Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд

Share

Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, College & University, Khujand.

Photos from Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд's post 20/12/2021

ИДОМАИ МАЪРАКАИ ИММУНИЗАТСИЯИ ЗИДДИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС

Бо мақсади идома додани фаъолият дар самти фарогирии пурраи сокинон ба иммунизатсияи зидди бемории сироятии коронавирус субҳи имруз гурӯҳи кории Маркази саломатии шаҳрии №1 дар ҳайати шахси масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Қаҳорӣ М., директори марказ Мирзоҳошимова Г.А., табибону ваксинаторон ва як зумра фаъолону собиқадорон ба маҳаллаҳои ба Маркази саломатии шаҳрии №1 вобастагардида ташриф ва бо сокинону бошандагони он корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд. Дар натиҷаи чораандешиҳои саривақтии масъулин сокинон бо дарки муҳимият ба иммунизатсия фаро гирифта шуданд.

Photos from Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд's post 16/12/2021

СИТОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ ИНТИҚОЛ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУСИ НАВЪИ СOVID – 19 ДАР НАЗДИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ХУҶАНД

Бо мақсади андешидани тадбирҳои зарурӣ, ҷиҳати пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт ва ҷиҳати вусъат бахшидани фаъолият дар самти иммунизатсияи сокинон бегоҳии 15 декабри соли равон ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ таҳти раёсати муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Нуруллозода Фируза ва бо иштироки мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва дигар шахсони масъули шаҳр баргузор гардид.

Нахуст муовини Раиси шаҳр Нуруллозода Ф. ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бо мақсади пешгирӣ ва пурра аз байн бурдани бемории сироятии коронавирус аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина бо таваҷҷӯҳу дастгирии ҳамешагии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар қаламрави вилоят, бахусус дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Сипас, бо навбат роҳбарони Марказҳои саломатии шаҳр ва шахсони масъули муассисаҳои тандурустӣ вобаста ба ҳолати иммунизатсияи сокинон бар зидди бемории сироятии коронавирус гузориш пешниҳод намуданд.

Тазаккур бояд дод, ки айни ҳол бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд то ба имрӯз ба шаҳри Хуҷанд ба таври зарурӣ тамоми намуди вояи ваксина ворид гардидааст. Қобили қайд аст, ки ваксинаҳои воридгардида, тибқи тақсимот ба муассисаҳои тандурустии шаҳр дастрас гардида, ба шаҳрвандон гузаронида шуда истодаанд.

Дар охири ҷаласа Нуруллозода Ф. аз роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва дигар шахсони масъул талаб намуд, ки баҳри дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани маъракаи иммунизатсияи шаҳрвандон тадбирҳои судманд андешида, фаъолияти хуудро дар ин самт густурда ба роҳ монанд.

30/04/2021
Photos from Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд's post 29/04/2021

Мулоқоти судманд бо сокинони маҳаллаҳои Раззоқ ва Мевағул

Тибқи нақша – чорабиниҳои Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Раиси Шӯрои вилоятӣ Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардидааст, бо мақсади тақвияти корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ вобаста ба муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, тарғиби сиёсати ваҳдатофари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷиноятсодиркунӣ, шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, хатарҳои замони муосир, хуруфотпарастиву ғояҳои бегонаи ифротӣ, хушунат нисбат ба занону духтарон, фавти модару кӯдак, худкушӣ аз ҷониби ҷавонон ва тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори милливу ватандорӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, фарҳангу арзишҳои милливу давлатӣ ва умумибашарӣ, ташвиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо омилҳои коррупсионӣ ва нашъамандӣ, риояи қатъии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқоту вохӯриҳои судманд бо сокинони маҳаллаҳо баргузор гардиданд.

