26/09/2026
ЗАБОН - ТОҶИ САРНАВИШТИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРУ АРЗИШМАНДИ ДАВЛАТДОРӢ
Шомаҳмадзода Фирдавс Шомаҳмад,
н.и.и., дотсент мудири кафедраи
фаъолияти бонкии ДБССТ
Ҳазорон сол тоҷик тоҷдорӣ кард,
Миёни номдорон номдорӣ кард.
Забону давлаташ буд, тоҷу тахташ буд,
Миёни марзбумаш пойтахташ буд.
Ин мисраъҳои шеърии Азим Иброҳим порае аз таърихи пуршебу фарози миллати тоҷикро дар худ таҷассум мекунанд, зеро таърих барои мо ҳамеша шиносномаи маънавӣ ва пайванди наслҳо будааст. Дар ин миён забон яке аз муҳимтарин рукнҳоест, ки миллатро дар тӯли садсолаҳо бо ҳастии худ пайванд нигоҳ медорад.
Тоҷик дар масири пурпечутоби таърих борҳо рӯзҳои сангину сарнавиштсозро аз сар гузаронидааст. Марзу буми ӯ дигар шудааст, марказҳои сиёсиву фарҳангиаш борҳо даст ба даст гаштаанд, аммо забонаш ҳамчун қалъаи маънавии миллат боқӣ мондааст. Забоне, ки ойинаи андеша, таърих, фарҳанг ва ҷаҳонбинии мардуми мост:
Забонашро чу тоҷи сар нигаҳ медошт,
Сарашро дар забонаш ӯ панаҳ медошт.
Забонашро надоду дод ҷонашро,
Нигаҳ медошт бо ҷонаш забонашро.
Ин воқеияти таърихиро метавон яке аз муҳимтарин омилҳои бақои миллати тоҷик донист. Миллатҳо бо сарзамин, давлат ва сохторҳои сиёсӣ шинохта мешаванд, аммо вақте ин сутунҳо зери таъсири ҳаводиси таърихӣ осеб мебинанд, маҳз забон, фарҳанг ва хотираи миллӣ метавонанд пайванди ҳастии миллатро ҳифз намоянд. Забони тоҷикӣ низ аз ҳамин гуна ганҷинаҳои маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳувияти тоҷиконро ҳифз карда, аз насл ба насл интиқол додааст.
Забони тоҷикӣ забони давлати соҳибистиқлол, забони илму маориф, адабиёту фарҳанг ва муҳимтарин василаи ифодаи андешаи миллии мо мебошад. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ рамзи эҳтиром ба таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва ҳастии маънавии миллат мебошад. Дар ин робита Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Забони тоҷикӣ барои мо рукни бунёдиву пояндаи давлатдорӣ, хазинаи тафаккури миллӣ, ойинаи фарҳанг ва пули устувору побарҷои пайванди наслҳо ва ҳамзабонон дар саросари ҷаҳон мебошад».
Ин таъкид дар шароити ҷаҳони муосир аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Зеро имрӯз ҷаҳониён ба марҳалаи пуршиддати рақобати ҳувиятҳо, забонҳо, арзишҳо ва манфиатҳо ворид шудаанд. Дар чунин шароит ҳифзи забони миллӣ ва таҳкими мақоми он яке аз самтҳои муҳими арҷ гузоштан худшиносии миллӣ ба шумор меравад. Ба таъкиди Пешвои миллат «Дар замоне, ки ҷаҳони муосир ба раванди пуршиддати рақобати ҳувиятҳо, забонҳо, арзишҳо ва манфиатҳо ворид гардидааст, барои мо – мардумони форсизабон иттиҳоду ҳамбастагии маънавӣ ва фарҳангӣ аҳаммияти бузург дорад».
Забони тоҷикӣ дар ин пайванди маънавӣ ҷойгоҳи вежа дорад. Ҳар куҷое, ки ин забон садо медиҳад, дар он ҷо як порае аз таъриху фарҳанги тоҷикон зинда аст. Ҳар вожа, ҳар байт ва ҳар асари мондагори адабиёти тоҷикӣ гувоҳест аз умқи тамаддун ва андешаи миллати мо. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Дар ҳар куҷо, ки забони тоҷикии форсӣ садо медиҳад, дар ҳар куҷо, ки шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Камол, Бедил, Айнӣ ва Турсунзода вирди забонҳост, он ҷо рӯҳи бузургони мо зинда ва қаламрави форсизабонон поянда аст».
Имрӯз, дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дошта, ба унвони яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати маънавии ҷомеа нақши муҳим мегузорад. Истиқлол ба забони тоҷикӣ имконият фароҳам овард, ки мақоми воқеии худро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмии кишвар боз ҳам устувор намояд:
Бидод ӯ пора-пора хоки худ аз даст,
Забонаш чун равонаш аз бало вораст.
Забони ӯ равон бо Сиру Ому буд,
Равони ӯ, вале, андар сари мӯ буд.
Воқеан ҳам, миллате, ки забони худро ҳифз кардааст, хотираи худро ҳифз кардааст. Миллате, ки забони худро пос медорад, ояндаи худро низ пос хоҳад дошт. Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи пурифтихори худ забони дониш, адабиёт, фалсафа, ирфон ва илм низ будааст. Осори гаронбаҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Камол, Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигар бузургони илму адаб шаҳодат медиҳанд, ки ин забон дар ташаккули фарҳангу тамаддуни минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи арзанда дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита зикр менамоянд, ки «...ҳар саҳифаи адабиёти мо, ҳар зарбулмасалу мақоли халқӣ, ҳар шеъри ноби классикӣ ва ҳар истилоҳи илмии суннатии мо далели барҷастаи он аст, ки тоҷикон дар бунёди асосҳои илму тамаддуни ҷаҳон саҳми бузург гузоштаанд».
