МД "Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд"-и ДБССТ

МД "Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд"-и ДБССТ

Share

Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from МД "Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд"-и ДБССТ, College & University, Khujand.

Photos from Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана's post 01/06/2026
Photos from МД "Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд"-и ДБССТ's post 01/06/2026

ТАҶРИБАОМӮЗӢ – ЗИНАИ МУҲИМИ ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОНИ ОЯНДА
Донишҷӯёни Муассисаи давлатии «Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон айни ҳол дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд таҷрибаомӯзӣ намуда истодаанд.
Таҷрибаомӯзӣ бо мақсади таҳкими донишҳои назариявӣ, такмили малакаҳои амалӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавон ба фаъолияти мустақилонаи касбӣ роҳандозӣ гардидааст. Дар рафти он донишҷӯён зери роҳбарии табибон ва кормандони соҳибтаҷрибаи соҳаи тандурустӣ фаъолият намуда, бо усулҳои муосири хизматрасонии тиббӣ ва нозукиҳои касб аз наздик шинос мешаванд.

01/06/2026

Пешвои миллат ва сиёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани шароити зиндагӣ, таҳсил ва рушди кӯдакону наврасон тадбирҳои муҳиму муассир амалӣ гардидаанд.
Бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон пайваста дар кишвари мо заминаҳои ҳуқуқиву иҷтимоӣ тақвият дода шуда, қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул мегарданд, ки ба таъмини ҳуқуқ ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ, рушди иҷтимоӣ ва ҳимоя аз ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ мусоидат мекунанд. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ уҳдадориҳои байналмилалии худро дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон пайваста иҷро намуда, барои мутобиқсозии қонунгузории миллӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Яке аз дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи маориф мебошад. Дар саросари мамлакат ҳар сол садҳо муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ бунёд ва ба истифода дода мешаванд. Сохтмони кӯдакистонҳо, мактабҳои замонавӣ, марказҳои рушди кӯдак, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва варзишӣ имконият фароҳам овардааст, ки шумораи бештари кӯдакону наврасон ба таълиму тарбияи босифат фаро гирифта шаванд. Махсусан дар доираи омодагӣ ба ҷашнҳои миллӣ ва барномаҳои рушди иҷтимоӣ, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо иншооти нави соҳаи маориф сохта шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин мегарданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин барои беҳтар намудани вазъи саломатии кӯдакон тадбирҳои муҳим амалӣ кардааст. Бунёди марказҳои тиббӣ, тавсеаи муассисаҳои тандурустӣ, татбиқи барномаҳои эмгузаронӣ, беҳтар намудани хизматрасонии модару кӯдак ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ аз ҷумлаи корҳои назаррас дар ин самт мебошанд. Дар натиҷа нишондиҳандаҳои марбут ба ҳифзи саломатии кӯдакон беҳтар гардида, имкониятҳои рушди солими онҳо афзоиш ёфтааст, ки ин аз сиёсати дуруст ва хирадмандона дар ин самт ба ҳисоб меравад.
Ба рушди истеъдод ва қобилияти кӯдакону наврасон низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон - ватани азизи ман” ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ, бунёди марказҳои эҷодӣ, мактабҳои варзишӣ ва майдончаҳои замонавии варзишӣ барои ташаккули шахсияти ҳамаҷонибаи кӯдакон мусоидат менамоянд. Барномаҳои давлатии дастгирии ҷавонон ва наврасон низ барои баланд бардоштани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва ҳисси ватандӯстии онҳо нақши муҳим доранд.
Ғамхорӣ нисбат ба кӯдакони ятиму бепарастор ва кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд низ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Барои ин қишри ҷомеа шароити мусоиди таҳсилу тарбия, дастгирии иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои махсус фароҳам оварда шуда, баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо тадбирҳои пайваста амалӣ мегарданд.
Метавон бо ифтихор таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду камолоти онҳоро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии хеш қарор додааст. Дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ нишон медиҳанд, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ба насли наврас пайваста меафзояд ва барои тарбияи шаҳрвандони соҳибмаърифат, ватандӯст ва созанда тамоми имкониятҳо сафарбар карда мешаванд.
Бо идомаи сиёсати инсонпарварона ва тадбирҳои созандаи давлат, кӯдакони Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, амният ва имкониятҳои васеи таҳсилу рушд ба камол расида, дар оянда барои пешрафти кишвар саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

