Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ш.Душанбе

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ш.Душанбе

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ш.Душанбе Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе

Ба озмунИСТЕЪДОД СУРОҒА НАДОРАД           Истеъдод суроға надорад. Он намепурсад, ки кӯдак дар пойтахт ба дунё омадааст ...
22/08/2026

Ба озмун

ИСТЕЪДОД СУРОҒА НАДОРАД

Истеъдод суроға надорад. Он намепурсад, ки кӯдак дар пойтахт ба дунё омадааст ё дар деҳаи дурдаст, дар гимназия мехонад ё мактаби одӣ, падару модараш соҳибмаълумотанд ё не. Истеъдод ҳатто ҳамеша дар қатори аввал наменишинад ва ҳатман соҳиби баҳои «аъло» ҳам нест. Баъзан он дар кӯдаки хомӯше пинҳон аст, ки бештар аз дигарон мушоҳида мекунад. Баъзан дар шогирде, ки барои як масъала роҳи ғайриодӣ меҷӯяд. Гоҳе ҳам худро дар саволи одии «Муаллима, чаро?» нишон медиҳад.
Ман ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ба як ҳақиқат бештар бовар мекунам: мо истеъдодро ба кӯдак намедиҳем, мо бояд онро сари вақт бинем. Маҳз ҳамин «сари вақт дидан» яке аз масъулиятҳои бузургтарини омӯзгори замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.

Тибқи маълумоти АМИТ «Ховар» аз 8 августи соли 2026, имсол беш аз 240 ҳазор кӯдак ба синфи якум қадам мегузорад, ки баробари дидани ин рақам 240 ҳазор имконият пеши назар меояд. Шояд миёни онҳо муҳандиси оянда бошад. Шояд шоир. Шояд табибе, ки баъди бист сол роҳи нави табобатро пешниҳод мекунад. Шояд барномасозе, ки маҳсулоти рақамии тоҷикӣ месозад. Шояд омӯзгоре, ки баъди солҳои зиёд дар ҳамин синф ба ҷойи мо меистад. Аммо ҳеҷ кадоми онҳо рӯзи аввал бо навиштаҷоти «ман истеъдод дорам» ба мактаб намеоянд. Аз ҳамин сабаб, ба назари ман, синфҳои ибтидоӣ набояд танҳо зинаи омӯзонидани хондану навиштан ва чор амали арифметикӣ бошанд. Онҳо бояд нахустин озмоишгоҳи кашфи қобилияти кӯдак бошанд.

Ин андеша бо равиши муосири рушди маорифи Тоҷикистон низ ҳамоҳанг аст. Тибқи иттилои Юнисеф ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ислоҳоти таҳсилоти салоҳиятнок ба он равона шудааст, ки хонанда донишро дар зиндагӣ истифода барад, мустақилона фикр намояд ва андешаи худро баён карда тавонад.
Барои омӯзгори синфи ибтидоӣ ин тағйирот маънои хеле амиқ дорад: дигар танҳо ҷавоби дуруст муҳим нест, роҳи ба ҷавоб расидани кӯдак низ муҳим аст. Яке аз иштибоҳҳое, ки аксарияти калонсолон мекунанд, баробар донистани «хонандаи аълохон» бо «хонандаи боистеъдод» аст. Албатта, баҳои баланд нишондиҳандаи муҳим аст. Аммо он тамоми шахсияти кӯдакро чен намекунад. Кӯдаке метавонад қоидаро нисбат ба дигарон дертар аз худ кунад, вале саволе диҳад, ки касе пеш аз ӯ напурсидааст. Дигаре метавонад матни дарсиро айнан нақл карда натавонад, аммо барои қаҳрамони он идомаи аҷиби ҳикоя эҷод кунад. Сеюмӣ ҳангоми ҳалли масъала ҷавобро зуд наёбад, вале баъд роҳеро пешниҳод кунад, ки дар китоб нест. Чаҳорумӣ ҳангоми кори гурӯҳӣ на ҳамеша ҷавоби беҳтаринро мегӯяд, аммо метавонад ҳамаи ҳамсинфонро ба ҳамкорӣ ҷалб намояд.
Барои ҳамин ман дар синфи ибтидоӣ на танҳо мепурсам:
«Кӣ ҷавоби дуруст дод?»
Балкӣ мехоҳам бештар пурсам:
«Кӣ роҳи дигар ёфт?»
«Кӣ саволи нав дод?»
«Кӣ фикри дӯсташро такмил дод?»
«Кӣ хатояшро худаш фаҳмид?»
Зеро баъзан истеъдод маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо худро нишон медиҳад.

Яке аз усулҳое, ки барои синфҳои ибтидоӣ бисёр муассир мешуморам, онро шартан «Сандуқи чаро?» меномам. Дар синф қуттие гузошта мешавад. Хонанда метавонад дар тӯли ҳафта саволеро, ки дар зеҳнаш пайдо шудааст, нависад ё тасвир кунад:
Чаро барф сафед аст?
Чаро моҳ аз паси мо меравад?
Чаро паранда аз сим намеафтад?
Чаро баъзе калимаҳо чанд маъно доранд?
Агар сифр намебуд, чӣ мешуд?
Дар охири ҳафта чанд савол интихоб мешавад ва мо якҷоя ҷавобро меҷӯем. Дар ин лаҳза муаллим дигар танҳо манбаи ҷавоб нест. Ӯ ҳамроҳи кӯдак муҳаққиқ мешавад. Маҳз аз ҳамин ҷо омӯзгор метавонад бифаҳмад, ки кадом хонанда бештар ба табиат таваҷҷуҳ дорад, кадомаш ба забон, кадомаш ба ҳисоб, кадомаш ба сохти ашё. Ин усул маблағи зиёд, компютери гарон ва синфхонаи махсус намехоҳад. Ба он танҳо ҳуқуқи кӯдак барои савол додан лозим аст.

Дар математика ман усули дигарро бисёр муҳим мешуморам: ба ҷойи «ҷавобро ёбед» гуфтан, баъзан супориш бояд чунин бошад:
«Ин масъаларо бо се роҳи гуногун ҳал кунед».
Фарқи ин ду ҷумла хеле калон аст. Дар ҳолати аввал кӯдак ҷавоби китобро меҷӯяд. Дар ҳолати дуюм бошад, роҳи худро. Маҳз ҳамин «роҳи худ» метавонад тафаккури эҷодиро ошкор кунад.
Пажӯҳишҳои байналмилалӣ низ самаранокии омӯзиши фаъолу ҳамкориро дастгирӣ мекунанд. Масалан, мета-таҳлили соли 2025 оид ба омӯзиши ҳамкорона нишон медиҳад, ки омӯзиши ҳамкорона дар муқоиса бо усулҳои сирф анъанавӣ метавонад ба натиҷаҳои омӯзиш таъсири мусбат расонад. Аз ин рӯ, баъзан ман ҷавоби масъалаи математикаро не, муҳокимаи роҳи ҳалро муҳимтар мешуморам. Вақте як кӯдак мегӯяд: «Ман ин тавр кардам», дуюмӣ мегӯяд: «Ман роҳи дигар ёфтам» ва сеюмӣ хатои ҳар дуро мебинад, синф аз ҷойи гирифтани маълумот ба ҷойи истеҳсоли фикр табдил меёбад.

Усули дигаре, ки дар синфҳои ибтидоӣ метавонад ҳам дарсро фаъол созад ва ҳам қобилияти гуногуни хонандагонро нишон диҳад, «Истгоҳҳои омӯзиш» аст. Масалан, дар дарси забони тоҷикӣ синфро ба чор истгоҳ табдил медиҳем.
Дар истгоҳи якум хонандагон матн мехонанд.
Дар истгоҳи дуюм аз калимаҳо ҷумла месозанд.
Дар истгоҳи сеюм мазмуни матнро бо расм ифода мекунанд.
Дар истгоҳи чорум ба ҷойи яке аз қаҳрамонон сухан мегӯянд.
Мавзуъ як аст, аммо роҳҳои кор гуногунанд. Дар ҳамин як дарс ман мебинам, ки як кӯдак дар хондан қавитар аст, дигаре дар нақл, сеюмӣ дар тасвир, чорумӣ дар муошират. Дар таълими анъанавӣ мумкин буд ҳамаи онҳо танҳо ба як савол ҷавоб диҳанд ва фарқашон қариб ноаён монад. Аз ҳамин ҷиҳат, дарси интерактивӣ барои ман танҳо методи шавқовар кардани дарс нест, он воситаи ташхиси қобилияти кӯдак аст.

Тибқи Гузориши ибтидоии пурсиши истифодабарандагони мактаб, ки дар сомонаи Вазорати маориф ва илм нашр шудааст, дар мактабҳои фарогири пурсиш 75 фоизи омӯзгорон аз набудани тахта ё экрани интерактивӣ, 81 фоиз аз набудани проектор ва 85 фоиз аз набудани интернети бесим хабар додаанд. Ҳатто дар ҷойҳое, ки воситаҳои рақамӣ дастрасанд, танҳо 24 фоизи омӯзгорон тахта ё экрани интерактивиро ҳадди ақал ҳафтае як бор истифода мебаранд. Ин рақамҳо аз он дарак медиҳанд, ки мо набояд интерактивиро то омадани техника ба таъхир андозем. Тахтаи электронӣ метавонад дарсро муосиртар кунад, вале худ аз худ онро интерактивӣ намекунад. Баъзан чор варақи коғаз, чанд саволи хуб ва кори гурӯҳӣ аз презентатсияи зебои электронӣ бештар кӯдакро ба фикр кардан водор мекунад. Интерактивӣ пеш аз ҳама муносибат аст. Кӯдак мешунавад ва сухан мегӯяд, савол медиҳад, хато мекунад ва сабаби хатояшро мефаҳмад, бо дигарон баҳс мекунад, далел меорад ва фикрашро тағйир медиҳад. Технология баъд ба ин раванд неруи бештар медиҳад.

Ин аст, ки Юнеско 15 июли соли 2025 хабар дод, ки Тоҷикистон стандартҳои миллии салоҳияти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) барои омӯзгоронро ба барномаҳои рушди касбӣ ворид месозад. Стандартҳо омӯзгорро аз сатҳи истифодаи одии воситаҳои рақамӣ то сатҳи «инноватор» шахсе, ки технологияро барои беҳтар кардани омӯзиш ва роҳнамоии дигарон истифода мебарад, пеш мебаранд.

Ҳамчунин 18 июни соли 2026 Юнеско таъкид кард, ки омӯзгорони Тоҷикистон барои ҳамгиро намудани ТИК ва зеҳни сунъӣ ба раванди таълим ва ташаккули таҳсилоти ба хонанда нигаронидашуда омода карда мешаванд. Пас омӯзгори муосир набояд байни «китоб» ва «технология» якеашро интихоб кунад. Вазифаи ӯ интихоби воситаи дуруст барои рушди фикри кӯдак аст. Кашфи истеъдод танҳо кори омӯзгор нест. Кӯдак дар мактаб як қисми рӯзро мегузаронад. Падару модар бошад, рафтореро мебинанд, ки муаллим намебинад. Шояд кӯдаке, ки дар синф хеле ором аст, дар хона соатҳо аз картон сохтмон месозад. Шояд хонандае, ки дар математика миёна аст, тамоми харитаи ҷаҳонро аз хотир медонад. Шояд кӯдаке шабона барои хоҳараш ҳикояҳои худашро эҷод мекунад, аммо дар мактаб ин қобилияташро касе напурсидааст. Аз ҳамин сабаб муносибати омӯзгор ва волидон набояд танҳо аз ҷумлаҳои «фарзандатон вазифаи хонагиро иҷро накард» ё «имрӯз баҳои панҷ гирифт» иборат бошад.
Мета-таҳлили Ким аз соли 2022, ки натиҷаҳои 23 мета-таҳлил ва дар маҷмуъ 1177 таҳқиқоти ибтидоиро ҷамъбаст кардааст, нишон медиҳад, ки байни иштироки волидон дар таҳсили фарзанд ва дастовардҳои таълимии ӯ робитаи муҳим вуҷуд дорад. Аз ҳамин хотир ман вохӯрии волидонро мехоҳам аз саволи дигар оғоз кунам: «Фарзанди шумо вақтҳои холӣ чӣ корро бе маҷбурӣ ва бо шавқ анҷом медиҳад?». Ин савол баъзан аз даҳҳо баҳо бештар маълумот медиҳад.

