Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми хифзи ичтимоии ахоли

Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми хифзи ичтимоии ахоли

Share

МДТ“Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ"

06/06/2025

Дӯстони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимият аз номи роҳбарият ва ҳайати устодону кормандони Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" Шуморо бо фарорасии Иди саиди Қурбон – яке аз идҳои пурбаракату муқаддаси динии мардуми мусулмон самимона табрику таҳният мегӯем!

Иди Қурбон, ки рамзи имон ва иттиҳод аст, моро ба ҳамбастагӣ, эҳсон, дастгирии ниёзмандон ва покии ният фаро мехонад. Ин рӯзҳои муборак на танҳо ибодати рӯҳонианд, балки сабаби таҳкими ахлоқи ҳамида, ва эҳтироми арзишҳои инсондӯстона мешаванд.

Садоқат, вафодорӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ ва динии мо, ки дар рӯзҳои ид таҷассум меёбанд, бояд раҳнамои зиндагии ҳар яки мо бошанд. Бигзор Иди Қурбон дар дилҳои мо муҳаббат, раҳмдилӣ ва умеду орзӯҳои некро эҳё намояд.

Бо ҳамин ниятҳои неку орзӯҳои самимӣ ба Шумо ва аҳли хонадонатон саломатӣ, файзу баракат, зиндагии пурсаодат ва комёбиҳои навро таманно дорем.

Иди саиди Қурбон муборак бошад!

01/06/2025

Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" тамоми сокинони кишварро, бахусус падару модарон, омӯзгорон, кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва, бешубҳа, кӯдакони азизу меҳрубонро бо фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрик мегӯяд!

Ин рӯз баёнгари таваҷҷуҳу ғамхории башарият нисбат ба насли наврасу болаёқат мебошад, ки онҳо ояндасозони миллат ва фардои дурахшони ҷомеа мебошанд. Кӯдакон ниёз ба муҳити солим, оилаҳои меҳрубон, таҳсилоти босифат ва муҳаббату пуштибонии доимӣ доранд. Маҳз аз ҳамин ҷост, ки масъулияти ҳар як шахс, хоса кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дар таъмини ҳуқуқ, амният ва рушди комили кӯдак беш аз пеш меафзояд.

Мо дар Донишкада, бо дарки амиқи ин рисолати муқаддас, пайваста кӯшиш менамоем, ки сатҳи донишу малакаи кормандони соҳаи иҷтимоиро баланд бардорем, то онҳо тавонанд ҳарчи бештар дар ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон саҳмгузор бошанд.
Ин рӯз барои мо — на танҳо ҷашн, балки рӯзи андеша ва масъулият низ ҳаст. Андеша дар бораи фардои фарзандони миллат ва масъулият дар таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои онҳо.

Садои хандону чашмони пурнури кӯдакон ба мо нерӯ мебахшад ва моро водор месозад, ки барои бунёди ҷаҳони беҳтару бехатар кӯшиш намоем.

Бори дигар, бо ин рӯзи пурнишот ва муҳими байналмилалӣ ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, орзу менамоем, ки ҳар як кӯдаки Ватан бо муҳаббат, меҳрубонӣ ва имкониятҳои васеи рушд иҳота гардад!

Бо эҳтиром,
Роҳбарияти
МДТ "Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ"

Photos from Caritas Germany in Tajikistan's post 13/05/2025
09/05/2025

Мӯҳтарам собиқадорон ва ҳамватанони азиз!

Бо камоли эҳтиром ва ифтихори бузург Шуморо аз номи роҳбарият ва устодони МДТ "Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" ба ифтихори 80-солагии Рӯзи Ғалаба – рӯзи шикасти фашизм ва пирӯзии ҳақ бар ботил, самимона табрик мегӯем!

Рӯзи 9 май барои ҳамаи мо рамзи шуҷоат, фидокорӣ ва ватандӯстии халқи шуҷои шӯравӣ, аз ҷумла фарзандони ҷасури миллати тоҷик аст, ки бо ҷоннисорӣ ва корнамоиҳои бемислашон сулҳ ва оромиро барои наслҳои оянда таъмин намуданд.

