Шуъбаи кор бо ҷавонони Д Д Ҳ Б С Т

Шуъбаи кор бо ҷавонони Д Д Ҳ Б С Т

Share

Фейсбук-страница отдела по делам молодежи Таджикского

Photos from Шуъбаи кор бо ҷавонони Д Д Ҳ Б С Т's post 23/05/2026

Иштирок ва қадршиносии донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳ дар ҷаласаи васеи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд

Ҷаласаи васеи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд дар толори Кохи «Суғдиён» бо иштироки ҷавонони фаъол, намояндагони соҳаи маориф, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва сохторҳои гуногун баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ иштироки фаъолона намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки дастгирии ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаи ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтара Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Таъкид гардид, ки ҷавонони соҳибмаърифат ва ватандӯст дар пешрафти давлату ҷомеа нақши муҳим доранд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи барномаҳои давлатии ҷавонон, рушди варзиш, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, дастгирии донишҷӯёни фаъол ва ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагию ободонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманд ва ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намуда истодааст.
Боиси ифтихор аст, ки панҷ нафар донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба гирифтани Стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд мушарраф гардиданд. Ин иқдом нишонаи таваҷҷуҳи пайваста ба рушди илму дониш, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва қадршиносии фаъолияти донишҷӯёни фаъол арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон, мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳасанов Маъруфҷон барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо Сипоснома ва туҳфаи раиси шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ гардид.
Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон пайваста ҷиҳати тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар ҳаёти ҷамъиятӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд. Донишҷӯёни донишгоҳ низ бо иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ саҳми арзандаи худро дар рушди ҷомеа мегузоранд.

Photos from Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики's post 23/05/2026

ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ ҶОМЕАИ МЕҲНАТИИ ДДҲБСТ ДАР РОҲПАЙМОӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Photos from Шуъбаи кор бо ҷавонони Д Д Ҳ Б С Т's post 23/05/2026

ДДҲБСТ: Ҳамоиши ҷавонон ва маросими қадршиносии ғолибону иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

23 майи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии ҷавонон ва маросими қадршиносии ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмуну олимпиадаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Донишгоҳ, устодону кормандон, донишҷӯён ва ҷавонони фаъоли муассиса иштирок намуда, ҷавононро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона шодбош гуфтанд.
Дар оғози ҳамоиш ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода баромад намуда, таъкид кард, ки сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҷавонон имрӯз дар фазое ба камол мерасанд, ки дар он арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба таърих, худшиносӣ ва ватандӯстӣ дар меҳвари сиёсати давлат қарор доранд.
Ректори Донишгоҳ Мӯминзода Ш.А. таъкид намуд, ки дар ҳамин замина, имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳсоси баланди эҳтиром, сипосгузорӣ ва арҷгузорӣ аз хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат - Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ёдовар мешаванд. Ин абармардони миллат аз ҷумлаи чеҳраҳои барҷастаи сиёсиву таърихӣ мебошанд, ки барои ҳифзи ҳастии миллати тоҷик, ташаккули давлатдории миллӣ ва дифои манфиатҳои мардум дар давраҳои ниҳоят мураккабу сарнавиштсоз хизматҳои бузург анҷом додаанд.

Бо ташаббуси таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоки ин шахсиятҳои бузург аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон оварда шуда, бо эҳтироми хоса дар Ватан ба хок супорида шуд. Ин иқдоми наҷиб ва ватандӯстона аҳамияти бузурги сиёсиву маънавӣ дошта, нишонаи арҷгузорӣ ба таърихи миллат, эҳтиром ба фарзандони содиқи Ватан ва эҳёи хотираи таърихии халқ мебошад. Зеро миллате, ки гузаштагони худро эҳтиром мекунад, метавонад ояндаи дурахшон бунёд намояд.
Имрӯз давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои онҳоро қадр намуда, барои зинда нигоҳ доштани хотираи онҳо тадбирҳои муҳим амалӣ намуданд.
Барои ҷавонони имрӯза омӯзиши зиндагӣ ва фаъолияти чунин шахсиятҳои таърихӣ аҳамияти бузурги тарбиявӣ дорад. Зеро онҳо намунаи олии ватандӯстӣ, садоқат ба миллат, ҷасорат, иродаи қавӣ ва хизмати фидокорона ба Ватан мебошанд. Ҷавонони мо бояд аз чунин чеҳраҳои таърихӣ ибрат гирифта, бо эҳсоси баланди миллӣ, ифтихор аз давлатдорӣ ва муҳаббат ба Ватан дар роҳи ҳифзи истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд, иброш намуд роҳбари Донишгоҳ.
Таъкид гардид, ки имрӯз рисолати ҷавонон танҳо омӯзиш ва касбомӯзӣ нест, балки ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллат ва идомаи роҳи созандаи бузургони Ватан низ мебошад. Зеро ояндаи давлату миллат маҳз дар дасти ҷавонони худогоҳу ватандӯст қарор дорад.

