ҶДММ "Коллеҷи тиббии ноҳияи Б. Ғафуров"

ҶДММ "Коллеҷи тиббии ноҳияи Б. Ғафуров" ҶДММ МТҒ "Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров" Муассиса барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи тибб фаъолият менамояд.

23/07/2026
МУҶАССАМАИ ТАМКИН!ЭҲДО БА ОЛИМИ ШАҲИРИ ТОҶИК, ИНСОНИ ШАРИФУ ХОКСОР, АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ !ДИЛЕ МОНАНДИ КӮҲ, БОСАБРУ ТА...
11/07/2026

МУҶАССАМАИ ТАМКИН!

ЭҲДО БА ОЛИМИ ШАҲИРИ ТОҶИК, ИНСОНИ ШАРИФУ ХОКСОР, АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ !

ДИЛЕ МОНАНДИ КӮҲ, БОСАБРУ ТАМКИН,
ЗАБОН ЧУН РӮДИ РОҲАТБАХШУ ТАСКИН.
ВУҶУДАШ СОФ, МИСОЛИ ЧАШМАСОРОН,
НАДОРАД ДАР НИҲОД, ЯК ЗАРРАЕ КИН !

10.06.2026.

НОМАИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ ПЕШРАВИИ ХАЛҚИ МО, АЗ ВАҲДАТ АСТ,ҲАМ СУБОТУ БАХТИ МО, А...
27/06/2026

НОМАИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

ПЕШРАВИИ ХАЛҚИ МО, АЗ ВАҲДАТ АСТ,
ҲАМ СУБОТУ БАХТИ МО, АЗ ВАҲДАТ АСТ.
СУЛҲУ ОСОИШУ ОРОМИИ ХАЛҚ,
ХОТИРОТИ ТАХТИ МО, АЗ ВАҲДАТ АСТ !

Муҳтарам омӯзгорон, кормандон, донишҷӯёни азиз ва ҳамватанони гиромӣ!
Бо эҳсоси ифтихор ва самимияти беандоза ҳамаи Шумоёнро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик ва таҳният мегӯям.
Воқеан, Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон на танҳо як санаи хотирмони таърихӣ, балки рамзи сулҳу субот, ҳамбастагӣ, худшиносии миллӣ ва оғози марҳилаи нави рушди давлати соҳибистиқлоли мо мебошад. Маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ кишвари азизамон аз мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ раҳо гардида, ба роҳи барқарорсозӣ, рушди устувор ва дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иқтисод ва тамоми бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ қадамҳои устувор гузошт.
Имрӯз мо бо ифтихор эътироф менамоем, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ин неъмати бебаҳо бо садоқат, хирад ва ҷоннисориҳои фарзандони ватандӯсти миллат ба даст омадааст. Ҳифзи ин мероси гаронбаҳо, пос доштани он ҳамчун гавҳараки чашм ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу ори кишварамон мебошад.
Дар ин роҳи пуршараф саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад. Бо сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат Тоҷикистон имрӯз ба кишвари сулҳпарвар, орому босубот ва рӯ ба рушд табдил ёфта, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯ ва эътибори шоиста гардидааст.
Мо – аҳли омӯзгорони Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – рисолати пуршараф дорем, ки на танҳо мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустиро омода намоем, балки ҷавононеро тарбия кунем, ки дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтироми амиқ ба арзишҳои миллӣ бошанд. Дар фазои сулҳу ваҳдат омӯзиш, фаъолияти илмӣ ва рушди касбӣ рӯ ба рушд буда, ба ҳар як омӯзгор ва донишҷӯ имконият фароҳам меорад, ки дар пешрафти ҷомеаи худ саҳми арзандаи худро гузорад.
Ҳар як корманди соҳаи тандурустӣ бояд дарк намояд, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз пояҳои асосии пойдории давлат ва ваҳдати ҷомеа мебошад. Мо бо дониш, маҳорати касбӣ, ахлоқи ҳамида ва садоқат ба Ватан метавонем дар бунёди Тоҷикистони солим, обод ва пешрафта саҳми арзандаи худро гузорем.
Бигзор ин ҷашни бузург дар қалби ҳар яки мо эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва муҳаббат ба Тоҷикистони азизро боз ҳам таҳким бахшад. Бигзор сулҳу оромӣ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳру муҳаббат ҳамеша дар ҳар хонадони Тоҷикистони азиз пойдор бошад.
Аз самими дил ба ҳамаи Шумо — омӯзгорони муҳтарам, кормандони содиқ, донишҷӯёни азиз ва тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон саломатии бардавом, хушбахтӣ, рӯзгори обод, файзу баракат, комёбиҳои нав дар фаъолияти касбӣ ва таҳсил, иродаи қавӣ ва муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.
Бигзор Парчами сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамеша бар фарози Тоҷикистони маҳбубамон парафшон бошад. Бигзор осмони Ватани азизамон ҳамеша софу беғубор, фазои он орому осуда ва зиндагии мардум саршор аз сулҳ, пешрафт ва шукуфоӣ бошад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бод!

Директор: Сӯфиев К.М.

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ЧАРОҒИ РАҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст.Сулҳ таъмин намудани ...
26/06/2026

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ЧАРОҒИ РАҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН

Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст.
Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст.
Аз ин лиҳоз, сарнавишти наслҳои оянда ба тасмимҳое, ки мо ирӯз мегирем, вобаста мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамасола 27 июн мо - халқи шарафманди тоҷик бо камоли сарафрозӣ Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Зеро ҳанӯз 29 сол муқаддам дар ин рӯз хостаҳо ва ормонҳои чандсолаи мардуми ҷафодидаи тоҷик, ки ташнаи сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ буданд, амалӣ гардид. Маврид ба зикр аст, ки Ваҳдати миллӣ омили сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва якпорчагии миллат аст. Имрӯзҳо чуноне ба назар мерасад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар газетаву журналҳо ба пешвози гиромидошт ва бузургдошти ин санаи таърихӣ, яъне рузи Ваҳдати миллӣ тамоми олимону донишмандон, аҳли зиёи кишвар ва сокинони ватани азизамон васфи сулҳу ваҳдат намуда истодаанд, ки ин боиси хушнудист. Сарҷамъии мо ва рушду пешрафти ҳар як соҳа бо шарофати ваҳдат аст.
Барои миллати мо собит, ки Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлоли давлатӣ неъмати бузурги миллӣ буда, якдигарро пурра менамоянд. Агар Истиқлоли давлатӣ асоси мавҷудияти давлатдории миллӣ бошад, пас Ваҳдати миллӣ неруе мебошад, ки Истиқлоли давлатиро устувору пойдор нигоҳ медорад.
Мардуми тоҷик дар тӯли таърих рӯзҳои сахту душворро аз сар гузаронидаанд. Дар давраҳои гуногун фарзандони фарзонаи миллат барои ҳифзи давлатдорӣ, фарҳанг ва забони тоҷикӣ ҷоннисорӣ намудаанд. Таърих собит намудааст, ки ҳар гоҳ мардум муттаҳид буданд, миллат қавӣ ва давлат обод мегардид. Аммо ҳар вақт байни мардум ҷудоӣ ва нофаҳмӣ ба вуҷуд меомад, ҷомеа ба мушкилоту душвориҳо рӯ ба рӯ мешуд.
Ба даст овардани Ваҳдати миллӣ барои халқи шарифи Тоҷикистон роҳи осон набуд. Солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ мамлакат ба буҳрони шадиди сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид, ки хатари аз байн рафтани далатдории миллӣ ва парокандашавии миллатро ба миён оварда буд. Дар чунин шароити ҳассосу сарнавиштсоз, бо иродаи қавӣ ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани сулҳу субот иқдомҳои муҳим амалӣ гардидаанд.
