Факултети Молия

Факултети Молия Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

01/02/2023
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ҲУҚУҚ, БИЗНЕС ВА СИЁСАТИ                                       ТОҶИКИСТОН.                           ...
01/02/2023

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ҲУҚУҚ, БИЗНЕС ВА СИЁСАТИ
ТОҶИКИСТОН.
ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ
Айб аст, ки дар ҳунар накӯшӣ,
Сад айб ба як ҳунар накӯшӣ.
Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,
Дар дидаи мардумон азиз аст.
Дар шароити муосир ҳар як инсон бояд ҳамеша бар он ҷаҳд намояд, ки соҳибкасбу соҳибхирад ба воя бирасад. Байни дӯстону наздикон обрӯю эътибор ва манзалату қиммат дошта бошад. Аммо ин нишонаҳои соҳибкасбиву соҳибхирадӣ барои инсон ба осонӣ муяссар намегардад. Барои соҳибкасб гаштан бисёр мебояд омӯхт. Барои ифтихорманд гаштан худ бояд кони ақлу заковат ва мардонагиву далерӣ буд. Соҳибхирад бояд буд, то касби дурустеро интихоб намуда, тавассути меҳнати бузург обрӯ пайдо кард.
Шахсияти баркамол ва озодфикр ҳанӯз аз овони хурдӣ дар худ фикри интихоби дурусти касбро мепарварад. Ин ақидаи бузург ба ҳар инсон бояд аз аввал дар дилаш бедор гардад. Зеро равшании ҳар як рӯз аз оғози саҳари он маълум мегардад. Интихоби касб низ пешаи худододист, ки табиатан дар дили кас пайдо мегардад.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Меҳри онро дар дилаш андохтанд.
Интихоби касб бояд ба кас бо як фикри дурандешонаву ҷиддӣ ва таҳаммулпазир пайдо гардад, зеро барои омӯхтану соҳибкасб гаштан интихоби дуруст кард.
110 ИНТИХОБИ ДУРУСТ – ДДҲБСТ.
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ҲУҚУҚ, БИЗНЕС ВА СИЁСАТИ ТОҶИКИСТОН. ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ

Address

Таджикистан
Khujand

Telephone

+992928000405

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Факултети Молия posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The School

Send a message to Факултети Молия:

Shortcuts

Share

Category