Финансовая грамотность в Таджикистане

Финансовая грамотность в Таджикистане Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Финансовая грамотность в Таджикистане, Education Website, Проспект Рудаки, 38/1, Dushanbe.

Маълумоти муфид барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Полезная информация для повышения финансовой грамотности населения Республики Таджикистан.

24/09/2026

Навор аз рафти форуми «Саводнокии молиявӣ», ки 24-уми сентябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод баргузор гардид.

Дӯстони азиз! Ба Шумо барномаи фестивали «Саводнокии молиявӣ»-ро, ки пагоҳ, яъне 24-уми сентябри соли ҷорӣ дар толор ва ...
23/09/2026

Дӯстони азиз!

Ба Шумо барномаи фестивали «Саводнокии молиявӣ»-ро, ки пагоҳ, яъне 24-уми сентябри соли ҷорӣ дар толор ва майдони назди Қасри фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод баргузор мегардад, манзур менамоем.

Даромад ройгон аст!

Биёед ва якҷо бо мо донишҳои молиявии худро боз ҳам бештар намоед!
Мо Шуморо интизорем!

Дӯстони арҷманд!Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар доираи фестивали «Саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати ва...
21/09/2026

Дӯстони арҷманд!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар доираи фестивали «Саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ намоиши хизматрасониҳои молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ баргузор карда мешавад. Намоиши мазкур 24-уми сентябри соли ҷорӣ дар назди бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод доир гардида, аз соати 09:00 то 14:00 идома хоҳад ёфт.

Биёед ва дар бораи хизматрасониҳои молиявӣ маълумот пайдо намуда, оид ба тарофа ва дигар шартҳои асосии онҳо аз мутахассисон маслиҳату машваратҳои ройгон гиред. Фурсати муносибро барои ба даст овардани маълумоти муфиди молиявӣ аз даст надиҳед!

Даромад ройгон аст!

Дӯстони азиз! Ба Шумо маълумот дар бораи баромадкунандагони форуми саводнокии молиявӣ ва мавзуъҳое, ки онҳо мавриди барр...
18/09/2026

Дӯстони азиз!

Ба Шумо маълумот дар бораи баромадкунандагони форуми саводнокии молиявӣ ва мавзуъҳое, ки онҳо мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, манзур менамоем.

Мансуров Шаҳбоз - сармутахассиси департаменти низоми пардохти БМТ
Мавзуи баррасишаванда:“Пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи бехатари онҳо”

Мирзоев Фаридун - сармутахассиси идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии БМТ
Мавзуи баррасишаванда: “Қаллобӣ дар интернет ва роҳҳои пешгирии он”

Ҳамроев Шуҳрат – мутахассиси пешбари идораи назорати суғуртавии БМТ
Мавзуи баррасишаванда: “Суғуртаи саломатӣ ва ҳаёт”

Ибодов Нурали – сардори идораи стратегия, таҳлил ва ҷамъбасти департаменти рушд ва омори бонкии КВД БА ҶТ “Амонатбонк”
Мавзуи баррасишаванда: “Банақшагирии буҷети оила ва муҳиммияти пасандозгузорӣ”

Биёед, 24 сентябр дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод аз соати 09:00 мо Шуморо мунтазирем!

Даромад ройгон аст.

Дӯстони гиромӣ!Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки 24 сентябри соли ҷорӣ аз соати 09:00 то 14:00 дар доираи фестивали "Савод...
16/09/2026

Дӯстони гиромӣ!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки 24 сентябри соли ҷорӣ аз соати 09:00 то 14:00 дар доираи фестивали "Саводнокии молиявӣ" дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод "Форуми саводнокии молиявӣ" баргузор мегардад, ки дар он намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ дар мавзуъҳои муҳим ва мубрами низоми молиявӣ бо рӯнамо баромад менамоянд!

Даромад ройгон аст!

13/09/2026

Дӯстони азиз!

Бо хушнудӣ хабар медиҳем, ки 24-уми сентябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор мегардад!

Ҳатман дар чорабинии мазкур иштирок намуда, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!

Ташаккули одати пасандозгузорӣУстувории молиявӣ аз одатҳои дуруст оғоз меёбад. Новобаста аз ҳаҷми даромад ё маблағи инти...
11/09/2026

Ташаккули одати пасандозгузорӣ

Устувории молиявӣ аз одатҳои дуруст оғоз меёбад. Новобаста аз ҳаҷми даромад ё маблағи интиқоли пулии гирифташуда, банақшагирии даромаду хароҷот ва риояи интизоми молиявӣ барои самаранок идора кардани маблағҳои шахсӣ ва оилавӣ мусоидат мекунад.

Дар ин ҷо 5 одате, ки ба ташаккули пасандозгузорӣ мусоидат менамоянд, номбар мекунем:

1. Мунтазам маблағро пасандоз кунед

Пас аз гирифтани даромад ё интиқоли пулӣ аввал маблағеро муайян кунед, ки метавонед ба пасандоз равона намоед. Одатан, ин аз 5 то 10% даромадро ташкил медиҳад. Ҳатто пасандозҳои хурд, вале мунтазам, бо гузашти вақт натиҷаи хуб медиҳанд.

