Корхонаи Фаръии "Алоқаи махсус"

Корхонаи Фаръии "Алоқаи махсус"

Share

Саҳифаи расмии факултети журналистика дар Фейсбук

29/01/2026

Баррасии ҳамкориҳои рақамӣ барои Душанбе

29 январи соли 2026 дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Сардори Хадамот Исфандиёри Саъдулло бо директори КВД «Шаҳри ҳушманд»-и шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ ба масъалаҳои рушди инфрасохтори рақамии пойтахт таваҷҷуҳ зоҳир гардида, татбиқи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе», ҷойгиркунии муваққатии сутунпояҳои алоқаи мобилӣ ва беҳтарсозии сифати интернету алоқа баррасӣ гардид. Ҳамчунин, таъмини Wi-Fi-и ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо ва боғҳо аз мавзуъҳои асосӣ буд.

Ҷонибҳо имкониятҳои лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд», марҳилаҳои татбиқ ва нақши муассисаҳоро шарҳ дода, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.

17/01/2026

Олам ҳама якранг шуд аз муъҷизаи барф...
17.01.2026

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #Тоҷикистон #Таджикистан #Президент #Тоҷикон #Таджики #Душанбе

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Photos from Корхонаи Фаръии "Алоқаи махсус"'s post 10/01/2026

Натиҷагирӣ аз фаъолияти солона дар Хадамоти алоқа

Имрӯз дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара таҳти раёсати Сардори Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло баргузор гардида, натиҷаҳои фаъолияти соҳаи алоқа дар соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар Ҷаласа роҳбарияти муассисаву корхонаҳои тобеи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дар мавриди нишондиҳандаҳои соли 2025, инчунин нақшаву ҳадафҳояшон дар соли 2026 маълумот доданд.

Сайдалӣ Мирзозода, директори КВД «Почтаи Тоҷикистон» зимни баромади худ аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва Роҳбарияти Хадамоти алоқа дар самти рушди хизматрасониҳои почтавӣ ёдовар шуд. Зикр гардид, ки КВД “Почтаи Тоҷикистон” дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати такмили хизматрасониҳои почтавӣ, пайдо намудани шарикони нави ҳамкорӣ, тақвияти робитаҳои байналмилалӣ, густариши шабака ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосири рақамӣ тадбирҳои муассирро амалӣ намудааст.

31/12/2025

Бо фаро расидани Соли нави мелодӣ, таманниёти самимии худро ба шумо иброз дошта, умедворем соли нав барои ҳар яки мо оғози рӯзҳои нек, андешаҳои созанда ва қадамҳои устувор дар зиндагӣ гардад.

Орзумандем, ки ин сол барои кишвари мо соли сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди пайваста бошад.

Хоҳонем соли нав ба зиндагии мардум шодӣ, ба хонадонҳо осоиш ва ба фардои кишвар умеду итминон оварад.

Соли нави мелодӣ гиромӣ бод!

31/12/2025

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
31.12.2025

Photos from Корхонаи Фаръии "Алоқаи махсус"'s post 24/12/2025

🇹🇯 Ҳамдиёрони азиз, тавре огоҳ ҳастед мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи корхонаҳо, муассисаҳои низоми Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти №481 аз 25-уми сентябри соли 2025 бо Фармоиши Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази марка” барҳам дода шуда, вазифаҳои он ба салоҳияти КВД “Почтаи Тоҷикистон” гузаронида шудааст.


Шумо метавонед оид ба харидорӣ намудани тамғаҳои почтавӣ, лифофаҳо ва варақаҳои туҳфавӣ ба КВД “Почтаи Тоҷикистон” муроҷиат намоед.

Суроғаи мо: ш. Душанбе. куч.Қутби Киром 1 (наздикии Терминали “Роҳи оҳани Тоҷикистон”)
Телефонҳо барои тамос: 223 – 01- 09
904 -51 -01 -54
Почтаи электронӣ: [email protected]

*****

🇷🇺 Дорогие соотечественники, как вам известно, в соответствии с Постановлением Правительства Республики Таджикистан «О предприятиях и учреждениях системы Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан» № 481 от 25 сентября 2025 года и Приказом Руководителя Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан Государственное унитарное предприятие «Маркази марка» было ликвидировано, а его функции переданы в ведение ГУП «Почта Таджикистана».

