Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Таджикский государственный университет коммерции Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

www.ddtt.tj

http://www.youtube.com/user/TUKTGUK?feature=guide

ХУШХАБАР!ДУ ҲИМОЯ ДАР ЯК РӮЗСанаи 24-уми сентябри соли 2026 ду нафар омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон рис...
24/09/2026

ХУШХАБАР!

ДУ ҲИМОЯ ДАР ЯК РӮЗ

Санаи 24-уми сентябри соли 2026 ду нафар омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон рисолаҳои илмии худро бомуваффақият ҳимоя намуда, иқтидори илмии донишгоҳро боз ҳам тақвият доданд:

• Алиев Маҳмадҷон Баҳронович - дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шурои диссертатсионии муштараки Д999.031.03 КОА-и Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия дар заминаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон рисолаи докторӣ дар мавзуи “Рушди механизми ташкилию иқтисодии беҳсозии хизматрасониҳои гумрукӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ: назария, методология ва амалия”;

• Муҳаммадсафои Исматуллои Саъдуллозода - унвонҷӯи кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шурои диссертатсионии 6D КОА – 093 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рисолаи номзадӣ дар мавзуи “Таърихнигории ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол (1991-2016)”.

Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Маҳмадҷон Алиев ва Муҳаммадсафои Исматуллоро бо ин дастоварди илмӣ табрику муборакбод гуфта, ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва дар фатҳи қуллаҳои нави илм барору комёбиҳо таманно менамоянд.

РАЁСАТИ ДДТТ

ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ АКАДЕМӢ: ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ДДТТ ДАР ФОРУМИ СТРАТЕГИИ ШАРИКОНИ ДОНИШГОҲИ ҚАЗПОТРЕБСОЮЗ24-уми сентябри...
24/09/2026

ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ АКАДЕМӢ: ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ДДТТ ДАР ФОРУМИ СТРАТЕГИИ ШАРИКОНИ ДОНИШГОҲИ ҚАЗПОТРЕБСОЮЗ

24-уми сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи Казпотребсоюзи шаҳри Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми стратегии шарикони Донишгоҳ таҳти унвони «Воқеъияти нави академӣ: салоҳиятҳои пешрафта, трансформатсияи рақамӣ ва иқтидори инсонӣ» баргузор гардид.

Форум ба масъалаҳои мубрами таҳсилоти олӣ, мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи тағйирёбандаи бозори меҳнат, рушди салоҳиятҳои пешрафта, рақамикунонӣ ва истифодаи иқтидори инсонӣ дар шароити нави академӣ бахшида шуд.

Дар кори форум намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилотҳои соҳаи маориф ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.

Дар форум намояндаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон - Қурбонов Абдукарим Раҳимович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок намуд.

Иштироки намояндаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар чунин ҳамоиши байналмилалӣ барои мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар самти ташкили раванди таълим, рушди салоҳиятҳои касбӣ, рақамикунонии таҳсилот ва такмили фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Дар маросими кушодашавии форум Аймагамбетов Еркара Балкараевич, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ректори Донишгоҳи Қазпотребсоюз сухани ифтитоҳӣ намуд.

Зимни ҷаласаи пленарӣ масъалаҳои муҳимми марбут ба рушди таҳсилоти муосир ва бозори меҳнат баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, мавзуъҳои «Ҳамоҳангсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат: аз стандартҳои касбӣ то салоҳиятҳои пешрафта», «Формулаи устувории BRICS+: Инсон, техносфера ва табиат ҳамчун контури ягонаи амният», «Таҳлили таъсири зеҳни сунъӣ ба бозори меҳнати Қазоқистон то соли 2035» ва «Бизнес ва донишгоҳҳо: чӣ гуна фарқияти байни таҳсилот ва бозори меҳнатро коҳиш додан мумкин аст» пешниҳод гардиданд.

