05/07/2026
Шогирдони азиз, хатмкунандагони беназири "Зарифон" дар соли таҳсили 2026!
Ҳар амал оғозу анҷом дорад ва имрӯзҳо шумо курси пурраи тайёрии Зарифонро хатм намудед.
Шумо дар пеши чашмони мо калон шудед, қувват гирифтед ва аз довталабони оддӣ ба табибони оянда табдил ёфтед. Мо шоҳиди он будем, ки чӣ гуна аз хастагӣ чашмонатон сурх мешуд, чӣ гуна барои як хато дар тест зиқ мешудед ва чӣ гуна барои ҳар як балли баланд кӯдаквор хурсандӣ мекардед.
Мо бо шумо на танҳо дарс гузаштем, мо дар инҷо як қисми ҳаёти худро якҷоя зистем. «Зарифон» барои мо танҳо як маркази омӯзишӣ нест, ин ҷо хонаи умумии мост ва шумо — оилаи мо ҳастед.
Рӯзи имтиҳон, вақте ки ба варақаи тестҳо нигоҳ мекунед, танҳо бошед ҳам, фаромӯш накунед — дар пушти шумо дуои волидайнатон ва боварии калони мо, устодони шумо, истодааст. Касе аз шумо зиёдтар ба ин муваффақият лоиқ нест!
Муваффақияти беназир ба оянда!
Роҳи сафед, шогирдони азиз!