10/05/2026
МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНҲОИ ШАҲРИИ “ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ” ВА “ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ” ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Санаи 8 майи соли 2026 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” ва “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ – Шукурзода С.Н., мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ – Раҷабзода Д.Р., директори Муассисаи давлатии “Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон”-и ноҳияи Фирдавсӣ – Бобозода Ш.З., устодону омӯзгорон ва ғолибони озмунҳои мазкур баргузор гардид.
Чорабинӣ бо тамошои видиогузориш аз рафти озмунҳои мазкур оғоз гардид.
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Шукурзода С.Н. баромад намуда, қайд намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаҳои илму маориф ва фарҳангро, ки рукни муҳими рушду инкишофи ҷомеа маҳсуб меёбад, дар меҳвари фаъолияти корӣ худ қарор дода, дар пешрафти ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” ва “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” дар ноҳияи Фирдавсӣ рӯзҳои 17-ум ва 25-уми апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардида буд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” ва “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” дар ноҳияи Фирдавсӣ диплому сипосномаҳо ва тӯҳфаҳое, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ омода гардида буданд супорида шуд.