21/12/2025
#МАҚОЛА АРҶГУЗОРӢ БА ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
(чанд мулоҳизае дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025)
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ тамоми масъалаҳои рушди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дар соли 2025 ва даҳсолаи охир ва вазифагузориҳо барои соли нав ва дурнамои наздику дур ба таври мушаххас сухан меравад. Аммо мехостем танҳо оид ба як хусусияти муҳимми Паёми имсола – таваҷҷуҳи беназири Пешвои муаззами миллат ба фарҳангу тамаддуни ориёӣ чанд мулоҳизаеро баён созем.
Тавре, ки маълум аст, Пешвои муаззами миллат аз солҳои аввали сарвариашон ба тамаддуни ниёгонамон таваҷҷуҳи хосса дошта, соли 2006 дар ҷумҳурии мо бо иқдоми бевоситаи эшон Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон гардид. Ин тадбири муҳим ба омили асосии болобарии ҳисси худшиносию худогоҳии сокинони кишвар ва эҳсоси ифтихору сарфарозӣ аз давлатдории миллӣ, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, табдил ёфт. Дар ин сол мақолаи Пешвои миллат «Арзишҳои ориёӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ» ба нашр расид, ки андешаҳои дар мақолаи дигари эшон баёншударо бо номи «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» (ё худ «Андешаҳо дар остонаи Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ») идома бахшид. Ҳамзамон, китоби Сарвари давлат «Аз ориён то Сомониён» аз силсилаи китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба табъ расид, ки дар он мардуми ҷумҳурӣ ба саволҳои «Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем?» ҷавобҳои мушаххасу илман асоснок гирифтанд.
Маҳз ҳамин нақши бузурги аҷдоди ориёии мо, тамаддуну фарҳанги онҳоро ба эътибор гирифта, Пешвои миллат дар Паёмашон бо ҳисси баланди ифтихормандӣ бори дигар таъкид намуданд: «Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори некро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд».
Ҳамзамон, дар Паёми хеш Пешвои миллат аз ҳадяи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ба ҳар як хонадони тоҷикистониён ёдовар шуданд, ки боз ҳам аз иқдомҳои бевоситаи эшон дар самти арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ ба ҳисоб меравад. Зеро «Шоҳнома» яке аз бузургтарин сарчашмаҳоест, ки дар он на танҳо таърихи қадимаи миллати мо, балки арзишҳои беназири ориёӣ, чун меҳанпарастӣ, таблиғу ташвиқ шудаанд, ки барои эҳё ва азбаркунии онҳо барои ҳар як шаҳрванди кишвари муосири мо имконияти бузурге фароҳам месозанд. Намунаи барҷастаи ин ватандӯстии ориёӣ дар суханони машҳури Фирдавсӣ ифода гаштааст:
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Ҳамзамон, Пешвои миллат дар Паёмашон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ сухан гуфта, мероси таърихиву фарҳангиро ҳамчун шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик баҳогузорӣ карданд ва як қатор пешниҳодҳое оид ба арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихӣ ва ёдгориҳои ориёӣ намуданд, ки амалӣ намудани онҳо ба тақвияти худшиносии миллии ҷомеаи муосири мо кӯмак менамояд. Қабл аз ҳама, ин ба шахсияти Куруши Кабир ва баргузории чорабиниҳои илмӣ дар соли 2026 оид ба бузургдошти «Устувонаи Куруш» дахл дорад, ки ҳамчун яке аз эъломияҳои нахустин оид ба ҳуқуқи инсон дар таърихи инсоният маҳсуб аст.
Иқдоми дигари Пешвои миллат дар самти арҷгузорӣ ба шахсияти Борбади Марвазӣ (тақрибан солҳои 585-589) рабт дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки миллати куҳанбунёди мо на танҳо дар рушди илму адабиёт, балки дар такмили санъати мусиқии инсоният низ саҳми беандоза назаррасе дорад, ки аз зумраи онҳо Борбади Марвазӣ дар ин ҷода хизматҳои шоистаро ба ҷо овардааст. Борбад, ки бо номҳои Борбади Ромишгар ва Фаҳлбазм ҳам машҳур аст, сароянда, навозанда ва мусиқидони бузург, асосгузори маҷмуаи силсилавии мусиқии ориёӣ, сарвари ромишгарони дарбори шоҳаншоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз буд. Мусиқии даврони Сосониён дар шахсияти ин абармад яке аз саҳифаҳои дурахшонро дар китоби безаволи тамаддуни ориёӣ нишон медиҳад. Пешвои миллат дар Паёмашон Борбадро яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф намуда, барои ин хизматҳояш пешниҳод намуданд, ки «вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд».
Аз ибтикороти дигари Пешвои миллат, ки дар Паёмашон садо доданд, ин бунёди Конун ё Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе мебошад. Пешвои миллат бо эътимоди комил иброз доштанд, ки «амалӣ намудани иқдомоти зикршуда далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон мегардад».
Хулоса, дар сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ва такомули худшиносию худогоҳии миллӣ ҷойгоҳи махсус дошта, яке аз муаассиртарин воситаҳои болобарии онҳо истифода аз фарҳангу тамаддунии ҷовидонаи ниёгони мо – ориён ҳисобида мешавад. Аз ин рӯ, дар Паёми имсолаашон ба таърихи тамаддуни ориёӣ арҷгузории махсус зоҳир намуда, Пешвои муаззами миллат ҳама аҳли зиёи мамлакатро ба он даъват намуданд, ки хотираи таърихии миллатро қавитар гардонем ва дар ин роҳ пайваста ба бузургтарин шахсиятҳо ва ёдгориҳои ин тамаддуни безавол муроҷиат намоем. Истифода аз ин мероси пурғановати ниёгон махсусан барои мо омӯзгорон дар таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва омодасозии насли ояндасози кишвар, наврасону ҷавонон, хонандагону донишҷӯёни тамоми зинаҳои таҳсилот вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.
Қурбонзода Рухшона – муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДДОТ ба номи С.Айнӣ