Исмоилова М.И.- омӯзгори фанни Тарбияи ҷисмонии МД "Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд"-и ДБССТ

30/05/2026

НОВАЯ МЕЖДУНАРОДНАЯ НАГРАДА В ОБЛАСТИ МЕДИЦИНЫ И НАУКИ НОСИТ ИМЯ АБУАЛИ ИБН СИНЫ

23 мая 2026 года Президент Республики Таджикистан, Основатель мира и национального единства – Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон подписал Указ «О Международной премии Абуали ибн Сино (Авиценны) в области медицины». Данное решение является историческим событием не только для отечественной науки, но и для всего международного научно-медицинского сообщества.
Основной целью новой международной награды является признание выдающихся достижений в области медицины, поддержка научных исследований и стимулирование развития медицинской науки. Эта инициатива направлена на сохранение и популяризацию богатого научного наследия великого мыслителя, врача и учёного, чьё имя занимает достойное место в истории мировой цивилизации.
Абуали ибн Сино по праву считается одним из основоположников научной медицины. Его фундаментальный труд «Канон врачебной науки» на протяжении многих столетий являлся основным медицинским руководством в крупнейших университетах Востока и Европы. В своих исследованиях великий учёный систематизировал знания по анатомии, физиологии, диагностике и лечению заболеваний, заложив основы клинической медицины.
Научное наследие Авиценны и сегодня сохраняет свою актуальность. Его идеи о профилактике заболеваний, индивидуальном подходе к пациенту, роли гигиены и здорового образа жизни остаются важными принципами современной медицины и путём научного поиска, гуманизма и служения человеку.
Вместе с тем, ежегодно 18 августа – в день рождения Абуали ибн Сино – согласно Закону Республики Таджикистан «О праздничных днях» в стране отмечается профессиональный праздник работников сферы здравоохранения.
Это не только дань уважения великому сыну таджикского народа, но и признание вклада таджикской научной школы в развитие мировой науки.
В современном мире медицинская наука является одним из важнейших факторов общественного прогресса и повышения качества жизни людей. Учёные страны вносят весомый вклад в развитие хирургии, офтальмологии, фармакологии, биомедицины и других направлений здравоохранения. Развитие здравоохранения, подготовка квалифицированных специалистов, поддержка научных исследований и внедрение современных методов лечения напрямую связаны с устойчивым развитием любого государства.
В этом направлении реализуются государственные программы, создаются условия для подготовки специалистов, совершенствуется материально-техническая база медицинских учреждений, расширяется международное сотрудничество.
Научное наследие Ибн Сино сохраняет значение и сегодня. Его подход к изучению человека, здоровья, причин заболеваний и методов лечения показывает, насколько глубокой и системной была медицинская мысль Востока. Поэтому учреждение международной премии, названной в честь этого выдающегося учёного, является важным шагом в деле поддержки медицинских исследований и укрепления связи между историческим наследием и современными научными достижениями.
Международная премия станет значимой формой признания заслуг учёных, врачей и исследователей, добившихся весомых результатов в развитии медицинской науки и охране здоровья человека. Она способна стимулировать проведение новых исследований, внедрение современных технологий, поиск эффективных методов диагностики, лечения и профилактики заболеваний.
Сегодня человечество сталкивается с серьёзными вызовами в сфере здравоохранения. Распространение инфекционных и хронических заболеваний, влияние экологических факторов, последствия изменения климата, необходимость повышения доступности медицинской помощи требуют от науки постоянного развития где важны профессионализм врачей, ответственность исследователей и готовность государств к международному сотрудничеству.
В таких условиях поддержка медицинской науки приобретает не только национальное, но и глобальное значение. Международные премии и научные инициативы помогают объединять специалистов разных стран, создавать площадки для обмена опытом, поддерживать перспективные исследования и привлекать внимание общества к наиболее важным вопросам здоровья.
Особое значение данная премия имеет и для повышения международного авторитета Таджикистана. Как родина великого Абуали ибн Сино, Таджикистан обладает прочной исторической и духовной основой для продвижения научного диалога в области медицины. Учреждение премии позволяет ещё раз подчеркнуть вклад таджикско-персидской цивилизации в развитие мировой науки и представить страну как пространство, открытое для научного сотрудничества.
Не менее важным направлением является поддержка молодых исследователей. Развитие науки невозможно без создания условий для нового поколения учёных: доступа к современным знаниям, лабораториям, научным программам, грантам и международным контактам. Международная премия имени Абуали ибн Сино может стать стимулом для молодых специалистов, которые выбирают путь научного поиска и стремятся внести вклад в развитие медицины.
Такая инициатива имеет и воспитательное значение. Обращение к жизни и трудам Абуали ибн Сино помогает молодёжи лучше осознать ценность знания, научного труда и служения обществу. Его биография показывает, что настоящая наука требует не только таланта, но и постоянного труда, наблюдательности, широты мышления и ответственности перед человеком.
Изучение наследия Ибн Сино способствует формированию уважения к истории, национальной культуре и научным традициям. Для студентов и молодых специалистов это особенно важно, поскольку связь с наследием великих учёных помогает глубже понять значение выбранной профессии и почувствовать личную ответственность за развитие общества.
Международная премия имени Абуали ибн Сино также может способствовать расширению научных контактов между Таджикистаном и другими странами. Вокруг таких инициатив формируются конференции, исследовательские проекты, профессиональные сообщества и новые формы сотрудничества между медицинскими университетами, научными центрами и практическими учреждениями здравоохранения.
Эта премия может стать не только символом уважения к прошлому, но и действенным инструментом развития современной медицины. Она напоминает, что научные традиции живут тогда, когда становятся основой новых исследований, открытий и практических решений, направленных на сохранение здоровья человека.
В перспективе Международная премия имени Абуали ибн Сино способна стать одной из авторитетных научных площадок, укрепляющих роль Таджикистана в развитии медицинской науки и гуманитарного диалога.
С уверенностью можно сказать, что очередная инициатива Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона, сыграет важную роль в решении глобальных вопросов сферы здравоохранения и, как и другие его инициативы мирового уровня, найдёт поддержку международного сообщества.

