22/05/2026
“ҶАВОНОН МУҚОБИЛИ КОРРУПСИЯ”
Ҳама ришвахорон ба монанди саг,
Ки бар устухоне зананд данду паг.
Надоранд парвои номусу ор,
Барои дирам мешаванд хору зор.
(Носири Хусрав)
Дар замони муосир мавзуи коррупсия яке аз монеаҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Коррупсия на танҳо пояҳои давлатдориро суст мекунад, балки боиси коҳиш ёфтани эътимоди мардум ба адолат ва қонуният мегардад. Дар ин миён, ҷавонон ҳамчун қишри фаъол ва ояндасози миллат, нерӯи асосие мебошанд, ки метавонанд дар муқобили ин "вабои аср" истодагарӣ кунанд.
Боиси зикр аст, ки имрӯзҳо Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намудаанд. Дар ҳар баромадҳояшон қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндаи миллату давлатанд. Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Маҳз, ҳамин ғамхориҳои сарвари давлат аст, ки ҷавонони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро боло бардошта, аз тоҷик будани худ мо ифтихор дорем.
Ман яке аз ҷавони даврони соҳибистиқлол, ҷавобан ба дастгирию ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат кӯшиш менамоям, ки ба халқи азизам содиқона хизмат намоям ва қотеона зидди коррупсия мебошам!
Коррупсия яке аз проблемаи ҷиддии ҷомеаи муосир ба шумор меравад. Он ба рушди давлат, иқтисодиёт, адолат ва зиндагии мардум таъсири манфии худро бевосита мерасонад. Ҷиҳати мубориза бо ин падидаи номатлуб саҳми ҳар як шаҳрванд муҳим аст. Хусусан ҷавонон, ки қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, метавонанд дар пешгирӣ ва аз байн бурдани коррупсия нақши ҳалкунанда бозанд.
Закр карда ба марид аст, ки Тоҷикистон мубориза бар зидди коррупсияро яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мешуморад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд ватандӯст, поквиҷдон ва масъулиятшинос бошанд ва доир ба нақши ҷавонон дар муқовимат бо коррупсия чунин зикр намудаанд: “Коррупсия вайронкунандаи пояҳои давлатдорӣ, садди роҳи пешрафти ҷомеа ва душмани ашаддии давлати иҷтимоӣ мебошад. Маҳз бо дар назардошти хатари он, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо коррупсияро самти афзалиятноки сиёсати худ эълон кардааст. Тавре борҳо таъкид намудаам: “Ҷавонон нерӯи созанда, қишри фаъол ва муҳаррики ҷомеа мебошанд”. Имрӯз қисми зиёди аҳолии кишварро шумо – ҷавонон ташкил медиҳед. Бинобар ин, тақдири мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб низ пеш аз ҳама дар дасти шумост. Зеро шумо соҳиби тафаккури нав, ҷаҳонбинии васеъ ва далерӣ ҳастед. Шумо насли истиқлол ҳастед –насле, ки дар замони озодӣ ба воя расидааст ва бояд арзишҳои адолат, ҳалолкорӣ ва ватандӯстиро ҳимоя кунад. Агар ҷавон имрӯз барои баҳо пора диҳад, фардо чун мутахассис пора мегирад ва ин занҷир бояд канда шавад.
Ватан ба шумо эътимод дорад. Ояндаи Тоҷикистони ободу пешрафта давлати шумо ҳуқуқбунёду адолатпарвар аз виҷдони бедор дастони пок ва иродаи устувори шумо вобастааст. Биёед даст ба дасти ҳам дода, ҷомеаеро бисозем, ки дар он меҳнати ҳалол қадр шавад, на пули ҳаром. Бигузор шиори ҳар як ҷавони тоҷик ин бошад: “Барои Ватани азизам, барои ояндаи некам - пора намедиҳам, пора намегирам!”
Боиси зикр аст, ки имрӯз ҷомеаи мо дар марҳилаи муҳими рушд қарор дорад. Барои пешрафти давлат ва зиндагии шоистаи мардум мубориза бар зидди коррупсия аҳамияти калон дорад. Ба назари мо, ҷавонон бояд дар ин раванд нақши фаъол дошта бошанд, зеро мо насли ояндасоз ҳастем ва тақдири ҷомеа ба дасти мо вобаста мебошад.
Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеа аст, ки ба рушди иқтисод, адолат ва боварии мардум таъсири манфӣ мерасонад. Дар ҳолате, ки инсон манфиати шахсии худро аз манфиати ҷомеа боло мегузорад, адолат поймол мешавад. Мо, насли ҷавон бояд дарк намоем, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бошуур мебошад.
Ба андешаи мо, роҳи асосии муқобилият бо коррупсия – баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон оиди ба масъалаи зикршуда мебошад. Агар ҷавонон савияи дониши ҳуқуқияшон баланд бошаду ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро донанд, онҳо метавонанд ба амалҳои нодуруст роҳ надиҳанд. Мо бояд ростқавл, масъулиятшинос ва адолатпарвар бошем. Ин сифатҳо ба мо имкон медиҳанд, ки дар ҷомеа мавқеи дуруст интихоб намоем.
Ҳамчунин, масъалаи коррупсия ва оқибатҳои манфии он бояд аз мактаб сар карда, ба хонандагон, сипас дар макотиби олӣ ба донишҷӯён ҳаматарафа фаҳмонида дода шавад. Зеро ба ин васила дар зеҳни наврасон аз хурдӣ фаҳмонида мешавад, ки ин зуҳуроти бади ҷомеа мебошад ва мо бояд ҳаматарафа бар зидди он мубориза барем, то ки онро дар ҷомеа ба куллӣ решакан намоем.
Ҷиҳати бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуб давлат як қатор ҷорабиниҳои назаррасро андешидааст, ба монандӣ:
1. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”;
2. Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия то соли -2030
3. Ташкили Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсия.
4. Ҷорӣ намудани “ Ҳукумати электронӣ “ ва Марказҳои ягонаи хизматрасонӣ , то тамоси мустақими шаҳрванд бо мансабдор кам шавад ва омили пора аз байн равад.
5. Эълон кардани солҳои 2020-2040 “ Солҳои рушди саноат” – то ҷавонон бо донишу ҳунари худ соҳиби ҷои кор шаванд, на бо “шиносбозӣ”
Боиси зикр аст, ки дар давоми 35 соли Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сафи ҷавонони тоҷик ба омӯхтани касбу ҳунарҳои мухталиф бештар шуда, пеши роҳи коррупсияро гирифта истодаанд. Бояд ҷавонон дар давраи мактабхонӣ фанни ҳуқуқро хуб аз худ намоянд ва уҳдадориҳои худро донанду муқобили коррупсия чораҳои заруриро андешанд.
Мо – ҷавонон кушиш мекунем, ки пеши роҳи ҳар гуна ҳаракатҳои номатлубро гирифта, дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошем. Мо – ҷавонон ҳамеша аз пайи омӯхтани донишу маърифат мешавем. Инчунин, барои пешрафти ҷомеа моро зарур аст, ки таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монем ва ояндаи худро дурахшон намоем. Ба ҳар гуна корҳои ғайриқонунӣ даст назанем ва аз рӯи адолату инсоф кор кунем ва ҳамеша ҷавонони фаъолу пешрафта бошем.
Коррупсия пеш аз ҳама ҷиҳати пайдо кардани ҷавонони боистеъдод монеа мешавад. Ҳангоми дар ҷомеа ба ҷои донишу малака, ришваву ошнобозӣ афзалият дода мешавад, шавқу рағбати насли ҷавон ба илмомӯзӣ ва созандагӣ кам мешавад. Ин боиси "фирори мағзҳо" ва заиф шудани нерӯи кадрии кишвар мегардад. Аз ин лиҳоз, мубориза бо коррупсия барои мо - ҷавонон на танҳо вазифаи шаҳрвандӣ, балки мубориза барои ояндаи дурахшонамон аст.
Ҳамин тариқ, ба хулоса омадан зарур аст, ки коррупсия падидаи хатарнок буда, ба рушди ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Мубориза бар зидди он вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҷавонон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа барои бар тараф намудани ин мушкилот саҳми фаъол гузоранд. Танҳо бо дониш, адолат, пок виҷдонӣ ва эҳтироми қонун мо метавонем ҷомеаи пешрафта ва обод бунёд намоем.
Мо – ҷавонон ҳамеша муқобили коррупсия ҳастем!!!
Донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси
1-02050301 Математика. Физика
Додохонова Ноилахон Ёқубхоновна