Мо бо сарбаландӣ ва эҳтироми беандоза ёди шаҳидони ҷангро пос медорем ва ба собиқадорони зиндабоши Ҷанги Бузурги Ватанӣ сидқан арҷ мегузорем. Зиндагӣ, осоиштагӣ ва рушду пешрафти имрӯзаи мо — натиҷаи заҳмату ҷоннисориҳои онҳо мебошад.

Дар ин рӯзи муборак ба ҳамаи Шумо саломатии бардавом, рӯзгори обод, сулҳу субот ва бахту саодати рӯзгор таманно дорем.

21/03/2025

https://www.facebook.com/100064822143470/posts/1101750821995646/?mibextid=rS40aB7S9Ucbxw6v

Паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ
20.03.2025
https://president.tj/event/news/50153

Ҳамватанони азиз!

Фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.

Орзумандам, ки рӯзу рӯзгоратон аз файзу баракати ин ҷашни зебои табиат ҳамеша пур аз шодиву нишот бошад.

Наврӯз ҷашни бузурги миллии мо – тоҷикон ва оғози соли нави аҷдодӣ аст, ки ба пешвози фарорасии он табиат ва тамоми мавҷудоти олам эҳё мешавад ва дар ҷону руҳи инсонҳо умед ба зиндагӣ ва дӯст доштани он дигарбора зинда мегардад.

Яъне Наврӯз айёми гузариш ба фасли нави зиндагӣ, пирӯзии гармӣ бар сардӣ, ҷашни равшанӣ ва нур, дӯстиву муҳаббат, шодиву хурсандии ҳамагонӣ ва шукуфтани орзуҳо мебошад.

Аҷдоди фарҳангиву тамаддунсози мо тавонистаанд, ки ҷашни Наврӯз ва расму ойинҳои онро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳифзу нигоҳдорӣ карда, то ба рӯзгори мо расонанд.

Наврӯз, ки решаҳои он аз суннатҳои фарҳангии ниёгони мо сарчашма мегиранд, рамзи эҳтиром ба табиат, арҷгузорӣ ба арзишҳои инсондӯстона ва қаробату ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад.

Ин ҷашни зебои табиӣ дар раванди рушди таърихӣ бо ҳикмату фалсафаи инсонпарваронааш ба тамаддуну фарҳангҳои дигар таъсири амиқ расонида, аз ҷониби халқу миллатҳо тадриҷан пазируфта шудааст.

Яке аз омилҳои ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани Наврӯз маҳз аз ҳамин иборат аст.

Бояд гуфт, ки маҳз унсурҳои неку писандидаи маънавӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Наврӯз ва ҳамоҳангӣ бо табиат инсонҳоро ба ҳам меоваранд, муттаҳиду муттафиқ месозанд, муносибати байни онҳо ва вазъи руҳии онҳоро дар ҳоли эътидолу оромӣ ва шодиву сурур нигоҳ медоранд.

Зеро ҳамаи оийнҳои наврӯзӣ дорои аҳаммияти инсондӯстона, ҳикмати рӯзгор ва ташвиқи ҳаёти орому осоиштаи аҳли башар мебошанд.

Ҳамдиёрони арҷманд!

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва мардуми покниҳоду фарҳангпарвари он меросбари ҳақиқии ин ҷашни оламгир эътироф шудаанд, зеро тамоми суннату ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз маҳз дар сарзамини аҷдодии мо ва дар тамоми қаламрави кишвари биҳиштосоямон поку беолоиш ҳифз гардидаанд.

Яъне Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст.

Маҳз расму ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз ва дигар ҷашнҳои ориёӣ, аз ҷумла Сада, Тиргон ва Меҳргон, ки дар кишвари мо аз баракати соҳибистиқлолӣ эҳё гардидаанд, омили пойдориву мондагории арзишҳои милливу фарҳангӣ ва илмиву адабии мардуми ориёитабор дар саҳифаҳои таърих мебошанд.

Бинобар ин, ҳар як фарди ватандӯст ва бонангу номус дар ҳифзи ин суннату анъанаҳо ва баргузории шоистаи ҷашнҳои бостонии мардумӣ бояд саҳмгузор бошад.