По вопросам приобретения почтовых марок, конвертов и сувенирных листов вы можете обращаться в ГУП «Почта Таджикистана».

Наш адрес: г. Душанбе, ул. Кутби Киром, 1 (вблизи Терминала «Таджикская железная дорога»).
Контактные телефоны:
223-01-09
904-51-01-54
Электронная почта: [email protected]

18/12/2025

Гузориши тасвирӣ аз рафти Чорабинии канории «Tajik-Japan Digital Business Connect» дар доираи Саммити «Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон»

Photos from Корхонаи Фаръии "Алоқаи махсус"'s post 18/12/2025

🇹🇯 Чорабинии канории «Tajik-Japan Digital Business Connect» дар доираи Саммити «Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон»

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон ҷиҳати иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои «Муколаммаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон» ҳамчун ҷаласаи сатҳи олӣ ва қолаби бисёрҷонибаи ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва стратегӣ, як қатор чорабиниҳо ва мулоқотҳои дуҷониба баргузор гардиданд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон дар самтҳои калидӣ равона шуда буданд.

Аз ҷумла, 18 декабри соли равон дар шаҳри Токио дар доираи Саммити «Муколаммаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон», бо мақсади муаррифии зарфиятҳо ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои телекоммуникатсияву алоқа ва технологияҳои рақамӣ чорабинии канорӣ таҳти унвони «Tajik-Japan Digital Business Connect» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур масъулини Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, вобаста ба рушди инфрасохтори соҳаи алоқа ва технологияҳои телекоммуникатсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки чорабинии мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла соҳаи алоқа ва телекоммуникатсия равона гардида, дар он як қатор ширкатҳои хизматрасон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати фаъолона доштанд.

Намояндагони ширкатҳои ватанӣ бо ширкатҳо ва доираҳои соҳибкории Ҷопон вохӯриҳои судманд анҷом дода, таҷрибаи пешқадам, имкониятҳои ҳамкорӣ, лоиҳаҳои муштарак ва маҳсулоту хизматрасониҳои худро муаррифӣ карда, зимнан масъалаҳои рушди стартапҳо, ҷалби сармоягузорӣ, содироти хизматрасониҳои рақамӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва густариши робитаҳои мустақими тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Баргузории чорабинии «Tajik-Japan Digital Business Connect» қадами муҳим дар самти муаррифии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар соҳаи технологияҳои телекоммуникатсионию алоқа арзёбӣ гардида, он ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти рушду такмил, таҷдиди инфрасохтор ва пешниҳоди хизматрасониҳои дорои сатҳу сифати баланд дар соҳаи алоқа ва интернети фарогиру босуръат, мусоидат хоҳад намуд.

Мавриди зикри хос аст, ки иштироки Хадамоти алоқа дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ азми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати рушду навсозии инфрасохтори алоқа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои пешрафта бозгӯ менамояд.

-------

🇷🇺 Рамочное мероприятие «Tajik–Japan Digital Business Connect» в рамках Саммита «Диалог Центральная Азия + Япония»

В рамках рабочего визита Основателя мира и национального единства – Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона в Японию для участия в первом Саммите глав государств «Диалог Центральная Азия + Япония» как встрече на высшем уровне и многостороннем формате политического, экономического и стратегического сотрудничества был проведён ряд мероприятий и двусторонних встреч, направленных на укрепление взаимодействия между Таджикистаном и Японией в ключевых направлениях.

В частности, 18 декабря текущего года в городе Токио в рамках Саммита «Диалог Центральная Азия + Япония» с целью представления потенциала и возможностей Республики Таджикистан в сферах телекоммуникаций, связи и цифровых технологий было проведено рамочное мероприятие под названием «Tajik–Japan Digital Business Connect».

