26/11/2025
🇹🇯📈📚НАҚШИ КИТОБ ДАР РУШДИ ТАФАККУР ВА МАЪНАВИЁТИ ИНСОН🇹🇯📈📚
🖊Ду боли мурғи бахтовар китоб аст,
Ба кӯҳи ормон шаҳпар китоб аст.
Китоби хуб беҳин ҳамнишин аст,
Рамузи ду ҷаҳон андар китоб аст.
📖Китоб яке аз бузургтарин офаридаҳои инсон, чароғи маърифат ва ганҷинаи дониш маҳсуб мешавад. Инсоният дар тӯли таърихи мавҷудияти худ ва то ба имрӯз бо қудрати тафаккур, истеъдод, забон, ки эҳдои эзадист, ҷаҳони худро ҳусну зебоӣ бахшида, барои рӯзгори худу наслҳои баъдинаи худ мероси ғанӣ ва пурқиматро ба ёдгор гузошт. Имрӯзиён дар асоси он мероси пурқимати таърих, ки аз гузаштагонашон ба мерос гирифтаанд, таҳкурсии рӯзгори худро устувор гардонда, ба он мероси бузурги аҷдодон аз худ бо қудрати тафаккуру дарку нерӯи қобилият арзишҳои навро зам намуда, аз аср ба асру асрҳо интиқол дода шуд, насли нави инсонҳо онро боз қавитару пурра мегардонданд ва ҷаҳони инсоният маърифатпӯш мегардид ва идома дорад
📗Китоб яке аз он василаю офаридаҳои бузург, раҳнамои ростин, дӯсти беғаразу маърифатраҳнамой маҳсуб мегардад, ки шоҳроҳи зиндагиномаи инсониятро ҳамеша мунаввар ва чаманзори зиндагиро сарзабз менамояд. Ҳеҷ як воситаи дигаре наметавонад ба монанди китоб ба рушди тафаккури одам ва ташаккули шахсияти ӯ таъсир расонад. Мутолиаи китоб шахсро водор месозад, ки далелу андешаҳоро дар зеҳни худ таҳлил кунад, фикр намояд, сабаб ва натиҷаи воқеаҳоро дарк кунад. Ин раванди кор қобилияти андешаи мантиқӣ, таҳлилӣ ва қиёсиро тақвият мебахшад. Ба воситаи мутолиаи китоб инсон аз гузашта сабақ мегирад ва роҳи ояндаашро равшан месозад. Бо хондани китоб инсон дарвозаҳои олами навро ба рӯи худ боз намуда, бо фарҳанг, урфу одат ва рӯзгори мардумони ҷаҳон ошно мегардад. Ба ин восита ҷаҳонбинӣ васеъ гардида, нерӯи хаёлот ғанӣ мешавад. Мутолиаи мунтазами китоб хотираи инсонро қавӣ гардонда, луғатдониро инкишоф медиҳад ва зеҳнро фаъол менамояд.
✔Китоб дар баробари он ки барои инсон маълумотҳои зиёдро пешниҳод мекунад, инчунин руҳро тарбият мекунад.Чунончи, мутолиаи осори бадеӣ дар инсон ҳисси ҳамдардӣ, дӯстдорӣ, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ ва пиндору кирдору мо китобро нур дар хонадон, равшании роҳ, чароғи зиндагӣ ва беҳтарин дӯсту мураббии инсон гуфтаанд. Дар ин мавзуъ андешаҳои пурмуҳтаво, ҷолиб, баён ёфта, донишмандон китобҳои зиёдеро таълиф намудаанд.
📝Агар мо ба таърихи тамаддуни башар назар кунем, хоҳем дид, ки тамоми дастовардҳои илмӣ, адабӣ ва фалсафӣ маҳз ба василаи китобҳо аз насл ба наслҳо интиқол дода шудаанд. Мутолиаи китоб ба инсон имкон фароҳам меорад, ки ҷаҳонро амиқ шиносад, миёни воқеият ва хаёлот фарқ гузорад, ояндаи зиндагӣ барояш равшан мешавад.
📌Бо вуҷуди рушди техника ва технология, интернет нақши китоб дар рӯзгори маънавии инсон коҳиш наёфтааст ва нахоҳад ёфт. Баръакс, дар шароити афзун гаштани иттилоот китоб ҳамчун манбаи боэътимод бештар арзиш пайдо мекунад. Шайх Саъдии Шерозӣ фармудааст:”Китоб чашмаи хирад аст, ҳар кӣ аз он нӯшад, ташна намонад”. Дар ҳақиқат, ҳамин тавр аст. Ҳар нафаре, ки китоб мехонад, гӯё бо чандин нафар донишманду мутафаккиру адиб ҳамсуҳбат мешавад. Ҳар фарде, ки китобро дӯст медораду ҳамеша мутолиа мекунад, ҳеҷ гоҳ дар зулмоти ҷаҳолат намемонад ва метавонад ба дигарон кӯмак намояд, роҳи зиндагиашонро равшан созад.