Кашфи қобилият танҳо дар синф анҷом намеёбад. Пас аз пайдо кардани майлу қобилияти кӯдак бояд барои рушди он роҳ кушода шавад. Мувофиқи маълумоти Вазорати маориф ва илм аз 21 майи соли 2021, дар назди раёсатҳо ва шуъбаҳои маориф 72 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил шуда, дар онҳо 650 маҳфили фаннӣ аз рӯйи 24 фан бо фарогирии 9610 хонанда фаъолият мекард. Ин барои омӯзгори синфҳои ибтидоӣ як паёми муҳим дорад, вазифаи мо на танҳо гуфтан аст, ки «ин кӯдак хуб мехонад». Мо бояд бидонем, ки баъди кашфи қобилият ӯро ба куҷо роҳнамоӣ кунем. Имрӯз ин роҳҳо васеътар шудаанд. Тибқи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» барои соли 2025, номинатсияҳо аллакай на танҳо математика, физика, химия ва биология, балки технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навовариро низ дар бар мегиранд. Пас кӯдаке, ки имрӯз дар синфи дуюм аз ман мепурсад, ки «компютер чӣ гуна фикр мекунад?», шояд саволи кӯдакона намедиҳад. Шояд ӯ самти ояндаи худро меҷӯяд.

Дар ниҳоят, барои ман ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ муҳимтарин савол ин нест, ки хонанда имрӯз чанд гирифт, балки ин аст, ки мо дар ӯ чӣ дидем, чӣ бедор кардем ва барои фардояш чӣ роҳ кушодем. Зеро кӯдак метавонад имрӯз танҳо як саволи сода диҳад, аммо маҳз ҳамон савол оғози як кашфи бузург гардад. Метавонад имрӯз дар кунҷи синф ором нишинад, вале фардо дар илму техника, адабиёт, санъат ё ҷомеа сухани нав бигӯяд. Маорифи даврони истиқлол барои рушди насли нав имкониятҳои бештар фароҳам овард, аммо арзиши воқеии ин имкониятҳо он вақт ошкор мешавад, ки ҳар омӯзгор дар ҳар синф тавонад кӯдакро ҳамчун шахсияти нотакрор бинад. Ман бовар дорам, ки синфи ибтидоӣ бояд ҷое бошад, ки кӯдак на танҳо хондану навиштан, балки ҷуръати фикр кардан, савол додан, хато кардан, аз нав кӯшидан ва роҳи худро ёфтанро омӯзад. Агар мо ҳамин ҷуръатро дар ӯ ҳифз карда тавонем, баъдтар техникаву китоб, озмуну олимпиада ва тамоми имкониятҳои дигар барои рушди он замина хоҳанд шуд. Истеъдод воқеан суроға надорад. Аммо агар омӯзгор онро сари вақт бинад, мактаб метавонад ба суроғаи нахустини муваффақияти он табдил ёбад.

Шамсутдинова Ҳафиза
омӯзгори синфҳои ибтидоии
МТД “Гимназияи №2 барои
хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе”

Ба озмунИСТИҚЛОЛ, МАОРИФ ВА НАСЛИ НАВ: ЧӢ ГУНА МАКТАБИ ИМРӮЗ ИСТЕЪДОДИ ФАРДОРО МЕСОЗАД?           Имсол Ҷумҳурии Тоҷикис...
21/08/2026

Ба озмун

ИСТИҚЛОЛ, МАОРИФ ВА НАСЛИ НАВ: ЧӢ ГУНА МАКТАБИ ИМРӮЗ ИСТЕЪДОДИ ФАРДОРО МЕСОЗАД?

Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии худро таҷлил мекунад. Барои ҳар як соҳаи ҳаёти ҷомеа ин сана на танҳо фурсати ёдоварӣ аз роҳи тайшуда, балки имкони арзёбии натиҷаҳо ва муайян кардани вазифаҳои марҳилаи нав мебошад. Барои соҳаи маориф чунин арзёбӣ аҳамияти махсус дорад, зеро сатҳи рушди давлатро бе таваҷҷуҳ ба мактаб, омӯзгор, илм ва насли нав тасаввур кардан душвор аст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ маориф тадриҷан аз марҳилаи бартараф намудани мушкилоти солҳои аввали давлатдорӣ ба марҳилаи рушди инфрасохтор, такмили муҳтавои таълим, истифодаи технологияҳои муосир ва ҷустуҷӯйи роҳҳои нави баланд бардоштани сифати таҳсилот расидааст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар арзёбии роҳи 35-солаи соҳа ба рушди муассисаҳои таълимӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва рақамикунонии таҳсилот таваҷҷуҳ кардааст.

Рақамҳо низ миқёси ин дигаргуниҳоро нишон медиҳанд. Агар соли таҳсили 1991-1992 дар кишвар 3179 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо тақрибан 1,3 миллион хонанда фаъолият дошта бошад, имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба 4056 расида, дар онҳо беш аз 2,4 миллион (24627) хонанда таҳсил мекунад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта ва ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин имрӯз 172 литсею гимназия ҳамчун муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият мекунанд.

Ин рақамҳо танҳо омори соҳа нестанд. Дар паси ҳар як муассиса синфхона, лаборатория, омӯзгор ва садҳо нафар хонанда қарор доранд. Аз ин рӯ, арзиши воқеии дастовардҳои маорифро бояд дар он ҷустуҷӯ кард, ки ин имкониятҳо чӣ гуна ба сифати таълим ва рушди шахсияти хонанда таъсир мерасонанд. Ба назари ман, имрӯз пеши маориф як масъалаи муҳимтар аз танҳо зиёд кардани шумораи муассисаҳои таълимӣ меистад: мактаб чӣ гуна метавонад истеъдоди ҳар як хонандаро кашф ва рушд диҳад?

