Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ)
Таджикский государственный финансово-экономический университет (ТГФЭУ)

Таджикский финансово-экономический университет (ТГФЭУ) государственное образовательное учреждение готовит специалистов в области финансов, экономики, бухгалтерии, информационной технологии в экономике, менеджмента и экономического права. Обучение в ТГФЭУ проводится в соответствии с международными стандартами.
Институт в своей структуре имеет 6–факультетов, 26 кафедр, из них 19 специализированных. Обучение осуществляется в очной и заочной формах по степеням: бакалавр, магистр, доктор PhD и второе высшее образование, также при институте есть отдел аспирантуры и докторантуры.
Обучение в институте проводится в бюджетной и договорной основе. Ежегодно в ТГФЭУ по президентской квоте из отдалённых районов республики поступают одаренные юноши и девушки. Обучение в институте проводится на государственном и русском языках. В этом году в институте планируется открыт группу с английским языком обучения.
В учебном процессе в ТГФЭУ заняты 390 квалифицированных преподавателей, в том числе 23-доктора наук и 106-кандидатов наук.
С целью внедрение современных технологий в учебный процесс для преподавателей и студентов института оснащены 3 учебных корпуса (171 аудитории), 3 библиотеки, 2 электронных библиотек, 3 читальных залов, 10 компьютерных лабораторий, 8 лингафонных кабинетов, 726 компьютеров в том числе 520 компьютера имеют соединение с ИНТЕРНЕТ, 25 электронных досок, и сотни других технических средств которую используют преподаватели во время занятий. ТГФЭУ имеет 2 общежития, которые отвечают всем стандартам и рассчитаны на 800 мест для студентов.


Международная деятельность института в основном связана совместными двусторонними соглашениями о научном сотрудничестве с зарубежными высшими учебными заведениями России, Испании, Нидерландов, Великобритании, Китая, Украины, Грузии, Казахстана, Кыргызстана. С этими вузами достигнута договоренность о сотрудничестве в области обмена студентами и преподавателями, учебными пособиями и разработкой совместных грантовых программ. Благодаря реализуемым проектам в институте за последний год более 100- преподавателя института прошли курсы повышения квалификации и стажировку в зарубежных вузах.
В ТГФЭУ имеется стадион, комплексная спортивно- оздоровительная площадка, 3 спортзала и гимнастический зал с целью воспитания будущего поколения в духе здорового образа жизни и всестороннего развитая личности.
Студенты ТГФЭУ активно участвуют в республиканских, городских и межвузовских олимпиадах, конкурсах КВН и соревнованиях по вольной борьбе, волейболу, футболу, баскетболу и они стали обладателями призовых мест.
В ТГФЭУ функционирует Технопарк, в рамках которого студенты могут посетить курсы английского, русского, китайского и немецкого языков, а также в курсах вождения, шитья, компьютерных технологий.



Финансово - экономический институт Таджикистана имеет хорошую материально-техническую базу и высококвалифицированный кадровый потенциал, и объявляет набор студентов по современным и конкурентоспособным специальностям.
Наряду таджикских групп, ТГФЭУ планирует прием абитуриентов с русским языком обучения по следующим специальностям – налоги и налогообложение, банковское дело, таможенное дело, правовое обеспечение таможенного дело, правовое регулирование финансов и кредита, финансы, финансы и кредит во внешнеэкономической деятельности, бухгалтерский учёт, анализ и аудит в банках, бухгалтерский учёт, анализ и аудит в бюджетных и научных учреждениях, технология и информационная система в экономике, и для специальности мировая экономика на английском языке.
Абитуриенты могут выбирать свою будущую специализацию по приведенной таблице. Выпускники института после получения диплома могут работать в структурах Министерств финансов, экономического развития и торговли, транспорта, налогового комитета, таможенной службы, государственных и коммерческих банков Республики Таджикистан, и в других государственных и коммерческих организациях.

ДАСТОВАРДИ НАВИ ИЛМӢСол то сол афзудани ҳимояҳои рисолаҳои номзадӣ дар донишгоҳ барои тақвияти илмии таълимгоҳ заминагуз...
24/09/2026

ДАСТОВАРДИ НАВИ ИЛМӢ

Сол то сол афзудани ҳимояҳои рисолаҳои номзадӣ дар донишгоҳ барои тақвияти илмии таълимгоҳ заминагузор буда, дар болоравии сифати таҳсилот ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи замон мусоидат менамояд.

24-уми сентябри соли равон дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳимояи номзадии муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарз, муовини декан оид ба илми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ Шарифзода Гулрухсор Мирзоҳаким дар мавзуи «Масъалаҳои мукаммалгардонии хавфҳои бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.17 - молия, муомилоти пулӣ ва қарз доир гардид. Номбурда таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, сарходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бомуваффақият ҳимоя намуд.