Тибқи нақшаи мазкур санаи 28 апрели соли равон вохӯрию мулоқоти ҳайати таблиғотии Шӯрои вилоятӣ дар мавзӯи «Истиқлолу Ваҳдат поянда бод!» ва «Экстремизму терроризмро маҳкум мекунем!» дар маҳаллаҳои Раззоқ ва Мевағули шаҳри Хуҷанд бо сокинони ин маҳал доир гардид. Дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, сардори шуъбаи ташхиси криминалистии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковники милитсия Шарифзода Эҳсон, сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Гадойбоева Гулнора Қаҳҳоровна, мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Усмонов Қобилҷон ва аъзои Шӯрои фаъолзанони вилоят Хайринисо Раҳимова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки ҳар як кишвар барои худ фароҳам сохтани шароити мусоиди беруна баҳри таъмини манфиатҳои миллии он – сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳоро вазифаи асосии худ медонад. Пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро 9 сентябри соли 1991 эълон намуд. Истиқлолият худ шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон мебошад. Имрӯз кишвари соҳибистиқлоли мо низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланд ва мутамаддини тоҷик аст. Яке аз самтҳои дастовардҳои мо баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сохтмони иншооти азими аср НОБ – и Роғун, сохтмону таҷдиди ҳазорҳо киллометр роҳҳои дохиливу байналмилалӣ, дар ҷодаи таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки ҳадафи дигари олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, пешрафти соҳаи кишоварзӣ, таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон ва нафақаи калонсолон, таъсис дода шудани ҷоизаву грантҳои давлататӣ вобаста ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, бастани шартномаҳои ҳамкорӣ бо як қатор давлатҳову шарикони рушд ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат, фароҳам овардани шароиди мусоид барои кору фаъолият ба аҳолии мамлакат ҳамаи ин далели раднопазирии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат маҳсуб меёбад. Тамоми пешравиҳо дар ҳамаи самтҳо маҳз ба шарофати Истиқлолият ва кӯшишҳои Пешвои маҳбуби миллат ба даст омадааст. Маҳз соҳибистиқлолии мамлакати мо буд, ки имрӯз ҷаҳониён давлати тозабунёди тоҷиконро дар масири ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, иҷтимоиву низоми демократӣ ҳамчун яке аз давлатҳои аз лиҳози сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ давлати пуриқтидор мешиносанду эътироф менамоянд.

Баъди баромадҳои пурмӯҳтаво иштирокчиён миннатдории хешро ҷиҳати баргузории чунин мулоқоту вохӯрии судманд иброз намуданд.

Photos from Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд's post 26/02/2021

Саҳми занону бонувон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ

Тибқи нақша-чорабиниҳои Шӯрои вилоятии ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Саҳми занону бонувон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” баргузор гардид. Мизи мудаввар ба ифтихори Рӯзи модар баргузор гардида, дар он як қатор занону бонувони фаъоли вилоят-намояндагони МИҲД-и вилояти Суғду шаҳри Хуҷанд, вакилзанон ва роҳбарони ташкилоту идора ва муассисаҳо иштирок ва баромад намуданд.

Муовини ректор оид тарбияи донишгоҳ Мубини Хоҷаева мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки хушбахтона тайи солҳои охир таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат нисбати занону бонувон бештар гардида, миқдори занони роҳбарикунанда низ сол то сол бештар мегарданд.Ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо мо-занону бонувонро низ зарур аст дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони истиқлолият саҳмгузор бошем, илова гардид дар чорабинӣ. Дар идома чанде аз занони фаъоли вилоят перомуни нақши занон дар рушди соҳаҳои мухталиф, ба ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани онҳо, баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, зиёд гардидани миқдори грантҳо барои занону бонувон ва амсоли он баромад намуданд.

Қайд шуд, ки даврони соҳибистиқлолӣ дар назди занону духтарон рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозиро пеш гузошт. Ин рисолати муҳими таърихӣ тақозо менамояд, ки онҳо бо тарбияи насли худогоҳу худшинос қарзи фарзандии худро дар назди Ватан содиқона адо намоянд.

