираи он масъалаҳое, ки бояд мавриди қазоват ва ҳалли худро меёфтанд, муайян карда шуданд.
Дар ин раванд тарафҳои мутақобила фаҳмиданд, ки ҷанги таҳмилӣ бояд фавран қатъ гардад, чунки ин даргирии бародаркуш миллати тоҷикро метавонад аз байн барад ва ба давлатдории тоҷикон хотима бахшад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади устуворгардонии пояҳои соҳибистиқлоли ба умқи таърихи фарҳанги миллиамон ворид гашта, аз он чунин падидаҳо, ба мисли “ваҳдати миллӣ”, “ризоияти миллӣ” -ро дарёфт намуда, дар натиҷаи амалигардонии ғояи ваҳдатгаройии гузаштагонамон тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ ин давраи сӯзандаи таърихи навинамонро паси сар намояд, миллати мо аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, халқҳои сокини мамлакатамон ба зиндагии осоишта расиданд, пояҳои асосии иқтисодию иҷтимоии диёр ба таври устувор гузошта шуд, сохтори давлатии мо шакли нисбатан комили худро гирифт ва роҳи рушди кишвар аз тарафи худи мардум интихоб ва муайян гашт.
Консепсияи ваҳдати миллӣ, ки бунёдгари он Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, арзишмандии худро дар замони вусъатёбии муборизаҳои мафкуравӣ байни давлатҳо баҳри комёб гаштан ба манфиатҳои миллиашон боз ҳам бармалотар собит менамояд. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки тамоюлоти мураккабу пурихтилофи равандҳои иҷтимоӣ аз як тараф ба шикаст додани низомҳои иҷтимоию сиёсии ҷомеаҳои нисбатан сусттараққикарда нигаронида шуда бошад, аз тарафи дигар, ба ғасби ақлу ҳуши инсон тавассути манъкунии фарҳангҳо, заиф гардонидан ва ҳатто аз байн бурдани шуури таърихӣ, забону адабиёти миллӣ, ҳуввияти миллӣ, тарзи зист ва ғайраҳо вобаста мебошад. Дарвоқеъ муборизаҳову ҷангҳои имрӯза, ки дар ақсои олам ба назар мерасанд, қабл аз ҳама натиҷаи бархурди фарҳангҳо, эътиқодҳо ва тамаддунҳост. Дар ин шароит расидан ба қадру қиммати ваҳдати миллӣ мустаҳкам намудани пояҳои он қарзи шаҳрвандии ҳар як аъзои ҷомеа маҳсуб меёбад.
Агар қобили қабул бошад, ба сифати охирсухани мақола як андешаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос менамоем, ки дар ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда буданд: “Ниҳоли сулҳе, анқариб 30 сол муқаддам бо дастгирии халқ ва талошҳои пайгиронаи фарзандони бошарафу фидоии сарзамини тоҷикон шинонда будем, сабзид, реша давонд ва чун дарахти тавонои ваҳдату дӯстӣ ба камол расид. Аз шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ кишвари мо ба марҳилаи нави зиндагӣ – марҳилаи созандагию бунёдкорӣ қадам гузошт.
Солиҷонов Расулҷон – доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи ҷомеашиносии Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ш. Хуҷанд

Photos from Institute of Economy and Trade of TSUC - IET TSUC's post 22/06/2026
Photos from Institute of Economy and Trade of TSUC - IET TSUC's post 22/06/2026

ДАСТОВАРДҲО ВА НАҚШАИ СТРАТЕГИИ ОМОДА КАРДАНИ КАДРҲОИ САТҲИ БАЛАНДИ ИЛМИИ ДИС ДДТТ БАРОИ СОЛИ ТАҚВИМИИ 2026, БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Photos from Institute of Economy and Trade of TSUC - IET TSUC's post 18/06/2026