В данном мероприятии приняли участие и выступили представители Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан, которые высказали своё мнение и представили информацию о развитии инфраструктуры связи и телекоммуникационных технологий в Республике Таджикистан.

Следует отметить, что данное мероприятие было направлено на укрепление двустороннего сотрудничества в сфере цифровой экономики, инноваций и информационных технологий, в том числе в области связи и телекоммуникаций, и в нём приняли активное участие ряд сервисных компаний Республики Таджикистан.

Представители отечественных компаний провели содержательные встречи с японскими компаниями и деловыми кругами, представили передовой опыт, возможности сотрудничества, совместные проекты, а также свои продукты и услуги. В ходе встреч были обсуждены вопросы развития стартапов, привлечения инвестиций, экспорта цифровых услуг, внедрения современных технологий и расширения прямых деловых связей.

Проведение мероприятия «Tajik–Japan Digital Business Connect» было оценено как важный шаг в деле представления Таджикистана в качестве надёжного партнёра в сфере телекоммуникационных технологий и связи. Оно будет способствовать реализации стратегических целей страны по развитию и совершенствованию, модернизации инфраструктуры и предоставлению высококачественных услуг в сфере связи и широкополосного и высокоскоростного интернета.

Особо следует отметить, что участие Службы связи в подобных международных мероприятиях свидетельствует о стремлении Республики Таджикистан к развитию и модернизации инфраструктуры связи, повышению уровня и качества услуг, а также расширению международного сотрудничества в сфере передовых технологий.

------

🇺🇸 Holding of the Side Event “Tajik-Japan Digital Business Connect” within the Framework of the “Central Asia + Japan Dialogue” Summit

Within the framework of the working visit of the Founder of Peace and National Unity — Leader of the Nation, President of the Republic of Tajikistan, His Excellency Emomali Rahmon, to Japan to participate in the first Summit of Heads of State of the “Central Asia + Japan Dialogue,” as a high-level meeting and a multilateral format of political, economic, and strategic cooperation, a number of events and bilateral meetings were held aimed at strengthening cooperation between Tajikistan and Japan in key areas.

In particular, on December 18 of the current year, in the city of Tokyo, within the framework of the “Central Asia + Japan Dialogue” Summit, a side event entitled “Tajik-Japan Digital Business Connect” was held with the purpose of presenting the potential and capabilities of the Republic of Tajikistan in the fields of telecommunications, communications, and digital technologies.

Representatives of the Communications Service under the Government of the Republic of Tajikistan participated in the event and delivered speeches, expressing their views on the development of the communications infrastructure and telecommunications technologies of the Republic of Tajikistan.

It is worth noting that the event was aimed at strengthening bilateral cooperation in the field of the digital economy, innovation, and information technologies, including the communications and telecommunications sector, and a number of service provider companies from the Republic of Tajikistan took active part in it.

Representatives of domestic companies held productive meetings with Japanese companies and business circles, presented best practices, cooperation opportunities, joint projects, as well as their products and services. At the same time, issues related to startup development, investment attraction, export of digital services, implementation of modern technologies, and expansion of direct business ties were discussed.

The holding of the “Tajik-Japan Digital Business Connect” event was assessed as an important step in presenting Tajikistan as a reliable partner in the field of telecommunications and communications technologies, and it will contribute to the implementation of the country’s strategic goals in terms of development and improvement, modernization of infrastructure, and provision of high-quality services in the field of communications and comprehensive high-speed internet.

It is particularly noteworthy that the participation of the Communications Service in such international events demonstrates the determination of the Republic of Tajikistan to develop and modernize communications infrastructure, enhance the level and qualit

Photos from Корхонаи Фаръии "Алоқаи махсус"'s post 16/12/2025

Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти алоқа

Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ»-ро дастҷамъона тамошо намуданд.

Дар он роҳбарият ва кормандони Хадамоти алоқа иштирок намуда, нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишварро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои рушди соҳаи алоқа, рақамикунонии хизматрасониҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ аҳамияти муҳим доранд.