Мақсади таҳқиқотро масъалаҳои мубрами идоракунии хавфҳои бонкӣ дар шароити шиддат гирифтани таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ, зиёд гардидани таъсири омилҳои беруна, вусъати истифодаи техника ва технологияҳои муосир дар самти низоми бонкӣ дар бар мегирад.

Навгониҳои илмии таҳқиқот ҳамчун қисми асосии рисолаи илмӣ тамоми дастовардҳои назариявӣ ва методию амалии корро дар бар гирифта, дар он масоили мубрами идоракунии хавфҳои бонкӣ ва аҳамияти иҷтимоию иқтисодии онҳо дар шароити муосир ва як қатор роҳу усулҳои идораи басамари масъалаи мазкур баррасӣ шуданд.

Мо аҳли коллективи донишгоҳ олимаи ҷавон Шарифзода Гулрухсор Мирзоҳакимро бо ин дастоварди илмӣ муборакбод намуда, умед дорем, ки корҳои илмии анҷомёфта барои пешрафти кишвар дар амалия татбиқ карда мешаванд.

Тағоймурод ЭШЗОДА

НАҚШИ ИҚТИСОДИЁТИ «САБЗ» ДАР ШАРОИТИ МУОСИР23-юми сентябри соли равон дар назди кафедраи табиатшиносӣ маҳфили илмии дони...
24/09/2026

НАҚШИ ИҚТИСОДИЁТИ «САБЗ» ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

23-юми сентябри соли равон дар назди кафедраи табиатшиносӣ маҳфили илмии донишҷӯёни «Табиатшиносони ҷавон» таҳти унвони «Нақши иқтисодиёти “сабз” дар шароити муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.

Маҳфилро роҳбари он Алишер Раҳимӣ оғоз намуда, таъкид кард, ки тағйирёбии иқлим, коҳиш ёфтани захираҳои сӯзишвории фосилӣ ва зарурати таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар асри XXI кишварҳои ҷаҳонро ба ҷустуҷӯ ва татбиқи роҳҳои нави рушди иқтисодӣ, аз ҷумла гузариш ба иқтисодиёти «сабз» водор намудааст.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди неруи барқи худро аз манбаъҳои обӣ истеҳсол мекунад ва дорои иқтидори назарраси истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла энергияи офтобӣ, бодӣ ва дигар манбаъҳои тоза мебошад, рушди иқтисодиёти «сабз» метавонад яке аз самтҳои муҳими таъмини рушди устувор ба ҳисоб равад. Дар шароити тағйирёбии иқлим истифодаи самараноки иқтидори энергетикии барқароршаванда, ҳифзи захираҳои табиӣ ва татбиқи технологияҳои каммасраф аҳамияти бештар пайдо мекунад.

Сипас, муаллими калони кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Айдар Сулаймонов доир ба аҳамияти рушди иқтисодиёти «сабз» дар шароити муосир ва зарурати баланд бардоштани маърифати экологӣ андешаҳои худро баён кард.

Ҳамчунин, донишҷӯи курси 4-уми факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ Меҳрангез Бобоева ва донишҷӯи курси 1-уми ҳамин факултет Хуршед Камолов маърузаҳои худро пешниҳод намуданд.

Дар ҷараёни маҳфил масъалаҳои муҳими марбут ба рушди иқтисодиёти «сабз», ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми маҳфил таъкид гардид, ки рушди иқтисодиёти «сабз» ба истифодаи самараноки захираҳо, рушди технологияҳои навоварона ва фароҳам овардани замина барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат мекунад.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия

ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШД23 сентябри соли равон дар кафедраи назарияи иқтисодии донишгоҳ бо иштироки доираи...
24/09/2026

ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШД

23 сентябри соли равон дар кафедраи назарияи иқтисодии донишгоҳ бо иштироки доираи васеи донишҷӯён семинари илмӣ дар мавзуи «Ҳамгироии минтақавӣ: омилҳои калидии рушд» доир гардид.

Дар рафти семинар устоди кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сабоҳат Исмоилова оид ба аҳамияти ҳамгироии минтақавӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ андешаронӣ намуда, таъкид кард, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои мавқеи муҳими геоиқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳамгироии минтақавӣ яке аз воситаҳои муҳими коҳиш додани маҳдудиятҳои геоиқтисодӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувор ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, дар семинар имкониятҳои истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ ва обии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар идома масъалаҳои марбут ба марҳилаҳои ташаккул, самтҳои муосир ва хусусиятҳои рушди ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Аз ҷумла, омилҳои таъсиррасон ба равандҳои ҳамгироӣ дар шароити гузариш ба низоми иқтисодии ҷаҳонии бисёрқутбӣ баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни семинар самтҳои асосӣ, имкониятҳо ва мушкилоти рушди ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба такмили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда пешниҳодҳои мушаххас баён гардиданд.

