Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев/Khorog state university

  • Home
  • Tajikistan
  • Khorog
  • Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев/Khorog state university

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев/Khorog state university Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев/Х Nazarshoev

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев
Хорогский государственный университет имени М. Назаршоев
Khorog state university named after M.

🇹🇯📈📙УСТОД АБӮАБДУЛЛОҲ РӮДАКӢ НАХУСТИН ГӮЯНДАИ ШЕЪРИ ПОРСИИ ТОҶИКӢ🇹🇯📈📙        📖Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ падари шеъри тоҷ...
23/09/2026

🇹🇯📈📙УСТОД АБӮАБДУЛЛОҲ РӮДАКӢ НАХУСТИН ГӮЯНДАИ ШЕЪРИ ПОРСИИ ТОҶИКӢ🇹🇯📈📙

📖Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ падари шеъри тоҷикӣ, сипаҳсолори назм, одамушшуаро зодаи хоки поки Рӯдаки шаҳристони Панҷакент буда, дар дарбори Сомониён аз иззату эҳтироми волое бархӯрдор буд. Дар таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун сардафтари адабиёти тоҷик шинохта шудааст.
📉Ҳанӯз донишманди асри XI Муҳаммад Авфӣ дар “Лубобу-л-албоб” ва Абдурраҳмони Ҷомӣ дар “Баҳористон” дар асри 15 дар бораи падари шеъри форсии тоҷикӣ будани устод Рудакӣ ёдовар мешаванд: “Чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қуръонро ба тамом ҳифз кард ва қироат биомӯхт ва шеър гуфтан гирифт ва ба воситаи ҳусни савт, дар мутрибӣ уфтод ва уд биомӯхт ва дар он моҳир шуд ва Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ӯро тарбият кард.”
📊Устод Рӯдакӣ дар тӯли зиндагии худ мероси бузурги адабӣ боқӣ гузошта, яке аз шоирони пуркору пурбортарини замони худ будааст. Суханвари маъруфи асри XIII Рашидии Самарқандӣ, ки зоҳиран бо девони комили шоир шиносоӣ дошт, чунин менависад:
📝Гар сарӣ ёбад олам касс бо некӯшоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам сезбаҳ раҳ сад ҳазор,
Ҳам фузун ояд, агар чунон-к бояд бишмарӣ.
📈Дар мавриди теъдоди ашъори Рӯдакӣ андешаҳои мухталифе мавҷуд буда, бархе онро як миллиону сесад ҳазор байт гуфтаанд, ки мутаассифона аз он ашъори ғарро то замони мо камтар аз 1000 мисроъ боқӣ монда, ки ҳамин миқдори андак аз табъи равон ва самимияти гуфтори ӯ дарак медиҳанд.
📚 Муҳаммад Авфии Бухороӣ ҳамчунин дар «Лубоб-ул-албоб» навиштааст, ки «ашъори ӯ сад дафтар баромадааст» ва Рашидии Самаркандй, шоири карни шашум гуфтааст, ки «шеъри уро баршумурдам сездах pax сад хазор». Ба назари муҳаққиқон маънии ин мисраъ он аст, ки сездаҳ бор шеъри ӯро баршумурдам ва сад хазор буд, лекин ин мисраъро аз дер боз чунин маънидод кардаанд, ки шеъри ӯро шумурда кардааст, ба як милёну сесад хазор байт баромадааст! Ин назари баён аз нуқтаи назари илм ва андешаи мантиқӣ мувофиқат намекунад.
📌Устод Рӯдакӣ аз ҷониби шоирони мутақаддимин ва мутааххирин бо унвони “падари шеъри порсӣ” мавриди эътироф ва эҳтиром қарор гирифта ва ӯро “Султонуш-шуаро, Одамуш-шуаро, Соҳибқирони шоирӣ, Шоири рӯшабин ” ва ғайра ёд кардаанд.
✔️Шеъри Рӯдакӣ зебо, равон ва саршор аз маъонии тоза ва ҷовидона аст, ки аҳаммият ва арзиши онҳо чӣ дар гузашта, то ҳол ва дар оянда, ҷойгоҳ ва мақоми бузург ва нотакрор дошта, ин иззату азаматро аз даст надода ва нахоҳад дод. Вай ситоишгари дӯстӣ, вассофи ахлоқи ҳамида ва накӯҳишгари авсофи пасандида аст ва дар саропои ашъораш мардумро ба некӯкорӣ, хулқу атвори нек, зиндагии мусолиматомез ва дурӣ аз душманӣ, бадкорӣ ва бадгӯӣ фаро мехонад:
🖊️Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
📙Шеъри Рӯдакиро шуарои баъдӣ истиқбол ва тазмин намудаанд, ки дар ин миён беҳтарин назираҳо бар “Боди ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме” суруда шудаанд, ки ин амр гувоҳи он аст, ки ҳар касе бо калом ва сухани форсии тоҷикӣ таваҷҷуҳ ва улфате дорад, Рӯдакиро падари маънавӣ ва устоди барҳақ медонад ва масири ӯро идома медиҳад.
Шаҳодати инро беш аз ҳазор сол аз вафоти ин гӯяндаи номдор мегузарад, вале ашъори ӯ он тароват ва зулолӣ ва гармӣ ва ҳарорати худро аз даст надода ва дар рӯзгори мо, ки бо тӯфони ҷидолу ситез ва даргириву ихтилофти ақидатӣ мувоҷеҳ ҳастем, ки беш аз пеш ба андарзҳои ӯ ниёз пайдо мешавад:

📍Чун теғ ба каф орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.
Ин теғ на аз баҳри ситамкорӣ карданд,
Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт.
Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.
Гуфто, ки: «Киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?
То боз, ки ӯро бикушад он, ки туро кушт?»
Ангушт макун ранҷа ба даркӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба даркӯфтанат мушт.

✍️БЕҲРОНШО Ҷумъа –
н.и.ф., декани факултети филология ва журналистика

Амид Комилбеков

🇹🇯📖🏢БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ  АЗ ДОНИШГОҲ🇹🇯📖🏢        🗓🏢Имрӯз, 23 сентябри соли 2026 муовини Вазири маориф в...
23/09/2026

🇹🇯📖🏢БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ АЗ ДОНИШГОҲ🇹🇯📖🏢

🗓🏢Имрӯз, 23 сентябри соли 2026 муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффарзода Бадриддин Сангалӣ аз Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев боздид намуд. Дар рафти он аз ҳолати таълиму тарбия, фаъолияти устодон, корҳои тарбиявӣ, пойгоҳи моддию техникӣ ва рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ дар донишгоҳ шинос шуданд.
📙Муовини вазири маориф ва илм аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф ёдовар шуда, баҳри боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, корҳои илмӣ ва тарбиявӣ инчунин ободкорию созандагӣ дар донишгоҳ дастуру роҳнамоиҳо намуданд. Беҳтар гардидани зинаи моддӣ техникӣ ба сифати таҳсил дар донишгоҳ мусоидат намуда, барои минбаъд омода намудани кадрҳои баландихтисос имконият фароҳам меорад.

Амид Комилбеков

🇹🇯📈📙ХУШХАБАР📖📈📙       📊🤝Раёсати Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев унвонҷӯи кафедраи адабиёт ва журналистика, ...
23/09/2026

🇹🇯📈📙ХУШХАБАР📖📈📙

📊🤝Раёсати Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев унвонҷӯи кафедраи адабиёт ва журналистика, ҳамзамон муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Сафармоҳ Нуруллоро барои бомуваффақият ҳимоя намудани диссертатсияи номзадӣ дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-087 назди донишгоҳ табрику муборакбод менамоянд.
📚📍Одиназода Сафармоҳ Нурулло дар мавзуи «Фирдавсишиносӣ ва ташаккули афкори адабии тоҷик (солҳои 50-80-уми асри ХХ)» таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забонҳои хориҷии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шозиёева Гулмо Парвонашоевна бо муваффақият ҳимоя намуданд.

Амид Комилбеков

🇹🇯📈📙САДОИ ҶОВИДОНАИ РӮДАКӢ: АЗ ДАВРАИ СОМОНИЁН ТО АСРИ МУОСИР🇹🇯📈📙       📖(арҷгузорӣ барои боло бурдани ҷойгоҳи Рӯдакӣ да...
23/09/2026