Маҳз кушишу талошҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои маҳбуби миллат ва иттиҳоду сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ мекунанд. Ваҳдат ба мардум имконият дод, ки бо дили пур аз умед барои ояндаи дурахшони Ватан заҳмат кашанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо шарофати сулҳу ваҳдат садҳо мактаб, беморхона, роҳу пул ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ сохта шуданд. Пешрафти иқтисодиёт, рушди илму маориф ва фарҳанг низ самараи ваҳдат мебошад.
Ваҳдат танҳо масъулияти роҳбарони давлат нест, балки вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳар шахс бояд бо рафтору кирдори нек, эҳтироми дигарон, дӯст доштани Ватан ва риояи қонунҳо барои таҳкими ваҳдат саҳм гузорад. Вақте ки мардум якдигарро эҳтиром мекунанд ва барои манфиати ҷомеа кӯшиш менамоянд, ваҳдат боз ҳам устувортар мегардад.
Ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа дар ҳифзи ваҳдати миллӣ нақши муҳим доранд. Онҳо бояд таърихи миллатро омӯзанд, арзишҳои миллиро эҳтиром намоянд ва барои ободии Ватан саҳм гузоранд. Ҷавонони донишманду ватандӯст метавонанд ояндаи Тоҷикистонро боз ҳам дурахшонтар созанд.
Ваҳдат рамзи дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардум аст. Он мардумро сарҷамъ намуда, ба сӯи мақсадҳои бузург роҳнамоӣ мекунад. Ҳар қадар ваҳдат мустаҳкам бошад, ҳамон қадар давлат неруманд ва ҷомеа пешрафта мегардад.
Ҳамин тариқ метавон иброз намуд, ки фароҳам омадани заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва рукнҳои асосии давлатдорӣ, пуриқтидор гаштани Артиши миллӣ, таъмини амнияти комил, бунёди иншоот ва инфрасохтори таъиноташ гуногун, азнавсозӣ ва бунёди роҳҳо ба миён омадани корхонаҳои хурду бузург, рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илму маориф, соҳаи тандурустӣ, фарҳанг варзишу туризм, қабул ва амалигардониии даҳҳо барномаҳои давлатӣ ва ҳазорҳо дастовардҳои дигар ҳамагӣ аз самари бобаракати Ваҳдати миллии тоҷикон гувоҳӣ медиҳанд.
Имрӯз вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аз он иборат аст, ки ин неъмати бебаҳоро ҳифз намояд, дар таҳкими ҳамбастагии ҷомеа саҳм гузорад ва барои ободии Ватан бо садоқат меҳнат кунад. Зеро ваҳдати миллӣ пояи устувори давлатдорӣ, манбаи неруи созанда ва чароғи раҳнамои фардои дурахшони Тоҷикистон мебошад. Маҳз бо такя ба ин арзиши муқаддас кишвари азизи мо метавонад роҳи пешрафт, шукуфоӣ ва нуфузи бештарро дар арсаи ҷаҳон бо эътимод идома диҳад.
Ҷашни фархундаи Ваҳдат муборак, ҳамватанони азиз!

