11/12/2024
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТ ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ
Санаи 5-уми декабри соли 2024 бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид, Фонди Оғохон, иштироки ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар TECHNOHUB DUSHANBE дар мавзуи “Пул ба ҷаҳони касбӣ” ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Ба ҳамоиш намояндаи Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Мирзоева ҳусни оғоз бахшида, мақсад ва муҳтавои ҳамоишро муаррифӣ намуд.
Намояндаи Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид Таҳмина Каримова дар маърӯзаи худ фаъолияти Барномаи рушди Созмони милали муттаҳидро оид ба дастгирӣ, таъмини ҷавонон ва донишҷӯён бо ҷойҳои корӣ муаррифӣ намуд. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки аҳолии он бо суръати баланд афзоиш ёфта, 70% аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид маҳз барои таъмин намудани ҷавонон бо ҷойҳои корӣ, чорабиниҳо ва лоиҳаҳоеро амалӣ менамояд, ки ба ҷавонон барои ба даст овардани малакаи нав ва муваффақ гаштан дар бозори меҳнат равона гардидаанд. Ин ташкилот омодааст то 300 нафар донишҷуёнро ба таҷрибаомӯзии музднок фаро гирад.
Намояндаи Фонди Оғохон Ҷаҳонгир Раҷабов қайд намуд, ки солҳои қаблӣ корфармо ва корманд ҳамдигарро дар бозори меҳнат бо душворӣ пайдо менамуданд. Соли 2021 эътилофе таъсис дода шуд, ки дар он зиёда аз 60 ширкат аъзо мебошанд. Фонди Оғохон ба ҳамин ширкатҳо шартномаи ҳамкорӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва коромӯзии ҷавононро ба имзо расонидааст, ки зиёда аз 30%-и онҳо бо ҷои корӣ таъмин карда мешаванд. Донишҷӯён метавонанд ба воситаи сомонаи koromuz.tj ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб карда шаванд.
Директори “Карим академия” Карина Каримӣ, ки хатмкардаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад, мақсади асосии лоихаи худро дар кӯмак расонидан ба донишҷӯёну ҷавонон барои дарёфти малакаҳои касбӣ ва таъмин намудан ба ҷои корӣ шарҳ дод. Маълум мебошад, ки илм рӯз то рӯз пеш меравад, аз ин рӯ барои рақобатпазир будан дар бозори озоди меҳнат шахс пайваста дар ҷустуҷӯ ва андӯхти таҷриба бошад.
Дар охир декани факултети менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдурасул Сатторзода суханронии худро аз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон оғоз намуда, қайд намуд, ки иштироки ҷавонони кишварро барои пешрафт ва рушду равнақёбии диёри азизамон ҳамеша дастгирӣ менамоянд. Барои ҷавонони мо имрӯзҳо тамоми шароитҳо барои таҳсил, таъмин намудан бо шароити таълимомӯзӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин ҳукумати кишвар барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсилоти духтарон низ тадбирҳои муҳим андешидааст. Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои касбомӯзӣ ва фаъолияти босамари ҷавонони кишвар тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Ташаккули сиёсати ҷавонон ва фароҳам овардани шароит барои такмили имкониятҳои онҳо барои ояндаи давлат мусоидат хоҳад кард. Боиси хушнудист, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, кадрҳои рақобатпазиро омода ва ба бозори меҳнат пешниҳод менамояд.
Дар охир байни мутахассисон ва донишҷуён саволу ҷавобҳо баргузор гардиданд.