Боиси зикри хос аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти алоқа супориш доданд, ки Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040-ро таҳия намуда, онро ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд.

Дар Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки барои таъмин намудани аҳолӣ бо интернети баландсуръат ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Аз ҷумла, ба навсозии хатҳои нахи оптикии байнишаҳрӣ ва афзоиши каналҳои байналмилалии алоқа ишора гардид.

24/11/2025

Ҳамватанони гиромӣ! Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумо самимона шодбошӣ мегӯем.

Парчами миллӣ яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатдории мо мебошад, ки дар худ маънои ҳувияти миллӣ, истиқлолият ва ормони ҳамешагии тоҷиконро таҷассум мекунад.

Парчами давлатии мо имрӯз дар паҳлӯи дастовардҳои кишвар парафшон аст: дар саҳнаҳои варзиш, дар марказҳои илмӣ ва фарҳангӣ, дар ниҳодҳои давлатӣ ва баробар дар назди мардуми одӣ — ҳамчун рамзи ҳамбастагӣ, масъулият ва бовар ба ояндаи равшан.

Ҳамроҳ бо ин рӯзи муборак, барои ҳар хонадони тоҷик сулҳ, бахту баракат, ва барои Ватани азизамон пешрафту шукуфоии ҷовидон орзу менамоем.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бод!

24/11/2025

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
24.11.2025

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ва шарафу ифтихори миллӣ самимона табрик мегӯям.

Парчами давлатӣ барои ҳар як миллати соҳибтамаддун рамзи истиқлоли давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, озодихоҳӣ ва азму иродаи қавии мардум мебошад.

Ҳамчунин, парчами давлатӣ нишонаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва талошу муборизаҳои миллат ба хотири истиқлолу озодӣ ба ҳисоб меравад.

Барафрохтани парчами давлатӣ дар тамоми давру замонҳо бо эҳсоси худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба ҳувияти миллӣ робитаи мустақим дорад.

Таърихи парчамдории мо – тоҷикон реша дар тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат дорад.

Дирафши Ковиёнӣ, ки рамзи давлатдории ориёӣ ва нишонаи иттиҳоду сарҷамъии мардуми куҳанбунёди мо ба ҳисоб рафта, дар тӯли асрҳо ҳамчун парчами нангу номуси ориёитаборон парафшонӣ кардааст, дар адабиёти оламшумули мо ҷойгоҳи хосса дорад.

Беҳтарин намунаи онро дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ мебинем:

Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ,
Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ.
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дирафш».

Фирдавсии бузург умеду орзу ва ормонҳои мардумро тавассути рангҳои парчам таҷассум карда, ба ин васила ҳамватанону ҳамзамонони худро барои ҳифзи сулҳу субот, марзу бум ва таъриху фарҳанги хеш ҳидоят намудааст.

Имрӯз ин суннати деринаи миллӣ дар ҷилои рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол идомаи шоистаи худро дарёфтааст.

Яъне он садое аз таърихи гузаштаи миллати сарбаланди мо буда, ба ҳар шаҳрванд ёдовар мешавад, ки парчами давлатӣ рамзи истиқлол аст ва истиқлол натиҷаи муборизаву талошҳои наслҳои гуногуни миллати сарафрози тоҷик мебошад.

Бо қабули Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, пояҳои давлатдории навини миллӣ гузошта шуданд.

Яъне сию се сол инҷониб мардуми тоҷик зери ин парчами ваҳдатофар дар оромиву осоиш, амнияту субот умр ба сар мебаранд ва кишвари худро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ободу зебо гардонида, дар арсаи олам машҳур карда истодаанд.

Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаҳои дунё муаррифгари кишвари озоду ҳуқуқбунёди мо мебошад.

Он чун нишони давлати соҳибистиқлол дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, олимпиадаҳо ва дигар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мегардад.

Ҳар вақте ки варзишгарони тоҷик ба майдон мебароянд, онҳо на танҳо номи шахсии худ, балки номи Тоҷикистони азизро муаррифӣ менамоянд.