🇹🇯📈📙САДОИ ҶОВИДОНАИ РӮДАКӢ: АЗ ДАВРАИ СОМОНИЁН ТО АСРИ МУОСИР🇹🇯📈📙
📖(арҷгузорӣ барои боло бурдани ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар миёни ҷомеа ва шинохти бештари насли ҷавон аз осори ин шоири тавоно)
📚Рӯдакӣ вассоф ва тараннумгари беҳамтои арзишҳои олии маънавӣ, аз ҷумла ватанпарастӣ, одамият, адолатхоҳӣ, дӯстиву рафоқат, саховат ва накукорӣ шинохта шудааст.
✍️Эмомалӣ Раҳмон

📚Дар қаламрави таърихи пуршебу фарози адабиёти форсу тоҷик чеҳраҳое сар бар афрохтаанд, ки ҳеч гоҳ дар зиндони як асру замон маҳдуд намондаанд. Андешаҳои нобиғона ва мавҷи ашъори онҳо аз монеаҳои қарнҳо убур карда, дар ҳар фаслу замон бо маънои тозаву фаровоз ба ҷилва медароянд. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бидуни тардид аз зумраи чунин симоҳои нодир, безавол ва қодирсухани олами маъност.
✔️Номи мубораки Рӯдакӣ бо оғози саҳифаҳои заррини адабиёти классикии форсу тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад. Ӯ дар замони шукуфоии давлати Сомониён зиста, бо неруи бемисли сухан ба забони форсии дарӣ (ки имрӯз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи муқаддаси тоҷикӣ шуҳрат дорад) ҷилои тоза ва болидагии шоирона бахшид. Шеъри ӯ монанди чашмаест мусаффо, ки аз умқи асрҳо ҷорӣ шуда, то имрӯз ташнагони маърифату зебоиро бо оби ҳаёти маънавӣ сероб месозад.
📖Одаму-ш-шуаро, пеш аз ҳама, шоири инсондӯст аст. Ӯ дар оинаи ашъори худ олами ботинии одамизодро бо тамоми тундбодҳои шодиву ғам, умеду андӯҳ, орзуҳои бархоста аз қалб ва сарнавишти мураккабаш ба ҷилва медарорад. Аз ин рӯ, бузургии Рӯдакӣ танҳо дар он нест, ки ӯ бунёдгузор ва пешвои саромадони адабиёти классикӣ маҳсуб мешавад; бузургии ҳақиқӣ ва ҷовидонаи ӯ дар он аст, ки инсонро ба тахти ҷаҳони шоирона ба мероси бузург мекашад. Бо вуҷуди он ки аз ганҷинаи азими осори ӯ то замони мо танҳо пораҳое боқӣ мондаанд, ҳамон зарраҳои гаронбаҳо низ мазмуни олии андеша ва эҳсоси наҷиби устодро пеши чашми оламиён падидор месозанд. Меҳвари асосии офаридаҳои ӯро мавзуъҳои ҷовидона чун қадри умр, гузашти бебозгашти вақт, дӯстии устувор, муҳаббати пок, донишомӯзӣ, некӣ, зебоӣ ва табиат ташкил медиҳанд, яъне арзишҳое, ки то абад барои башарият фарз ва муқарраранд. Аз ин хотир, бо ҷуръат метавон гуфт, ки Рӯдакӣ шоири як аср нест, балки шоири ҳамаи асрҳост. Дар ин ҷо ба таври иҷмолӣ оид ба баъзи саҳифаҳои рӯзгор ва ҷаҳони андешаи ин пири сухан таваққуф хоҳем кард:
✅Рӯдакӣ ва фарҳанги инсонгароӣ (ҳуманизм)
📌Агар ба олами маънавии Рӯдакӣ бо чашми хирад назар андозем, дар маркази он симои муқаддаси инсони комилро мебинем. Инсон дар шеъри ин суханвар мавҷуди нотавону сарнавишттаслим нест; баръакс, соҳиби ақли расо, эҳсоси гарм, иродаи пӯлодӣ ва соҳибихтиёри роҳи хеш аст. Ӯ метавонад некӣ бикорад, дӯстии ҷовидон варзад, ганҷи дониш андӯзад ва аз зебоиҳои ҳаёт бо тамоми ҳастӣ баҳра барад.