Рахматова Саодат Анваровна – к.ф.н., доцент ГУ «Колледжа туризма и социальных услуг г. Худжанда» Международного университета туризма и предпринимательства Таджикистан

30/05/2026

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: АРҶГУЗОРӢ БА МЕРОСИ ИЛМӢ ВА ПАЁМИ ТОҶИКИСТОН БА ҶАҲОН

Дар таърихи 23 майи соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармонеро ба имзо расониданд, ки дар таърихи фарҳангӣ ва илмии кишвар нақши ба ёдмонданӣ хоҳад гузошт. Таъсиси «Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» на танҳо арҷгузорӣ ба хотираи мутафаккири безаволи тоҷик аст, балки эълони баланди ниятҳои созандаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонии илму тандурустӣ маҳсуб мешавад. Ин иқдом шаҳодати он аст, ки тоҷикон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илм, бахусус тиб, табиатшиносӣ ва дигар улуми дақиқ, саҳми назаррас гузоштаанд.
Абӯалӣ ибни Сино - ин ном барои ҳар донишманди дунё ошно аст. Файласуф, табиб, шоир ва энсиклопедисти бузург, ки дар деҳаи қадимаи порсии Афшина ба дунё омада, бо қувваи зеҳн ва пайгирии хастанопазираш тамоми оламро тасхир намуд. Осори ӯ - «Қонуни тиб», «Китоб-уш-шифо» ва садҳо таълифоти дигар - асрҳо ба сифати манбаи асосии дониш дар донишгоҳҳои Аврупо ва Шарқ хизмат кардааст.
Олими маъруфи олмонӣ Макс Майерҳоф таъкид намудааст, ки «Қонун»-и Ибни Сино то асри XVII китоби асосии омӯзиши тиб дар донишгоҳҳои Аврупо буд. Ин арзёбии кӯтоҳ тасвири равшани нуфузи ҷаҳонии мероси ин нобиғаи тоҷик аст. Аз 240 асари мансуб ба қалами ӯ 33 адад ба забони модариаш - тоҷикӣ - навишта шудааст, ки ин худ далели раднопазири тааллуқи фарҳангии ӯ ба миллати тоҷик мебошад.
Шоистаи зикр аст, ки ибни Сино соҳаи тибро нафақат ба унвони илми ҷисмонӣ, балки дар ҳамоҳангӣ бо саломатии рӯҳӣ ва маънавии инсон мефаҳмид. Ӯ бар ин назар буд, ки табибон посбони ҷисму шоирон ва аҳли мусиқӣ нигаҳбони рӯҳи инсонанд. Ин нигоҳи ҳамаҷонибаи ӯ ба саломатӣ имрӯз низ аҳамияти амалии худро аз даст надодааст.
Таъсиси ин ҷоиза аз баракоти сиёсати фарҳангии Пешвои миллат омадааст, ки ба ҳифз ва таблиғи мероси миллӣ аз аввалин рӯзҳои истиқлол диққати вижа зоҳир кардаанд. Дар Тоҷикистон ба ёди ибни Сино ноҳия ва хиёбонҳо номгузорӣ шудаанд ва чеҳраи ӯро дар пули бист сомонӣ ҷовидон кардаанд. Санаи 18 август - зодрӯзи ин абармард - ҳамасола ҳамзамон бо Рӯзи кормандони тандурустӣ таҷлил мешавад.