Дар ҳар синф хонандагон бо қобилиятҳои гуногун нишастаанд. Яке ба масъалаҳои мантиқӣ шавқ дорад, дигаре таҷрибаҳои лабораториро дӯст медорад, саввумӣ дар суханронӣ ва баҳс фаъол аст, чорумӣ метавонад роҳи ғайриодии ҳалли масъалаеро пешниҳод намояд. Агар таълим танҳо ба азёд кардани қоидаҳо ва маълумот маҳдуд шавад, чунин қобилиятҳо на ҳамеша ошкор мегарданд.

Аз ин рӯ, мактаби муосир бояд ба хонанда на танҳо ҷавоб, балки имкони гузоштани саволро диҳад. Саволи асосии омӯзгор набояд танҳо ин бошад: «Хонанда чӣ қадар медонад?» Саволи муҳимтар ин аст: «Ӯ бо дониши худ чӣ кор карда метавонад?» Масалан, дар таълими химия азёд кардани формула ва таърифи модда ҳанӯз нишонаи пурраи фаҳмиши илмӣ нест. Вақте хонанда метавонад хусусияти моддаро шарҳ диҳад, натиҷаи таҷрибаро пешбинӣ кунад, маълумотро муқоиса намояд, сабаби ҳодисаи химиявиро ҷустуҷӯ кунад ва донишашро ба масъалаи ҳаёти воқеӣ пайванд диҳад, он гоҳ мо бо ташаккули тафаккури илмӣ рӯ ба рӯ мешавем. Маҳз ҳамин гуна муҳит барои рушди истеъдод замина мегузорад.

Истеъдоди хонанда на ҳамеша бо баҳои баланд оғоз меёбад. Баъзан он аз як саволи ғайриодӣ, як андешаи нав, шавқи зиёд ба таҷриба, қобилияти мушоҳида ё хоҳиши фаҳмидани сабаби як ҳодиса оғоз мешавад. Омӯзгори бодиққат бояд чунин аломатҳоро бинад.
Дар таҷрибаи педагогӣ ман борҳо ба ин андеша баргаштаам, ки хонандаи қобилиятнок на ҳамеша ҳамон хонандаест, ки аввалин шуда ҷавоби тайёрро мегӯяд. Баъзан хонандаи истеъдоднок ҳамонест, ки мепурсад: «Чаро ин тавр мешавад?», «Оё роҳи дигар вуҷуд дорад?» ё «Агар шароитро тағйир диҳем, чӣ мешавад?» Ин гуна саволҳо бояд барои омӯзгор на халал ба раванди дарс, балки нишонаи ҷустуҷӯйи илмӣ бошанд.

Омӯзгори асри XXI танҳо интиқолдиҳандаи дониш нест. Ӯ роҳнамо, мушовир, ташкилкунандаи муҳити таълим ва дар бисёр ҳолатҳо аввалин шахсест, ки ба хонанда ба қобилияти худ бовар карданро меомӯзонад. Аммо боварӣ бояд бо меҳнат, интизом ва масъулият ҳамроҳ бошад. Истеъдод танҳо имконият аст; ба дастовард табдил додани он заҳмати пайваста талаб мекунад. Яке аз воситаҳои муҳими ошкор ва рушди истеъдоди хонандагон олимпиадаҳо ва озмунҳои фаннӣ мебошанд. Олимпиада танҳо мусобиқа барои гирифтани ҷойи аввал нест. Он мактаби таҳлил, сабр, мустақилият ва ҷустуҷӯйи роҳи ғайристандартии ҳалли масъала мебошад.

Дар солҳои охир таваҷҷуҳ ба ҷалби хонандагон ба омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва технологӣ бештар шудааст. Яке аз намунаҳои чунин ташаббусҳо озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» мебошад. Дар соли 2025 озмун дар ҳашт номинатсия баргузор гардид: математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, инчунин ихтироъкорӣ ва навоварӣ. Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илм, дар ҷамъбасти даври сеюми соли 2025 аз миёни иштирокчиён 667 нафар, аз ҷумла 227 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 216 хонандаи муассисаҳои таълимии типи нав, ба даври чоруми озмун роҳхат гирифтанд.

Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки озмунҳо тадриҷан ба яке аз механизмҳои дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон табдил меёбанд. Аммо вазифаи омӯзгор набояд танҳо омода кардани хонанда барои гирифтани ҷой бошад. Агар хонанда баъд аз анҷоми озмун низ хондан, таҷриба кардан ва савол доданро идома диҳад, он гоҳ ҳадафи аслии таълим амалӣ шудааст. Дар шароити рушди босуръати технология мактаб наметавонад аз илм ва технологияҳои муосир ҷудо бошад. Яке аз равишҳои муҳими таълими муосир STEM мебошад, ки илм, технология, муҳандисӣ ва математикаро дар робитаи байниҳамдигарӣ истифода мебарад.

Барои таълими химия ин равиш имкониятҳои фаровон дорад. Масъалаҳои об, муҳити зист, маводи полимерӣ, коркарди партовҳо, захираҳои табиӣ ва технологияҳои нави истеҳсолӣ метавонанд на танҳо ҳамчун мавзуи назариявӣ, балки ҳамчун масъалаи таҳқиқотӣ пешниҳод шаванд. Дар чунин дарс хонанда танҳо «омӯз - ҷавоб деҳ» намекунад, балки: масъала мегузорад → маълумот ҷамъ мекунад → таҷриба мегузаронад → натиҷаро таҳлил мекунад → хулоса мебарорад → роҳи ҳалли худро пешниҳод менамояд. Маҳз дар ҳамин раванд қобилияти таҳқиқотӣ, эҷодӣ ва муҳандисии хонанда бештар ошкор мегардад. Аз ин рӯ, STEM бояд танҳо истифодаи якчанд дастгоҳи технологӣ набошад. STEM пеш аз ҳама тағйири тарзи фикр кардан ва ташкили раванди таълим мебошад.
Яке аз дастовардҳои муҳими солҳои охир рушди инфрасохтори таълимӣ ва таҷҳизонидани муассисаҳо бо кабинетҳои фаннӣ ва лабораторияҳо мебошад. Масалан, дар яке аз муассисаҳои таълимии замонавии ба муносибати 35-солагии Истиқлол бунёдшуда 28 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла кабинетҳои физика, химия, биология ва технологияи информатсионӣ пешбинӣ шудааст. Дар дигар муассисаи нави таълимӣ низ 24 кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳҳо бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардидаанд.