📈Дар низоми фалсафии Рӯдакӣ ҳаёт ҳам неъмати бебаҳои осмонист ва ҳам амонати зудгузар. Шояд ҳамин дугонагии ҳаёт – ваҳдати зебоӣ ва гузарандагии он – муҳимтарин шоҳроҳи ҷаҳонбинии шоир бошад. Шоир одамизодро ба ишқу муҳаббат ба зиндагии ширин даъват карда, дар айни замон бо садои ҳушдор хотиррасон месозад, ки ҷавонӣ, қуввати бозу ва айёми умр чун оби равон мегузаранд ва ҳаргиз бознамегарданд. Бинобар ин, ҳар як лаҳзаи умрро бибояд ба меҳру муҳаббат ва амалҳои нек сипарид.
📍Дар ин мазмун, фалсафаи Рӯдакӣ – фалсафаи ҳаёти фаъол ва созанда аст. Шоир гурехтан аз мушкилоти зиндагиро намепазирад, балки инсонро ба шинохти арзиши аслӣ, қадри дӯстӣ ва дарки маънии зебоӣ водор месозад. Аз ин рӯ, ӯ ҳеч гоҳ рӯҳафтодагӣ ва маъюсиро намеписандад.
Табиат – оинаи мусаффои рӯҳи инсон
📝Дар олами тафаккури Рӯдакӣ табиат танҳо як манзараи беҷон нест. Он дорои забони муқаддасу нотакрор аст, ки бо инсон бе воситаи сухан розу ниёз дорад. Фасли баҳор дар ашъори ӯ на танҳо як тағйири обу ҳаво, балки бо сабзаҳои навруста, гулҳои рангоранг ва ҳавои мусаффо таҷассуми эҳёи коинот, ҷавонии абадӣ ва умеди бепоён мавзуи меҳварӣ аст. Боғ, бод, борон ва дигар аносири табиат бо ҳолати рӯҳии инсон пайванди ногусастанӣ дошта, набзи эҳсосоти ботинии ӯро ба забони мавзун баён мекунанд.
📊Бинобар ин, табиат дар осори Рӯдакӣ оинаест, ки дар он симои рӯҳи инсон акс ёфтааст. Имрӯз, ки масъалаи муносибати инсон бо табиат ба мушкилоти бузурги сайёра табдил ёфтааст, нигоҳи фалсафии Рӯдакӣ ба табиат маънои тоза ва баланд пайдо мекунад. Албатта, шоиста нест, ки мафҳумҳои муосири экологиро бевосита ба асри X пайванд бидиҳем, вале эҳсоси нозуки зебоӣ ва пайванди инсон бо олами ҳастӣ дар мероси ӯ воқеӣ таҷассум ёфтааст.
📌Қудрати бемисли сухани Рӯдакӣ
📃Рӯдакӣ на танҳо соҳиби андешаҳои осмонӣ, балки устоди беҳамтои санъати сухан аст. Каломи ӯ равон, дорои оҳанги мусиқии хос, табиӣ ва дилшикор аст. Ӯ бо содатарин вожаҳо амиқтарин мазмунҳои фалсафиро баён карда метавонад. Маҳз ба ҳамин хотир аст, ки донишмандони соҳаи сухан сабки эҷоди ӯро «саҳли мумтанеъ» хондаанд.
✔️Шояд бузургтарин сабақи Рӯдакӣ ба таърихи фарҳанги сухан ҳамин бошад: бузургии сухан ҳеч гоҳ дар печидагии сунъӣ ва мураккабии он нест, балки сухани одӣ метавонад ба фарохнои дилҳо роҳ ёбад. Дар замони мо, ки ҷаҳон аз селоби паёмҳои гуногун ба дод омадааст, арзиши каломи дақиқу пурмаъно садчанд мегардад. Рӯдакӣ ба мо меомӯзад, ки сухан фақат василаи муошират нест, балки қудратест, ки метавонад ҷаҳони нав бунёд кунад, эҳсоси мурдаро зинда созад ва инсонро ба тафаккури амиқ водор кунад.
📝Рӯдакӣ ва гузашти вақт
📚Вақт – ин сирри бузург ва нокушудаи ҳастии инсон аст. Он беист дар ҳаракат аст: ҷавонӣ ба пирӣ, баҳор ба тирамоҳ ва имрӯз ба фардо табдил мешавад. Дар шоҳкориҳои Рӯдакӣ набзи гузашти вақт бо садои хос мезанад. Ӯ бо тамоми ҳастиаш қадри ҷавонӣ, шодӣ ва лаҳзаҳои бебозгашти умрро эҳсос мекунад. Ин андешаҳо дар асри технологии мо низ заррае арзиши худро гум накардаанд, зеро инсони имрӯз ҳанӯз ҳам бо ҳамон саволи азалии дирӯз рӯ ба рӯст. Ӯро суоле ҳамеша дунболгир аст, ки бо ин фурсати кӯтоҳи умр чӣ гуна бояд бархурд кард?