2. Буҷети оилавиро ба нақша гиред

Даромадро байни хароҷоти ҳатмӣ, эҳтиёҷоти ҳаррӯза ва пасандозҳо тақсим кунед. Банақшагирӣ барои пешгирии хароҷоти пешбининашуда ва назорати маблағҳои оилавӣ мусоидат мекунад.

3. Маблағҳои интиқоли пулиро фавран харҷ накунед

Агар Шумо аз аъзои оила маблағҳои интиқолӣ мегиред, пешакӣ мақсади асосии истифодаи онҳоро муайян кунед. Қисми маблағро барои хароҷоти оянда, таҳсил, хариди манзил ё рушди тиҷорати оилавӣ пасандоз кунед.

4. Аз хароҷоти нодаркор худдорӣ намоед

Пеш аз харид кардан нарх ва сифати молу хизматрасониро муқоиса намоед, зарурати харидро арзёбӣ кунед. Кам кардани баъзе хароҷоти ғайриҳатмӣ имкон медиҳад, ки маблағи бештарро барои ҳадафҳои муҳимми молиявӣ равона созед.

5. Ҳадафҳои мушаххаси молиявии худро муайян намоед

Пасандозгузорӣ самараноктар мешавад, вақте ҳадаф ва муҳлати он муайян бошад. Муайян кунед, ки барои чӣ пасандоз мекунед, чӣ қадар маблағ лозим аст ва ҳар моҳ чӣ қадар метавонед барои расидан ба мақсад аз даромади худ ҳамчун пасандоз ҷудо намоед.

Дар хотир доред: устувории молиявӣ дар як рӯз ба вуҷуд намеояд. Пайвастагӣ, банақшагирӣ ва интизоми молиявӣ омилҳои асосие мебошанд, ки ба он мусоидат мекунанд, то пасандозҳо ба мустақилияти молиявӣ ва беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳволии Шумо замина гузоранд.

Интиқоли дурусти маблағҳои муҳоҷирон Муҳоҷирони меҳнатӣ қисме аз даромади худро бо мақсадҳои гуногун (харидани маҳсулоти...
10/09/2026

Интиқоли дурусти маблағҳои муҳоҷирон

Муҳоҷирони меҳнатӣ қисме аз даромади худро бо мақсадҳои гуногун (харидани маҳсулоти хӯрокворӣ, либос, маводи зарурии рӯзгор, манзил, таъмини таҳсили фарзандон, оғози фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра) ба аъзои оилаашон мефиристанд.
Айни ҳол, муҳоҷирон имконият доранд, ки бо истифода аз низомҳои байналмилалии интиқоли пул ва хизматрасониҳои ташкилотҳои молиявии ватаниву хориҷӣ маблағҳои худро зуд, бехатар ва бо хароҷоти нисбатан кам ба аъзои оилаи худ расонанд.

Роҳҳои маъмулии интиқоли маблағи муҳоҷирон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Интиқоли пул аз корт ба корт.
Интиқоли мустақими маблағи муҳоҷирон аз корти бонки хориҷӣ ба кортҳои бонкҳои Тоҷикистон тавассути барномаҳои мобилии ҳарду бонк (аз ҷумла, кортҳои байналмилалии Виза (Visa) ё Мастеркард (Mastercard), замимабарномаҳои мобилӣ ва ғайра).

2.Низомҳои байналмилалии интиқоли маблағ.
Интиқоли маблағ тавассути низомҳои байналмилалӣ, аз қабили “ЮНИСТРИМ”, “CONTACT” ва “Вестерн Юнион”. Онҳо имкон медиҳанд, ки маблағ зуд фиристода шуда, дар нуқтаҳои хизматрасонии бонкҳо нақд дастраси қабулкунанда шавад.

3.Интиқоли байнибонкӣ.
Интиқоли маблағ аз суратҳисоби бонкии ирсолкунанда дар хориҷи кишвар ба суратҳисоби бонкии қабулкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни интиқоли пул ба чӣ бояд диққат дод?

Комиссия ва қурби хариду фурӯши асъор: Бонкҳо ва низомҳои интиқоли маблағ метавонанд қисми даромади худро тавассути фарқияти байни қурби хариду фурӯши асъор ба даст оранд. Аз ин рӯ, ҳангоми интихоби воситаи интиқол танҳо ба андозаи комиссия таваҷҷуҳ кардан кофӣ нест. Муҳимтар аз ҳама, муайян намудани маблағи ниҳоие мебошад, ки қабулкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ба даст меорад.

Ҳаҷми маблағи интиқолшаванда: Вобаста ба воситаи интиқоли пул ва давлате, ки аз он пул интиқол дода мешавад, барои ҳаҷми интиқол метавонад маҳдудиятҳои муайян, аз ҷумла лимити шабонарӯзӣ ё моҳона муқаррар карда шаванд.