Ин таҷриба нишон медиҳад, ки дар солҳои истиқлол ба фароҳам овардани муҳити муосири таълим таваҷҷуҳ меафзояд. Аммо саволи дигар ба миён меояд: оё таҷҳизоти муосир худ ба худ сифати таълимро баланд мебардорад? Ба андешаи ман, не. Таҷҳизот танҳо дар он сурат ба натиҷаи таълимӣ табдил меёбад, ки омӯзгор онро ба раванди воқеии таҳқиқ ворид намояд. Лаборатория набояд танҳо ҷойи иҷрои таҷрибаҳои дар китоб навишташуда бошад. Он бояд ба муҳите табдил ёбад, ки хонанда дар он фарзия пешниҳод мекунад, таҷриба мегузаронад, натиҷаро таҳлил мекунад ва аз натиҷаи худ хулоса мебарорад. Дар фаъолияти омӯзгорӣ барои ман ҳамеша як масъала муҳим аст: чӣ гуна шавқи хонандаро ба фаъолияти устувори маърифатӣ табдил додан мумкин аст? Таҷриба нишон медиҳад, ки вақте хонанда танҳо шунаванда нест, балки ба муҳокима, таҷриба, ҳалли масъала, таҳқиқоти хурд ва корҳои лоиҳавӣ ҷалб мешавад, муносибати ӯ ба фан тағйир меёбад.

Дар дарси химия ҳатто як масъалаи одии ҳаётиро метавон ба масъалаи таҳқиқотӣ табдил дод. Масалан: чаро сифати об дар минтақаҳои гуногун фарқ мекунад? Чӣ гуна дуруштии об муайян карда мешавад? Кадом омилҳо ба зангзании металлҳо таъсир мерасонанд? Чӣ гуна метавон истифодаи оқилонаи маводи полимериро ба муҳити зист пайванд дод? Вақте хонанда барои чунин саволҳо ҷавоби тайёр намегирад, балки худ ба ҷустуҷӯйи ҷавоб шурӯъ мекунад, дар ӯ малакаи таҳқиқотӣ ташаккул меёбад. Ба назари ман, ҳамин гуна таҷрибаҳо бояд қисми ҷудонашавандаи таълими химия бошанд.

Натиҷаи рушди маорифро танҳо бо шумораи мактабҳои сохташуда чен кардан дуруст нест. Аммо бе чунин заминаи моддию техникӣ ҳам рушди сифати таълим имконнопазир аст. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар садҳо муассисаи нави таълимӣ сохта шудаанд. Ин афзоиши миқдорӣ имрӯз моро ба марҳилаи муҳимтар - баланд бардоштани самаранокии таълим ва истифодаи дурусти имкониятҳои фароҳамомада - мерасонад. Ин дигаргуниҳо маънои онро доранд, ки имрӯз дар назди низоми маориф масъалаи нав меистад: чӣ гуна аз имкониятҳои фароҳамомада барои баланд бардоштани сифати таълим самаранок истифода барем?

Ҷавоби ин саволро бояд дар рушди касбии омӯзгор, муҳити таҳқиқотӣ, истифодаи технология, дастгирии хонандагони болаёқат ва робитаи мустаҳками мактаб бо оила ва ҷомеа ҷустуҷӯ кард. Чӣ бояд кард? Ба назари ман, барои марҳилаи минбаъдаи рушди маориф чанд самт махсусан муҳим мебошанд:
Якум, дар ҳар муассисаи таълимӣ бояд муҳити доимии ошкор ва рушди истеъдод вуҷуд дошта бошад;
Дуюм, лабораторияҳои фаннӣ бояд аз ҷойи иҷрои таҷрибаҳои стандартӣ ба марказҳои хурди таҳқиқотӣ табдил дода шаванд;
Сеюм, корҳои лоиҳавӣ ва таҳқиқотии хонандагон бояд бештар ба масъалаҳои воқеии ҷомеа - об, муҳити зист, энергетика, технология, саломатӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳо - пайваст карда шаванд;
Чорум, барои хонандагони болаёқат бояд роҳҳои инфиродии рушди қобилият ташкил карда шаванд;
Панҷум, омӯзгорони эҷодкор бояд на танҳо барои натиҷаҳои ниҳоии хонанда, балки барои усулҳои навоваронаи таълим низ дастгирӣ шаванд;
Шашум, ҳамкории мактаб бо донишгоҳҳо, муассисаҳои илмӣ ва олимон бояд густариш ёбад. Хонанда бояд имкони дидани муҳити воқеии илм ва шиносоӣ бо фаъолияти муҳаққиқро дошта бошад;
Ҳафтум, истифодаи технологияҳои рақамӣ бояд мақсаднок бошад. Технология набояд ҷойгузини фикрронии хонанда гардад; баръакс, он бояд воситаи ҷустуҷӯ, таҳлил, моделсозӣ ва эҷод бошад.
Истиқлол барои Тоҷикистон имкони бунёди давлати миллӣ ва муайян кардани роҳи мустақили рушди ҷомеаро фароҳам овард. Дар ин раванд маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ба шумор меравад, зеро маҳз мактаб шахсиятеро ташаккул медиҳад, ки фардои давлатро месозад.