ГУЛҲОИ СИЯҲГӮШ ВА ЛОЛА ҲАМЧУН ГУЛИ
МИЛЛӢ
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.06.2026 №26,10-36 бо мақсади дар сатҳи баланд муаррифӣ намудани гулҳои сияҳгӯш ва лола ҳамчун гули миллӣ дастур медиҳад.
Дар нашри якуми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1988), ки ҳуҷҷати давлатӣ буда қувваи юридикӣ дорад, олимони шинохта ба ҳамин намудҳои гулҳои зебо, фоиданок ва ороишӣ аҳамияти махсус додаанд.
Дар китоби мазкур се намуди сиёвуш ё сиёҳгӯш оварда шудааст: Сиёҳгӯши Дарвозӣ, С. Гуг ва С. хаткашида, ки намудҳои нодир буда, танҳо дар минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон вомехӯранд. Ин хел намудҳои флора ва фауна “эндемик” номида мешаванд.
Дар Китоби сурх 19 намуди гули лола номбар шудаанд, ба мисли Лолаи бузург, лолаи беҳтарин, лолаи аъло, лолаи гулобӣ ва ғайра. Ҳамаи онҳо ҳам эндемики Тоҷикистон мебошанд, яъне дар ягон минтақаи ҷаҳон дида намешавад. Расмҳои рангаи онҳо дар Китоби сурх зебогӣ ва беҳамтогии онҳоро тасдиқ мекунанд. Дар замони Шӯравӣ олимон-селексионерҳои Голландия масолеҳи тухмии беҳтарин намудҳои лолаҳои Тоҷикистонро ба даст оварда дар тамоми ҷаҳон машҳур гардиданд.
Айнан ҳамин намудҳои сиёҳгӯш ва лола дар китоби олими машҳур Землинский С.Е. номбар шуданд бо номи “Касатик” яъне “Зебоча”, “Хушрӯча”. (Землинский С.Е. Лекарственные растения СССР, 1951).
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз омӯзиш ва баррасии масъала гулҳои сиёвуш (сияҳгӯш) ва лола интихоб гардиданд, ки барои муаррифӣ ва инъикоси зебоии табиӣ, ғановати олами набототи маҳаллӣ ва арзишҳои таърихиву фарҳангии мардуми Тоҷикистон ҳамчун рамзҳои муносиб арзёбӣ шудаанд.

Дониёрова М.М.-
номзади илмҳои биологӣ,
дотсенти кафедраи ҷомеашиносии #ДИСДДТТ

Photos from Institute of Economy and Trade of TSUC - IET TSUC's post 18/06/2026

СИЯҲГӮША – ФАХРИ МИЛЛИИ МО!
Сияҳгӯш ё сиёҳгӯш (лот. Juno nicolai) — як намуди гули худрӯи аввали баҳор; гиёҳи бисёрсолаи пиёзакбех. Намуди камёфт ва нодир, дар шароити табиӣ ниҳоят кам дучор меояд.
Гулаш бунафш (дарозиаш 12-14 см), найчаи пояаш хокистарранг. Моҳи январ-апрел гул карда, апрел-май самар меорад.
Дар Тоҷикистони Марказӣ ва ҷанубӣ (қаторкӯҳҳои ҳисор, Вахш, Ҳазратишоҳ, Ғозималик) ва ноҳияҳои ҳамшафати Ӯзбекистон дучор меояд. Дар Афғонистон низ месабзад.
Дар нишебиҳои хокӣ, бештар дар ҷангалзори омехтаи гармсер (бодомзор, тӯғзор ва ғайра) дар баландии аз 900 то 2000 м аз сатҳи баҳр месабзад. Ба J. rosenbachiana (Regel) Vved. (ғарби Помиру Олой) қаробат дорад.
Гули зебои навбаҳор аст. Баҳорон сокинони шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ даста-даста сиёҳгӯш мечинанд. Ба таври оммавӣ бо бехаш ҷамъ кардани гули сиёҳгӯш ба нашъунамои он таъсири бад мерасонад.
Аз тухм ва пиёзак зиёд мешавад. Дар боғи набототи шаҳри Душанбе ва шаҳри Кӯлоб сиёҳгӯшро парвариш мекунанд.
Лола - авлоде аст, ки оилаи савсаниҳоро дар бар гирифта, дар ҳудуди 100 то 150 намуд дорад. Маҳалли аслии рӯйиши лолаҳои худрӯ дар Осиёи Миёна дар назар гирифта мешавад. Ин гул дар Афғонистон, Туркия, Эрон, қисмати аз ғарби Сурия, соҳили баҳрҳои Арал, Хазар ва Сиёҳ, кишвари Юнон, Итолиё, Испониё ва соҳили баҳри Миёназамин дар шимоли Африқо ба сурати худрӯ ёфт мешавад.
Лола ( лотинӣ: Túlipa) як авлоди растаниҳои бисёрсолаи алафии пиёзшакл аз оилаи лилия ( Liliaceae ) буда, таксономияҳои муосир зиёда аз 80 намудро дар бар мегирад. Маркази пайдоиш ва гуногунии бузургтарини намудҳои лола кӯҳҳои шимоли Эрон , Помир-Олой ва Тян-Шон мебошанд. Дар тӯли 10-15 миллион соли эволютсия, лолаҳо дар ғарб то Испания ва Марокаш, дар шарқ то Забайкалея ва дар ҷануб то нимҷазираи Синай паҳн шудаанд. Дар шимол, популятсияҳои лолаи ҷангалӣ, ки аз ҷониби одамон ворид карда шудаанд , ба Шотландия ва соҳили ҷанубии Скандинавия расидаанд.

