06/01/2024
🇹🇯🤝📊САМАРАНОКИИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН🇹🇯🤝📊
📙(дар ҳошияи Паёми навбатии Пешвои миллӣ ба Маҷлиси Олӣ ) 📙
📉Дар масири се даҳсолаи баъди қабули конститутсия, ки имсол дар кишвар 30 – солагии ин санади муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ таҷлил мегардад, низоми сиёсии ҷомеа бунёд гардида, рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ кишвар таъмин гардида истодааст.
📕Яке аз дастовардҳои нахустини даврони соҳибистиқлолӣ ин қабули конститутсия мебошад. Дар Паёми навбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ нақш ва аҳамияти қабули ин ҳуҷҷати муҳим дар бунёд ва таҳкими низоми нави давлатдории миллии тоҷикон омадааст, “Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.”
📖Бояд қайд намоем, Конститутсия низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайяну мушаххас намуда, такмили қонунгузорӣ, мутобиқкунӣ ва барои омода намудани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ҳамчун сарчашмаи асоси хизмат менамояд.
🌎Таҳлили марҳалаи татбиқи стратегия, барнома, консепсия ва дигар сандаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки аз конститутсия сарчашма мегиранд, нишон медиҳад, ки низоми идоракунии сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба шароити нави муносибатҳои ҷамъиятӣ мувофиқ гардида, динамикаи рушди иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудааст.
📚Барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии мамлакат дар ояндаи наздик Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ доир ба рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани маоши хизматчиёни давлатӣ дар баробари дигар соҳаҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд. Дар Паёми қайд гардид, ки “Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.” Ҳамчунин барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ Пешвои миллат дар Паёми худ пешниҳод намуд, ки “аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд” Чунин ғамхорӣ пеш аз ҳама ба таъмини босифати барномаву стратегияи давлатӣ, дастуру супоришҳо ва дар маҷмӯъ самаранокии хизматрасонии давлатиро барои шаҳрвандон мусоидат менамояд.
🇹🇯Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлоли худ дар баробари хотима додан ба низои дохилии кишвар, бунёд ва марҳила ба марҳила такмил додани низоми идоракунии давлатӣ ва рушди ҳаёти иқтисодии мамлакат ба як қатор комёбиҳо ноил гардид. Аз таҷрибаи ҷаҳонӣ маълум аст, ки гузаштан аз як низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ ба низоми нави муносибатҳои ҷамъиятӣ мураккаб буда, марҳилаи муайянро талаб мекунад. Яъне, ҷорӣ гардидани талаботи нави муносибатҳои ҷамъиятӣ дар тамоми соҳаҳои ҷомеа пеш меоянд, ки барои дар сатҳи умум дарк кардани он шароити таърихӣ зарур аст.
⚡️Таҷрибаи идоракунӣ дар давоми давраи сипаришуда нишон медиҳад, ки банақшагирӣ ва пешбинии сиёсати давлатии Сарвари давлат муваффақияти идоракунии пайгиронаро таъмин намуда, дуруст муайян намудани афзалиятҳо баҳри ҳалли мушкилиҳои ҷомеа таъсири калидӣ расонида истодаанд. Рушди макроиқтисодии Тоҷикистон новобаста аз равандҳои ҷаҳонӣ таъмин гардида, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат намуда истодааст. Президенти мамлакат дар Паёми худ қайд намуданд, ки “Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.
🔎Низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон монанди дигар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ давраи ташаккулёбиро паси сар намуда ба марҳалаи сифатан нав гузашта истодааст. Пойгоҳи сиёсӣ-ҳуқуқии низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва такмилу мукаммал гардид. Барои рушди босуботи кишвар як қатор стратегияву барномаҳо қабул ва амалӣ гардонида шуданд.
🪐Барои гузаштан ба марҳилаи сифатан нави низоми идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” таҳия ва қабул гардид, ки дар он дар баробари пешбинии рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, такмили низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳаррики асосии рушди кишвар мебошад, яке аз бандҳои муҳимми он ба ҳисоб меравад.
📌Стратегияи мазкур рушди дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, баҳри амалӣ гардидани он тамоми мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сафарбар шудааст.
🏢Ҳамин тариқ, дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқ дар ҷомеаи байналмилалӣ мавқеи худро муайян ва устувор намуда истодааст. Марҳилаи устувории давлат масири буҳрони сиёсӣ, номуайянии низоми идоракунии давлатӣ, мушкилоти иқтисодию иҷтимоии даҳсолаи аввали иститиқлолро паси сар намуда, акнун ба марҳилаи бунёд ва рушди босубот ворид гардидааст.
📖Таҳлили ташаккул ва инкишофи низоми идоракунии сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолӣ дар баробари таъмин намудани суботу амнияти ҷомеа, пойгоҳи сиёсӣ-ҳуқуқии идоракунии давлатӣ бунёд гардида, марҳила ба марҳила такмилу мукаммал гардид. Рушди давлат аз ҳокимияти устувору пурқудрат вобастагии зиёд дорад, фақат давлат метавонад ҳуқуқу озадиҳои шаҳрвандонро таъмин намояд. Ҳолати мазкур имконият медиҳад, ки тамоми субъектҳои идоракунӣ новобаста аз шакли муносибаташон ба як мақсад – баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон ва таъмини рушди иқтисоди миллӣ сафарбар карда шаванд. Маҳз яке аз вазифаҳои асосии низоми сиёсии ҷомеа муайяну мушаххас намудани рушди давлат ба ҳисоб меравад.
✍️КОМИЛБЕК АМИД ЁРБЕК
Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба
номи М. Назаршоев
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор