Tajik Technical University named after M.S. Osimi

Tajik Technical University named after M.S. Osimi

Share

Tajik Technical University
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ
Таджикский Технический Университет

20/05/2026

Бузургонро бузургон зинда медоранд.

20/05/2026

#ВИДЕОГУЗОРИШ АЗ ҶАРАЁНИ ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ТОҶИКОНА МЕПУШЕМ"!

Photos from Tajik Technical University named after M.S. Osimi's post 20/05/2026

ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РЕКТОР”

Санаи 19 майи соли ҷорӣ бо иштироки муовини аввали ректор, муовини ректор оид ба таълим Маҷидзода Т.С., муовини ректор оид ба тарбия Аҳмадзода Б.С., Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар, сардори раёсати тарбияи ватандӯстии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Дилошуб , муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе Гулзод Маҳкам Ҷума ва раёсати донишгоҳ маросими оғози мусобиқаи варзишӣ байни кормандону омӯзгорони муассиса оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ректор” бахшида ба эълон гардидани “Рӯзи ҷаҳонии футбол” баргузор гардид.

Тоҳир Маҷидзода баъд аз садо додани суруди миллӣ дар назди дастаи варзишгарон суханронӣ намуда, қайд кард, ки баргузории чорабинии варзишӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳо баргузоргардида, ҳадафи аз баргузории он амалӣ намудани Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (САFА), Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ эълон гардидааст ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим байни кормандон, магистрантон ва донишҷӯён мебошад.

Зикр гардид, ки ҳадаф аз ташкил ва роҳандозӣ намудани мусобиқаҳои варзишӣ боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстию рафоқат ва муайян намудани беҳтарин футболбозон дар байни кормандон, магистрантон ва донишҷӯён мебошад.

20/05/2026
Photos from Tajik Technical University named after M.S. Osimi's post 19/05/2026

НУРИ ДУНЁ АЗ ҶАВОНИСТ

Санаи 19 май дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “Нури дунё аз ҷавонист” бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ, Каримзода Нилуфар – Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Розиқзода Дилошуб – сардори раёсати тарбияи ватандӯстии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе Гулзод Маҳкам Ҷума, ҳайати кормандону профессорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабиниро Тоҳир Маҷидзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро аз номи раёсати Донишгоҳ ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, ишора гардид, ки раёсати донишгоҳ ҳамасола Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро дар фазои сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан, бо ташкили чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ ва илмию сиёсӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирад. Инчунин зикр гардид, ки Ҳукумати кишвар шуруъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо назардошти нақши ҷавонон дар раванди бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста иқдом мекунад. Дар ин замина, бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998, таҳти рақами 628 санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид ва масъалаҳои марбут ба дастгирии наврасону ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукмати мамлакат қарор дорад ва ин бесабаб нест. Зеро чӣ тавре, ки Сарвари давлат худ борҳо таъкид намудаанд: “Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад”.

Сипас, Дилошуб Розиқзода суханронӣ намуда, ишора кард, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 23-юми май яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ – Рӯзи ҷавонон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Қобили зикри махсус аст, ки тибқи таҳлилҳои созмонҳои байналмилалӣ, Тоҷикистони мо аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Дар қисмати дигари чорабинӣ, ба як зумра устодону донишҷӯён бо сипосномаҳои омоданамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши кор бо ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва сипосномаҳои шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, барои иштироки фаъолонаашон дар чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ ва илмию сиёсии мамлакат, дар фазои тантанавӣ сарфароз гардонида шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ, аз ҷониби дастаи ҳаваскорони ансамбли “Муҳандисони ҷавон”-и муаасиса ва сарояндагони маҳбуби кишвар баҳри болидарӯҳии меҳмонон ва иштирокчиён барномаи хубу дилкаши фарҳангӣ – фароғатӣ бо рақсу сурудҳои дилнишин пешниҳод гардид.

Photos from Tajik Technical University named after M.S. Osimi's post 19/05/2026

ИШТИРОКИ САРДОРИ ШУЪБАИ ОМОДАКУНИИ КАДРҲОИ ИЛМӢ ВА ИЛМӢ-ПЕДАГОГИИ ДОНИШГОҲ СУЛТОНЗОДА ШЕРХОН ДАР КУРСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОМӮЗИШӢ ДАР ЧИН

Сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии донишгоҳ Султонзода Шерхон дар Курси байналмилалии омӯзишии «Камарбанд ва роҳ» оид ба тавонмандсозии технологияҳои шамол ва нигоҳдории ҳидроген иштирок дорад.

Курси мазкур аз ҷониби Вазорати илм ва технологияҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ташкил гардида, баргузории он ба уҳдаи Донишгоҳи технологии Муғулистони Дохилӣ вогузор шудааст. Ҳамчунин дар ташкили ин барнома ширкатҳои соҳавии чинӣ, аз ҷумла Jiangsu Oliter Energy Technology Co., Ltd, Inner Mongolia Ruili Energy Co., Ltd ва Nanjing Zhongheng Software Technology Co., Ltd ҳамкорӣ менамоянд. Курси омӯзишӣ рӯзҳои 12–26 майи соли 2026 дар шаҳри Ҳух-Ҳотои Муғулистони Дохилӣ баргузор мегардад.

Ҳадафи асосии барнома таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ бо кишварҳои рӯ ба рушд, табодули таҷриба дар самти технологияҳои муосири энергетикаи барқароршаванда ва омода намудани мутахассисони дорои донишу малакаи амалӣ дар соҳаи энергияи бодӣ, офтобӣ, ҳидрогенӣ ва технологияҳои нигоҳдории энергия мебошад.

Дар ҷараёни давраи омӯзишӣ иштирокдорон бо мавзӯъҳои муҳими соҳаи энергетикаи муосир, аз ҷумла рушди устувори энергия ва муҳити зист, технологияҳои истеҳсоли неруи барқ аз шамол, арзёбии захираҳои бодӣ, технологияҳои пешрафтаи фотоэлектрикӣ ва гармии офтобӣ, технологияҳои ҳидрогени сабз, батареяҳо ва усулҳои нави нигоҳдории энергия, инчунин идоракунии ҳамоҳанги низоми энергетикӣ ва микрошабакаҳо шинос мешаванд.

Қисми амалии курс низ фарогири боздид аз озмоишгоҳҳо, корхонаҳои соҳавӣ ва нерӯгоҳҳои бузурги офтобӣ буда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва таҷрибаи иштирокдорон аҳамияти калон дорад. Ҳамзамон, дар доираи барнома чорабиниҳои фарҳангӣ ва муаррифии ҳисоботи кишварҳо низ баргузор мегарданд.

Иштироки Султонзода Шерхон дар чунин барномаи байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти энергетикаи барқароршаванда ва татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти илмӣ ва таълимии кишвар мусоидат менамояд.

Чунин барномаҳои омӯзишӣ барои рушди иқтидори илмӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос заминаи мусоид фароҳам оварда, метавонанд дар татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон нақши муҳим гузоранд.

Photos from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon's post 19/05/2026
Photos from Tajik Technical University named after M.S. Osimi's post 17/05/2026

#СУРАТГУЗОРИШ: АЗ ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С.ОСИМӢ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

Photos from Tajik Technical University named after M.S. Osimi's post 16/05/2026

ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ТАҚСИМОТИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2025-2026 ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТҲОИ СОҲАВӢ, ИДОРАҲО, КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ, МУАССИСАҲО ВА ТАШКИЛОТҲОИ ДАВЛАТӢ ВА ҒАЙРИДАВЛАТӢ

Санаи 15 майи соли 2026 ҷаласаи тақсимотии хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо намояндагон вазоратҳои соҳавӣ идораҳо, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ баргузор гардид. Чунончи намояндаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва Шоҳмансур, ҶСК “Барқи тоҷик”, ҶСК “Азот”, КВД “Амонатбонк”, КВД”Содиротбонк”, КМД заводи таҷрибаӣ ҳарбӣ Вазорати мудофиаи ҶТ, ҶДММ “КНАУФ Маркетинг Душанбе”, ҶДММ “Покиза-М”, Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии “Имод”-и ҶСК Тоҷикгидроэлектромонтаж, ҶСК “СГЭМ”, гуруҳи татбиқи лоиҳаҳо ТТЛ, ҶСК ТГЭМ, ҶСП “Вавилон-М”, ҶСК “Телерадиоком”, КВД Лоиҳакаш”, ҶСК “САНИИОСП” ва Тоқик Телеком иштирок намуданд.

Чорабиниро Тоҳир Маҷидзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳадафи асосии ҷаласа таъмини пайванди устувори низоми таҳсилоти олӣ бо бозори меҳнат, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии мутахассисон ва ҷалби хатмкунандагон ба фаъолияти истеҳсоливу идорӣ арзёбӣ гардид.

Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба тақсимоти мутахассисони ҷавон аз рӯйи ихтисос, мутобиқати донишҳои назариявию амалии донишҷӯён ба талаботи муосири соҳаҳои энергетика, технология, сохтмон, нақлиёт ва саноат мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор дода шуданд.

Намояндагони муассисаҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ оид ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ, густариши таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва ҷалби хатмкунандагон ба фаъолияти касбӣ ибрози назар намуданд. Таъкид карда шуд, ки тақсимоти дурусти хатмкунандагон омили муҳими рушди сармояи инсонӣ, таъмини бозори меҳнат бо кадрҳои баландихтисос ва татбиқи стратегияҳои миллии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.

Photos from Tajik Technical University named after M.S. Osimi's post 16/05/2026

#СУРАТГУЗОРИШ: АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ БАЗМИ ҶАВОНИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОҒИ УСТОД РӮДАКӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ВА 35 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Want your school to be the top-listed School/college in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Telephone

Address


Улица академиков Раджабовых, 10
Dushanbe
734042

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:00 - 17:00