Имрӯз дар ҳар синф хонандае нишастааст, ки шояд фардо олим, муҳандис, табиб, омӯзгор, барномасоз, ихтироъкор ё муҳаққиқ шавад. Аммо барои расидан ба ин оянда ба ӯ танҳо китоб кофӣ нест. Ба ӯ муҳити муносиб, омӯзгори эҷодкор, имкони таҳқиқ, дастгирии оила ва боварӣ ба қобилияти худ зарур аст.
Шояд роҳи як хонанда ба илм аз як саволи одии омӯзгор оғоз шавад. Роҳи дигаре аз таҷрибаи лабораторӣ. Барои хонандаи дигар - аз иштироки аввал дар олимпиада ва барои дигаре шояд аз як ҷумлаи одии омӯзгор: «Ту метавонӣ!» Аз ин рӯ, рисолати мактаби имрӯз танҳо таълим додан нест. Рисолати он кашф кардани имкониятҳои инсон дар дохили ҳар хонанда ва фароҳам овардани шароит барои ба камол расидани он мебошад.
35 соли Истиқлол моро ба марҳилаи нави рушди маориф овард. Агар дар солҳои гузашта вазифаи муҳим сохтани мактаб ва фароҳам овардани шароити таълим буд, имрӯз бояд ба масъалаи дигар бештар таваҷҷуҳ намоем: сохтани муҳити мактабие, ки дар он ҳар як хонанда имкони кашф кардани истеъдоди худро дошта бошад.
Фардои миллат дар ҷое дур нест. Он имрӯз дар синфхонаҳои мо нишастааст. Вазифаи мо, омӯзгорон, падару модарон ва ҷомеа ин аст, ки ин истеъдодро бубинем, ба он бовар кунем, барои рушди он шароит фароҳам оварем ва ба насли нав имкони созандагӣ бахшем. Зеро истиқлол танҳо дастоварди гузашта нест; истиқлол масъулияти сохтани фардо низ ҳаст ва фардои Тоҷикистон аз ҳамин синфхонаҳо оғоз меёбад.

Холмуродзода Азизбек Холмуродович,
омӯзгори фанни химияи МДТ “Литсейи №3
барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе”

21/08/2026

МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИИ ХОНАНДАГОНИ ПОЙТАХТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ба озмунИСТИҚЛОЛИЯТ — ШАРАФИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН    Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат бузур...
20/08/2026

Ба озмун

ИСТИҚЛОЛИЯТ — ШАРАФИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат бузургтарин неъмати сиёсӣ, арзиши муқаддаси миллӣ ва заминаи асосии пешрафти давлат ба ҳисоб меравад. Барои миллати тоҷик низ соҳибистиқлолӣ рӯйдоди одии таърихӣ набуда, балки натиҷаи ормони деринаи давлатдорӣ, мубориза барои ҳифзи ҳувияти миллӣ ва талоши фарзандони ватандӯсти миллат мебошад. Имрӯз, дар соли 2026, Тоҷикистони соҳибистиқлол 35-солагии Истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирад. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди кишвар фурсати андеша кардан дар бораи роҳи тайкардаи давлат, дастовардҳои сию панҷ соли гузашта ва масъулияти наслҳои имрӯза дар назди ояндаи Ватан мебошад.
9 сентябри соли 1991 дар таърихи тоҷикон ҳамчун рӯзи тақдирсоз ва фаромӯшнашаванда сабт гардид. Дар ҳамин рӯз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Бо ин рӯйдод Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол роҳи мустақили давлатдориро пеш гирифт ва ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо намуд. Манбаъҳои расмии давлатӣ таъкид мекунанд, ки эълони истиқлолияти давлатӣ кишварро ба марҳалаи нави таърихӣ ворид кард.

Аммо солҳои нахустини истиқлол барои Тоҷикистон осон набуданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва дигар мушкилоти иҷтимоӣ ба давлату миллат зарари ҷиддӣ расонданд. Дар чунин шароити душвор вазифаи асосӣ нигоҳ доштани давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу субот ва муттаҳид сохтани ҷомеа буд. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар соли 1997 барои ба эътидол овардани вазъи кишвар ва гузоштани заминаҳои рушди минбаъда аҳаммияти бузург дошт.
Дар ин марҳала нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сулҳофарӣ ва давлатсозӣ муҳим арзёбӣ мешавад. Сиёсати сулҳҷӯёна ва талошҳои пайваста барои таҳкими ваҳдати миллӣ ба Тоҷикистон имконият доданд, ки аз давраи душвор гузашта, ба марҳалаи созандагӣ ворид шавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки истиқлолият арзиши муқаддас буда, ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Аз ҷумла, дар Паёми соли 2026 Пешвои миллат таъкид карданд: «Соли 2026 барои мо соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аст». Сарвари давлат ҳамчунин таъкид намуданд, ки роҳи тайкардаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мардуми кишвар барои ҳимояи истиқлолу озодӣ ва ободии Ватан қодир мебошанд.

Дар ҳақиқат, истиқлолият танҳо соҳиби парчам, нишон ва суруди миллӣ будан нест. Истиқлолият пеш аз ҳама масъулият аст. Масъулияти ҳифзи марзу буми кишвар, эҳтироми арзишҳои миллӣ, риояи қонун, ҳифзи забон, фарҳанг ва таърихи миллат. Истиқлолият ба ҳар як шаҳрванди кишвар имконият медиҳад, ки дар сохтмони ҷомеаи худ саҳм гузорад ва барои ободии Ватан масъулият эҳсос намояд.

Дар давоми 35 соли истиқлол Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қадамҳои муҳим гузошт. Сохтмони роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ ва иншооти истеҳсолӣ ба раванди ободонии кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Душанбе ва дигар шаҳрҳои мамлакат симои нав пайдо карданд. Дар деҳот низ корҳои созандагӣ вусъат ёфтанд.
Тибқи маълумоти расмии соли 2026, барои истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳазорон иншооту бино ба нақша гирифта шуда, қисми зиёди онҳо аллакай мавриди истифода қарор гирифтаанд. Пешвои миллат таъкид кардаанд, ки корҳои ободонӣ бояд на танҳо ба хотири ҷашн, балки ҳамчун фарҳанги ҳамешагии ватансозӣ идома ёбанд.

Истиқлолият ҳамчунин барои рушди маориф, илм ва фарҳанги миллӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил намуда, дар соҳаҳои гуногун дониш ва таҷриба меомӯзанд. Зеро ояндаи давлати соҳибистиқлол пеш аз ҳама ба сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва маърифати ҷавонон вобаста мебошад.

Адабиёти тоҷик низ дар даврони истиқлол ҳамчун яке аз сутунҳои худшиносии миллӣ аҳаммияти хос пайдо кардааст. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки ӯро қофиласолори адабиёти классикии тоҷик медонанд, бо осори ҷовидонаи худ мақоми баланди фарҳанги моро нишон додааст. Мисраи машҳури ӯ — «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме» — имрӯз низ барои ҳар як дӯстдори адабиёти тоҷик ҳисси ифтихори миллӣ бедор мекунад.
Абулқосим Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома» ғояҳои ватандӯстӣ, озодагӣ, далерӣ ва ҳифзи сарзаминро ба таври барҷаста инъикос кардааст. Андешаҳои ӯ ба наслҳои зиёди мардуми форсизабон таъсир расонидаанд. Асари бузурги ӯ барои миллати тоҷик танҳо як ёдгории адабӣ нест, балки як ҷузъи муҳими хотираи таърихӣ ва фарҳангии мост.

Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, низ дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши бузург гузоштааст. Осори ӯ зиндагӣ, таърих, фарҳанг ва ормонҳои мардуми тоҷикро инъикос менамоянд. Ин мероси гаронбаҳо моро водор месозад, ки истиқлолиятро танҳо ҳамчун дастоварди сиёсӣ не, балки ҳамчун имкони ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ дарк намоем.
Яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлол Парчами миллӣ мебошад. Парчам нишони соҳибдавлатӣ, ваҳдат ва ифтихори миллӣ аст. Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ низ арзишҳое мебошанд, ки шаҳрвандро бо давлат ва Ватан пайванд медиҳанд. Эҳтироми онҳо эҳтиром ба давлат, таърих ва миллат мебошад.
35-солагии Истиқлолияти давлатӣ инчунин моро ба андешаи муҳим водор мекунад: мо барои ояндаи Тоҷикистон чӣ бояд анҷом диҳем? Ҷавоб равшан аст: бояд дониш омӯзем, касбу ҳунар аз худ кунем, қонунро эҳтиром намоем, муҳити зистро ҳифз кунем, фарҳанги миллӣ ва забони модариро гиромӣ дорем ва бо меҳнати ҳалол дар пешрафти кишвар саҳм гузорем.

Хусусан ҷавонон бояд дарк кунанд, ки истиқлолият танҳо мероси наслҳои гузашта нест. Он масъулияти насли имрӯз ва фардо низ мебошад. Агар мо таърихро донем, арзишҳои миллиро эҳтиром кунем ва барои донишомӯзиву созандагӣ талош намоем, метавонем Тоҷикистони боз ҳам пешрафта ва ободро бунёд кунем.
Имрӯз, вақте ба роҳи 35-солаи Тоҷикистон менигарем, мебинем, ки истиқлолият барои миллати тоҷик имконияти бузурги давлатсозӣ ва худшиносиро фароҳам овардааст. Албатта, дар назди давлат ва ҷомеа ҳанӯз вазифаҳои зиёде қарор доранд. Аммо муҳим он аст, ки мо соҳибдавлатем, соҳиби Ватанем ва имкони муайян кардани роҳи рушди кишвари худро дорем.

Пешвои миллат дар суханрониҳои худ мардумро ба корҳои созандагӣ, ватандӯстӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ даъват менамоянд. Дар соли 2026 низ таъкид шудааст, ки ҳар як шаҳрванд бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлат ва ободии Ватан кори нек анҷом диҳад.
35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни як санаи таърихӣ нест. Ин ҷашни давлатдорӣ, ваҳдат, худшиносӣ ва ормонҳои миллии мост. Ин ҷашнест, ки моро ба гузашта менигарад, имрӯзро арзёбӣ мекунад ва ба оянда масъул месозад.

Бигзор Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун гавҳари бебаҳои миллат ҳамеша пойдор бошад! Бигзор Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои осоиштаи кишвар ҷовидона парафшон бошад! Ва бигзор ҳар як фарзанди ин сарзамини куҳанбунёд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, дониш, меҳнат ва масъулият барои ободии Ватани маҳбубамон саҳм гузорад. Зеро Ватан танҳо сарзамин нест. Ватан таърих, забон, фарҳанг, хотираи ниёгон ва ормони ояндаи мост. Ҳифзи истиқлолият бошад, ҳифзи ҳамин арзишҳои муқаддас аст.

Одинаева Муҳайё
хонандаи синфи 11 А
МТМУ№117-и ноҳияи
Синои шаҳри Душанбе

Ба озмунНАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РУШДИ МАОРИФ          Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва а...
18/08/2026

Ба озмун

НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РУШДИ МАОРИФ

Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан истиқлолият неъмати бебаҳо барои мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар хотир дорем, ки пеш аз ба даст овардани Истиқлолият мардуми мо чи рӯзҳои сахту сангинеро паси сар намудааст. 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти миллии худро эълон кард, ки ин як саҳифаи наве барои мардуми сарбаланди ин миллат ва Ватан буд. Саҳифае, ки орзуи ҳазорон нафар буд. Дар давоми 35-соли Истиқлоли миллӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас ноил гаштааст. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлоли пешвои миллат ба рушди соҳаи маориф ва илм диққати ҷидди зоҳир менамуданд. Аз ҷумла қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мебошад, ки он 27-уми декабри соли 1993 қабул гардидааст. Бо назардошти пешрафт ва дигаргуниҳои замони муосир ба қонуни мазкур чор маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардидааст, ки ҳадафи он ба ҷомеаи муосир мутобиқ намудани соҳаи маорифи мамлакат мебошад.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва баъди хатми мактаби олӣ», «Дар бораи сиёсати ҷавонон», «Дар бораи илм ва прогрессии илми техникӣ» қабул гардиданд, ки нуқтаҳои асосии қонунгузориро дар соҳаи маориф муайян намуда, барои рушди минбаъдаи он заминаи мусоид гузоштанд. Ғайр аз ин, дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи мактаби миллӣ, Консепсияи миллии тарбия, Консепсияи касбинтихобкунӣ, Консепсияи миллии таҳсилот, Стандартҳои давлатии таҳсилот, Низомномаи муассисаҳои таълимӣ ва дигар санаду ҳуҷҷатҳоро дар бораи такмилу инкишоф додани соҳаи маориф қабул намуд, ки барои ҳамқадами замон намудани муҳтавои маълумот дар зинаҳои гуногуни таълим нақши асосиро бозиданд.