Қурбонов Абдукарим Раҳимович дар доираи сафари хизматӣ, инчунин, бо роҳбарият ва сардорони сохторҳои дахлдори Донишгоҳи Казпотребсоюз мулоқот намуда, масъалаҳои мубодилаи таҷрибаи пешқадам, рушди ҳамкориҳои академӣ, табодули устодону донишҷӯён ва роҳандозии ташаббусҳои муштараки таълимӣ ва илмиро баррасӣ намуд. Дар асосноккунии сафари хизматӣ низ баргузории чунин мулоқотҳо ва шиносоӣ бо фаъолияти таълимӣ ва илмии донишгоҳ, аз ҷумла таҷрибаи татбиқи технологияҳои рақамӣ дар раванди таҳсилот пешбинӣ гардида буд.

Форум ҳамчун платформаи муҳимми мубодилаи таҷриба ва муҳокимаи дурнамои рушди таҳсилоти олӣ, рақамикунонӣ ва омодасозии кадрҳои рақобатпазир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои академӣ ва илмӣ мусоидат намуд. Иштироки Қурбонов Абдукарим Раҳимович дар Форум барои табодули таҷрибаи байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, баррасии имкониятҳои ҳамкории минбаъда ва таҳкими робитаҳои академӣ байни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи Казпотребсоюз заминаи мусоид фароҳам овард.

КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ19-уми сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори к...
19/09/2026

КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ

19-уми сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи фаъолияти гумрукӣ Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи “Парадигмаи рушди низоми гумрукӣ дар заминаи рақамикунонии иқтисодиёт” бахшида ба фаъолияти пурсамари илмию омӯзгорӣ ва 70-солагии профессор Раҷабов Раҷаб Кӯчакович баргузор гардид.

Модератори конференсия, муовини ректори ДДТТ оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Ҷамшед Машокиров иштирокчиёнро бо барномаи чорабинӣ шинос намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфта, сухани ифтитоҳиро ба ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар во гузошт.

Хайрулло Холназар меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоиши илмиро шодбош гуфта, қайд намуд, ки дар шароити муосир рушди иқтисодиёти миллӣ, таҳкими амнияти иқтисодии давлат ва густариши муносибатҳои иқтисодии берунӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Гуфта шуд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба рушди фаъолияти гумрукӣ, такмили низоми идоракунии он ва истифодаи технологияҳои муосир таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

Ҳамзамон, иброз гардид, ки мақомоти гумруки кишвар дар таъмини амнияти иқтисодии давлат, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии миллӣ, танзими муносибатҳои иқтисодии берунӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ нақши муҳим дорад. Дар ин замина, рақамикунонии равандҳои гумрукӣ, баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти гумрук, содагардонии расмиёти гумрукӣ ва такмили низоми назорат аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми рушди иқтисодиёти миллӣ ба шумор мераванд.

Инчунин қайд гардид, ки амалӣ намудани вазифаҳои мазкур, пеш аз ҳама, омода намудани мутахассисони баландихтисоси дорои донишҳои муосири назариявию амалӣ ва қобилияти истифодаи технологияҳои рақамиро тақозо менамояд. Дар ин раванд, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ масъулияти муҳим доранд. Зеро сатҳи касбияти кормандони соҳаи гумрук ба сифати омодасозии кадрҳо, мазмуну муҳтавои барномаҳои таълимӣ ва робитаи муассисаҳои таълимӣ бо мақомоти соҳавӣ вобастагии калон дорад.

Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки дар ҳамоиши имрӯза дар баробари баррасии масъалаҳои муҳимми рушди низоми гумрукӣ, инчунин фаъолияти пурсамар ва хизматҳои арзандаи яке аз олимони шинохтаи соҳаи иқтисодиёти ватанӣ - профессор Раҷабов Раҷаб Кӯчакович, ки дар ташаккул ва рушди мактаби илмии иқтисодиёт, бахусус дар самтҳои инфрасохтори нақлиётӣ, соҳаи хизматрасонӣ ва фаъолияти гумрукӣ саҳми назаррас гузоштааст, мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки таҳти роҳбарии профессор Раҷаб Раҷабов 44 нафар аспиранту унвонҷӯ аз рӯйи масъалаҳои гуногуни иқтисодиёт, соҳаи хизматрасонӣ, фаъолияти мақомоти гумрук ва соҳибкорӣ рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро бомуваффақият ҳимоя намудаанд. Ба қалами устод, ки аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорандаи унвони ифтихории «Ходими хизматнишондодаи илм ва маорифи Федератсияи Россия» мебошад, беш аз 60 монография, китоби дарсӣ, дастури таълимию методӣ ва зиёда аз 400 мақолаи илмӣ тааллуқ доранд.