📚Ҷои хушҳолию ифтихор аст, ки бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони азиз тайи чанд сол Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор мегардад.
📖Мушоҳидаҳои чандинсола собит месозанд, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар рушди тафаккур, комил шудани маърифати одам, бахусус, насли ҷавон хеле кӯмак менамояд ва дар ин масъала, ба фикри мо, ҷои баҳсе нест.
✅Он чиз ҳам ҷолиби таваҷҷуҳ мебошад, ки теъдоди иштирокдорони Озмун дар ҳамаи номинатсияҳо сол то сол афзун мегардад ва ин равиш тасдиқи он мебошад, ки завқи мардум ба китобу китобхонӣ ба таври афзоянда зиёд мегардад.
📍Миллати тоҷик рисолати фарҳангпарвариро аз даврони пеш бар дӯш дошт ва то кунун бори ин корвони маърифат сол то сол пурратару бештар мешавад ва бояд ҳамин тавр бошад, чаро ки:
🖊Таърих гувоҳ аст, ки дар арсаи олам
Аз аҳди Каюмарс ва ё Ҳазрати Одам.
Халқе, ки силаҳ хост, силаҳдор шуд, охир,
Мо пушти китоб омада то соҳили ин дам.
🗻Аз таърихи 12.08.2025 то 19.08-2025 дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи чор номинатсия баргузор гардид. Дар ҳайати ҳакамони Озмуни ҷумҳуриявӣ, даври вилоятӣ олимон, профессорон - Директори Китобхонаи миллӣ, Ҷумъахон Файзализода (Раиси ҳайати ҳакамони Озмун), Бобомурод Шарифзода (Раиси ҳайати ҳакамони номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осор аз адабиёти классикӣ), аҳли адабу фарҳанг Шодӣ Раҷаб (Раиси ҳайати ҳакамони номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осор аз адабиёти муосири тоҷик), Нишон Ҳамроҳ (Раиси ҳайати ҳакамони номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осор аз адабиёт барои кӯдакон), Шаҳобиддин Назаров ва Майрамбек Тойчиев (раиси ҳайати ҳакамони номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осор аз адабиёти ҷаҳон, устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев) ширкат намуданд.
📗Маълум аст, ки арзиши Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бедор кардани муҳаббати наврасону ҷавонон нисбат ба китобхонӣ буда, онҳо осори бузургони адабиёт, илм ва адабиётро боз такрор менамоянд ва онҳоро ҳамчун ашхоси босаводи ҷомеаи оянда омода месозад.
📖Ин озмун ҳамчун рукни ваҳдату баҳамоӣ маҳсуб мешавад, зеро дар он тамоми табақаҳои ҷомеа – аз хонанда то муаллиму аз донишҷу то коргару нафақахӯрро гирд меорад. Озмун майдони санҷиши дониш ва қобилияти суханварӣ мебошад. Ба воситаи китобхонӣ насли ҷавон ба илму маърифат ҷалб шуда, ҷомеаро ба сӯи дониш раҳнамун месозад. Озмун воситаи зинда нигоҳ доштани китоб, ҳифз намудану арҷ гузоштан ба ин ганҷинаи пурқимат дар ҷомеа мебошад.
📊Иштироки табақаҳои калонсол ва ашхоси маъюб дар Озмуни ҷумҳуриявӣ, агар аз як тараф, завқу шавқи баланди худи онҳо ба китобхонӣ бошад, аз ҷониби дигар, шавқи насли наврасу ҷавонро ба мутолиаи китоб бештар мегардонад ва илова бар ин, онҳо ба ин васила таҷрибаи наву бештарро аз худ менамоянд.
📜Андешаи донишмандон - ҳайати ҳакамони Озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки имсол дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид, хеле некбинона аст. Ба пиндори устодон, омодагии иштирокдорони озмун сол то сол ҳам аз нигоҳи теъдод ва ҳам аз назари сифат нисбат ба солҳои пешин хеле пешрафта аст.
Равшан гардид, ки мутолиаи китоб аз ҷониби насли наврасу ҷавон хеле ҷиддӣ шуда, иштирокчиён собит намуданд, ки хондани китоб заҳмат мехоҳад ва ҳамчунин дарк намуданд, ки ин заҳматҳо шириниҳоро туҳфа хоҳанд намуд.
Барои баргузор кардани озмун Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, ҳукумати шаҳр, Раёсати маорифи вилояту шаҳр, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев шароити хуб фароҳам овардаанд, ки Озмун бо равиши муътадил, ором ва бо омода будани ҳама гуна шароити даркорӣ сурат гирад.
📉Бо ҳамаи онҳое, ки дар даври вилоятӣ ширкат намуданд, изҳори ташаккур гуфта, ба онҳое, ки ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд, комёбиҳоро таманно мекунем.
✍МИРЗОҲАСАНОВ Лаълҷуба,
дотсенти кафедраи адабиёт ва рӯзноманигори
Амид Комилбеков