Кафедраи Журналистика ва назарияи тарҷума

Кафедраи Журналистика ва назарияи тарҷума

Share

Ин саҳифаи кафедраи Журналистика ва назарияи тарҷумаи МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар Facebook

Фейк | Тавсияи Муллозуҳур Тоҳирӣ барои раҳоӣ аз беморӣ | Factcheck.TJ 28/10/2024

Дар шабакаи иҷтимоии Facebook наворе чарх мезанад (бойгонӣ), ки гӯё хабаре дар бораи қатли пизишки халқӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ тавассути тарконидани мошинаш буда, сабаби ин ҳодиса ихтирои доруи арзон барои табобати бемориҳои дилу раг бошад. Дар ин навор инчунин суханони пизишк дар барномаи телевизионӣ мебошад, ки гӯё гуфта бошад, ки «Ширкатҳои фармасевтӣ ин мафия аст. Онҳо маро таҳдид мекунанд, вале ман наметавонам хомӯш бимонам. Ман духтур ҳастам ва савганд додаам, ки одамонро табобат кунам, на ҷинояткорӣ содир кунам…».
Оё ин навор асоси воқеӣ дорад ва аслан онро бо чӣ мақсад ва киҳо паҳн карда истодаанд?
Линки поёнро нохун занед ва маводи моро бихонед:

Фейк | Тавсияи Муллозуҳур Тоҳирӣ барои раҳоӣ аз беморӣ | Factcheck.TJ Фейк | Тавсияи Муллозуҳур Тоҳирӣ барои раҳоӣ аз беморӣ Фейк 26.10.2024 68 Акс аз саҳифаи фейсбукии Муллозуҳур Тоҳирӣ Поделиться FacebookTwitterLinkedinVKTelegramViberWhatsAppэлектронное пис....

18/03/2024

Донишҷӯи кафедра барандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи Воҳид Асрорӣ шуд

Донишҷӯи курси сеюми кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума Сӯҳроб Отазода сазовори Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Воҳид Асрорӣ гардид.

Озмун барои дарёфти ҷоизаи Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Воҳид Асрорӣ ҳамасола ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик миёни донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ доир мегардад.

Маврид ба таъкид аст, ки дар озмуни мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолона ширкат менамоянд.

Сӯҳроб Отазода ба ҳайси мухбири Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – “Ҳақиқати Суғд” фаъолият дошта, муаллифи наздик 100 мақолаи публитсистӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ки номбурда соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" низ иштирок намуда, ғолибият ба даст оварда буд.

Маркази иттилоот ва таҳлил
http://surl.li/rqvtz

Photos from Кафедраи Журналистика ва назарияи тарҷума's post 05/12/2023

Семинар: аз баррасии мавзуъҳои муҳим то табодули афкору таҷриба

Семинари таълимӣ-методӣ ва илмӣ-назариявии кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума ин навбат ба мавзуи “Заминаҳои таърихии ташаккули журналистикаи иттилоотӣ” бахшида шуд.
Дар кори семинар устодон ва тамоми аъзои кафедра ширкат намуданд.
Замира Сатторова, мудири кафедра семинарро ифтитоҳ бахшида, изҳори умед намуд, ки ин навбат низ семинари илмӣ-назариявӣ ҷиҳати табодули афкор ва таҷриба миёни аъзои кафедра шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.
Карим Комилов, дотсенти кафедра дар мавзуи "Махсусияти методикаи таълими жанрҳои иттилоотӣ барои донишҷӯёни курси дуюм" маърӯза намуда, ба иштирокдорон дар мавриди моҳият ва муҳтавои иттилоъ, фарқи журналистикаи иттилоотӣ аз дигар шакли фаъолияти эҷодӣ маълумот дод.
Таҳти унвони “Интернет ва шакли дурусти ҷустуҷӯ дар он” муаллими кафедра Салимҷон Саидов баромад намуд.
Мавсуф ба иштирокчиёни семинар дар бораи абзорҳои муҳим ва муосири ҷустуҷуи маълумот дар интернет иттилои ҷолиб манзур намуд.
Баъд аз ироаи маърӯзаҳо миёни устодони кафедра табодули афкор сурат гирифта, ҷиҳати таҳкими фаъолияти семинар ва таъмини самаранокии кори он пешниҳодҳои муҳим ироа ёфтанд.
Хотиррасон менамоем, ки семинари таълимӣ-методӣ ва илмӣ-назариявии кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума ҳар моҳ як маротиба доир гардида, дар доираи он масоили муҳими илми журналистика таҳлил ва муҳокима мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ

Photos from Кафедраи Журналистика ва назарияи тарҷума's post 25/10/2023

Акславҳа аз раванди таълими фанни "Робита бо ҷомеа" аз ҷониби номзади илмҳои суханшиносӣ, устод Илҳом Ҷамолиён
Мавзӯъ "Хадамоти иттилоотӣ дар сохторҳои давлатӣ"
Макон: Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав

Муаллифи акс: Сарвар Ҳамдамов

Photos from Кафедраи Журналистика ва назарияи тарҷума's post 12/10/2023

Аксгузориш аз раванди таълими дарси Интернет-журналистика барои донишҷӯёни соли чоруми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар “Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав”.
Аксбардор: Муҳаббат Тоҷибоева

28/09/2023

Таърихи мухтасари кафедра

Кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума - моҳи июни соли 1997 бо кӯшиши доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлуба Хоҷаева (Матлубаи Мирзоюнус) ва дастгирии ректори вақти донишгоҳ профессор С. Абдуллоев таъсис ёфтааст. Бори нахуст соли хониши 1997-1998 ба кафедраи журналистика 50 донишҷӯ дохил гардида, ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Дар марҳалаи нахустини таъсиси шуъбаи журналистика вазифаи мудирии кафедраро профессор Матлубаи Мирзоюнус (солҳои 1997-2002) бар уҳда дошт.

Баъдан номзади илмҳои филологӣ, дотсент М.Ҳабибуллоева (солҳои 2002-2008), доктори илмҳои филологӣ, профессор Р.Бобоҷониён (солҳои 2008-2010), номзади илмҳои филологӣ, дотсент М.Зикриёева (солҳои 2010-2013), дотсент Самадова Д.Ҳ. (2013-2018) дар роҳи такмили раванди таълиму тарбияи журналистони соҳибихтисос бо камоли майл ва масъулият дар вазифаи мудирии кафедра саҳми назаррас гузоштанд.
Аз соли 2018 то соли 2023 сарварии кафедраро номзади илмҳои филологӣ Комилов К.И. ба зимма дошт.
Феълан н.и.ф, дотсент Замира Сатторова вазифаи мудирии кафедраро бар дӯш дорад.

Тайи солҳои тайшуда дар шуъба докторони илмҳои филологӣ Матлубаи Мирзоюнус, Раъно Бобоҷониён, дотсентон, номзадҳои илмҳои филологӣ Марҳамат Ҳабибуллоева, Саодат Каримова, Савринносо Fанизода, Мунаввара Ойматова, Муҳиба Зикриёева, Мутриба Мавлонова, Субҳонҷон Аъзамов, Дилбар Самадова, Каримбой Комилов омӯзгорони соҳибтаҷриба Мавлуда Шарипова, Карими Шариф, Ҷура Юсуфӣ, Парвона Фирӯз, Суюнбой Тилабов, Зайниддин Орифӣ, Мухтор Абдуллоев, Ислом Бобоев, Маҳмудҷон Додобоев, Обидҷон Каримов, Каримбой Махкамов, Абдумалик Бегимқулов ва Фирӯза Шамсиддинова ба таълиму таҳқиқ машғул буданд. Баъдан теъдоди муаллимони кафедра аз ҳисоби хатмкардагони шуъба, номзадҳои илмҳои филологӣ Сурайё Ҳакимова, Абдуқодир Шехов, Шоира Пӯлодова, Инобат Қосимова, Замира Сатторова, Эҳсонҷон Раҷабов, Уғулой Қоситова, Дилбар Ғафурзода ва омӯзгорони ояндасоз Набиюулло Суннатов, Осимҷон Носиров, Мутриба Бобоҷонова, Боирҷон Раҷабов, Малика Саидхоҷаева, Шаҳноза Зариповава дигарон афзуд. Ба кори таълиму тадрис устодони соҳибтаҷрибаи соҳаи журналистика Илҳои Ҷамолов (самти робита бо ҷомеа) ва Илҳом Ҳошимов (соҳаи телевизион) ҷалб шудаанд.

Аз соли 2002 инҷониб ҳар сол шуъбаи журналистикаро даҳҳо нафар хатм карда, фаъолияташонро дар расонаҳои хабарӣ, телевизиону радио ва рӯзномаву маҷаллаҳо идома дода истодаанд. Аз ҷумла, Фирӯз Ҷумъаев мудири шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият», Фарҳод Ҷӯраев – сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқати», Сурайё Ҳакимова – муовини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд», Фирӯз Боқӣ –сармуҳаррири рӯзномаи ноҳияи Спитамен, Зебоҷон Қурбонова – сармуҳаррири нашрияи “Лочин”, Ӯғулой Қоситова- сармуҳаррири рӯзномаи “Хуҷанд”, Ҷамшед Маърупов- сармуҳаррири радиои “Пайванд”, Меҳровар Мирмаҳмадов ходими рӯзномаи “Овози тоҷик” (ш. Тошкент), Рамзия Сафарова, Муборизи Муҳаммад, Афзал Босолиев кормандони ШТР “Азия”, Рустам Файзуллоев - сармуҳаррири радиои “Замон”, Ғуфрон Ҳусейнов мудири шуъбаи “Ахбор”-и ТВС, Насим Орзуқулов- сармуҳаррири маҷаллаи “Дар шаҳр”,Маҳмадназир Келдиев корманди ТВ “Сафина”, Умеда Раҷабова ТВ Суғд, Фитрати Ҳикмат сармуҳаррири рӯзномаи “Паёми кӯҳистон”, Мавзуна Ваҳҳобова муовини сармуҳаррири “Тирози ҷаҳон”, Таҳмина Аюбова мухбири “Тирози ҷаҳон”, Қаюмарси Ато мухбири радиои “Озодӣ”, Алишер Охунов мухбири “Фараж”, Қамари Аҳрор мухбири рӯзномаи “Имрӯз-нюс”, Гулноз Бобомурова мухбири “Бонувони Тоҷикистон”, Сино Ғафурзода. Сармуҳаррири ТВ “Танин”, Муслима Раҳимова сармуҳаррири рӯзномаи “Ворисони Суғд”, Маҳмуд Аҳмадов мухбири телевизиони “Тоҷикистон”, Ҳалимҷон Ҷураев сармуҳаррири шуъбаи “Ахбор”-и СМ-1, Манижа Юсупова муҳаррири телевизиони ШТР СМ-1, Мафтуна Раҳматова хабарнигори СМ-1, Ҳаётҷони Одил муҳаррири радиои “Ашт” ва даҳҳо дигарон. Ҳамчунин,хатмкардагони кафедра дар дигар сохторҳо бомуваффақият фаъолият доранд: Фозил Бобоев – мудири шӯъбаи идеологияи шаҳри Истаравшан, Лутфулло Ниёзов муллими Донишгоҳи давлатии Россия-Тоҷикистон (Славянӣ), Сайидо Шодиқулов сухангӯи раиси МИҲД-и ноҳияи Ашт, Ҷамшед Обидов – роҳбари дастгоҳи МИҲД-и ноҳияи Спитамен, Осим Носиров - муовини директори муассисаи давлатии “Суғдсинамо ба номи К.Ёрматов”, Бахтиёр Ҷамолов котиби матбуоти МИҲД шаҳри Истаравшан, Маъмур Юсуфзод котиби матбуоти МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, Нилуфар Умарова директори маҷаллаи сайёҳии “Раҳнамои кишвар”, Андар Раҳмонов корманди маркази иттилоотии Дастгоҳи Раиси вилоят ва ғ. Бархе аз хатмкардагони шуъбаи мазкур дар хориҷа кор ва фаъолияти касбиашонро идома дода истодаанд, аз ҷумла М.Сайфиддинова (Ҳолланд), А. Қадамов (Амрико), Л.Ниёзов (Россия), Ш.Раупова (Россия). М. Қодирзода (Ӯзбекистон).

Устодони кафедра дар таъмини маводи таълимӣ-методӣ низ нақш дошта, пайваста дар ин самт кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар тӯли солҳои 2004-2018 чанд дастури таълимӣ-методӣ нашр шудаанд, чунончи силсилаи раҳнамои таълимии С.Каримова «Таърихи журналистикаи хориҷӣ» (2004), «Курси махсус» (2004), «Назария ва амалияи матни рӯзноманигорӣ» (2011), «Матбуоти форсизабони Ҳинд» (2012), С. Аъзамзод «Таърихи адабиёти хориҷӣ» дар 2 қисм (2004-2005), «Матбуот, адабиёт ва нақди адабӣ» (2005), К. Комилов «Асосҳои журналистика» (2004), «Асосҳои журналистикаи телевизион» (2004), «Асосҳои журналистикаирадио» (2004), «Асосҳои ҳуқуқии журналистика» (2004),А. Шехов «Жанри очерк» (2004), «Таърихи матбуоти тоҷик» (2004) ва ғайра дастраси донишҷӯён гардиданд.
Бо кӯшиши профессор М. Мирзоюнус (дар ҳаммуаллифи бо Н. Ҳакимов) маводи таълимӣ ба донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ таҳти унвони «Инъикоси масъалаҳои фарҳанг дар ВАО» (2009) ва нашри дувуми он бо такмилу илова таҳти унвони «Бозтоби масъалаҳои фарҳанг дар ВАО» (2013) ба табъ расид.

Тӯли ин солҳо дар шуъба чанд маҷмӯаҳо, аз ҷумла «Маҷмӯаи мақолаҳо»-(2007),«Шарофати «Бухорои шариф» (2012), “Нерӯи сухан” (2014), “Асрори сухан” (1917) таҳия ва нашр гардиданд.

Аз соли 2002 инҷониб дар шуъба нашрияи “Паёми донишҷӯ”– замимаи нашрияи донишгоҳии “Нури маърифат” пайваста нашр мешавад, ки маҳсули эҷоди донишҷӯён дар он нашр мегарданд. Соли 2005 радиостудияи “Садои донишҷӯ” ба фаъолият оғоз намуд, ки пеш аз ҳама ҷиҳати техникии дарсҳои ихтисосиро таъмин намуд.

Алҳол дар шуъбаи журналистика таҳсилот бо системаи кредитӣ ба роҳ монда шуда, пас аз чаҳор соли хониш (бакалавр) хоҳишмандон метавонанд дар магистратура таҳсилашонро идома диҳанд.

Санаи 01 сентябри соли 2014 Студияи таълимии телевизионии “Фурӯғ”-и назди кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума бо мақсади баланд бардоштани савияи амалии донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ бо дастгирии бевоситаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таъсис гардид. Таи 5 соли фаъолият студияи мазкур дар баланд бардоштани сатҳу сифати малакаи касбии рӯзноманигорони оянда заминаи хуб хоҳад гузошт. Ҳар ним моҳ барномаи “Пайки маърифат” тавассути ТВ “Суғд” пахш мешавад, ки аз ҷониби кормандони кафедра омода мегардад.
Манбаъ: Сомонаи Донишгоҳ

Want your school to be the top-listed School/college in Khujand?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Address


Хиёбони Исмоили Сомони
Khujand