Зикр гардид, ки ҷавонони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои муҳайёгардида дар самтҳои илм, ихтироъкорӣ, барномасозӣ, фарҳанг ва варзиш ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудаанд.
Аз ҷумла, дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар донишҷӯёни донишгоҳ Комилӣ Ҳилолахон мақоми аввал, Ислом Абдураҳимов, Ҷалилова Сабина, Абдуматин Мамадҷонов ва Маликахон Олимова ҷойи дуюм, Мадина Комилова, Юсуфзода Мӯътабар, Розиқзода Сироҷиддин, Акбарҷон Сатторов ва Раҳмия Каримова ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.
Ҳамчунин, дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон”, “Беҳтарин донандаи Конститутсия”, “Беҳтарин барномасоз” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, як қатор донишҷӯён ба даври навбатии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” роҳхат гирифтанд.
Дар баробари ин, варзишгарони Донишгоҳ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён гардида, Донишгоҳро дар сатҳи баланд муаррифӣ намуданд.
Ректори Донишгоҳ зимни суханронии худ ҷавононро ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, аз худ намудани технологияҳои нав, забонҳои хориҷӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ даъват намуда, таъкид кард, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим доранд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ гирандагони Стипендияи раёсати Донишгоҳ барои соли таҳсили 2025–2026 бо Шаҳодатнома ва стипендияи раёсати Донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, ба ғолибони озмуну мусобиқаҳои варзишии бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Диплом, медал, Сипоснома, Ифтихорнома, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравии раёсати Донишгоҳ тақдим гардид.
Инчунин, ба чанде аз ҷавонони фаъоли Донишгоҳ дафтарчаҳои аъзогии ҳизбӣ супорида шуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш бори дигар таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози миллат бояд бо донишу маърифат, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва фаъолияти созандаи худ дар таҳкими давлатдорӣ ва рушди ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.
Чорабинӣ бо барномаи адабиву фарҳангӣ анҷом ёфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Photos from Шуъбаи кор бо ҷавонони Д Д Ҳ Б С Т's post 20/05/2026



Саёҳати фарҳангии донишҷӯён дар доираи Моҳвораи ҷавонон

Дар доираи таҷлили Моҳвораи ҷавонон як қатор донишҷӯёни фаъол бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва ғанӣ гардонидани ҷаҳонбинии маънавӣ аз Осорхонаи таърихии маркази вилояти Суғд ва Маҷмааи фарҳангию таърихии «Хонаи Камоли Хуҷандӣ» боздид намуданд.

Зимни боздид донишҷӯён бо таърихи пурғановати халқи тоҷик, осори нодири фарҳангӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва мероси гаронбаҳои ниёгон аз наздик шинос шуданд. Ҳамчунин, роҳбаладони осорхона ба иштирокчиён доир ба давраҳои гуногуни таърихӣ, ашёҳои қадима ва нақши онҳо дар ташаккули тамаддуни миллӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Photos from Шуъбаи кор бо ҷавонони Д Д Ҳ Б С Т's post 19/05/2026