Хизматҳои шоистаи профессор Раҷаб Раҷабов дар соҳаи таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва кадрҳои илмӣ бо нишонҳои «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», «Аълочии кооператсияи матлуботи Тоҷикистон», «Аълочии хадамоти гумруки Тоҷикистон», унвони «Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали ҷашнии 20-солагии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сипоснома ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидаанд.

Ректори донишгоҳ дар фарҷоми суханаш профессор Раҷаб Раҷабовро ба муносибати 70-солагиаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, умри дароз, хотири ҷамъ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти минбаъдаи илмию омӯзгорӣ дастовардҳои нав ба нав орзу намуд.

Дар идомаи конференсия вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд Абдурашид Ҷалилзода, сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эраҷ Ҷӯрабекзода, профессорон Абдуваҳҳоб Набиев, Нозимҷон Нидоев, Абдусаттор Ҷабборов, Абдуғаффор Рауфӣ ва як зумра намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ сухани шодбошӣ гуфта, аз саҳми арзишманди профессор Раҷаб Раҷабов дар рушди илми иқтисодиёт ва хислатҳои наҷиби ин олими варзида ёдовар шуданд.

Сипас, тибқи барномаи конференсия олимон ва мутахассисони соҳа бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои зерин суханронӣ намуданд:

• Раҷабов Раҷаб Кӯчакович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи фаъолияти гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Парадигмаи рушди низоми гумрукӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Черняков Михаил Константинович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи информатикаи амалӣ ва иқтисоди додаҳои Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибири Федератсияи Россия дар мавзуи “Саҳми мактаби илмии профессор Раҷабов Р.К. дар ташаккули парадигмаи омодакунии мутахассисон барои низоми гумрук: таҳлили ретроспективӣ ва дарсҳо барои асри рақамӣ”;

• Насриддинов Фируз Бобоевич, профессори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзуи “Трансформатсияи амнияти иқтисодии берунмарзӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ”;

• Турсунзода Хушрӯз Муталиб, номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники хадамоти гумрук дар мавзуи “Арзёбии таъсири ислоҳоти гумрукӣ ба рушди соҳибкорӣ ва соддагардонии савдои хориҷӣ”;

• Ғаюрӣ Раъно Саидмурод, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи фаъолияти гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Татбиқ ва истифодабарии низоми иттилоотии “Асикудаи ҷаҳонӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Дар қисмати музокиравии конференсия олимон ва ҳамкорони профессор Раҷаб Раҷабов – Абдукарим Қурбонов, Бойалӣ Ҳусейнов, Суҳбатулло Ҳикматов, Саидаҳмад Зубайдов, Баҳодур Раҳмонзода ва чанде дигарон суханронӣ карда, доир ба мавзуи конференсия ва фаъолияти пурсамари илмию омӯзгории Раҷаб Кӯчакович андеша ва хотираҳои хешро баён намуданд.

МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢСубҳи 19-уми сентябри соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирда...
19/09/2026

МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ

Субҳи 19-уми сентябри соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдасӣ бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони “Миллати ҷисман солим-руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст”, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.

Иштироки донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар машқҳои пагоҳирӯзӣ ба тақвияти саломатӣ, баланд бардоштани руҳияи дастҷамъӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.

БУРСИЯҲО БАРОИ ТАҲСИЛ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОНБа диққати донишҷӯён ва хатмкунандагони Донишгоҳ...
18/09/2026

БУРСИЯҲО БАРОИ ТАҲСИЛ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН
Ба диққати донишҷӯён ва хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон расонида мешавад, ки дар доираи ҳамкориҳои байниҳукуматӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон 100 ҷойи бурсиявӣ пешниҳод гардидааст.
Бурсияҳои мазкур барои таҳсил дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура аз рӯйи 45 самт ва ихтисос пешбинӣ гардида, соҳаҳои иқтисод, идоракунӣ, технологияҳои иттилоотӣ, сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва дигар самтҳои марбутро дар бар мегиранд.
Бо мақсади иштироки фаъол дар озмуни мазкур, хоҳишмандон метавонанд вобаста ба шартҳои иштирок, номгӯйи самтҳо ва ихтисосҳои пешниҳодшуда, инчунин тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» муроҷиат намоянд.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то 20 сентябри соли 2026

Барои маълумоти иловагӣ ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии Донишгоҳ муроҷиат намоед.