Дар фарҷоми семинар миёни иштирокчиён саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифта, донишҷӯён вобаста ба масъалаҳои мавриди баррасӣ саволҳо пешниҳод ва андешаҳои худро баён карданд.

Тағоймурод ЭШЗОДА

ДОНИШҶӮИ ДДМИТ ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ СОҲИБИ ҶОЙИ АВВАЛ ГАРДИДБахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисто...
24/09/2026

ДОНИШҶӮИ ДДМИТ ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ СОҲИБИ ҶОЙИ АВВАЛ ГАРДИД

Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи равон дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба кураш баргузор гардид.

Дар мусобиқа варзишгарони шаш кишвари Осиёи Марказӣ ширкат варзида, барои ба даст овардани мақоми беҳтарин миёни ҳам рақобат карданд. Дар ин сабқати байналмилалӣ донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1960101-и факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ Мубориз Баротзода бо маҳорати баланди варзишӣ баромад намуда, сазовори ҷойи аввал гардид. Ба ғолиб медал ва диплом супорида шуд. Мубориз Баротзода барои нишон додани маҳорати баланди варзишӣ ва ба даст овардани натиҷаи назаррас аз ҷониби Раиси Федератсияи самбои ҷумҳурӣ Ҷомӣ Ҳасан қадрдонӣ гардид.

Ин аввалин дастоварди назарраси байналмилалии варзишгари ҷавон нест. Ӯ 2 августи соли равон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мусобиқаи байналмилалии ин риштаи варзиш иштирок намуда, миёни намояндагони 70 давлат сазовори ҷойи дуюм гардида, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардошт.

Дастовардҳои пайдарпайи Мубориз Баротзода аз меҳнатдӯстӣ, иродаи қавӣ, масъулиятшиносӣ ва кӯшиши пайвастаи ӯ барои такмили маҳорати варзишӣ шаҳодат медиҳанд. Ин муваффақият нишон медиҳад, ки донишҷӯёни ҷавон метавонанд дар баробари таҳсил ба фаъолияти варзишӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ обрӯю эътибори муассисаи таълимӣ ва кишварро баланд бардоранд.

Ҷойи аввал дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Мубориз Баротзода дастоварди арзанда ва қадами муҳим дар роҳи фаъолияти минбаъдаи варзишии ӯ мебошад. Умед аст, ки ин варзишгари ҷавон дар оянда низ бо иштироки фаъол дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба дастовардҳои нав ноил гардида, парчами Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд хоҳад бардошт.

Тағоймурод ЭШЗОДА

ЧАРО ЁДИ ИСТИҚЛОЛ ҲАМЕША БО МАН АСТ?Агар бархе аз Истиқлолияти давлатиро гоҳ-гоҳ, соле як бор ва бештар ҳангоми баргузор...
24/09/2026

ЧАРО ЁДИ ИСТИҚЛОЛ ҲАМЕША БО МАН АСТ?

Агар бархе аз Истиқлолияти давлатиро гоҳ-гоҳ, соле як бор ва бештар ҳангоми баргузории ҷашнвораҳо ба ёд оранд, ман ҳамеша ва дар ҳама ҳолат ёди истиқлолият мекунам. Ин бесабаб нест. Соли 1991, вақте Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид, ман донишгоҳро хатм намуда, фаъолияти меҳнатиамро оғоз кардам. Яъне, фаъолияти меҳнатии ман ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст.

Барои давлати мо соҳибистиқлол шудан ва барои ман ҳамчун як шаҳрванди баркамол ба ин марҳилаи зиндагӣ расидан осон набуд. Мо худ шоҳиди воқеаҳои хунини февралии соли 1990 будем. Он рӯзҳо душманони миллат аз ҳар сӯ сар бардошта, мардумро ба ихтилоф мекашиданд. Бо чашми худ медидем, ки мардум ба ду майдон ҷудо шуда, бо шиору баромадҳо якдигарро ба ҷонибдории худ даъват мекарданд. Халқи тоҷик дар ватани худ рӯзҳои сахту сангинро аз сар мегузаронд.

Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ зиндагии мардум боз ҳам душвортар гардид. Аз лиҳози таъминоти озуқаворӣ танқисӣ мекашидем, барои як бурда нон соатҳои дароз дар навбат меистодем. Ҳатто рӯзона бо хотири ҷамъ дар кӯча гаштан имкон надошт. Аз ҳар тараф садои тир ба гӯш мерасид. Нақлиёти ҷамъиятӣ қариб вуҷуд надошт ва мо маҷбур мешудем пиёда ба хона баргардем. Дар ҷумҳурӣ соати комендантӣ ҷорӣ шуда буд. Пеши назари мо одамони тирхӯрда ба замин меафтоданд. То имрӯз аз ёдам намеравад, ки чӣ гуна зани миёнасоле аз зарби тир ба замин афтод...

Назар ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя, кишвари мо дар он давраи ҳассос талафоти зиёде дид. Дар ин ҷанги бародаркуш чӣ қадар фарзандон бепадар, модарон бе фарзанд ва занҳо бе шавҳар монданд, чӣ қадар хонаҳо ва иншоот хароб гардиданд. Ҷароҳатҳои он солҳо дар хотираи мардум то имрӯз боқӣ мондаанд.

Ба бахти миллати тоҷик дар ҳамин давраи бисёр ҳассос фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд. Бо талошҳои Роҳбари давлат ва саҳми фарзандони миллат раванди сулҳу оштӣ оғоз ёфт ва ниҳоят дар кишвар сулҳу оромӣ барқарор гардид. Тоҷикистон аз марҳилаи бисёр душвори таърихӣ гузашта, ба давлати соҳибистиқлолу амн табдил ёфт.
Гузаштаро ба ёд овардан аз манфиат холӣ нест. Баръакс, ҷавонон бояд донанд, ки давлати мо ва халқи заҳматкаши тоҷик то расидан ба истиқлол чӣ гуна мушкилоту сахтиҳоро паси сар кардааст. Ба андешаи ман, нақли таърихи гузашта барои насли ҷавон як дарси ибрат аст. Мо калонсолон бо зиндагӣ ва рафтори худ ба ҷавонон намуна шуда метавонем.

Шояд яке аз муҳимтарин сабақҳои он рӯзҳо барои ман он бошад, ки дар замони душвор ҳам набояд аз Ватан даст кашид.

Солҳое, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, ман дар мактаби миёна кор мекардам. Се сол маош нагирифтем. Бисёре аз мардум маҷбур шуданд барои пайдо кардани кор ба Русия ва дигар кишварҳо раванд. Ман бошам, аз Тоҷикистон берун нарафтам. Дилам ба фарзандони мардум месӯхт. Онҳо бо умед ба даргоҳи илму маърифат меомаданд, вале дар мактабҳо омӯзгор намерасид.

Муаллими таърих низ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт ва таълими фанни таърихро ба ман вогузор карданд. Гарчанде ихтисоси ман филологияи тоҷик буд, масъулияти таълими ин фанро ба уҳда гирифтам. Барои кори ғайриихтисосӣ маош низ камтар дода мешуд. Бо вуҷуди ин, ба ҳамон музди ночиз қаноат мекардам ва аз он хушҳол будам, ки фарзандони мардум бекор намемонанд, аз мактаб дур намешаванд ва ба оворагардӣ машғул намегарданд.

Кӯшиш мекардам саҳми худро дар ободии Ватане, ки аз ҷанг азият кашидаву захмдор шуда буд, гузорам.

Он солҳо дар мактаб кор кардан хеле мушкил буд. Аз як тараф, китобҳои дарсӣ намерасиданд, аз тарафи дигар, асбобҳои аёнӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ кам буданд. Падару модарон сари вақт маош намегирифтанд ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданд ва наметавонистанд ба оилаҳои худ дар вақти зарурӣ маблағ фиристанд. Аз ин рӯ, бисёре аз кӯдакон ҳатто имкони харидани либоси мактабӣ ва лавозимоти хонишро надоштанд.

«Болои сӯхта намакоб» - маҳз дар ҳамин давраи душвор миёни мактаббачагон бемории пӯст, ки онро мардум «хоришак» мегуфтанд, паҳн шуд. Хонандагон ҳангоми дарс аз сабаби беморӣ беқарор мешуданд. Ман он вақт фарзанд надоштам ва хароҷоти рӯзгорам низ камтар буд. Аз ин рӯ, барои хонандагоне, ки ба ин беморӣ гирифтор шуда буданд, дору мехаридам. Барои кӯдаконе, ки маводи хониш надоштанд, китобу дафтар, қалам ва дигар лавозимоти заруриро дастрас мекардам.