Ҷавоби Рӯдакӣ барои инсони имрӯза низ роҳнамост: вақтро аз нав баргардонидан муҳол аст, бинобар ин, ҳар як рӯзи умр мебояд бо донишомӯзӣ, бо амалҳои созанда ва бо эҳсоси масъулият дар назди худ ва ҷомеа сипарӣ гардад.
📙Рӯдакӣ – рукни устувори ҳувияти миллӣ
📍Рӯдакӣ яке аз устувонаҳои бузурги маънавии миллати тоҷик аст. Номи ӯ танҳо рамзи як шахсияти адабӣ нест, балки ҷузъи ҷудонопазири хотираи таърихӣ ва генофонди маънавии мост. Аз ин рӯ, қарзи муқаддаси фарҳангии мост, ки эҳтироми ин чеҳраро танҳо ба рӯзҳои ёдбуд ё гузоштани номи ӯ ба кӯчаҳову муассисаҳо маҳдуд насозем. Беҳтарин арҷгузорӣ ба шоир – хондани осори ӯ, дарки амиқи маънои сухан ва идомаи анъанаҳои маърифатпарварии ӯст.
Рӯдакишиносӣ бояд ҳамеша пӯё ва зинда бошад. Ҳар насли навин бояд дар осори ӯ маъноҳои тоза ва паҳлуҳои навро кашф кунад. Зеро ашъори бузургони сухан танҳо ба як шарҳу тафсир маҳдуд намешаванд; онҳо чун оинаанд, ки ҳар насл дар он симои замони худро мебинад.
📊Рӯдакӣ – пули маънавӣ байни гузашта ва имрӯз
✅Фосилаи байни қарнҳо дар назди адабиёти ҳақиқӣ маъное надорад. Рӯдакӣ маҳз ҳамон пули мустаҳками маънавист, ки асрҳои дурро бо замони муосир пайванд медиҳад. Насли имрӯза, ки дар фазои рақамиву технологияи олам ба сар мебарад, дар шеъри Рӯдакӣ посухи дардҳои худро, аз ҷумла муҳаббат, дӯстӣ, орзу, зебоӣ ва арзиши донишро пайдо мекунад. Агар Рӯдакӣ барои насли нав танҳо номи як шоири мозӣ ва аслоф бошад, ин робита заиф мешавад; вале агар онҳо дар каломи ӯ ҷавоби масъалаҳои имрӯзаро бибинанд, шоир ба ҳамсуҳбати боэътимоди маънавӣ табдил меёбад.
📉 Аз «Рӯдакӣ ки буд?» то «Рӯдакӣ имрӯз ба мо чӣ мегӯяд?»
🌏Замони муосир тақозо дорад, ки пурсишҳои мо дар бораи ин чеҳраи бузурги адабӣ таҳаввул ёбанд: Рӯдакӣ имрӯз ба мо чӣ меҳр меомӯзад?
📍Ӯ мегӯяд, ки инсон бояд арзиши аслии инсониятро ҳифз кунад.
📍Ӯ таъкид мекунад, ки дониш машъали тобандаи роҳи зиндагист.
📍Ӯ ёдовар мешавад, ки дӯстии содиқона душвориҳои замонро пушти сар мекунад.
📖Аз ҳама муҳимтар, ӯ ба мо меомӯзад, ки сухани ҳақиқӣ қодир аст, ки марзҳои замон ва асрҳоро шикаста, то абад зинда бимонад.
📙Ба ҷойи охирсухан
📚Рӯдакӣ аз он нобиғагони олами андеша аст, ки гардиши айём ва гузашти қарнҳо онҳоро ҳеч гоҳ пир намекунад. Мо имрӯз ба ин шахсият аз масофаи беш аз ҳазорсола менигарем, аммо дар нафаси каломи ӯ гармӣ ва таровати рӯзгори муосирро эҳсос мекунем. Ӯ моро ба арзишҳои баландтарин, амсол инсондӯстӣ, маърифат, зебопарастӣ ва қадри умри инсонӣ ҳидоят мекунад.
✅Рӯдакӣ танҳо саҳифаи фахрии таърихи гузашта нест; ӯ садои зинда ва рӯшангари фарҳанги имрӯзи мост – садое, ки аз қаъри таърих омада, бо мо то абад суҳбат мекунад.

✍️ҚОДИРОВ Дилшод
номзади илмҳои филология, дотсент, муовини ректор оид ба илм ва иноватсия

Амид Комилбеков

🇹🇯📈📙ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ИЛМУ ТЕХНИКА; РОҲИ ТОҶИКИСТОН БА СӮИ ҶОМЕАИ ПЕШРАФТА🇹🇯📈📙       📖Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷики...
23/09/2026

🇹🇯📈📙ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ИЛМУ ТЕХНИКА; РОҲИ ТОҶИКИСТОН БА СӮИ ҶОМЕАИ ПЕШРАФТА🇹🇯📈📙

📖Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бузургтарин дастоварди таърихи миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Бо шарофияти истиқлол мардуми Тоҷикистон имконият пайдо намуд, ки роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳанги худро муайян намояд. Дар ин давра барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илму маориф ва техника шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
📚Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба масъалаи рушди илм, маърифат ва баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Зеро пешрафти ҳар як давлат пеш аз ҳама ба сатҳи маърифат, дониш ва қобиляти эҷодии шаҳрвандони он вобаста мебошад. Ҷомеае, ки ба илм ва дониш такя мекунад, метавонад дар роҳи тараққиёт қадами устувор гузорад.
📈Имрӯз рушди илму техника бо суръати баланд идома дошта, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон таъсири аниқ гузоштааст. Технологияи муосир имкониятҳои навро барои рушди иқтисод истеҳсолот, марифат, тиб ва дигар самтҳо фароҳам меорад. Истифодаи дастовардҳои илмӣ ва техникаи замони муосир яке аз омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.
📙Дар давраи истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф дастгирии ҷавонон ва тарбияи насли донишманд корҳои зиёдеро ба анҷом расондааст. Ҷавонони имрӯза бояд ба донишҳои муосир мусаллаҳ бошанл, илм омӯзанд ва барои ободии Ватани худ саҳми арзанда гузоранд
Рушди илму техника аз ҳар як инсон талаб мекунад дониши худро пайваста такмил диҳанд ва ба навгониҳои замон омода бошанд. Зеро ҷаҳони муосир ба шахсони фаъол, эҷодкор ва дорои ҷаҳонбинии васеъ ниёз дорад.
✅Ҳамин тавр, истиқлол барои рушди илм, техника ва пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам овард. Бо такя ба дониш, меҳнати созанда ва дастовардҳои илмӣ метавонем барои ояндаи дурахшони кишвар саҳми муҳим гузорем.
🏢Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев низ ҳамчун яке аз муассисаҳои муҳимми таҳсилоти олии кишвар дар омода намудани ҷавонони донишманд рушди илму маориф ва тарбияи насли созандаи оянда саҳми арзанда мегузорад.

✍️АЛИНАЗАРОВА Муҳаббат
муаллимаи калони кафедраи биология

Амид Комилбеков

https://www.facebook.com/share/r/18MU9VhSBA/
22/09/2026

https://www.facebook.com/share/r/18MU9VhSBA/

Барқияи табрикӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
22.09.2026
https://president.tj/event/news/57361

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Шуморо ба муносибати бомуваффақият баргузор гардидани интихобот ба Думаи давлатии Федератсияи Русия — рӯйдоди муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар сидқан табрик менамоям!

Иштироки фаъоли шаҳрвандон дар овоздиҳӣ ва натиҷаҳои он бозгӯи пуштибонии васеи ҷомеа аз сиёсати давлатии пешгирифтаи Шумо мебошад, ки ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Федератсияи Русия ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми он нигаронида шудааст.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар азми тағйирнопазири инҷонибро ҷиҳати минбаъд низ нигоҳ доштани сатҳи баланди рушди устувори муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия дар руҳияи дӯстӣ ва шарикии стратегӣ таъкид менамоям.

Ба Шумо саломатии бардавом ва комёбиҳои нав ба нафъи шаҳрвандони кишваратон, инчунин, ба мардуми дӯсти Русия сулҳу шукуфоӣ ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям».

Address

Шириншоҳ Шоҳтемур 109
Khorog
736000

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев/Khorog state university posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The School

Send a message to Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев/Khorog state university:

Shortcuts

Share