ЭЪЛОН! КУРСИ РОЙГОН «БАҲИСОБГИРИИ БУХГАЛТЕРӢ»Барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон📊 Дар курс меомӯзед:...
18/09/2026

ЭЪЛОН! КУРСИ РОЙГОН «БАҲИСОБГИРИИ БУХГАЛТЕРӢ»

Барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
📊 Дар курс меомӯзед:
Асосҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ;
Баҳисобгирии дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва сармоя;
Баҳисобгирии воситаҳои асосӣ, молу мавод ва маблағҳои пулӣ;
Баҳисобгирии музди меҳнат;
Даромад ва хароҷот;
Ҳисобҳои бухгалтерӣ ва амалиёти молиявӣ;
Тартиб додани ҳисоботи бухгалтерӣ ва молиявӣ;
Истифодаи барномаҳои компютерӣ барои баҳисобгирӣ;
Корҳои амалии муҳосиб.

🎓 Пас аз анҷоми курс — сертификат дода мешавад.
🆓 КУРС ПУРРА РОЙГОН АСТ!
📅 Муддати курс: 1 моҳ
🚀 Шурӯъи дарсҳо: 01.10.2026
📍 Маркази инноватсионии ДДТТ
Бинои асосӣ, ошёнаи якум, утоқи 107
📞 93 949 55 84
✉️ [email protected]

ЭЪЛОН! КУРСИ РОЙГОН «АСОСҲОИ КОР БО КОМПЮТЕР» HTML / CSSБарои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон💻 Омӯзиши...
18/09/2026

ЭЪЛОН! КУРСИ РОЙГОН «АСОСҲОИ КОР БО КОМПЮТЕР» HTML / CSS
Барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
💻 Омӯзиши амалии HTML ва CSS
🌐 Сохтани веб-саҳифаҳои одӣ
🎓 Сертификат пас аз анҷоми курс
🆓 КУРС ПУРРА РОЙГОН!
Муддати курс: 3 моҳ
Оғози дарсҳо: 21.10.2026
📍 Маркази инноватсионии ДДТТ
Бинои асосӣ, ошёнаи 1, утоқи 107
📞 Тел.: 93 949 55 84
✉️ Email: [email protected]
ҶОЙҲО МАҲДУДАНД!
Шитобед ва сабти ном кунед!

ТАЪЗИЯ Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба профессори кафедраи...
16/09/2026

ТАЪЗИЯ

Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба профессори кафедраи фаъолияти гумрукӣ Раҷабов Раҷаб Кӯчакович бинобар даргузашти ХОҲАРБУЗУРГАШОН ҳамдардии амиқ баён намуда, ба аҳли оила ва наздикону пайвандонашон сабри ҷамил мехоҳанд.

РАЁСАТИ ДДТТ

ТАБРИКОТИ  РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ, ПРОФЕССОР НАЗАРЗОДА ХАЙРУЛЛО ХОЛНАЗАР  БА МУНОСИБАТИ 35 - УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ...
09/09/2026

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ, ПРОФЕССОР НАЗАРЗОДА ХАЙРУЛЛО ХОЛНАЗАР БА МУНОСИБАТИ 35 - УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Муқаддастарин ҷашни миллӣ, яъне 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон сидқан табрику таҳният гуфта, дар касбу коратон, ки бениҳоят заҳматталаб асту масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд, барору комёбӣ орзу менамоям.

Боиси фараҳмандист, ки ҷашни истиқлол ҳамасола дар Ватани азизамон - Тоҷикистони биҳиштосо дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва шукргузорӣ аз сулњу субот ва давлатдорию соҳибистиқлолӣ ҷараён мегирад.

Мусаллам аст, ки пешрафти давлат, ояндаи осудаи ҷомеа ва ободии Ватан аз илму дониш ва саводу маърифат сахт вобаста мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми кӯшишу ғайратамонро баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи давру замон ҷавобгӯ равона намуда, ба ин васила дар пешрафт ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми арзанда гузорем.

