20/07/2026
УСТОДИ НАВОВАР ВА МУШОВИРИ ВАРЗИДАИ СОҲАИ МАОРИФ
№ 4 (Нигоҳе ба зиндагиномаи маорифчии соҳибмактаб ҚАНОАТШО ШОРУСТАМОВ)
Истиқлолият боиси навсозии тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Давлати ҷавони демократӣ ва ҳуқуқбунёд рӯ ба муносибати нави иқтисоди бозоргонӣ ниҳод. Дар чунин давраи ҳассос бо мақсади ҷавобгӯй будани соҳаи маориф ба талаботи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар тақозо намуд, ки таълиму тарбия бо дарназардошти арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба роҳ монда шавад.
Ин аст, ки зарурати мутобиқ намудани низоми таҳсилоти миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми таҳсилоти давлатҳои мутараққии ҷаҳон ба миён омад. Ин вазифаи муҳим пеш аз ҳама ба уҳдаи маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон гузошта шуд.
Аммо коллективҳои педагогӣ ва маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ба ҳалли ин талаботи нав омода набуданд. Аз ин рӯ, масъалаи ба роҳ мондани бозомӯзии маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ногузир буд.
Бахши мактабшиносии Филиали Донишкада тибқи нақша марҳила ба марҳила гузаронидани курсу семинарҳоро барои директорон ва ҷонишинони директорон роҳандозӣ намуд.
Шоҳрустамов Қаноатшоҳ ҳамроҳ бо дигар мушовирони бахш дар таҳия ва омода намудани маводҳо ва дастурҳои таълимии курсу семинарҳо фаъолона ширкат меварзид. Устод дар омодасозии маводи таълимӣ ва гузаронидани курсу семинарҳои «Менеҷмент ва сарварӣ дар соҳаи маориф», «Ҷалб намудани аҳли ҷомеа ба шабакаи маориф, мактаб – маркази ҷомеа», «Идоракунии молиявӣ, буҷет ва омор дар муассисаҳои таълимӣ», «Муосиркунонии корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ», «Стратегияи ташкил ва истифодаи фондҳои ғайрибуҷавӣ дар муассисаҳои таълимӣ», «Рушди мактаб ва банақшагирии фаъолияти он», «Низоми ташкили Маркази инкишофи кӯдакон (МИК) дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва маблағгузории он» маҳорати баланди касбӣ зоҳир намуд.
Бо дарназардошти дигаргуниҳои босуръати ҷомеа, ислоҳоту навгониҳои мунтазами соҳаи маориф бо мақсади такмили идоракунии соҳаи маориф, ғайримарказкунонии он барномаи «Такмили идоракунии соҳаи маориф – самти муҳими ислоҳоти соҳа» таҳия гардид, ки устод Қаноатшо дар амалӣ намудани барномаи мазкур фаъолияти самаранок нишон дод. Барнома мушовирони шуъбаҳои маориф, маъмурияти муассисаҳои таълимиро фаро гирифт, ки бо муосиркунонии шаклҳои мухталифи худидоракунии мактаб, роҳҳои таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии дохилимактабӣ шинос гардиданд. Дар ин самт аз ҷониби мавсуф бо мақсади демократикунонии худидоракунии хонандагон «Намунаи Низомномаи Шурои худидоракунии хонандагон (ШХХ)» ва «Ойинномаи Шурои худидоракунии хонандагон» таҳия ва дар семинар бо маъмурияти мактабҳо кор карда шуд.
Дар маҷмуъ, дар давоми солҳои фаъолияти худ аз соли 2006 то соли 2019 дар филиали Донишкада устод Шоҳрустамов Қаноатшо дастуру нишондод ва мақолаҳои илмӣ-методии дар поён овардашударо таҳия ва ба табъ расонд:
«Истифодаи самараноки захираҳои дохилии муассисаҳои таълимӣ» (2009);
«Мониторинги сифати таълим дар мактаб» (2009);
«Нақшаи нави таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таълим» (2010);
«Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилот ва вазифаҳои маъмурияти муассисаҳои таълимӣ» (2010);
«Як усули мониторинги фаъолияти роҳбари синф» (2011);
«Шурои омӯзгорӣ ва тарзи гузаронидани он»
«Роҳҳои баланд бароштани сифати таҷрибамӯзии мутаҳассисони ҷавон дар мактаб» (2013).
Бо ифтихор изҳор бояд кард, ки зиндагии чунини инсонҳои неккирдору некгуфтор ва некандеш, сахсусан онҳое, ки зиндангии хешро барои тарбияи фарзандони ояндаи миллат сарф кардаанд, дар ҳақиқат боиси таҳсин ва оварин аст. Ифтихор аст, ки аз мактаби тарбияи ин шахси наҷиб баҳравар шудаем ва таҷрибаҳояшро амалан татбиқ менамоем.