Профессори кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии #ДИСДДТТ Нарзулло Қобилов

Photos from Institute of Economy and Trade of TSUC - IET TSUC's post 16/06/2026

11 июни соли ҷорӣ дар доираи барномаи «Коргоҳи Мозӣ» Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва намояндагони ширкатҳои «Фаровон», «Моҳии тоҷик» ва «Молочная радост», ба Донишкадаи касбии муосири Ляонин, воқеъ дар шаҳри Шеняни Ҷумҳурии Мардумии Чин, ташриф оварданд.

Меҳмононро муовини директор оид ба робитаҳои хориҷӣ хонум Гуо Ҷиехонг ва муовини директор оид ба самти техникӣ ҷаноби Ванг Хайтао самимона истиқбол намуда, онҳоро бо фаъолияти муассиса аз наздик шинос карданд.

Дар доираи боздид ҳайат аз факултети омодасозии мутахассисон дар самти хӯроки ҷамъиятӣ ва қаннодӣ дидан намуд. Зимни шиносоӣ маълум гардид, ки дар ин факултет мутахассисон аз рӯи самтҳои омодасозии таомҳои миллӣ ва анъанавии чинӣ, таомҳои ғарбӣ, маҳсулоти қаннодӣ ва намудҳои гуногуни торт омода карда мешаванд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки донишкадаи мазкур аз панҷ факултет иборат мебошад.

Ҳангоми боздид намояндагони барномаи «Коргоҳи Мозӣ» на танҳо бо фаъолияти донишкада аз наздик ошно шуданд, балки дар раванди машғулиятҳои таълимӣ низ иштирок намуда, бо усулҳои омодасозии таомҳои чинӣ ва ғарбӣ, хуришҳо, маҳсулоти қаннодӣ ва фарҳанги омода намудани қаҳва шинос гардиданд. Ба иштирокчиён имконият фароҳам оварда шуд, ки маҳсулоти омоданамудаи донишҷӯёнро чашида, ба сифати онҳо баҳо диҳанд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати густариши робитаҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар оянда изҳор намуданд.

Want your school to be the top-listed School/college in Khujand?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Telephone

Address


Somoni Avenue 169
Khujand
735700

Opening Hours

Monday 08:00 - 18:00
Tuesday 08:00 - 18:00
Wednesday 08:00 - 18:00
Thursday 08:00 - 18:00
Friday 08:00 - 18:00
Saturday 08:00 - 18:00