ДДҲБСТ: Баргузории озмуни Стипендияи раёсати Донишгоҳ

19 майи соли 2026 дар доираи моҳвораи ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва тақвият бахшидани донишҳои тахассусиву сиёсии донишҷӯён ва магистрантон озмуни Стипендияи раёсати Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи озмун ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода иштирок карда, ҳамаи онҳоро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният намуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки имрӯз нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳу ғамхории беандоза зоҳир гардида, муносибати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷавонон ва ҷалби диққати ҷомеа дар тарбияву ташаккули афкори онҳо шароит фароҳам меорад, то ки ояндасозони ҷомеа мақому манзалати худро дар зиндагӣ пайдо намоянд. Ӯ таъкид намуд, ки ҷавонон бояд бо илму дониши қавӣ, ақлу заковат, истеъдоду малакаи фитрӣ, маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, қобилияту ташаббусҳои наҷиб, иқдомҳои бунёдкорона, касбу ҳунари воло ва бо дарки баланди масъулияти инсонӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ баҳри таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми арзишманд гузоранд.
Ректори Донишгоҳ аз ҳайати комиссияи озмун даъват ба амал овард, ки ба таъмини шаффофият дар баҳогузорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Тибқи нақша озмун ду рӯз давом карда, дар он донишҷӯён – ғолибони даври аввал аз факултетҳо ва шуъбаи магистратураи Донишгоҳ ширкат меварзанд. Аъзои комиссия аз рӯи шартҳои худмуаррифӣ, сатҳи забондонӣ, дониши сиёсию ҳуқуқӣ, донишҳои тахассусӣ ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ба довталабон баҳогузорӣ менамоянд.
Озмуни барои гирифтани Стипендияи раёсати Донишгоҳ баҳри дарёфт ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёну магистрантон ва докторантон, ки давоми таҳсил ба дастовардҳои назаррас соҳиб шуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд ва бо фаъолияти хеш дар баланд бардоштани обрӯву нуфузи Донишгоҳ ҳиссагузорӣ менамоянд, таъсис дода шудааст.
Тибқи муқаррароти низомнома, нахуст озмуни мазкур дар сатҳи факултетҳо баргузор шуда, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ пешниҳод шуданд.
Ҳадафи баргузории озмун дарёфти донишҷӯёни соҳибистеъдоду фаъол ва лаёқатманду ташаббускор арзёбӣ мегардад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Photos from Шуъбаи кор бо ҷавонони Д Д Ҳ Б С Т's post 16/05/2026

Баргузории мулоқот ва маҳфили илмию тарбиявӣ дар доираи Моҳвораи ҷавонон дар ДДҲБСТ

15 майи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар доираи Моҳвораи ҷавонон, бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва 35- солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳ вобаста ба пешгирии ғарқшавии наврасону ҷавонон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ бо ҷавонон сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд, подполковник Шодиҷон Розиқов, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд, подполковник Диловар Маликзода, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, майор Абдураҳим Шаҳидӣ иштирок ва баромад карданд.
Дар оғоз, мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳ Маъруфҷон Ҳасанов чорабиниро ифтитоҳ карда қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистон номида, иброз намуданд, ки «ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».
Сипас, зимни баромади меҳмонон масъалаҳо оид ба омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омӯзиш ва татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Таъкид шуд, ки донишҷӯён ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, қоидаҳои оббозӣ ва пешгирии ҳолатҳои ғарқшавиро риоя намоянд.
Ҳамчунин, 15 майи соли ҷорӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷавонон дар китобхонаи илмии Донишгоҳ маҳфили илмии донишҷуён дар мавзуи “Ҷавонон- ояндаи миллат” баргузор гардид.
Дар оғоз, мудири бахши кор бо ҷавонон Диловар Ҷаъфаров баромад намуда, иштирокчиён ва меҳмонони маҳфилро хайрамақдам гуфт.
Ӯ иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ зикр намуданд, ки “Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт”. Роҳбари давлат аз ҷавонони кишвар умеди калон дошта, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоянд.
Дар идомаи маҳфил намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Сардор Абдуллоев, донишҷӯёни факултети сиёсатшиносӣ Азиза Раупова дар мавзуи “Молодежь и независимость Таджикистана”, Меҳрона Каримова дар мавзуи “Ҷавонон ва ватандӯстӣ” ва Шоҳина Абдушукурова дар мавзуи “Youth in the Gentury” маърузаҳои пурмӯҳтаво намуда, аз ҷониби донишҷӯён қироати шеър, суруд ва саҳнача иҷро карда шуд.
Дар анҷоми маҳфил мудири китобхонаи илмии Донишгоҳ Гулнора Ҳайдарова баромад намуда, таъкид намуд, боиси ифтихор аст, ки ҷавонон-донишҷӯёни Донишгоҳамон татбиқгари барномаҳои мухталифи Ҳукумати кишвар ва пайрави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат буданашонро бо дастовардҳои назарраси хеш собит менамоянд. ба донишҷӯён барои маърӯзаҳо изҳори сипос намуд ва донишҷӯёни дигарро барои фаъол будан дар чунин маҳфилҳо даъват кард.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи моҳвораи ҷавонон дар донишгоҳ як зумра мулоқоту вохӯриҳои судманд, мизҳои мудаввару чорабиниҳои маърифатӣ ва озмуну мусобиқаҳои гуногун ташкилу роҳандозӣ гардиданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Photos from Шуъбаи кор бо ҷавонони Д Д Ҳ Б С Т's post 15/05/2026