Боиси хушнудист, ки дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати занону духтарон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.
Илова гардид, ки занон дар ҷомеаи Тоҷикистон 50 фоизи аҳолиро ташкил карда, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. Айни ҳол дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар занону духтарони соҳибкасбу соҳибмаърифат дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ фаъолияти назаррас дошта, дар корҳои давлатӣ низ сол то сол шумораи онҳо меафзояд.Ҳамзамон, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, хушунат ва зӯроварӣ нисбат ба занон дар ин мулоқот баррасӣ шуданд.
Дар охир аз ҷониби донишҷён барномаи фарҳангӣ, иборат аз шеъру сурудҳои дилнишин дар васфи зан-модар пешкаши иштирокчиёни мизи мудаввар гардид.

22/02/2021

Шаҳри илму адаб, зодаи Камоли ширинсухан Хуҷандам!

Photos from Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд's post 19/02/2021

Аёдати собиқадорони соҳаи ҳарбӣ

Дар доираи дастуру супориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, аъзои фаъоли ХХДТ, ректори ДДҲБСТ профессор Муъмин Шарифзода ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Мирзоҷон Мирзобаев як зумра собиқадорони соҳаи ҳарбӣ-иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, барқароркунандагони сохти конститутсиониро аёдат намуданд.

Зимни суҳбат бо аёдатшудагон, изҳор шуд, ки хизматчиёни ҳарбӣ барои ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориашон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, амнияти давлату ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон ва умуман, таъмини волоияти қонун ҳамеша дар мадди назари давлату ҳукумат қарор дорад. Таъкид гардид, ки садоқат ба Ватан, хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон, ҳушёриву зиракӣ барои ҳимояи истиқлолу озодии кишвари азизамон – Тоҷикистон, ҳифзи манфиатҳои давлат ва мардуми кишвар вазифаи асосии ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Артиши миллӣ ба ҳисоб рафта, имрўз ин ҳама зери таваҷҷуҳи доимии Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.

Ба аёдатшудагон кӯмакҳои моддӣ расонида шуд. Онҳо аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат изҳори миннатдорӣ баён карданд.

Photos from Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд's post 17/02/2021

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша – чорабиниҳои Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд маҳфили илмию адабӣ баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур намояндаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Мирпоччоева Мавҷуда Қобилҷоновна, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр – Мирзобоев Мирзоҷон Рустамҷонович ва мутахассиси пешбари ҳамин шуъба Умарова Гавҳар Абдураҳмоновна, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд – Муяссара Қаҳорӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд – Ғафуров Абдувосит Ғаффорович ва сармутахассиси ҳамин бахш Сангинова Махфират Ҳабибуллевна, директори Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд – Мирзоаҳмадов Шаҳобиддин Шарофиддинович, Раиси иттифоқи ҷанговарони интернатсионалист дар шаҳри Хуҷанд – Қобилов Муқимҷон Абдуҷалилович, собиқадорони хизмати ҳарбӣ, як зумра устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни литсейи мазкур иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ мазкур иштирокдорон бо маърӯзаю баромадҳои пурмӯҳтаво суханронӣ намуда, қайд карданд, ки воқеан Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодагари истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, иродаи қавии мардуми кишвар, матонату мардонагӣ ва ватандӯстиву ватандории фарзандони бонангу номуси он ба ҳисоб меравад, ҳар сол дар саросари мамлакат бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ таҷлил мегардад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард. Бояд қайд намуд, ки дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят душвор эҳсос мегардид ва дар қисмҳои ҳарбӣ шароит он қадар хуб ба чашм намерасид. Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст. Дар тӯли 28 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гадид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самт таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, тамоми шароити мусоидро барои хизматчиёни ҳарбӣ таъмин намуда истодаанд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ба як зумра устодону мутахассисони ҷавон, ки ба дастоварди назарраси таълимию илмӣ ноил гардида, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд ва бо ҳамин маҳфили илмию адабӣ ба охир расиданд.

Want your school to be the top-listed School/college in Khujand?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Culinary Team

Attire

Telephone

Address


Khujand
735700