10/05/2026
Ду навид бо як хабар
Ду нафар хонандагони синфи 6-и МҒД "Мактаби зеҳнии ТОРУАН-Маҳмудова" Бобоева Нозанин аз фанни забони русӣ ва Ибрагимов Муҳаммад аз фанни забони англисӣ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ байни хонандагони синфҳои 5-6 иштирок намуда, Бобоева Нозанин соҳиби ҷойи сеюм ва Ибрагимов Муҳаммад соҳиби ҷойи ифтихорӣ гаштанд. Ин дастовардҳо натиҷаи кӯшишу ғайрат ва шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои зерин буда, самараи заҳматҳои пайвастаи устодони онҳо, омӯзгорони пешқадаму навовар ва соҳибтаҷриба Сулаймонова Гулбаҳорхон ва Ҷӯраева Тавҳидахон мебошад. Ин дастовард ба шогирдон, устодони онҳо, аҳли омӯзгорони муассиса ва тамоми маорифчиёни шаҳри Исфара муборак бод! Дар оянда ба ин шогирдон ва устодони онҳо, ки ҳамеша дар канори шогирдони худ истодаанд, расидан ба қуллаҳои аз ин ҳам баландтарро хоҳонем.