11/09/2026
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - ЗАМИНАИ РУШДИ
ИСТЕЪДОД ВА ЭҶОДКОРИИ НАВРАСОН
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Истиқлол — сарчашмаи созандагӣ, ваҳдат, худшиносӣ ва рушди истеъдодҳои наврасон»
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми соҳибтамаддуни Тоҷикистон дастоварди бузург ва неъмати бебаҳо ба шумор меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишвар дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд омада, барои рушди насли наврас ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати омӯзишу такмили дониш ва маҳорати онҳо имкониятҳои васеъ фароҳам гардиданд.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу субот таҷлил менамоянд. Ин санаи таърихӣ моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи давлату миллат назар андозем ва саҳми ҳар як қишри ҷомеаро дар ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам бештар эҳсос намоем.
Дар ин замина, Муассисаи давлатии «Маркази муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ»-и ВМКБ низ бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар байни таълимгирандагон чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ, эҷодӣ ва варзиширо ба роҳ монда, барои муаррифии истеъдод ва маҳорати наврасон имкониятҳои мусоид фароҳам меорад.
Таҳсилоти иловагӣ яке аз самтҳои муҳими низоми маориф ба ҳисоб рафта, дар рушди қобилияти зеҳнӣ, эҷодӣ, фарҳангӣ ва ҷисмонии кӯдакону наврасон нақши муҳим дорад. Тавассути фаъолияти маҳфилҳо таълимгирандагон метавонанд шавқу рағбати худро инкишоф дода, донишу малакаҳои худро такмил бахшанд ва истеъдоди худро дар самтҳои гуногун нишон диҳанд. Вазорати маориф ва илм низ рушди эҷодкорӣ, тавонмандии зеҳнӣ ва дарёфту парвариши истеъдодҳои ҷавонро аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ арзёбӣ менамояд.
Яке аз ҳадафҳои асосии чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандӣ мебошад. Дар чунин чорабиниҳо таълимгирандагон бо барномаҳои фарҳангӣ, сурудҳои ватандӯстона, шеърхонӣ, расмкашӣ, намоиши ҳунарҳои дастӣ, маҳсули корҳои эҷодӣ ва дигар барномаҳои ҷолиб баромад намуда, истеъдоду маҳорати худро муаррифӣ менамоянд.
Шогирдони маҳфилҳои гуногуни Маркази муассисаҳои таҳсилоти иловагии ВМКБ дар озмунҳо, фестивалҳо, олимпиадаҳо ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ фаъолона иштирок карда, бо натиҷаҳои назаррас ба дастовардҳои муассисаҳои худ саҳм мегузоранд. Масалан соли ҷори 65 нафар талимгирандагони мо дар озмунҳои байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Имрӯз ҳар як кӯдаку навраси боистеъдод метавонад бо донишу маҳорати худ дар ободии Ватан саҳми арзанда гузорад. Аз ин рӯ, дастгирии истеъдодҳои наврасон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди қобилиятҳои онҳо ва ҳавасманд намудани кӯдакону наврасон ба омӯзишу эҷод вазифаи муҳимми омӯзгорон ва роҳбарони маҳфилҳо мебошад.
Муҳим аст, ки таълимгирандагон дар баробари азхуд намудани донишҳои замонавӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ, илмҳои дақиқ, ҳунарҳои миллӣ, санъат, варзиш ва дигар самтҳои дӯстдоштаи худ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Имрӯз марказҳои таҳсилоти иловагӣ маҳз барои чунин рушди ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон имконият фароҳам меоранд.
35 соли Истиқлолият — 35 соли созандагӣ, пешрафт ва бунёдкорист. Дар ин давра барои рушди соҳаи маориф ва махсусан барои дастгирии насли наврас тадбирҳои зиёде амалӣ гардиданд. Ҳар як дастоварди таълимгиранда, ҳар як пирӯзии ӯ дар озмуну олимпиада ва ҳар як маҳсули эҷодии ӯ метавонад ҳамчун гулбарги зебое ба гулшани Истиқлоли Тоҷикистони азиз зам шавад.
Бигзор шогирдони Муассисаи давлатии «Маркази муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ»-и ВМКБ бо дониш, истеъдод, меҳнати созанда ва муҳаббати самимӣ ба Ватан дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.
Бигзор шукуфаҳои истеъдоди наврасон рӯз аз рӯз бештар гашта, номи ВМКБ ва Тоҷикистони азизро дар арсаҳои гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ баланд бардоранд.
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Музаффарова Руина - муовини директори МДММТИ- и ВМКБ