29/09/2026
РӮЗГОР ВА ОСОРИ РӮДАКӢ ДАР ТАҲҚИҚИ ДОНИШМАНДОНИ ВАТАНӢ ВА ХОРИҶӢ
Рӯзгор ва осори асосгузори адабиёти классикии форсии тоҷикӣ, падари шеъри форсии тоҷикӣ Абуабдуллоҳ Ҷаъфар (858-941) баъд аз даргузашти шоир дар тазкираҳо, пораҳои шеърӣ ва дигар сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ҷой ва мақоми шоиста дошта, ҳар нафар, ки дар бораи устод Рӯдакӣ ҳарфе гуфта бошад, ҳамоно шахсият ва ҳунари шоирии ӯро ситоиш кардааст. Устод Рӯдакӣ воқеан ҳамчун шоири донишманд ва ҳаким шинохтаву эътироф гардидааст. Ному кори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар рушди тамаддуни давраи Сомониён низ шоистаи таҳсин аст.
Масъалаи шинохт, омӯзиш ва таҳияи осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз асри Х то асри Х1Х асосан, ба маводу мадраке, ки дар тазкираҳо, баёзҳо ва дигар сарчашмаҳои илмиву таърихӣ омадааст, иртибот дорад. Тавассути ҳамин сарчашмаҳо муҳаққиқон ашъори Рӯдакиро пайдо карда, номашро зинда гардонидаанд. Девони Рӯдакӣ дар давраҳои истилои душманон аз байн рафта буд, вале танҳо тавассути луғатномаву дигар кутуби таърихӣ идаи каме аз осори шоир то рӯзгори мо расидааст. Аз ҷумла, дар «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ, «Тарҷумон-ул балоғат»-и Муҳаммад Умари Родуëнӣ, «Асрор-ут-тавҳид»-и Муҳаммад ибни Мунаввар, «Ҳадоиқ-ус-сеҳр»-и Рашидуддини Ватвот, «Лубоб-ул-албоб» -и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ, «Фарҳанги Фахри Қаввос»-и Фахриддин Муборакшоҳи Разнавӣ, «Сиҳоҳ-ул-фурс»-и Ҳиндушоҳи Нахҷивонӣ ва осори дигар намунае дигаре аз осори Рӯдакӣ сабт шудааст. Дар ин боб аз китобҳои таърихии «Таърихи Систон», «Таърихи Байҳақӣ», «Таърихи гузида» низ бағоят муҳим ҳастанд. Баъдтар дар сарчашмаҳои хаттии асрҳои XIV-XV, махсусан, фарҳангномаҳои шеърӣ, амсоли «Донишномаи Қадархон», «Тухфат-ул-аҳбоб», «Мадор-ул-афозил», «Фарҳангномаи Ҳусайни Вафоӣ», «Адот-ул-фузало», «Лисон-уш-шуаро», «Муайид-ул-фузало», «Туҳфат-ус-саодат» қисми дигари ашъори парешони Рӯдакӣ ба қайд омадаанд.
Аввалин муҳаққиқон, ки дар бораи Рӯдакӣ ва осори ӯ пажуҳиши муҳимми илмӣ анҷом додаанд, донишмандони аврупоӣ мебошанд, минҷумла, Ҳерман Этте, Дениссон Росс, Эдвард Браун, Чарлз Пиккеринг, Паул Ҳорн, Бертелс Евгеней Эдувардович ва дигарон мебошанд. Ин донишмандон матни ашъори Рӯдакиро аз тазкираҳо ва дигар сарчашмаҳо, ки аксарият такрори ҳамдигар ҳастанд, ҷамъоварӣ карда, ва чоп намудаанд. Вале таҳқиқи дақиқ ва комили илмӣ дар Рӯдакишиносӣ аз ҷониби донишмандони эронӣ, аз ҷумла, Саид Нафисӣ, Бадеъуззамони Фурӯзонфар, Забеҳуллоҳи Сафо, Парвиз Нотили Хонларӣ, Абдулҳусайни Зарринкӯб, Ризозода Шафақ, Манучеҳри Донишпажуҳ ва олимони рус Бертелс Евгеней Эдувардович, Мехаел Занд, Иосиф Самулович Брагинский ва донишмандони тоҷик, ба мисли Садриддин Айнӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Сотим Улуғзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Холиқ Мирзозода, Расул Ҳодизода, Аълохон Афсаҳзод, Худоӣ Шарифов, Ҷумъабой Абдулманнони Насриддин, Абдунабӣ Сатторзода, Садрӣ Саъдиев, Усмон Каримов, Ансор Афсаҳов, Асрор Раҳмонов ва дигарон ба сомон расидааст. Донишмандони мазкур дар таҳияи таҳқиқ ва чопи ашори Рӯдакӣ хидмати шоиста кардаанд.
Дар зер як-як китобҳои ба нашр расидаро бо зикри номи муаллифон ва соли нашри китобҳо баён медорем:
1. Ҳерман Этте «Рӯдакӣ – шоири Сомониён». Аслан дар шакли мақолаи алоҳида таълиф ёфта, бар он ашъори бозёфта ва тасҳеҳкардаи ин донишманд илова гардидааст.
2. Садриддин Айнӣ. «Намунаи адабиёти тоҷик», (Маскав, 1926). Устод Садриддин Айнӣ дар асоси чаҳор сарчашмаи пешина - “Намунаи адабиёти Эрон” ба сайъу таҳқиқи Мирзо Муҳсини Иброҳимӣ. (Боку, 1922.), Баҳористон» -и Абдурраҳмони Ҷомӣ, (равзаи ҳафтум). 3. «Оташкада» -и Лутфалибеки Озар. 4. «Хизонаи Омира»-и Ғуломалихони Озоди Балгиромӣ, ки дар матбааҳои Ҳиндустон ва Қафқоз ба табъ расида буданд, намунаи ашъори Рӯдакиро бо зикри баъзе маълумоти тарҷумаҳолӣ дар оғозӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» овардааст.
3. Саид Нафисӣ. «Аҳвол ва ашъори Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ”. Ҷомеътарин матни тасҳеҳшудаи ашъори Рӯдакӣ дар ин китоб дарҷ ёфтааст.
4. Садриддин Айнӣ, Абдусалом Деҳотӣ. «Устод Рӯдакӣ». (Сталинобод, 1940, ба алифбои лотинӣ). Он дуввумин нашри нисбатан ҷомеи ашъори Рӯдакист, ки дар Тоҷикистон сурат гирифтааст. Афзалияти ин китоб аз «Намунаи адабиёти тоҷик» аз он аст, ки дар ин фосилаи чаҳордаҳсолаи Садриддин Айнӣ бо ҳамкории Абдусалом Деҳотӣ оид ба аҳвол ва ашъори Рӯдакӣ пажуҳишоти бештаре анҷом дода, натоиҷи онро дар қолаби як рисолаи илмӣ ба таҳрир овард ва бар он ашъори дигаре аз Рӯдакӣ бияфзуд.
5. «Осори Рӯдакӣ» (Сталинобод, 1958). Дар таҳияи матни ин китоб муҳаққиқони Академияи илмҳои Тоҷикистон Баҳром Сирус, К. Айнӣ, Расул Ҳодизода, Мехаел Занд, Саъдулло Тоҷиддинов, Муҳаммадвафо Бақоев, Зоҳир Аҳрорӣ таҳти роҳбарии академик Абдулғанӣ Мирзоев машғул шуданд. Нашри «Осори Рӯдакӣ» боз як марҳилаи муҳимро дар матншиносии осори Рӯдакӣ оғоз кард. Дар ин нашр бори аввал тамоми осори бозмондаи Рӯдакӣ ба алифбои сириллик баргардонида шудааст.
6. «Рӯдакӣ. Осори манзум» дар тарҷумаи русӣ, таҳти назари Иосиф Брагинский (М.: «Наука», 1964) Матни ин асарро муҳаққиқи пуркори маскавӣ Комиссаров Даниил Самуилович таҳия намуда, дар он усули таснифоти Саид Нафисӣ ва матншиносони тоҷик дар китоби «Осори Рӯдакӣ» ба эътибор гирифтааст. Имтиëзи хуби ин нашр дар тарҷумаи русии ашъор ба забони русист, ки аз ҷониби Вилгелм Вениаминович Левик ва Липкин Семиён Израилевич анҷом пазируфтааст.
7. «Рӯдакӣ». Бо маънии вожаҳо ва шарҳи байтҳои душвор ва бархе нуктаҳои дастурӣ ва адабӣ». Ба кӯшиши доктор Халил Хатиби Раҳбар. (Теҳрон, 1343, ҳ.ш). Аввалин нашри осори Рӯдакист, ки ба тавзеҳи калимаю ибороти қадима ва шарҳи маъниҳои душворфаҳм бахшида шудааст. Маҷмуаи мазккур ҳамагӣ 492 байт иборат аст.