Ҳар пирӯзӣ ва ба ифтихори он баланд шудани парчами давлативу садо додани Суруди миллӣ ва шодии ҳазорон варзишдӯсти кишвар ин арзиши миллиро боз ҳам азизу муътабар мегардонад.

Ин, бешубҳа, намунаи равшани ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ буда, ҳисси ифтихори миллиро дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бедор месозад.

Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, заҳматдӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар яки мо эҳтироми парчами давлатиро ба фарзандони хеш ҳамчун нишони муқаддаси Ватан, рамзи соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ талқин созем, зеро муҳаббату садоқат ба он таҷассумгари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва арзишҳои миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Наслҳои наврас бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки парчами давлатӣ таҷассуми таърихи пурифтихор, фарҳанги бостонӣ ва ормони ниёгони мо буда, гиромидошт ва парафшон нигоҳ доштани он вазифаи виҷдонии ҳар як шаҳрванди худшинос ба ҳисоб меравад.

Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром гузорад, барои боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон саҳми худро гузорад ва ҳаргиз фаромӯш накунад, ки парчам рамзи номус ва шарафи миллат аст.

Мо бояд таҳти ин парчами муқаддас, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъии миллӣ аст, барои ободии Тоҷикистони азиз бо масъулияти баланд заҳмат кашем ва 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем.

Бори дигар Рӯзи парчами давлатиро ба кулли ҳамватанони азиз табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар оромиву осоиш ва иқболи нек орзу менамоям.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #Тоҷикистон #Таджикистан #Президент #Тоҷикон #Таджики #ПарчамиДавлатӣ #ГосударственныйФлаг

Photos from Корхонаи Фаръии "Алоқаи махсус"'s post 20/11/2025

🇹🇯 Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба рушди алоқаи барқӣ (WTDC-2025) дар Боку

Аз 17 то 28 ноябри соли 2025 дар шаҳри Боку (Озарбойҷон) Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба рушдиалоқаи барқӣ (WTDC-2025) баргузор гардида истодааст, ки мақоми олии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барқӣ (ITU) буда, ба масъалаҳои рушди алоқаи барқӣ равона гардидааст.

Дар ин конфронс нақшаи стратегии рушди бахши алоқаи барқии ИБА барои давраи чорсолаи оянда қабул гардида, афзалиятҳои соҳа муайян карда мешаванд.

Дар доираи конфронси мазкур сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло оид ба самтҳои асосии рушди соҳаи алоқа дар ҷумҳурӣ суханронӣ намуд.

----

🇷🇺 Участие делегации Республики Таджикистан во Всемирной конференции по развитию электросвязи (WTDC-2025) в Баку

С 17 по 28 ноября 2025 года в городе Баку (Азербайджан) проходит Всемирная конференция по развитию электросвязи (WTDC-2025), которая является высшим органом Международного союза электросвязи (ITU) и направлена на вопросы развития отрасли электросвязи.

На данной конференции принимается стратегический план развития сектора электросвязи МСЭ на предстоящий четырёхлетний период и определяются приоритетные направления отрасли.

В рамках конференции руководитель Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан Исфандиёр Саидулло выступил с докладом об основных направлениях развития сферы связи в республике.

----

🇺🇸 Participation of the Delegation of the Republic of Tajikistan in the World Telecommunication Development Conference (WTDC-2025) in Baku

From 17 to 28 November 2025, the World Telecommunication Development Conference (WTDC-2025) is being held in Baku (Azerbaijan). This conference is the highest decision-making body of the International Telecommunication Union (ITU) in the field of telecommunication development and focuses on issues related to the advancement of telecommunication services.

During the conference, the strategic plan for the development of the ITU telecommunication sector for the next four-year period is adopted, and the priorities of the industry are defined.

Within the framework of the conference, the Head of the Communications Service under the Government of the Republic of Tajikistan, Isfandiyor Saadulo, delivered a speech on the key areas of development of the telecommunication sector in the country.

Want your school to be the top-listed School/college in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Telephone

Address


К
Dushanbe