27/01/2025
САҲИФАИ РАСМИИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ «КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ»
МОРО ҲАМРОҲ БОШЕД!
https://www.facebook.com/share/19wzsDkoav/
Муассисаи давлатӣ
27/01/2025
САҲИФАИ РАСМИИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ «КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ»
МОРО ҲАМРОҲ БОШЕД!
https://www.facebook.com/share/19wzsDkoav/
25/01/2025
25.01.2025 ш.Душанбе
ТАШКИЛИ ШАНБЕГӢ БО ИШТИРОКИ КОРМАНДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶ
Санаи 25.01.2025 дар доираи амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббусҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дастури Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ шанбегии дастаҷамъона бо иштироки кормандону донишҷӯён ташкил ва баргузор карда шуд. Иштирокчиёни шанбегӣ гирду атрофи муассисаро тозаву поккорӣ карда шуд. Ҳамзамон кормандони Коллеҷ дар шанбегии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ фаъолона иштирок намуданд.
22/01/2025
22.01.2025 ш. ДУШАНБЕ
СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТИЮ ТАШВИҚОТӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №5, 58 НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ, №56, 88, 89, 92 НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ҶИҲАТИ ҶАЛБИ ДОВТАЛАБОН ТАРИҚИ МАРКАЗИ МИЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА КОЛЛЕҶ БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2025-2026 АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНУ ОМӮЗГОРОНИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
22/01/2025
21.01.2025 ш. ДУШАНБЕ
СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТИЮ ТАШВИҚОТӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ НОҲИЯИ МИР САЙИДӢ АЛИИ ҲАМАДОНӢ ҶИҲАТИ ҶАЛБИ ДОВТАЛАБОН ТАРИҚИ МАРКАЗИ МИЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА КОЛЛЕҶ БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2025-2026 АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНУ ОМӮЗГОРОНИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
21/01/2025
ДИҚҚАТ!
Нашри махсуси рӯзномаи "Пайки навоварон" -и Коллеҷ дар соли 2025 ҷиҳати муаррифии имконияту шароитҳо ва ихтисосҳои Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе барои қабули довталабон тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Коллеҷ барои соли таҳсили 2025-2026
20/01/2025
20.01.2025 ш. ДУШАНБЕ
СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТИЮ ТАШВИҚОТӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ 80, 90 НОҲИЯИ СИНО ВА МТМУ 29, 71 НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ҶИҲАТИ ҶАЛБИ ДОВТАЛАБОН ТАРИҚИ МАРКАЗИ МИЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА КОЛЛЕҶ БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2025-2026 АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНУ ОМӮЗГОРОНИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
18/01/2025
ҶОЙГОҲИ ХОСАИ ЭҲТИРОМИ ЗАН-МОДАР ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
«Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад».
Эмомалӣ Раҳмон
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, ҳастии зиндагӣ, пайвандгари наслҳо, ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо аст.
Зан-модар дар ҳар давру замон мақому манзалати хоса дошт ва ҳоло ҳам дорад. Мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст. Дар ҳар соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ ё соҳаҳои сиёсиву хориҷаии кишвар занон саҳмгузор буда, барои пешрафту тараққиёти маданияту фарҳанги тоҷикона ва рушди он саҳми калон бозиданд.
Чӣ тавре ки аз Паёми Пешвои миллат санаи 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид, дарҷ гардид, ки ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Имрӯзҳо беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Дар рушди соҳаи соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ мо занонро баҳои баланд дода, пешрафти соҳаро бе онҳо тасаввур карда наметавонем. Чунки дар соҳаҳои хизматрасонӣ дар тарабхонаҳову ошхонаҳо, мағозаву бозорҳо, кошонаи ҳусну фабрикаҳо қариб 80 фоизашонро занон ташкил медиҳанд.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муазами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, ки “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем.
Соли ҷорӣ ман бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мулоқоти махсус доир карда, вобаста ба масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа муфассал ва кушоду равшан ибрози назар намудам.
Дар мулоқоти зикршуда бори дигар андешаҳои худро оид ба мазмуну моҳият ва зарурату манфиати қабули Қонунҳои миллӣ – «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» муфассал баён кардам”.
Мо бо бовариву эътимоди хоса гуфта метавонем, ки занону модарони бофарҳанги кишвар минбаъд низ рисолати муқаддаси худро бо таълиму тарбияи дурусти фарзандон, дар замири онҳо ҷой додани ҳисси ватандустиву ватанхоҳӣ, баланд бардоштани саводнокии аҳли ҷомеа ва барои боз ҳам баланд бардоштани нақшу мақоми бонувон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа, инчунин дар пешрафту ободии кишвари маҳбубамон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳои худ бо занони фаъолу эҷодкори мамлакат чунин иброз доштанд:
“Давлате, ки нисбат ба модар–сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ, бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”.
Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо мақсади ҳалли бисёр масъалаҳои марбут ба ҳаёти занон як қатор барномаҳои муҳими давлатиро амалӣ намуд, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нақши босазо доранд.
Хушбахтона, аз оғози соҳибистиқлолии кишвар бо талошу кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат баланд бардоштани ҳуқуқи зан ва мақоми ӯ дар ҷомеа буд. Ҷиҳати ҳалли ин масъала Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пешбарандаи рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳоро тавассути мустаҳкам кардани мавқеи зан бо меъёрҳои конститутсионӣ ва минбаъд такмил додани онҳо тавассути қонунҳои соҳавӣ пеш гирифт. Ин барои баланд бардоштани ҳуқуқ ва мақоми зан дар ҷомеаи Тоҷикистон асос гардид.
Хулоса дар ҳамаи соҳаҳо нақши зан басо бузург дида мешавад ва тарбияи насли наврас ҳам дар дасти занон мебошад.
Рукмилаи Саидшоҳ, мутахассиси шуъбаи таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе
18/01/2025
18.01.2025 ш. ДУШАНБЕ
СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТИЮ ТАШВИҚОТӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ 42 НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ, 59, 111 НОҲИЯИ СИНО ВА МТМУ 100 НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ҶИҲАТИ ҶАЛБИ ДОВТАЛАБОН ТАРИҚИ МАРКАЗИ МИЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА КОЛЛЕҶ БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2025-2026 АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНУ ОМӮЗГОРОНИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
| Monday | 08:00 - 17:00 |
| Tuesday | 08:00 - 17:00 |
| Wednesday | 08:00 - 17:00 |
| Thursday | 08:00 - 17:00 |
| Friday | 09:00 - 17:00 |
| Saturday | 08:00 - 17:00 |