8. «Рӯдакӣ. Шеърҳо» (Душанбе, 1974, муқаддимаю тавзеҳот, шарҳи луғот ва таҳияи матн аз Усмонҷон Каримов ва Садрӣ Саъдиев) Китоб аз фаслҳои «Ашъори ошиқона», «Рубоиëт», «Қасида ва мадҳияҳо», «Марсияҳо», «Ашъори панду ҳикмат», «Мазаммат ва ҳаҷв», «Ҳасби ҳол», «Чистонҳо» , «Аз манзумаи «Калила ва Димна», «Аз манзумаи «Синдбоднома», «Аз маснавии «Даврони офтоб», «Аз маснавии баҳри мутақориб», «Аз маснавии вазни хафиф», «Аз маснавии баҳри ҳазаҷ», «Аз маснавии дар намуди дигари баҳри ҳазаҷ», «Аз маснавии баҳри музореъ», «Аз маснавии баҳри сареъ» иборат аст.
9. «Ҳазор мисраи Рӯдакӣ» (Душанбе: Ирфон, 1984, таҳияи матн аз Расул Ҳодизода ва Ансор Афсаҳов) Ин нусха, ки ба муносибати 1125-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мунташир шуда буд, ки ин асарро дар чаҳор бахш табақабандӣ кардаанд:
1.Қасидаҳо. Порчаҳо аз қасидаҳо.
2.Ғазалҳо. Порчаҳо аз ғазалҳо.
3.Қитъаҳо. Порчаҳо аз шеърҳои гуногун.
4. Рубоиҳо.
10. «Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор» (Душанбе: Ирфон, 1987, (таҳияву тарҷума, тавзеҳот ва муқаддимаи Л.И. Брагинская). Аз ҷумлаи нашрҳои муҳаққиқонаи осори Рӯдакист.
11. «Гузидаи ашъори Рӯдакӣ» (Душанбе: «Маориф», 1990, 368 саҳ.) фарҳанги тафсириест, ки мувофиқи қоидаву тартиботи навини лексикографӣ таълиф шуда, бештар аз 5 ҳазор калимаву ибора, истилоҳоти муҳимми соҳаҳои гуногуни илму адаб ва дигар мафҳумҳои услубии хоси ашъори Рӯдакиро шарҳу эзоҳ медиҳад.
12. «Гузидаи ашъори Рӯдакӣ» Пажуҳиш шарҳи доктор Ҷаъфари Шоир ва доктор Ҳасани Анварӣ. (Теҳрон: муассисаи интишороти «Амири Кабир», с. 1365-ум ҳ. ш.)
13. «Баргузидаи ашъори Рӯдакӣ ва манучеҳрӣ». Таълифи доктор Исмоили Ҳокимӣ (Теҳрон: Интишори «Асотир», 1371).
14. «Девони Рӯдакӣ»-и Абуабдуллоҳи Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакии Самарқандӣ (1098 байти бадастомада то имрӯз)» ба шарҳу аҳволу осори ӯ, танзим, тасҳеҳ ва назорати Ҷаҳонгири Мансур (Теҳрон: Интишороти «Ноҳид», 1373-уми ҳ.) Охирин ва ҷомеътарин нашри осори бозмондаву бозёфтаи устоди шоирон Рӯдакист.
15. «Насими Мӯлиëн» Таҳияи Асрори Раҳмонфар (Душанбе, 1999.) Ба муносибати таҷлили бошукӯҳи 1100-солагии давлати Сомониён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид.
16. «Рудакӣ (нусхашиносӣ ва нақду баррасии ашъори бозмонда» (Хуҷанд, 1999.) Ин китоб ба саъю эҳтимоми д.и.ф., профессор Абдулманнони Насриддин таҳия ва нашр шудааст.
17. Соли 2007 боз ду нашри арзишманди “Девони Рӯдакӣ” дар Қазоқистон ба табъ расид, ки натиҷаи ҷустуҷӯву заҳматҳои адиби соҳибназари Қодири Рустам мебошад. Нашри мазкур минбаъд бо иловаю таҳқиқоти судман ба матни девони Рӯдакӣ дар ш. Душанбе ва Хуҷанд низ ба табъ расид.
18. Китоби силсилаи “Ахтарони адаб” “Ашъор”-и Абуабдулло Рӯдакӣ бо мукаддимаву тавзеҳоти матншиноси номвар Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ (Душанбе: «Адиб», 2007, муҳаррир М. Акбарзод) мунташир гардид.
19. Соли 2008 бо қарори созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ҷашни 1150 - солагии Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ таҷлил гардид. Ба ҳамин муносибат боз чанд нашри дигари девони Рӯдакӣ сурат гирифт. Муҳимтарин падидаи рӯдакишиносӣ ба табъ расидани матни илмӣ ва интиқодии девони Одамушшуаро бо кӯшишу эҳтимоми профессор Расул Ҳодизода ва доктор Алии Муҳаммадии Хуросонӣ (Душанбе, «Пайванд», 2008, 613 сахифа) ба табъ расидааст.
Марҷона МУРОДОВА, муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