Суръати интиқол: Мавридҳое ҳастанд, ки муҳоҷир таъҷилан бояд ба оилаи худ маблағ интиқол диҳад. Агар зарурати фаврии интиқоли маблағ ба оила вуҷуд дошта бошад, бояд ба муҳлати анҷоми интиқол низ диққат дод. Суръати интиқол вобаста ба воситаи интихобшуда, ташкилоти молиявӣ ва кишвари ирсолкунанда метавонад фарқ кунад.

Эътимоднокии хизматрасонӣ: Муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ба хавфҳои гуногуни қаллобии молиявӣ дучор шаванд. Аз ин рӯ, пеш аз истифодаи хизматрасонии интиқоли маблағ бояд эътимоднокӣ ва расмӣ будани ташкилоти пешниҳодкунандаи хизматрасонӣ санҷида шавад. Истифодаи хизматрасониҳои расмии ташкилотҳои молиявӣ ва риояи қоидаҳои амнияти молиявӣ ба коҳиш додани чунин хавфҳо мусоидат мекунад.

Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
09/09/2026

Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Муҳиммияти саводнокии молиявӣ барои муҳоҷирон Дар ҷаҳони муосир, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии байни давл...
04/09/2026

Муҳиммияти саводнокии молиявӣ барои муҳоҷирон

Дар ҷаҳони муосир, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии байни давлатҳо пайваста густариш меёбанд, бозори меҳнат низ хусусияти байналмилалӣ касб намуда истодааст. Ин раванд боиси афзоиши ҳаракати қувваи корӣ байни давлатҳо гардидааст ва шаҳрвандон бо мақсади дарёфти ҷойи кори муносиб, гирифтани музди меҳнати баланд ва афзоиши даромади худ ба давлатҳои дигар сафар менамоянд.
Бо назардошти он ки яке аз ҳадафҳои асосии муҳоҷирони меҳнатӣ беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ ва аъзои оилаашон мебошад, дар баробари донистани қонунгузорӣ, забон ва фарҳанги давлати қабулкунанда, барои онҳо доштани донишу малакаҳои молиявӣ низ аҳамияти муҳим дорад.

Саводнокии молиявӣ ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки:

1. Даромад ва маблағҳои худро самаранок идора намоянд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ одатан қисми муайяни даромади худро ба аъзои оилаашон мефиристанд. Донистани чӣ тавр тартиб додани буҷети шахсӣ ва оилавӣ, банақшагирии даромаду хароҷот, назорати хароҷоти дуюмдараҷа ва муҳиммияти пасандозгузорӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки маблағҳои худро самаранок истифода баранд. Инчунин, барои ҳадафҳои дарозмуддат, аз ҷумла хариди манзил, таъмини таҳсили фарзандон, оғози фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар эҳтиёҷоти муҳим маблағ пасандоз намоянд.

2. Аз хизматрасониҳои молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ дуруст, бехатар ва мақсаднок истифода баранд.

Доштани дониши кофии молиявӣ ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки аз хизматрасониҳои ташкилотҳои молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати қабулкунанда огоҳ бошанд ва шартҳои пешниҳоди қарз, пасандозгузорӣ, суғуртакунӣ ва дигар хизматрасониҳои молиявиии ташкилоти қарзии молиявӣ ва суғуртавиро муқоиса намуда, аз онҳо барои маблағгузории хароҷоти марбут ба сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ истифода баранд.

3. Воситаҳои бехатар ва нисбатан самараноки интиқоли маблағро интихоб ва истифода намоянд.

Саводнокии молиявӣ ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки ҳангоми интиқоли маблағ воситаҳо ва хизматрасониҳои мувофиқро интихоб намуда, маблағи ҳаққи хизматрасонӣ (комиссия), қурби мубодилаи асъор, суръати интиқол ва сатҳи бехатарии амалиётро ба инобат гиранд. Ин ба кам кардани хароҷоти интиқоли маблағ ва ҳифзи маблағҳои ирсолшаванда мусоидат мекунад.

4. Аз хавфи қаллобони молиявӣ огоҳ бошанд ва маблағҳои худро ҳифз намоянд.

Дар муҳоҷират хавфи ба намудҳои гуногуни қаллобии молиявӣ дучор шудани муҳоҷирон вуҷуд дорад. Донишу малакаҳои молиявӣ ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки чунин хавфҳоро сари вақт муайян намуда, маълумоти шахсӣ ва молиявии худро ҳифз кунанд ва пеш аз анҷом додани амалиёти молиявӣ эътимоднокии хизматрасонӣ ё пешниҳодро санҷанд ва маблағи худро аз қаллобони молиявӣ эмин нигоҳ доранд.

Address

Проспект Рудаки, 38/1
Dushanbe
734003

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Финансовая грамотность в Таджикистане posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share