Наврӯз дар Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон на танҳо ҳамчун ҷашни фарҳангиву мардумӣ, балки ба сифати суннати муҳимми эҳёи табиат ва талош барои фаровонӣ азизу гиромӣ дониста мешавад.

Яъне Наврӯз ҷашни пайванди инсон бо табиат буда, одамонро ба амалҳои созандаву ободгарона талқин мекунад ва ба онҳо илҳому неру мебахшад.

Ин аст, ки мардуми заҳматпешаи мо баъд аз ҷашни Сада ва дар арафаи Наврӯз тибқи анъанаи гузаштагонамон омодагиро ба корҳои бунёдкорӣ, аз ҷумла кишоварзӣ ва ниҳолшинонӣ вусъат мебахшанд.

Доир ба ин масъала, ман зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» гуфта будам, ки дар доираи иҷрои «Барномаи кабудизоркунии табиати кишвар то соли 2040» бояд зиёда аз ду миллиард бех ниҳол шинонида шавад.

Ҳоло таъкид менамоям, ки маҳз айёми Наврӯз – замони эҳё гардидани табиат барои татбиқи ин ҳадафи бузург фурсати бисёр муҳим мебошад.

Яъне ҳамаи моро зарур аст, ки рӯзҳои мусоиди баҳорро ҷиҳати ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвари биҳиштосоямон самаранок истифода барем.

Ҳамватанони мо хуб медонанд, ки солҳои охир бар асари мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим вазъи ҷаҳон торафт мураккабу буҳронӣ гардида, амнияти озуқавории кишварҳоро таҳти хатари ҷиддӣ қарор дода истодааст.

Чунин шароит моро водор месозад, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи хосса дода, барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худӣ беш аз пеш кӯшиш намоем ва тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо ба ин самт равона созем.

Аз ин рӯ, кишоварзони мамлакат ва ҳамаи онҳое, ки дар ихтиёри худ як порча замин доранд, бояд аз ҳар як рӯзи мусоиди баҳорӣ самаранок истифода карда, гирифтани се – чор ҳосилро таъмин намоянд ва истеҳсоли маҳсулоти ғизоиро афзоиш диҳанд.

Ҳар як оилае, ки соҳиби замини президентӣ ва наздиҳавлигӣ мебошад, бояд ҳар ваҷаби онро барои таъмини оилаи худ бо озуқаворӣ ва захираи маводи ғизоӣ самаранок истифода намояд.

Мардуми азизи Тоҷикистон тибқи суннатҳои неки Наврӯзи аҷдодӣ ба истиқболи ин ҷашни фархунда макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либоси худро тозаву озода ва нав мекунанд, кинаву адоватро аз қалби худ пок месозанд ва ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду пурмеҳр табрик мегӯянд.

Ҳамдиёрони мо дар ин айём, ҳамчунин, амалҳои хайру савоб, аз ҷумла кумаку дастгирии ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату ниёзмандонро анҷом медиҳанд.

Моро зарур аст, ки бо Наврӯзи аҷдодиамон, ки ҷашни байналмилалӣ эълон гардидааст, ифтихор намоем, онро азизу гиромӣ дорем.

Зеро ҷашни Наврӯз барои мо рамзи ваҳдати миллӣ ва дӯстиву муҳаббат буда, дирӯзу имрӯз ва фардои мо – мардуми ориёитаборро ба ҳам мепайвандад.

Бовар дорам, ки Наврӯзи оламафрӯз ва Соли нави аҷдодӣ бо қадамҳои некаш ба хонадони мардуми бонангу номус ва фарҳангдӯсту сулҳпарвари тоҷик саломативу хушҳолӣ ва фатҳу кушоишҳои нав меоварад.

Мо бояд ҳар рӯзи баҳорро барои ниҳолшинонӣ, тозаву озода кардани ҳар як хонаву кошона ва сарсабзу хуррам гардонидани маҳалли зисти худ, созандагиву ободонии Ватани азизамон ва заҳмати аҳлонаи хурду бузурги кишвар истифода барем.

Мо сарзамини аҷдодиамонро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва бо дастони худамон обод месозем, давлати соҳибихтиёрамонро неруманду пешрафта мегардонем, коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд мекунем ва барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё менамоем.

Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки мардуми мо ҳама гуна ҷашну хурсандӣ, хусусан, Наврӯзро бо хонаи тозаву озода, зоҳири зебову ороста ва ботини поку беолоиш истиқбол мегиранд.

Мо набояд фаромӯш кунем, ки тоҷикон дар байни мардумони ҷаҳон ҳамчун миллати фарҳангӣ шинохта ва эътироф шудаанд.

Мо бояд номи неки миллати фарҳангиро бо одоби баланди инсонӣ ва маданияти либоспӯшӣ дар ҳама ҷо, бахусус, ҳангоми ба пойтахт омадан ва сафар ба кишварҳои дигар пос дорем.

Зимнан, хотирнишон менамоям, ки айёми Наврӯз беҳтарин фурсат барои баргузории ҳар гуна ҳамоишу озмунҳо ҷиҳати таблиғу муаррифии либосҳо ва таомҳои миллӣ мебошад.

Ҳамчунин, дар хотир бояд дошт, ки дар байни мардуми мо забҳи чорво барои гузаронидани чорабиниҳои наврӯзӣ роиҷ нест.

Ин ҷашнро гузаштагони мо бо омода кардани таомҳои миллӣ аз гиёҳҳои шифобахши диёри биҳиштосоямон ва бо риояи қоидаҳои сарфаю сариштакорӣ баргузор менамуданд.

Дар ин раванд, мо бояд ба тарбияи фарзандон аз хурдсолӣ ва ба камол расонидани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯй ба талаботи асри пешрафти илму техника ва технологияҳо диққати аввалиндараҷа диҳем.

Бо итминон ба ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстии мардуми сарбаланди кишвар изҳор менамоям, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва минбаъд низ мо ҳама якҷо бо кору фаъолияти содиқона Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар ҷаҳон баландтар мебардорем.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар тамоми мардуми азизи Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни Наврӯз самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзӣ саломатӣ, хонаи обод, бахту иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям.

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборак бод, ҳамватанони азиз!

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #Тоҷикистон #Таджикистан #Президент #Тоҷикон #Таджики #Наврӯз #Навруз

08/03/2025

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст

Ҳарчи дорад ин ҷамоъат аз дуои модар аст !

Ончи дар васфи биҳишт фармуд Қуръони карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто зери пои модар аст.

Модар - калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст. Вале дар мазмуну мӯҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шуданд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд! Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.Ба тамоми бонувони тоҷик, ба модарони арҷманду воломақом, ба хоҳарони азизу меҳрубон хоҳонем, ки ҳамеша саодатманду сарбаланд ва тансиҳату комёб бимонанд.
ИДАТОН МУБОРАК МОДАРОН ВА БОНУВОНИ АЗИЗ!!!

23/02/2025
Photos from Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми хифзи ичтимоии ахоли's post 14/02/2025

Имрӯз муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сарпарасти соҳа муҳтарам Шодихон Ҷамшед, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат Қудратулло Қурбонов ва мудири Бахши хизматрасонии иҷтимоӣ ва кор бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Юсуфзода Фахриддин ба МДТ ”Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташриф оварда, бо фаъолияти Донишкада шинос шуда, бо мудирони кафедраҳои кори иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ, баъдидипломии кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва экспертизаи тиббӣ-иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ ва устод-омӯзгорон суҳбат оростанд. Зимни сӯҳбат ҷиҳати рушди минбаъдаи фаъолияти Донишкада ва кафедраҳо тавсияҳои муфид пешниҳод карда шуданд.
Ҳамзамон, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шодихони Ҷамшед дар раванди курси такмили ихтисоси кормандони иҷтимоии марказҳои хизматрасонии иҷтимоии шаҳри Хоруғу ноҳияи Шуғнон ва шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб, ки тариқи маҷозӣ (онлайн) баргузор гардида истодааст, иштирок намуданд ва бо шунавандагон оид ба фаъолияти кориашон саволу ҷавоб намуда, барои баланд бардоштаи савияи донишу малакаи касбиашон мувафақият орзу намуданд.

Want your school to be the top-listed School/college in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Category

Website

Address


Варзобский район
Dushanbe
734017

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00