Нурсултон Раҳмонов
Омӯзгори Коллеҷи тиббии
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҚКИМИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢВаҳдат, ту ки вожаи тавоно ҳастӣ,Эҷоди аҷиби ақли воло ҳастӣ.Бикшод я...
26/06/2026

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҚКИМИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Ваҳдат, ту ки вожаи тавоно ҳастӣ,
Эҷоди аҷиби ақли воло ҳастӣ.
Бикшод ягона сим – симе дари кӯҳ,
Ваҳдат, ту калиди кулли дарҳо ҳастӣ!
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо ҷавонон қайд намуда буданд, ки “Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро омӯзанд, аз равандҳои солиму носолими сиёсати имрӯза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаю ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд”.
Ваҳдат пеш аз ҳама аз оила оғоз меёбад. Сарҷамъиву солимии оила асоси пешрафти ҷомеа ва давлату миллат ба ҳисоб меравад. Таърих борҳо исбот намудааст, ки фарҳанги сулҳҷӯйӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад ва халқи мо идеяи инсондӯстию сулҳпарвариро дар тӯли асрҳо пуштбонӣ намудаст.
Воқеан ҳам, халқи тоҷик миллати соҳибтамаддунест, ки дорои таърих ва фарҳанги куҳан маҳсуб ёфта, инро илми таърих ва сарчашмаҳои таърихӣ исбот намудаанд. Ҳарчанд аввалин давлати миллии тоҷикон, яъне давлати бузурги Сомониён дар садаи IX мелодӣ асос ёфта бошад ҳам, аммо решаи пайдоиши миллати тоҷик ба давраҳои хеле қадим рост меояд. Чи хеле ки Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, таърихи Истиқлолияти давлатии мо аз чаҳоряк аср беш бошад ҳам, умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост.
Таърих гувоҳ аст, ки миллату давлатҳое ҳастанд, ки бо мурури замон аз байн рафтаву тобеи ин ё он миллату халқият шудаанд. Бузургии миллати тоҷик дар он ҷост, ки дар тӯли қарнҳо новобаста аз асорати юнону араб, муғулу манғит ва тоеияти иттиҳоди Шӯравӣ ҳастии худ, асолати миллӣ ва забони ноби тоҷикиро ҳифз ва нигаҳбонӣ намуд. Дар ин ҷода хизмати родмардони Ватан басо бузург аст, мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Саъдиву Ҳофиз, Бедилу Дониш, Айниву Турсунзода, Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафурову Муҳаммад Осимӣ ва дигару дигарон, ки номи ҳар якеро агар ба забон орем, соатҳо лозим меояд.
Синову Берунӣ бо заковати фитрӣ, Саъдиву Ҳофиз бо назми оламгир, Айниву Турсунзода бо сеҳри сухан... ҷаҳонро тасхир намудаанд. Миллати тоҷик дар ҳар давру замон фарзандони содиқу сарсупурдае дорад, ки муаррифгари халқу миллати хеш ҳастанд. Дар ин радиф метавон номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо сарфарозӣ ба забон овард.
Мо халқи шарафманди тоҷик аз он ифтихор дорем, ки сулҳ дорем, ваҳдат дорем, Истиқлолияти даватӣ дорем, забони милливу давлати соҳибтамаддун дорем, ки роҳбари он имрӯз марди шарифу нексиришт Эмомалӣ Раҳмон аст.
Воқеан ҳам, Истиқлолият ва Ваҳдат ду боле мебошанд, ки чун кабӯтари иқбол барои ба қуллаҳои баланд расидани Тоҷикистон нақши беназир гузоштаанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки мо Истиқлолияти миллиро ба осонӣ ба даст наёвардаем. Пас аз соҳиб шудан ба он низ халқи моро озмоиши сахту сангин ва даҳшатбори тақдир истиқбол гирифт, ки ҳамаи онро мо бо шарофати хиради азалӣ, тамкину бурдборӣ, ватандӯстиву ватанхоҳии халқи шарафманди хеш ва сиёсати хирадмандонаи сарвари давлатамон паси сар карда тавонистем. Барҳақ:
Партави иқболи мо аз Ваҳдат аст,
Бахти некӯфоли мо аз Ваҳдат аст.
Сулҳу ваҳдат, офтоби нурфишон,
Файзи Истиқлоли мо аз Ваҳдат аст.
Шароити кунунии ҷаҳон моро беш аз пеш водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, идомадиҳандаи роҳу пайкори бузургони гузаштаи худ бошем ва нагузорем, ки номи миллату давлати моро бад намоянд. Тавре ки сарвари давлат дар суханронии худ зикр доштанд, “Ҳушёр бошед, хонед, Ватани худро соҳибӣ кунед, ки боз ягон зангулаи дигарро дар гардани мову шумо бор накунанд”. Ҳақ бар ҷониби ин гуфтаҳост.
Ба қадри озодиву Сулҳу Ваҳдати миллӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан, Истиқлолияти давлативу Ваҳдати миллии Тоҷикистон, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан ва саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи ҳам инсонӣ, ҳам виҷонӣ ва ҳам шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Хосияти Шаҳобиддин
Мудири бахши илм ва корҳои методии
“Коллеҷи тиббии ноҳияи Б.Ғафуров”

Address

Gafurov
735690

Opening Hours

Monday 07:00 - 18:00
Tuesday 07:00 - 18:00
Wednesday 07:00 - 18:00
Thursday 07:00 - 18:00
Friday 07:00 - 18:00
Saturday 07:00 - 18:00

Telephone

+992938720050

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when ҶДММ "Коллеҷи тиббии ноҳияи Б. Ғафуров" posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The School

Send a message to ҶДММ "Коллеҷи тиббии ноҳияи Б. Ғафуров":

Share

Category