Аммо Ҷоизаи байналмилалӣ иқдомест дар сатҳи дигар. Он мафҳуми «мероси миллӣ»-ро аз доираи дохилӣ берун бурда, ба минбари ҷаҳонӣ бардошта мешавад. Чунонки дар фармон таъкид гардидааст, ба ҷоиза шахсоне мушарраф хоҳанд шуд, ки дар рушди тандурустии байналмилалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд. Ин маъно дорад, ки ҷоиза доираи маҳдуди ҷуғрофӣ ё миллӣ надошта, чун мероси худи ибни Сино, аз они тамоми башарият хоҳад буд.
Таъсиси ин ҷоиза маҳз дар замоне сурат мегирад, ки ҷаҳони муосир бо мушкилоти ҷиддии тандурустӣ рӯ ба рӯ аст. Пандемияи COVID-19, гирдоби Эбола, пайдоиши вирусҳои нав ва бемориҳои музмини табобатнопазир - ҳамаи инҳо олами тибро дар ҳолати ҳушёрии доимӣ нигоҳ медоранд. Дар ин шароит, ҳар абзоре, ки пажӯҳишгаронро ба кашфиёти нав ҳавасманд созад, арзиши стратегӣ дорад.
Ҷоиза ба номи ибни Сино маҳз ҳамин нақши ҳавасмандкунандаро бар ӯҳда хоҳад дошт. Он ба олимони соҳаи тиб паём мефиристад, ки кашфиёти онҳо дар назари ҷаҳон дида ва арзёбӣ мешавад. Ҳамзамон, ин иқдом Тоҷикистонро ба маркази диалоги байналмилалии тиббӣ мубаддал месозад ва замина барои робитаҳои нав бо марказҳои пешрафтаи илмии дунё фароҳам меоварад.
Бархе муҳаққиқон ба ин ақидаанд, ки ин ҷоиза дар оянда метавонад дар баробари ҷоизаи Нобел дар соҳаи тиб ҷойгоҳи баланди худро пайдо кунад. Ин орзуи бузург аст, аммо беасос нест - чун арзиши пешниҳоди ҷоиза ба вусъати мероси ибни Сино рабт дорад, ки дар ин бобат кас шакке надорад.
Аз нуқтаи назари дипломатияи фарҳангӣ, ин ташаббус дорои арзиши бузург мебошад. Ҳар гоҳ масъалаи пайванди таърихии Абӯалӣ ибни Сино бо миллатҳо мавриди баҳс қарор гирад, Тоҷикистон бо сухан не, балки бо амал посух мегӯяд. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб далели равшани арҷгузорӣ ба шахсият ва мероси илмии ӯ буда, нақши тоҷиконро дар рушди илму фарҳанги башарӣ бори дигар таъкид менамояд. Чунин иқдомҳо худ беҳтарин муаррифгари ҳақиқати таърихӣ ва арзишҳои фарҳангӣ мебошанд.
Насли ҷавони тоҷик низ дар ин ташаббус паёме барои худ меёбанд: мо ворисони тамаддуне ҳастем, ки рӯзгоре асосҳои тибби ҷаҳонро гузоштааст. Ин на сарбории гузашта, балки нерӯи фардост.