Ин қисмати 35-солаи зиндагии худро барои он ба ёд меорам, ки ҷавонон бидонанд, ки мо истиқлолро осон ба даст наовардаем. Мактабҳо ва донишгоҳҳои замонавию барҳаво дар натиҷаи заҳмат бунёд гардидаанд. Ҳавои орому осудае, ки имрӯз ҷавонон озодона аз он нафас мекашанд, худ ба худ ба вуҷуд наомадааст. Ҳамаи ин натиҷаи заҳмати фарзандони баномуси миллат, меҳнати шабонарӯзии мардум ва талошҳои Пешвои миллат барои барқарор намудани сулҳу субот ва рушди кишвар мебошад.

Ҷавонон бояд таърихи ба даст овардани истиқлолият ва роҳи пурпечутоби давлатдории миллиро донанд ва ба қадри Ватан бирасанд. Зеро ба андешаи ман, барои инсон ҳеҷ неъмате болотар аз фазои сулҳу амонӣ ва осоиштаи Ватан нест.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳатто рӯзона ба кӯча баромадан метарсидем. Имрӯз бошад, зиндагӣ дигар шудааст. Одамон метавонанд бе тарсу ҳарос ба мағоза, дорухона, беморхона ва дигар ҷойҳои зарурӣ раванд. Мо ин оромиро одӣ набояд қабул кунем, зеро худ шоҳиди рӯзҳое ҳастем, ки чунин зиндагӣ орзуи мардум буд.

Хулоса, 35 соли ҳамқадаму ҳамболи Истиқлолияти давлатӣ будан барои ман мояи ифтихори бузург аст. Ман аз он мефахрам, ки дипломи донишгоҳӣ ва фаъолияти меҳнатии ман ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошанд.

Имсол бо ҳамкурсонам 35-солагии хатми донишгоҳро ҷашн гирифтем. Якдигарро бо ин санаи фархунда табрик гуфта, ҳамзамон 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро шодбош гуфтем ва расмҳои хотиравӣ гирифтем. Ин вохӯрии дӯстона барои ман хеле хотирмон буд. Ба назарам, чунин дидорҳо хастагии 35 соли зиндагиву корро аз байн мебаранд ва инсонро ба солҳои ҷавонӣ мебаранд.

Мо - модарони тоҷик шукргузорем, ки имрӯз дар фазои орому осоишта ва амну бехатари Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ мекунем. Хушбахтем, ки дар Ватани азизамон фарзандон таҳсил мекунанд, мардум меҳнат менамоянд ва ҳамватанонамон бо умеди фардои нек зиндагӣ доранд. Аз ин рӯ, истиқлол як қисмати зиндагии ман, як ҷузъи сарнавишти ман ва хотираи 35 соли меҳнату зиндагии ман аст.

Савринисо МУҲАММАДИЕВА,
муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ

ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ТАҶАССУМГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢМувофиқи нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳо бо усули “факултет ба факултет” 23...
23/09/2026

ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ТАҶАССУМГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Мувофиқи нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳо бо усули “факултет ба факултет” 23-юми сентябри соли равон миёни донишҷӯдухтарони курсҳои аввали факултети молия ва қарз соати тарбиявӣ доир гардид.

Нахуст, декани факултет Баҳодур Ҷӯрахонзода дар бораи мақоми донишҷӯ дар донишгоҳ, зинаҳои таҳсилот, ҳуқуқу уҳдадориҳои донишҷӯён, нақши муҳимми онҳо дар пешбурди илм ва навовариҳои касбият, сабабҳои хориҷ шудан, риоя кардани интизоми дохилӣ ва пардохти маблағи таҳсил изҳори андеша намуд.

Номбурда, нигаронии худро аз сабабҳои сари вақт ба дарсҳо ҳозир нашудани баъзе донишҷӯён ва риоя накардани интизому давомнокӣ баён карда, барои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта таклифҳои судманд ироа намуд.

Баъдан, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова ва сармутахассиси раёсати ташкилию тарбиявӣ Маҳбуба Ғафорова дар мавзуъҳои “Рӯзи дониш ва дарси сулҳ”, “Терроризм ва хатари он ба ҷомеа”, “Пешгирии омилҳои коррупсионӣ”, “Танзим - бақои зиндагӣ”, “Либоси миллӣ - таҷассумгари фарҳанги миллӣ” андешаҳои ҷолиб баён намуданд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи давлату миллат бояд аз имкониятҳои фароҳамовардашуда самаранок истифода намуда, барои донишандӯзӣ ва худтакмилдиҳӣ саҳми арзанда гузоранд.

Зимни соати тарбиявӣ декани факултет аз шароити зист, вазъи иҷтимоӣ ва масъалаