12/06/2026
#СУХАНИРӮЗ
Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Муассисаи давлатии "Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе", School, Улица Шохтемур, 54, Dushanbe.
Муассисаи давлатии "Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе”
ГУ «Детско-юношеский центр города Душанбе»
“State Institution ‘Center for Children and Adolescents of Dushanbe City’”
12/06/2026
#СУХАНИРӮЗ
11/06/2026
ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ДИРЕКТОР ВА ИНТИХОБИ РАИСИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОН ДАР МАРКАЗ
Имрӯз, тибқи нақшаи фаъолияти Марказ дар соли 2026 ҷаласаи назоратии назди директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор гардид.
Дар ҷаласа маъмурияти Марказ, директорони марказҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт ва намояндаи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ширкат намуданд.
Дар кори ҷаласа тибқи нақша сараввал дар ҳамовозӣ аз миёни кормандони Марказ Рустамов Б.М. ба ҳайси Раиси Итттифоқи касабаи кормандон Марказ интихоб гардида, дар идома масъалаҳои мубрами рӯз аз қабили дар сатҳи баланд баргузор намудани фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои Осиё таҳти унвони “Дар меҳмонии Душанбе”, таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ, баргузории лагери истироҳативу омӯзишии “Рангинкамон”, пешгирии кормандон аз фарҳанги бегонапарастӣ, ба роҳ мондани маҳфилҳои томактабӣ дар марказҳо, назорати фаъолияти дурусти маҳфилҳои марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар давраи таътили тобистона ва ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба маҳфилҳо ҷиҳати пешгирӣ аз оворагардию даст задан ба ҷиноят баррасӣ гардида, ба шахсони масъул ҷиҳати андешидани чораҳои зарӯрӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.
📸СУРАТГУЗОРИШ:
11/06/2026
ДИҚҚАТ❗️❗️❗️
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «МАРКАЗИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ» БА ТАВАҶҶУҲИ ПАДАРОНУ МОДАРОН МЕРАСОНАД, КИ АЗ 12 ИЮН ТО 31 ИЮЛ ДАР НАЗДИ МУАССИСА ЛАГЕРИ ИСТИРОҲАТИВУ ОМӮЗИШИИ «РАНГИНКАМОН» БА ФАЪОЛИЯТИ ХУД ШУРУЪ МЕНАМОЯД.
ФАРЗАНДОНИ ШУМО МЕТАВОНАНД БА ТАВРИ РОЙГОН ДАР ДАВРАИ ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА КАСБУ ҲУНАР ОМӮХТА, САТҲИ ИЛМОМӮЗИВУ ЗАБОНДОНИИ ХУДРО ДАР МАҲФИЛҲОИ МАРКАЗ САЙҚАЛ БИДИҲАНД.
ХОТИРРАСОН МЕНАМОЕМ, КИ ЛАГЕРИ ИСТИРОҲАТИВУ ОМӮЗИШИИ “РАНГИНКАМОН” ДАР АСОСИ ҚАРОРИ ДАХЛДОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ҶИҲАТИ ҶАЛБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА МАҲФИЛҲОИ ОМӮЗИШӢ ВА ЛАГЕРҲОИ ИСТИРОҲАТИВУ ОМӮЗИШӢ ДАР ДАВРАИ ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА БА ТАВРИ РОЙГОН РОҲАНДОЗӢ ГАРДИДА АСТ.
‼️ФУРСАТ ҒАНИМАТ АСТ! ФАРЗАНДОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД❗️❗️❗️
📞ТЕЛЕФОН БАРОИ ТАМОС:
(+992 501) 07 08 20.
11/06/2026
ВОЛИДАЙНИ МУҲТАРАМ!
КӮДАКОНРО БЕ НАЗОРАТ НАГУЗОРЕД!!!
09/06/2026
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ»
📸АКС АЗ
05/06/2026
ҶОЙИ 1
НОЗИРОНИ НАВРАСИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ~ ҒОЛИБИ ОЗМУН ДАР ҶУМҲУРӢ
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати хонандагони муассисаҳои таълимӣ оид ба омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт 2-юми июни соли 2026 дар ҶСК «Шоҳамбарӣ»-и шаҳри Ҳисор озмуни 12-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» бо иштироки кӯдакон ва наврасон баргузор гашт.
Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, изҳор дошт, ки озмуни «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» омили муҳим ҷиҳати тарбияи ҳуқуқии наврасон дар самти риоя ва омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва барқарорсозии дӯсти байни онҳо мебошад.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ бахусус кӯдакону наврасон чораҳои зарӯрии беҳдоштию муҳофизатиро андешида ҳаёту саломатии ҳар як шаҳрвандро ҳифзу ҳимоя менамояд. Озмуни мазкур тайи се рӯз баргузор карда шуд.
Дар озмун дастаҳои беҳтарини «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, донишу малакаи худро дар самти риоя ва тарғиби қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба намоиш гузоштанд, ки дастаи нозирони навраси шаҳри Душанбе-хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовори ҷой 1-ум гардиданд, ки ба тамоми кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе муборакбод менамоем.
Ҷамъбасти Озмун бо барномаи бошукӯҳи фарҳангии Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” баргузор гардид.
📸СУРАТГУЗОРИШ:
03/06/2026
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МУАРРИФИИ НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ БАРОИ МАРҲИЛАИ ДУЮМ (СОЛҲОИ 2026-2030)
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамҷоягӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» семинари омӯзишӣ вобаста ба муаррифии Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030) баргузор гардид.
Дар кори семинар муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр ва муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулӣ Барот, инчунин роҳбарони раёсатҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт иштирок намуданд.
Пеш аз оғози қисмати расмии чорабинӣ меҳмонон аз намоиши дастовардҳо ва маҳсули фаъолияти таълимгирандагони маҳфилҳои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» боздид ба амал оварда, бо корҳои эҷодӣ, ихтироъкорӣ ва дастранҷи кӯдакону наврасон аз наздик шинос шуданд. Меҳмонон ба сатҳи омодагӣ, истеъдод ва дастовардҳои наврасон баҳои баланд дода, аз фаъолияти муассиса изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар ҷараёни семинар масъалаҳои вобаста ба татбиқи самараноки Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия, тақвияти шаффофият, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкории байниидоравӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки амалисозии босамари чорабиниҳои пешбинишуда дар самти пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ мусоидат хоҳад намуд.
📸СУРАТГУЗОРИШ:
01/06/2026
📸СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ НАМОИШИ БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ «КӮДАКОН ДУНЁИ МОЯНД!» БАХШИДА БА 1 ИЮН - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН
01/06/2026
📸СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲОИ ШАҲРИИ «ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ», «ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ», КОНФЕРЕНСИЯИ ШАҲРИИ «ҶАМЪИЯТИ ИЛМӢ-ЭҶОДӢ»-И ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА НАХУСТИН ТАРБИЯГИРАНДАГОНИ МАҲФИЛИ «ХУШИҚБОЛАКОН»-И МАРКАЗИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
| Monday | 08:00 - 17:00 |
| Tuesday | 08:00 - 17:00 |
| Wednesday | 08:00 - 17:00 |
| Thursday | 08:00 - 17:00 |
| Friday | 08:00 - 17:00 |
| Saturday | 08:00 - 12:00 |