27/02/2025
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025
Умеда Гадойбоева, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Қалъаи Хуҷанд №17.
Гадойбаева Умеда Азизовна 12-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Мавсуф соли 1990 ба синфи якуми мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 6-и шаҳри Хуҷанд рафта, онро соли 2000 бо баҳои аъло хатм намудааст. Худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳои хешро ба факултети забонҳоии хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров супорида, донишҷӯи ҳамин боргоҳи илму маърифат мегардад.
Солҳои 2005 то 2007 ба ҳайси муҳаққиқ-коромӯз ва аспиранти факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров идома дода, ба таълифи рисолаи илмӣ дар ин самт муваффақ мегардад. Самараҳои пажӯҳиши хешро соли 2007 ҷамъбаст намуда, рисолаи илмиашро аз рӯи он ба дифоъ расонида, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ гардид.
Аз соли 2005 то соли 2019 ҳамчун сармуаллимаи кафедраи забонҳои хориҷӣ дар факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кору фаъолият намудааст. Дар канори ин, ҳамзамон давоми солҳои 2007 то 2011 дар Маркази забономӯзии “Доно” ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ фаъолияти худро идома бахшида, дар тарбияи наврасон дар рӯҳияи забономӯзӣ ва фарогирии забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ нақши муассир гузоштааст.
Муҳаббат ба таълими забонҳои хориҷӣ, андешаи такмили дараҷаи забономӯзии навравону ҷавонон ба Умеда Гадойбоева имконият фароҳам овард, ки ба орзуи деринаи хеш бирасад ва дар натиҷадар соли 2012 Маркази забономӯзии “Аркон ЛТД”-ро таъсис диҳам, ки аз ҳамон сол то кунун ба ҳайси Директори генералии ҶДММ “Аркон ЛТД” фаъолият дорад.
Умеда Гадойбоева шуруъ аз соли 2009 то кунун дар бисёр курсҳо, семинарҳо ва тренингҳои, барномаҳои такмили ихтисос ва забодонӣ дар кишварҳои Амрико, Британияи Кабар дар донишгоҳҳои маъруфи Оксфорд, Кембриҷ, Пориштон, Бормут, Институти Гёте дар Берлини Олмон, Австралия, Литва, Италия ва амсоли ин ширкат намуда, ҳамчун мутахассис ва омӯзгори забони англисӣ дар такмили донишҳои хеш иқдом менамояд. Барои ривоҷи ҳамкориҳои таълимӣ ва илмӣ бо марокизи донишгоҳӣ ва пажуҳии кишварҳои номбурда низ пайваста талош менамояд. Ширкат дар ин курсҳо барои такмили низоми забоономӯзӣ дар Маркази “Аркон ЛТД” ва муассисаи таълимии ғайридавлатии “Институти Аркон” нақши муассир мегузорад.
Дар фосилаи бештар аз даҳ соли фаъолият ба ҳайси муассиси Маркази забономӯзӣ, мактаби таълимии ғайридавлатӣ, ҳамчун соҳибкори муваффақ дар самти таъсиси муассисаҳои ғайридавлатӣ дар соҳаи мариф Умеда Гадойбоева муваффақ бар он гардид, ба таъсиси як мактаб, 3 кӯдакистони хусусӣ бо таълим ва тарбияи забони англисӣ, 4 маркази муҳими забономӯзӣ бо фарогирии таълими бештар аз даҳ забони хориҷӣ даст ёбад, ки воқеан ин як дастоварди нодир ва нотакрор,инчунин падидаи нодиру муфид барои ҷомеа мебошад.