Ҳусенов Ҷовидон Рухшодович
ассистети МД “Коллеҷи сайёҳӣ ва
хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри
Хуҷанд” – и ДБССТ

Photos from МД "Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд"-и ДБССТ's post 23/05/2026

ИШТИРОК ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ
Санаи 21 май дар Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия, иқтисоди рақамӣ ва давлатдории миллӣ» баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур декани Муассисаи давлатии «Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Ғафурова Муқаддас Абдурауфовна иштирок намуда, бо маърӯза таҳти унвони «Бозтоби андешаҳои қаҳрамон дар романи “Фуруғи ишқ”-и Маъруф Бобоҷон» баромад намуд.
Зимни баргузории ҳамоиш барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, иштироки фаъол дар чорабиниҳои муҳими илмӣ ва рушди фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ба Ғафурова Муқаддас Абдурауфовна «Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» аз ҷониби Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода тақдим гардид.
Мақоми илм ва нақши олимони ҷавон дар пешрафти ҷомеа имрӯз яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, баргузории чунин ҳамоишҳо барои рушди тафаккури илмӣ, навоварӣ ва тақвияти давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Photos from МД "Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд"-и ДБССТ's post 23/05/2026

ДАВРИ МУАССИСАВИИ ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ» БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат» баргузор гардид.
Дар озмун донишҷӯёни фаъол иштирок намуда, донишу ҷаҳонбинӣ ва сатҳи огоҳии худро аз асарҳо, фаъолияти давлатдорӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузоштанд.
Иштирокчиён аз рӯйи шартҳои озмун мавриди санҷиш қарор гирифта, беҳтаринҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон барои иштирок дар даври минбаъдаи озмун пешниҳод гардиданд.
Баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва омӯзиши амиқи осори Пешвои миллат миёни ҷавонон мусоидат менамояд.

21/05/2026

ҶАВОНОН ВА ҶАҲОНИ МУОСИР

“Ҷавонон бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва масъулиятшиносӣ барои пешрафти Ватан саҳм гузоранд.”

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷавонон ҳамчун унсури муҳими сохтори иҷтимоии ҷомеа бо раванди инкишофи ҷаҳонбинӣ, низоми арзишҳо, худмуайянкунии касбӣ ва иштироки фаъол дар муносибатҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ мақоми худро дар ҷомеа меёбанд. Дар “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” омадааст, ки “ҷавонон - гурӯҳи иҷтимоию демографӣ, ки шахсони 14-30-соларо дар бар мегирад”. Ҷавони муосир имрӯз коромӯз, коргар, донишҷӯ, бунёдкунандаи оилаи нав ва иштирокчии фаъоли ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ мебошад. Ҷавонон насле, ки ба ҳаёти сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва иқтисодии ҷомеа қадамҳои аввалини худро мегузоранд ва кӯшиш менамоянд, ки мавқеи худро дар ҷомеа устувор намоянд. Аз нигоҳи илмҳои иҷтимоӣ ҷавонон чанд вазифа ва ё рисолати муҳимми иҷтимоиро дар ҷомеа иҷро мекунанд, ки иборатанд:
- ҷавонон нигаҳдоранда ва интиқолдиҳандаи анъанаҳо, дониш, таҷриба, забон, фарҳанг ва таърихи миллат мебошанд;
- онҳо баъд аз гирифтани маълумот мутахассисони нави соҳаҳои гуногуни ҳаёт мегарданд, ки барои ҳар як давлат заруранд;
- насли бунёдгузори андешаҳои нав, қобилиятҳои нав, муҷаҳҳаз бо технология ва усулҳои кории нав мебошанд;
- ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ иштирок намуда, масъулияти шаҳрвандиро эҳсос мекунанд ва дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ саҳмгузор мегарданд.
Ҳамин тариқ, ҷавонон дар ҷомеа дар баробари гурӯҳи иҷтимоӣ будан аз нигоҳи синну сол, мақоми иҷтимоӣ ва нақши онҳо дар ҷомеа фарқ мекунанд.
Ҷанбаи муҳими нақши ҷавонон дар замони муосир дар он ифода меёбад, ки онҳо иштирокчии фаъол ва бомароми дигаргуниҳои иҷтимоӣ мебошанд. Ҷавонон имрӯз ҳамчун ташаббускорони лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва ҳаракатҳои гуногуни волонтёрианд. Ин иқдомот на танҳо барои иҷро намудани масъалаҳои мубрами ҷомеа, балки барои дарки масъулият барои ояндаи кишвар мебошад.