МИЗИ МУДАВВАР: “ҶАВОНОН - НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА"

Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Шӯрои донишҷӯён ва факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Ҷавонон - нерӯи пешбарандаи ҷомеа” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонони донишгоҳ Диловар Ҷаъфаров, Холиқзода Ислом - муовини декан оиди ба корҳои тарбияи факултети ҳуқуқшиносӣ ва гирандагони стипендия иштирок намуда, доир ба нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон мубодилаи афкор намуданд.

Зимни баргузории мизи мудаввар таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни кишвар нақши муассир доранд. Иштирокчиён иброз доштанд, ки таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба ҷавонон барои ташаккули нерӯи созанда ва соҳибмаърифат заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯн бо маърузаҳои ҷолиб баромад намуда, вобаста ба мавзуъҳои тарбияи ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, нақши ҷавонон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ андешаҳои худро баён намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби факултети ҳуқуқшиносӣ ҷавонони фаъолу ташаббускор барои иштироки фаъолона дар ҳаёти донишгоҳ, саҳмгузорӣ дар татбиқи ташаббусҳои ҷамъиятӣ ва фаъолияти назаррас бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Photos from Шуъбаи кор бо ҷавонони Д Д Ҳ Б С Т's post 14/05/2026



Ҷамъбаст ва қадршиносии ғолибони мусобиқаи футбол байни донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Photos from Шуъбаи кор бо ҷавонони Д Д Ҳ Б С Т's post 14/05/2026

ОЗМУН: "ҶАВОНОН - НЕРӮИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТ"

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ташаббуси Шурои донишҷӯён ва Ҷамъияти илмии донишҷӯён дар мавзӯи «Ҷавонон - нерӯи созанда ва ояндаи миллат» озмуни донишгоҳии «Иншои беҳтарин» баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, рушди ҷаҳонбинии сиёсиву иҷтимоӣ, тақвияти қобилияти эҷодӣ ва дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон миёни донишҷӯён арзёбӣ гардид.

Дар озмун донишҷӯёни факултетҳои гуногун фаъолона иштирок намуда, доир ба нақши ҷавонон дар пешрафти ҷомеа, саҳми онҳо дар рушди давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу субот андешаҳои худро иброз намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмун дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон донишгоҳ қадршиносӣ карда мешаванд.

Photos from Шуъбаи кор бо ҷавонони Д Д Ҳ Б С Т's post 14/05/2026



НЕРӮИ ҶАВОНОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

Дар толори бошукӯҳи Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани Стипендияи Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.
Зимни мулоқот Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки ҷавонони соҳибмаърифат ва фаъол неруи пешбарандаи ҷомеа буда, дар таҳкими давлатдорӣ, рушди устувори кишвар ва татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзишманд доранд.

Боиси ифтихор аст, ки соли равон 40 нафар намояндагони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сазовори ин стипендияи бонуфуз гардиданд.

Ин дастоварди арзанда натиҷаи донишандӯзӣ, заҳмати пайваста ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар корҳои илмӣ, таълимӣ ва ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад.

Want your school to be the top-listed School/college in Khujand?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Category

Telephone

Address


ТГУПБП
Khujand
735700

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:00 - 14:00