Ин мероси бузург моро водор месозад, ки ба забон ҳамчун падидаи зинда ва рушдёбандаи миллӣ назар кунем. Забон агар дар осори гузашта зинда монда бошад, бояд дар андешаи имрӯз ва эҷодиёти фардо низ зиндагӣ кунад. Забони миллӣ бояд ҳамқадами замон бошад, имкони баёни дастовардҳои илмиву технологӣ, андешаҳои нав, кашфиёт ва муносибатҳои муосири иқтисодиву сиёсиро дошта бошад. Шоир ин ҷанбаи бузургии забони моро бо тасвири зебо чунин баён мекунад:
Забони мо чу дарёи дамон аст,
Ба қаъраш гавҳари тобон ниҳон аст.
Забони тезу бурротар зи алмос,
Силоҳи ҷовидони тоҷикон аст.
Воқеан ҳам, забон ганҷинаест, ки дар умқи худ хотираи таърихӣ, таҷрибаи зиндагӣ, ҷаҳонбинӣ ва хиради чандин наслро нигоҳ медорад. Ҳар вожаи ноб, ҳар ибораи мардумӣ, ҳар мақолу зарбулмасал ва ҳар истилоҳи илмӣ бахше аз ин ганҷина мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба забон пеш аз ҳама эҳтиром ба хираду таҷрибаи гузаштагон аст. Аммо вазифаи насли имрӯз танҳо ҳифзи ин мерос нест. Мо бояд онро ғанӣ гардонем, ба талаботи замон мутобиқ созем ва барои густариши доираи истифодаи он дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа талош намоем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо ба таври равшан чунин таъкид намудаанд: «Мо бояд забонро на танҳо гиромӣ дорем, балки онро ба забони қудратманди илму фановарӣ, технологияҳои муосир ва иқтисоду дипломатия табдил диҳем».
Ин андеша дар назди аҳли зиё, олимону омӯзгорон, рӯзноманигорону адибон ва махсусан ҷавонон вазифаи муҳими фарҳангӣ ва маънавӣ мегузорад. Забони тоҷикӣ бояд забони андешаи муосир бошад. Забоне, ки бо он метавон таҳлил кард, пажуҳиш намуд, ихтироъ кард, барномаи компютерӣ навишт, дониш тавлид намуд ва бо ҷаҳони муосир гуфтугӯ кард.
Аз ин ҷиҳат, нақши ҷавонон дар ояндаи забони тоҷикӣ бисёр муҳим аст. Ҷавони имрӯз бояд на танҳо қоидаҳои забонро донад, балки бо он дуруст андеша кардан, босаводона навиштан, озодона сухан гуфтан ва донишҳои муосирро баён карданро низ омӯзад. Қудрати воқеии забон дар он зоҳир мегардад, ки он тавонад бо ҷаҳони нав ҳамқадам бошад.
Забони тоҷикӣ барои расидан ба ин марҳала заминаи бузурги таърихӣ ва адабӣ дорад. Забони «Шоҳнома» забони ҳифзи ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ, забони осори Ибни Сино забони андешаи илмӣ, забони Низомӣ ва Саъдиву Ҳофиз забони ҳунари сухан, маърифату ахлоқ ва забони «Шашмақом», забони пайванди мусиқӣ, шеър ва фарҳанги миллист:
Забони безаволи «Шоҳнома»
Забони дар фасоҳат достон аст.
Забони шаҳасарҳои Низомӣ,
Насими «бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» аст.
Забони хомаи Синои оқил,
Забони ҳоли Шарқи бостон аст.
Навои андалеби табъи Ҳофиз,
Каломи Саъдии ширинзабон аст.
Шунав лафзи Камоли нуктадонро,
Ки софу тоза, чун оби равон аст.
Забони модари дилбанди Дониш,
Нидои Айнии оташбаён аст.
Ҳамин мероси бузург моро водор мекунад, ки ба забони тоҷикӣ бо эҳсоси масъулияти бештар муносибат намоем. Забон бо истифодаи дуруст, омӯзиши пайваста, эҷоди истилоҳоти нав, рушди забони илмӣ ва ворид шудан ба фазои рақамӣ неруманд мегардад.
Имрӯз, ки ҷаҳони технологияҳои иттилоотӣ бо суръати бесобиқа рушд мекунад, забони тоҷикӣ низ бояд дар ин фазо ҳузури шоиста дошта бошад. Таҳияи маводи илмӣ ва таълимӣ, рушди захираҳои рақамӣ, истифодаи дурусти забони тоҷикӣ дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, эҷоди муҳтавои босифати тоҷикӣ ва густариши истифодаи он дар технологияҳои муосир аз ҷумлаи вазифаҳое мебошанд, ки ба рушди минбаъдаи забон мусоидат мекунанд. Ба таъкиди Пешвои миллат «...дар ин раванд, бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо бо ҳамин забон бояд андеша ронанд, таҳлил намоянд, ихтироъ кунанд, барнома нависанд ва дари гуфтугӯро бо ҷаҳон боз кунанд».
Ҳифзи забон аз хонавода оғоз мешавад, дар мактаб идома меёбад, дар донишгоҳ рушд мекунад ва дар ҷомеа ба фарҳанги умумӣ табдил меёбад. Агар ҳар яки мо дар гуфтору навиштор ба забони тоҷикӣ эҳтиром гузорем, калимаву ибораҳои дурустро истифода барем, дар ҳақиқат ба бақо ва рушди забони миллӣ хизмати шоистае хоҳем кард.