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш бо аҳли маорифи кишвар ва ифтитоҳи муассисаҳои таълимӣ бори дигар собит намуд, ки давлату њукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳри зиндагии осоиштаи мардум, пойдории сулҳу субот дар кишвар, минтақа ва сайёра тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст.

Яке аз ин тадбирҳо ин қабул шудани Қатъномаи СММ дар бораи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036 ” мебошад, ки аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид.

Сарвари давлат дар вохурии навбатиашон бо аҳли маориф ҳамаи иштирокдоронро ба ифтихори ҷашни бузурги таърихии кишвар 35 - умин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, аз ҷумла чунин зикр намуданд:

“Истиқлоли давлатӣ ҳастии халқи тоҷикро дар паҳнои ҷаҳон ҳифз кард, адолати таърихиро барқарор сохт, тоҷиконро ба аҳли олам ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз ва таҳаммулгарову сулҳҷӯй муаррифӣ намуд”

Далели ин гуфтаҳо ба Ватан бар гардонидани гурезаҳои солҳои ҷанги шарвандӣ, инчунин ба Ватан овардани турбати қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур, инчунин ходими намоёни давлатӣ Нисормуҳаммад мебошад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми дастовардҳо, аз ҷумла рушду пешрафти соҳаи маорифро самараи истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ номиданд.

Соҳаи маориф, ки дар рушду нумуи он ҳамаи Шумо профессорону омӯзгорон ва кормандон низ саҳми назаррас доред, ба шарофати ғамхориҳои доимии давлату Ҳукумати мамлакат ба яке аз соҳаҳои муҳимму пешрафта табдил ёфтааст.

Аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тайи солҳои охир ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки бешак, ҳамаи онҳо бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва тањкими сулњу вањдати миллї ба даст омадаанд. Беҳтар гардидани заминаи моддиву техникии донишгоҳ далели ин гуфтаҳост.

Истиқлолияти кишвар, ки алҳол 35-умин солгарди он дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ва берун аз он таҷлил мегардад, воқеан ҳам, неъмати бебаҳост. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри он расем, шукрона кунем ва аз истиқлолияти давлатии хеш чун бахти безаволи миллат ифтихор дошта бошем.

Боварӣ дорам, ки мо ҳама дар якҷоягӣ, яъне омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар мулоқот 31.08.2026 бо аҳли маорифи кишвар зикр гардидаанд, сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, дар амалӣ гардонидани онҳо саҳми арзанда мегузорем.

Бори дигар Шумо ҳамкасбону донишҷӯёни азизро бо 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, бароятон дар раванди таълиму тарбия ва донишандӯзӣ комёбию муваффақиятҳои беназирро орзу дорам.

ИСТИҚЛОЛМекашам нафас аз ҳавои Истиқлол,Дар фазои дилам навои Истиқлол.Аз нигоҳи тозааш дилам меболад,Шодиам қимати баҳо...
08/09/2026

ИСТИҚЛОЛ

Мекашам нафас аз ҳавои Истиқлол,
Дар фазои дилам навои Истиқлол.
Аз нигоҳи тозааш дилам меболад,
Шодиам қимати баҳои Истиқлол.

Тапише ба набзи ҷонам Истиқлол,
Гавҳари дили ҷавонам Истиқлол.
Тоираш ҳарири муҳаббатҳо,
Кавкаби ҳадиси баёнам Истиқлол.

Нурборон хонаам аз офтобаш,
Ҷонафзост чашмасори гулобаш.
Шарбати меҳр дар ҳавои атрӣ,
Ҷилваранг гирди рӯйи моҳтобаш.

Манбаи ҳавои баҳорам, Истиқлол,
Шавкати сабои наворам, Истиқлол.
Дар дилам шиҳоби нумӯяш рӯшан,
Шукри беҳад аз ту дорам, Истиқлол.

Музамбила Султонӣ, омӯзгори кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат

Address

Дехоти, 1/2
Dushanbe
734061

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:00 - 15:00

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The School

Send a message to Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон:

Shortcuts

Share