20/09/2026
Таҷлили 70-солагии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд
Субҳи санаи 18.09.26 дар бинои Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд 70-солагии ин боргоҳи маърифат бо ҳузури масулони Раёсати маорифи вилоят, собиқадорон, устодон ва кормандони он мутантан таҷлил карда шуд.Нахуст сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мирзозода Гулсара кулли иштирокдорони ин ҷашнро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, афзуд, ки маҳз дар даврони Истиқлол дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи кишвар ба таври чашмгир рушд намуда, муассисаҳои нави таълимӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд.
Вай зимни ирояи паёми муборакбодии худ гуфт, ки , ки ҳафтод сол дар ҳаёти як муассисаи таълимӣ давраи хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Ин ҳафтод сол пеш аз ҳама таърихи заҳмати садҳо омӯзгорону кормандон, фаъолияти эҷодии ҳазорон наврасону ҷавонон ва роҳи пуршарафи тарбияи истеъдодҳои наврас мебошад.
Таърихи Марказ ба соли 1956 пайванд дошта, муассиса фаъолияти худро нахуст бо номи «Хонаи пионерон» — «Дом пионеров» оғоз намудааст. Аз рӯзҳои аввали таъсис ҳадафи асосӣ ҷалби кӯдакону наврасон ба техника, ихтироъкорӣ, моделсозӣ, меҳнати эҷодӣ ва ташаккули тафаккури техникӣ буд.
Дар ин самт фаъолияти Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд шоистаи дастгирӣ ва таҳсин мебошад. Маҳфилҳои гуногуни муассиса барои хонандагон имконият фароҳам меоранд, ки дар баробари таҳсилоти умумӣ касбу ҳунарҳои гуногунро омӯзанд, қобилияти эҷодии худро сайқал диҳанд ва дар озмуну фестивалҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намоянд.
Дар идома директори Маркзи таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Юнусова Гавҳарҷон сухан ронда, аз ҷумла гуфт, ки Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд аз ҷумлаи муассисаҳои соҳаи маориф ба шумор меравад, ки дар тӯли даҳсолаҳо барои дарёфт, тарбия ва рушди истеъдодҳои наврасону ҷавонон саҳми назаррас гузоштааст. Таърихи фаъолияти ин муассиса бо рушди илму техника, ҳунарҳои мардумӣ, эҷодиёти кӯдакон, тарбияи меҳнатӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии насли наврас пайванди ногусастанӣ дорад.
Тибқи маълумоти таърихии муассиса, заминаи фаъолияти имрӯзаи он ба соли 1956 рост меояд. Марказ дар ибтидо бо номи «Хонаи пионерон» («Дом пионеров») таъсис ёфта, соли 1992 номи “Маркази эҷодии кудакон ва наврасон”, соли 1996 номи “Маркази корҳои тарбиявӣ ва беруназмактабии вилоят” ва баъдан номи “Маркази таҳсилоти иловагӣ”- ро соҳиб шуд. Ҳадафи асосии он ҷалби кӯдакону наврасон ба техника, ихтироъкорӣ, моделсозӣ ва корҳои эҷодӣ буд. Аз соли 1956 яъне аз оғози фаъолият то ба имрӯз соли 2026 расо 70 сол сипарӣ мегардад, ки дар оғуши ин боргоҳи маърифат садҳо ҳазор шогирдон соҳибкасбу соҳибҳунар гардидаанд.Дар рушду пешрафти Марказ Устодону собиқадорон ба монанди Ғозиев Атахон, Ходунов В. Бобоназарова Манзура, Пулотов Маҳмудҷон, Усмонова Марҳабо, Мирзораҳматов Мирзо, Абдусамадова Гулсара, Давид Гузе ва садҳо дигар омузгорон саҳми назаррас доранд, ки зикри хайрашон ҳамеша вирди забонҳост.
Ҳамзамон дар ин чорабинӣ собиқ сарварони Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Қосимов Муҳиддинхон, Аъзам Ҳотамӣ , Мавҷуда Мирпочоева , Соро Баротова, Фирдавс Ашурматов ва Зикриддин Соҳибназарзода роҷеъ ба таърихи таъсисёбии Марказ ,нахустустодони он ва дастовардҳои шогирдон дар солҳои мухталиф , баёни назар намуданд.
Дар интиҳо ба кулли собиқадорон аз ҷониби садорати Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.Барномаи рангини фарҳангӣ, ки азҷониби шогирдони собиқи ин боргоҳи маърифат таҳия шуда буд, ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид.