28/07/2022
"РУШДИ СОҲАИ ВАРЗИШ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР"
Варзиш омили саломатӣ ва муаррифгари миллати соҳибтамаддун дар ақсои олам аст.Аз замонҳои хеле қадим мардуми ориёинажодро ҳамчун миллати бофарҳанг ва соҳибхирад мешиносанд ва эҳтиром месозанд. Таърих худ гувоҳ аст, ки намудҳои гуногуни бозиҳои варзишӣ аз қадим маъмулу машҳур буданд,ки ҳар як инсон ба ин ё он намуди бозиҳои варзишӣ машғул мешуданд. Аммо дар замони муосир намудҳои бозиҳои зиёди варзишӣ мавҷуд аст, ки мувофиқи таъбу завқ ва ҳавас одамон баҳри тани солим ба ин бозиҳои варзишӣ шуғл меварзанд. Соҳаи варзиш яке аз самтҳои асосии пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат буда, баҳри солимгардонии аҳолии ҷомеа равона гардидааст. Варзишгарон бо иродаву матонати хеш имрӯзҳо Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳон муаррифи сохта парчами миллатро парфишон намуда истодаанд. Маҳз дар пешрафти соҳаи варзиш саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ногузир аст.Ҷавонон хосатан собиқадорону варзишгарон дар маркази ҷиддияти Пешвои муаззами миллат қарор доранд, ки сол то сол шароити хуб баҳри боз ҳам ҷонок гардидани кору муваффақият дар самти варзиш аз тарафи Роҳбари олии мамлакат ва Ҳукумату давлат нигаронида шудааст. Инчунин дар баробари ҷавонписарону ҷавонмардон таваҷҷуҳи гулдухтарону бонувон низ ба варзиш зиёд гардида, онҳо дар шароити хуб ба обу тоби бадан машғул мешаванд. Имрӯзҳо қариб дар тамоми навоҳиҳои кишвари азизамон майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шудааст, ки ҷавонон ба варзиш машғул мебошанд. Ин ҳама ғамхориҳои сарвари мамлакат гувоҳи он аст, ки ҷавонон дар руҳияи солим ба камол расида, аз ҳар гуна хавфу хатар эмин ва ба солимгардонии бадан машғул шаванд. Бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат бо шиори "Тавоноӣ, зебоӣ ва доноӣ аз варзиш аст" мо метавонем ҷомеаи солимро созем. Зиндаву ҷовид бод Тоҷикистони озоду ором!
Роҳбари маҳфили"Варзишгарон", аъзои филиали Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан- Файзуллоев Усмон