11/03/2021
Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии саноати дӯзандагии шаҳри Конибодом» дар асоси супориши Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон аз 18 июни соли 1968 таҳти №375 «Р» таъсис дода шудааст.
Муассиса аз рӯи ихтисосҳои нави ҷавобгӯи талаботи замони имрӯза амал мекунад.
Муҳлати таҳсил дар муассиса бо маълумоти асосии синфи 9 – 2 сол бо гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ва соҳиби ихтисоси интихоб намуда, баъди хатми синфи 11 - 1 сол ва курсҳои кӯтоҳмуддат 2 моҳ мебошад.
Дар муассиса 3 устохонаи дӯзандагӣ, 1 устохонаи гаҷкорӣ, 1 устохонаи пазандагӣ, 2 озмоишгоҳ амал намуда бо технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Ҳамчунин 64 адад мошинаҳои дарздӯзии гуногунтамғаи замонавӣ мавҷуд аст.
Дар муассиса маҳфилҳои «Дӯзанда-бурранда», «Хӯрокҳои миллӣ», «Қолинбофӣ», «Мӯҳрадӯзӣ», «Сабадбофӣ», «Адрасбофӣ», «Кешбофӣ», «Гулдӯзӣ», «Қуроқдӯзӣ», «Попурӣ», «Гаҷкорӣ» амал мекунад.
Хонандагон метавонанд пас аз дарс дар маҳфилҳо нозукиҳои ин касбҳоро ба тариқи ройгон омӯзанд.
Дар муассиса кабинети технологияи иттилоотӣ мавҷуд буда, он бо 18 адад компютер, 1 адад принтер, 1 адад проектор, 1 адад телевизор, 1 адад хунуккунаки барқӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, бо 11 адад банерҳои таълимӣ ороиш дода шудааст.
Дар муассиса 40 адад компютер, 2 адад ноутбук, 8 адад принтер, 2 адад проектор, 2 адад тахтаи электронӣ мавҷуд аст.
Инчунин, дар муассиса курси кӯтоҳмуддати 2 моҳа оид ба омӯзиши компютер амал менамояд, ки хонандагони худи муассиса ҳам дар ин курсҳо хонда, дониши назариявию амалии худро сайқал медиҳанд.
Дар муассиса маҳфилҳои фаннии «Забон донӣ - ҷаҳон донӣ», «Риёзидон», «Варзишгар», «Мо забони англисиро меомӯзем», «Таърихдон», «Навқаламон», «Изучаем русский язқк» амал мекунад.
Муассиса соли 2020 дар озмуни «Беҳтарин кабинети ҳунарҳои мардумӣ» дар байни муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида тибқи Низомномаи озмун дар асоси санҷиш ва меъёрҳои баҳогузорӣ дар байни муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум гардида, бо дипломи дараҷаи 1 аз санаи 8 январи соли 2021 таҳти №1 мукофотонида шуд.
ЭЪЛОН
Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии саноати дӯзандагии шаҳри Конибодом» барои соли таҳсили 2021 – 2022 аз рӯи ихтисосҳои зерин довталабонро қабул мекунад:
1. Дӯзанда баъди хатми синфи 9 – 2 сол, баъди хатми синфи 11 – 1 сол
2. Дӯзанда – пардадӯз баъди хатми синфи 9 – 2 сол
3. Ошпаз - қаннод баъди хатми синфи 9 – 2 сол, баъди хатми синфи 11 – 1 сол
4. Гаҷкори ҷузъҳои меъморӣ баъди хатми синфи 9 – 2 сол
Ба муассиса довталабон то синни 30 сола қабул карда мешаванд.
Ба хонандагон ҳар рӯз як маротиба хӯроки гарми ройгон дода мешавад.
Барои хоҳишмандон хобгоҳ мавҷуд аст.
Таълим дар муассиса ройгон мебошад.
Муассиса дар курсҳои кӯтоҳмуддати шартномавӣ омӯзиши 11 касбҳоро ба роҳ мондааст, ки зиёда аз садҳо ҷавонони бекасб соҳиби касб гардида истодаанд:
1.Дӯзанда
2. Ошпаз - қаннод
3. Барқчӣ, танзимгари таҷҳизоти барқӣ
4. Гулдӯзӣ - попурӣ
5. Андовачӣ
6. Сартарош (ороишгари мӯй, рӯй ва нохунҳо)
7. Челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникии санитарӣ
8.Кафшергари барқию газӣ
9. Омӯзиши забони русӣ
10. Омӯзиши забони англисӣ
11. Омӯзиши кор бо компютер
Суроғаи муассиса:
Шаҳри Конибодом, кӯчаи Ҳоҷӣ Алиев 1, назди бозори «Дӯстӣ»
Телефонҳо барои тамос:
(83467) 3 – 31 42
(+ 992) 918698620
(+ 992) 981002259
(+ 992) 988151699
(+ 992) 927768200
Марҳамат ба даргоҳи илму ҳунар!
Ташриф оред ва соҳиби касб гардед.
Мо интизори Шумоён ҳастем!
То фазлу ҳунар оинапардоз нашуд,
З-иқбол даре ба рӯи кас боз нашуд.
Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест,
Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.
Айб аст, ки дар ҳунар накӯшӣ,
Сад айб ба як ҳунар напӯшӣ.
Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,
Дар дидаи мардумон азиз аст.
Ҳунар беҳтар аз гавҳари номдор,
Ҳунармандро гавҳар ояд ба кор.