Собирова Шаҳзода
донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 2-400101-Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ

21/05/2026

ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ҶАВОНУ ҶАВОНПАРВАР

Кишвари азизи мо Тоҷикистон, давлати ҷавону мустақил мебошад ва дар баробари ҷавон будани кишвар қариб 70 фоизи аҳолиро низ ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар аз солҳои нахустини ба истиқлол расидан ва татбиқ намудани сиёсати давлат ба ин қишри муҳимми ҷомеа ва неруи созандаву бунёдкор афзалияти бештар муқаррар намуд.
Баъд аз истиқлолияти давлатӣ ҷавонон чун як неруи пуриқтидори созанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа эътироф гардиданд.
23-май дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши арзишманду таърихиро дорост. Чун, ки маҳз ҳамин санаи соли 1997 Сарвари маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии навбатиашон бо ҷавонони лаёқандманд 23 майро Рӯзи ҷавонон эълон намуданд.
Бо мақсади боз ҳам фаъол гардидани ҷавонон зиёда аз даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул карда шуд, ки он барои муттаҳид намудани ҷавонон, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагию бунёдкории онҳо роҳи боз ҳам васеъ кушод.
Дар замони муосир ҳама барои пешрафту комёбиҳои нав ба нав мекӯшад, то ба як ҷоддае ба муваффақият расад. Чун асри XXI асри пешравию илму техника ба ҳисоб меравад, ки дар ин ҷабҳа танҳо он шахс, ҷомеа ва ё давлате муваффақ аст, ки захираи бойи кадрӣ ва мутахассисони сатҳи воло дорад. Яке аз қишри асосии ҷомеа, ки бештар аз ҳисоби онҳо кадрҳои соҳаҳои мухталиф ба воя мерасанд, ҷавонон мебошанд.
Дар ин замина таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат нисбати ҷавонон рӯз то рӯз афзуда, ҷиҳати баланд бардоштани завқи ҷавонони илмҷӯю навовар ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо стипендияҳо ва ҷоизаҳои гуногун барои ҳавасманд гардонидани ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ва соҳибмаърифат, ки метавонанд дар рушду инкишофи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлату миллат саҳми босазо гузоранд, таъсис дода шуд. Тибқи оморҳои расмӣ дар муддати 30 соли истиқлоли давлатӣ 4200 нафар наврасону ҷавонон аз стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳравар гардида, ҳоло саҳми ҳаётан муҳимм ба ҷомеа гузошта истодааст.
Имрӯз яъне 23 май рӯзи хосу арзишмандест баҳри ҷавони тоҷик ва бо ифтихору тантана аз ин рӯз истиқбол намуда, пайи ҳифзи арзишҳои миллӣ манфиатҳои миллӣ ва баҳри рушди давлатдории миллӣ камари ҳиммат мебанданд.
Қайд кардан зарур аст, ки ватандӯстӣ ва меҳанпарастии ҷавонон дар давраи муосир аҳамияти хосса касб карда, ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро лозим ва зарур аст, ки ҷиҳати омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар машғул гардад, таърихи сипаргаштаи халқи худро, ки пур аз шебу фароз аст донад, ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллат арҷгузор бошад, арзиши ин миллати тамаддуннофарро аз ҳама чиз қиммат донад ва дар умум худшиносу худогоҳ бошад.

Элмуродова Дилнура
донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 2-400101-Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ

21/05/2026

ҶАВОНОН – НАСЛИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ВАТАН.

Ҷавонӣ зеботарин, пурқувваттарин ва ҳассостарин давраи умри инсон аст. Ин давраест, ки дар он орзуҳо шакл мегирад, ҳадафхо муайян мешаванд ва пойдевори ояндаи шахсият гузошта мешавад. Имруз дар тамоми чаҳон ва махсусан дар кишвари мо, ҷавонон ҳамчун як қувваи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа эътироф шудаанд. Ояндаи ҳар як миллат ва давлат аз он вобаста аст, ки насли ҷавонӣ он чӣ гуна тарбия меёбад ва дорои кадом маърифату дониш аст.
Дар асри 21 – асри рушди бесобиқаи технология ва илм, ҷавонон нақши калидиро мебозанд. Ҷавонони муосир танҳо бо донишҳои китобӣ маҳдуд шуда наметавонанд, инчунин:
- Технологияҳои навро аз худ кунад: Омузиши барномасози, зеҳни сунъӣ ва илмҳои рақами ҷавононро ба бозори ҷахонии меҳнат рақобатпазир месозад .
- Забондон бошад: Донистани забонҳои хориҷӣ тирезае ба суи ҷаҳони илмӣ ва фарҳангҳои гуногун мекушояд.
- Маърифати китобхониро гум накунанд: Сарфи назар аз рушди шабакаҳои иҷтимоӣ, китоб манбаи асосии тафаккури амиқ ва маънавиёти ҷавонон мебошад.
Ҷисми солим ва ақли солим ду боли ҷавони муваффақанд . Имруз сафи ҷавононе, ки ба варзиш шавқ доранд, мунтазам меафзоянд. Тарзи ҳаёти солим ҷавононро аз одатҳои бад ва пиндорҳои номатлуби ҷомеа дур нигоҳ медорад. Варзиш на танҳо саломатиро мустаҳкам мекунад, балки дар вуҷуди ҷавон ҳисси иродаи қавӣ, интизом ва мақсаднокиро тарбия менамоянд.
Ҷавони соҳибмаърифат бояд дорои ҳисси баланди миллӣ ва ватандустӣ бошад. Эҳтироми таърихи бой, фарҳанг ва адабиёти классикӣ ба ҷавонон кумак мекунад, ки решаҳои худро фаромуш накунанд.
Имруз ҷавонони мо дар корҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои волонтёрӣ ва соҳибкорӣ фаъолона иштирок карда, дар ободонии кишвар саҳм мегузоранд.
Албатта, дар ин маврид ҷавонон бо мушкилоти гуногун низ рубару мешаванд. Мушкилии интихоби дурусти касб, мутобиқшави ба ҳаёти мустақил ва баъзан дучор шудан ба иттилооти зараровар дар интернет аз ҷумлаи онҳост. Роҳи ҳалли ин мушкилот дар худтарбиякунӣ, доштани ҳадафҳои аниқ ва интихоби дурусти солеҳ мебошад. Хонавода ва ҷомеа низ бояд ҳамеша дасгири ғояхои нави ҷавонон бошанд.
Ҷавонон ояндаи миллат мебошанд. Ҳар як қадаме, ки ҷавони имруз ба суи илм, варзиш ва ахлоқи ҳамида мегузорад, хиштест, ки барои сохтани қасри ояндаи Ватан гузошта мешавад. Ҷавониро бояд қадр кард ва ҳар як соати онро барои рушди шахсият ва хизмат ба халқ самаранок истифода бурд.

Камолҷонзода Дилосо
донишҷӯи курси 1-умии ихтисоси 2-400101,
Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ

Want your school to be the top-listed School/college in Khujand?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Telephone

Website

Address


Khujand