Литсей барои хонандагони болаёқат дар ш.Душанбе

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Литсей барои хонандагони болаёқат дар ш.Душанбе

Литсей барои хонандагони болаёқат дар ш.Душанбе MINISTRY OF EDUCATION AND SCIENCE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN
State Educational Institution “Lyceum for Gifted Students” in Dushanbe

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲ АЗ 35-СОЛАГИИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСА          Бо мақсади дар сатҳи...
08/09/2026

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲ АЗ 35-СОЛАГИИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСА

Бо мақсади дар сатҳи баланди омодагиҳо таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи чорабиниҳои муассиса, санаи 8 сентябри соли 2026 дар толори фарҳангии муассиса бо иштироки хонандагон ва омӯзгорон чорабинии фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони “Мо насли хушбахти замонем” баргузор гардид.
Чорабинии идона бо сухани ифтитоҳии директори муассиса оғоз ёфт. Мавсуф омӯзгорону хонандагонро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ табрик намуда, дар бораи дастовардҳои сиву панҷ соли соҳибистиқлолӣ ва нақши истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, пешрафти кишвар ва рушди илму маориф суханронӣ кард.
Дар чорабинӣ профессори кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Миралиён Қиёмиддин Абдусалим иштирок намуда, вобаста ба аҳамияту моҳияти ин санаи таърихӣ ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик маъруза кард.
Ҳамчунин, дар доираи чорабинӣ маросими ҳавасмандгардонии хонандагони фаъол баргузор гардида, дар идома хонандагон барномаи рангини фарҳангиро, ки аз шеъру сурудҳои тараннумгари ватандӯстиву ватандорӣ иборат буд, пешкаши иштирокдорон намуданд.

ДУРАХШИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙ ДАР OIBO-2026 — ПИРӮЗИИ ДОНИШ ВА ТАЛОШ        Аз 15 то 22 майи соли 2026 дар Минтақаи федерал...
23/05/2026

ДУРАХШИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙ ДАР OIBO-2026 — ПИРӮЗИИ ДОНИШ ВА ТАЛОШ

Аз 15 то 22 майи соли 2026 дар Минтақаи федералии «Сириус»-и шаҳри Сочии Федератсияи Русия дуюмин Олимпиадаи байналмилалии кушодаи биологӣ (OIBO-2026) баргузор гардид. Дар ин сабқати бонуфуз зиёда аз 100 нафар хонанда аз 17 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арабистони Саудӣ, Бангладеш, Индонезия, Венесуела, Туркия, Тайланд, Африкаи Ҷанубӣ Миянма, Оссетия, Абхазия ва Камбоҷа иштирок намуданд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагони Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе — Шокиров Рошиддин, Зоирова Мушарраф ва Нозими Тоҳир иштирок намуда, бо сатҳи баланди дониш, малакаи илмӣ ва ҷаҳонбинии илмии худ Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ сазоворона муаррифӣ карданд.
Дар натиҷаи рақобати шадиди зеҳнӣ дар даврҳои назариявӣ ва амалӣ хонандагони синфи 11-и литсей, Шокиров Рошиддин ва Зоирова Мушарраф ба гирифтани ҷойи сеюм сарфароз гардиданд. Ин дастовард бозгӯи сатҳи баланди омодагии таълимӣ, қобилияти таҳлилӣ ва заҳмати пайвастаи хонандагон ва омӯзгорон мебошад.
Ҳамчунин, дар даври лоиҳавӣ дастаи хонандагони Тоҷикистон бо пешниҳоди лоиҳаи илмӣ вобаста ба мавзӯи «Определение пола радужной форели методом генетического анализа» сазовори медали тилло гардиданд. Лоиҳа аз ҷониби ҳайати доварон барои муҳтавои илмӣ, навоварӣ ва аҳамияти экологии худ баҳои баланд гирифта, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.
Қобили зикр аст, ки чунин дастовардҳо маҳз дар заминаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ва дастгириҳои пайвастаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди қобилияти зеҳнии наврасону ҷавонон ба даст меоянд. Фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, омодасозии хонандагони болаёқат ва дастгирии ташаббусҳои илмӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки барои баланд бардоштани нуфузи маорифи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд.
Маъмурияти литсей ин пирӯзиро ҳамчун натиҷаи заҳмати содиқонаи хонандагон, омӯзгорон, волидон ва дастгирии пайвастаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ба иштирокчиён дар роҳи фатҳи қуллаҳои нави илмӣ комёбиҳои бештар орзу менамояд.

ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ЛИТСЕЙ        Бо мақсади дар сатҳи баланд ва бо шаҳомати хос таҷлил намудани ҷашни байналмил...
17/03/2026

ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ЛИТСЕЙ

Бо мақсади дар сатҳи баланд ва бо шаҳомати хос таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, дар Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Дар оғози чорабинии идона директори муассиса Сироҷиддинзода Одил ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашни бостонӣ самимона табрик намуда, таъкид доштанд, ки Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои тамаддуни ниёгон имрӯз бо ташаббусу талошҳои сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди фархундаи миллии мо Наврӯзи Аҷам аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҷашни байналмиллалӣ эълон гардид. Наврӯз барои мардуми мо натанҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.
Зикр гардид, ки ин ҷашни фархунда рамзи эҳёи табиат, худшиносии миллӣ ва омили муҳими таҳкими рӯҳияи созандагиву ободкорӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи чорабинӣ як гурӯҳ хонандагони фаъолу болаёқат барои дастовардҳои назаррас дар озмунҳои фаннию фарҳангӣ бо диплом ва сипосномаҳои муассиса қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон, барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ як қатор омӯзгорон низ бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Қисмати фарҳангии барнома бо иштироки хонандагони соҳибистеъдод дар сатҳи баланд баргузор гардида, шеъру таронаҳои наврӯзӣ, рақсу сурудҳои дилнишин ва саҳнаҳои ҷолиб фазои идонаро рангоранг ва хотирмон гардониданд.
Ҳамчунин, иштирокчиён бо оростани дастархони миллӣ, намоиши суннатҳои қадимаи аҷдодӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва баргузории бозиҳои шавқовару мусобиқаҳои варзишӣ Наврӯзро бо рӯҳияи болида ва эҳсоси ифтихори миллӣ таҷлил намуданд.

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ДАР ЛИТСЕЙ         Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей...
14/03/2026

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ДАР ЛИТСЕЙ

Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Дар озмун иштирокчиён тибқи талаботи низомнома ба се зергурӯҳ ҷудо гардиданд:
- хонандагони синфҳои 1-4;
- хонандагони синфҳои 5-8;
- хонандагони синфҳои 9-11.
Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа гузаронида мешавад.
Иштирокчиён порчаҳои гуногун аз шоҳасари безаволи адабиёти форсу тоҷик – «Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ-ро бо маҳорати баланд қироат намуда, донишу истеъдоди худро ба намоиш гузоштанд.
Қобили зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик дар соли 2026 баргузор мегардад.

ЭЪТИРОФИ ШОИСТА ДАР РУШДИ ҲАРАКАТИ ОЛИМПӢ        Санаи 27 феврали соли 2026 дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳ...
28/02/2026

ЭЪТИРОФИ ШОИСТА ДАР РУШДИ ҲАРАКАТИ ОЛИМПӢ

Санаи 27 феврали соли 2026 дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Олимпиадаҳои фаннӣ ҳамчун яке аз воситаҳои муассири дарёфт ва рушди хонандагони болаёқат арзёбӣ гардида, дар такмили ҷаҳонбинии илмӣ, ташаккули тафаккури таҳлилӣ ва таҳкими малакаҳои зеҳнӣ нақши муҳим мебозанд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар маросими ҷамъбасти натиҷаҳо Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе барои фаъолияти босамар дар рушди ҳаракати олимпӣ ва ишғоли шумораи зиёди ҷойҳои ифтихорӣ дар даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннӣ, сазовори мақоми дуюм дар номинатсияи «Панҷгонаи беҳтарин муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта ва муассисаҳои таҳсилоти ғайридавлатӣ (хусусӣ) гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе бо дарназардошти дастгириҳои пайвастаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди таълиму тадрисро вусъат бахшида, дар ин замина ҷиҳати рушди дастаи ҳаракати олимпӣ ва муррифии нерӯи зеҳнии хонандагон дар дохил ва хориҷӣ кишвар саҳми арзанда хоҳад гузошт.

СОЗМОНИ ХОНАНДАГОН: АЗ САВГАНД ТО САДОҚАТ БА ВАТАН!                 Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонанда...
26/02/2026

СОЗМОНИ ХОНАНДАГОН: АЗ САВГАНД ТО САДОҚАТ БА ВАТАН!

Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ бахшида ба 26-солагии таъсисёбии Созмони хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ ташкил ва баргузор гардид.
Чорабинии тантанавӣ тибқи муқаррарот бо гузориши роҳбари Созмони хонандагони муассиса оғоз гардида сипас суруди “Дунёи миллат” аз ҷониби хонандагон садо дода, дар идома хонандагони синфи панҷум бо ёд намудани савганд ба сафи зинаи “Ворисони Сомониён” қабул гардида, аз ҷониби роҳбарият ва омӯзгорони муассиса ба онҳо гарданбанд ва нишони сарисинагӣ, ки рамзи ҳастии Созмон мебошад пӯшонида шуд.
Созмони хонандагон яке аз сохторҳои муҳими соҳаи маориф мебошад, ки дар самти рушд ва пешбурди таълиму тарбия нақши созгоре дошта, заминаи мустаҳкамеро барои маърифатнокӣ ва масъулиятшиносии хонандагон фароҳам меорад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар чорабинии мазкур 163 нафар хонанда ба сафи зинаи Ворисони Сомониён ва 42 нафар хонанда сафи зинаи Сомониён пазируфта шуданд.
Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ташкили корҳои тарбиявӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонида барои боз ҳам бештар ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.

ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЛИТСЕЙ: ОҒОЗИ ДАВРИ ДОХИЛИМУАССИСАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”       Дар Му...
25/02/2026

ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЛИТСЕЙ: ОҒОЗИ ДАВРИ ДОХИЛИМУАССИСАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Дар даври мазкур хонандагон тибқи талаботи низомномаи Озмун иштирок намуда, маҳорати қироат, ҳифз, таҳлил ва шарҳи осори адибони классику муосирро бо сатҳи баланди омодагӣ пешниҳод намуданд. Озмун дар фазои шаффоф ва рақобати солим доир гардида, дониши амиқ ва нутқи равони иштирокчиён аз ҷониби ҳайати ҳакамон мавриди арзёбии воқеӣ қарор гирифт.
Ғолибони даври дохилимуассисавӣ муайян гардида, барои иштирок дар марҳилаи навбатии озмун пешниҳод шуданд. Баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ дар муассиса ба рушди ҷаҳонбинии хонандагон, таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ мусоидат менамояд.

РУШДИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ МАОРИФ: КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ ДАР ЛИТСЕЙ        Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литс...
12/02/2026

РУШДИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ МАОРИФ: КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ ДАР ЛИТСЕЙ

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар доираи Ҳафтаи фанни математика баргузор гардид.
Дар конференсия Раҳимзода Алишер, директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои физикаю математика, Назрублоев Насрулло, мудири шуъбаи алгебра назарияи ададҳо ва топологияи институт, номзади илмҳои физикаю математика ва ғолибони озумуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуданд.
Конференсияро директори муассиса Сироҷиддинзода Одил ифтитоҳ намуда, вобаста ба ҳадафу вазифаҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” андешаронӣ намуда, зарурати таҳкими сифати таълим ва ҷалби хонандагон ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ибрози назар намуд.
Сипас Раҳимзода Алишер зимни суханронии худ ба нақши бунёдии математика дар рушди технологияҳои муосир, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ ишора намуда, таъкид дошт, ки дастгирии хонандагони болаёқат ва ҷалби онҳо ба корҳои тадқиқотӣ бояд аз зинаи мактаб оғоз гардад. Ҳамзамон, зарурати густариши ҳамкориҳои илмӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ махсусан таъкид гардид.
Дар идомаи конференсия маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод гардида, масъалаҳои мубрами алгебра, назарияи ададҳо ва такмили усулҳои муосири таълими математика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Чорабинӣ собит сохт, ки ҳамгироии мактаб ва илм, пайванди устодону олимон ва ташаккули муҳити рақобатпазири зеҳнӣ – заминаи устувори рушди илму маорифи миллӣ мебошад.

ХОНАНДАИ ЛИТСЕЙ – БАРАНДАИ  «ҶОМИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ СЛАВЯНИИ ТОҶИКИСТОН-РОССИЯ»       Дар донишгоҳи славянии Тоҷикистон-...
03/02/2026

ХОНАНДАИ ЛИТСЕЙ – БАРАНДАИ «ҶОМИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ СЛАВЯНИИ ТОҶИКИСТОН-РОССИЯ»
Дар донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони озмуни ҷумҳуриявии зеҳнӣ барои дарёфти “Ҷоми Раёсати донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия” бо иштироки ректори донишгоҳ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ ва ғолибони озмун баргузор гардид.
Боиси сарфаросизт, ки хонандаи синфи 11-и Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Душанбе Шаропов Сино бо нишон додани сатҳи баланди дониш, тафаккури мантиқӣ ва омодагии ҷиддии илмӣ ғолиби мутлақи озмуни мазкур ҳисобида шуда, сазовори “Ҷоми Раёсати донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия” гардид.
Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии зеҳнӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати дарёфти «Ҷоми Раёсати донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия» дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфт ва дастгирии хатмкунандагони болаёқат, рушди иқтидори зеҳнӣ ва эҷодии онҳо, инчунин мусоидат ба интихоби бошууронаи касб баргузор гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки иштирок ва пирӯзии хонандагони литсей дар чунин олимпиадаҳо далели возеҳи самаранокии раванди таълим, маҳорати баланди касбии омӯзгорон ва талоши худи таълимгирандагон дар роҳи аз худ намудани донишҳои муосир ба шумор меравад. Ин муваффақият на танҳо дастоварди шахсии Шаропов Сино, балки мояи ифтихори тамоми ҳайати омӯзгорон ва хонандагони муассиса мебошад.

Address

Маяковский 27/1
Dushanbe
734000

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:00 - 12:00

Telephone

+992372352755

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Литсей барои хонандагони болаёқат дар ш.Душанбе posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The School

Send a message to Литсей барои хонандагони болаёқат дар ш.Душанбе:

Shortcuts

Share

Category