Ҳамчунин барои пешрафти ин соҳа як қатор қонунҳои стратеги қабул, тасдиқ ва дар амал ҷори карда шудаанд, аз ҷумла:
– Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012 тасдиқ шудааст;
– Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021 тасдиқ гардидааст;
– Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020 тасдиқ шудааст;
– Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2017 тасдиқ гардидааст;
– Барномаи табодул миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2013 тасдиқ шудааст;
– Барномаи давлатии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 тасдиқ шудааст;
– Консепсияи системаи иттилоотии идораи соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007 тасдиқ шудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 феврали соли 2014 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТНПҶТ) таъсис дода шуд. Аз соли 2015, дар баробари МТТОК (донишгоҳу донишкадаҳо), муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ворид карда шуд, қабули донишҷӯён ба ин муассисаҳо (донишгоҳу донишкадаҳо) тавассути низоми мазкур амалӣ карда мешавад.

Аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз зиёда аз 1000- ҳо мактабу боғчаҳои кӯдакона ба истифода дода шудааст, ки ин ба пешрафти назарраси илму дониш ва ғамхории роҳбари мамлакат нисбат ба ҷавонону наврасон далолат мекунад. Ҳамасола бо иштироки бевоситаи пешвои миллат рӯзи 1-уми сентябр дар ҳама мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси сулҳ баргузор мегардад, ки ин ба як анъана табдил ёфтааст . Дар яке аз баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Ҳангоми дарси сулҳ омӯзгорон бояд ба шогирдони худ аҳаммият ва нақши сулҳу ваҳдати миллиро барои суботи ҷомеа, рушди муназзаму муътадили кишвар ва пойдориву устувории давлат шарҳ диҳанд ва наврасону ҷавононро дар рӯҳияи сулҳдӯстиву сулҳпарварӣ тарбия намоянд».

Яке аз дастовардҳои назарраси дигари даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъсиси стипендияи «Дурахшандагон» мебошад, ки ҳамасола бо тариқи он хонандагони фаъол барои боз ҳам зиёдтар намудани сатҳи дониши худ ба давлатҳои хориҷа равон мекунад.

Бояд гуфт, ки дар 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Имрӯз дар соҳаи маориф 11 лоиҳа ба маблағи 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Тайи даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд. Аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва шахсони саховатпеша ба маблағи 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ 1435 муассисаи соҳаи маориф бо 231 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Имрӯз дар кишвар 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амал мекунад, ки дар онҳо беш аз 213 ҳазор нафар донишҷӯ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Инчунин 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 250 ихтисос мутахассис омода карда мешавад, ки ин нисбат ба соли 1991-ум 43 муассиса ва 126 ихтисос зиёд мебошад.
Инчунин мо шоҳиди он ҳастем, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷумҳурӣ якчанд озмунҳо ба роҳ монда шудааст. Ба монанди «Тоҷикистон ватани азизи ман », «Илм фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» ва ғайраҳо. Инро бояд қайд намуд, ки озмунҳои дар боло зикршуда дорои номинатсияҳои гуногун буда ҳамасола аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳое ки ҷойҳои намоёнро соҳиб мегарданд бо тӯҳфаҳои пули сарфароз гардонида мешаванд. Яъне ин маънои онро дорад, ки ҳукумати кишвар дар рушди илм ва маориф диққати аввалин дараҷаро равона намудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 иброз доштанд, ки «ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, давоми беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад».

Дар давоми 35-соли истиқлоли миллӣ ҳамаи муассисаҳои таълимии мамлакат бо технологияҳои замонави муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки ин раванди омӯзишро осон мегардонад. Яъне чи гунае, ки мебинем имрӯзҳо давлатҳои тараққӣ кардаи дунё ҳама рӯ ба технология овардаанд. Технология дар замони муосир як қисми ҷудонашавандаи илм ба ҳисоб меравад.

Таваҷҷӯҳи ҳукумати кишвар дар бораи мақому манзалати омузгор низ равона гардидааст. Аз ҷумла қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» 17-уми декабри соли 2025 қабул ва дар амал карда шуд. Зеро эҳтироми омӯзгор дар қадами аввал меистад. Омӯзгор шахсест, ки илму дониши худро ба шогирдонаш меомӯзад ва хушбахтии ягонаи ӯ ба қуллаҳои баланд расидани шогирдонаш мебошад. Қабули ин қонун нишонаи он аст, ки пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон эҳтироми хосса доранд.

Инчунин дар соли равон хонандагоне, ки бо аттестати сурх ва медали тилло мактаби миёнаро хатм намудаанд тавонистанд бо хоҳиши худ ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил шаванд. Ин гувоҳи аз он аст, ки ҳукумати кишвар ба шахсони донишманд ва соҳибилм таваҷҷӯҳи хосса дорад. Ҳамасола тавассути сттпендияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин нафар хонандагони болаёқат аз ҳар гӯшаи ҷумҳури ба донишгоҳҳои интихобкардаашон дохил мешаванд.

Дар даврони 35- соли Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як давлати мутараққии ҷаҳон табдил ёфтааст. Имрӯз мо дар ҳама соҳаҳои кишвар ба пешрафтҳо ноил шуда истодаем. Имрӯз берун аз кишвар дар сатҳҳои байналмиллалӣ пешниҳодҳои миллати тоҷикро қабул ва дар амал татбиқ менамояд. Мо тоҷикон бояд шукрона аз ин миллат, ватан ва пешвои миллати худ кунем, ки дар чунин давлати тинҷу ором зиндагони дорем. Мо ҷавонон дар паи ин ҳама ғамзориҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда медиҳем, ки то охирон нафас барои Ватан модари худ хизмат намуда дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми худро мегузорем.

Раҷабов Фаррух Азизқулович
донишҷӯйи курси 3-и факултети
фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Address

н. Шоҳмансур, к. Деҳлавӣ 5, рӯ ба рӯи кафедраи ҳарбии ДМТ
Dushanbe

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:00 - 17:00

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ш.Душанбе posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share

Category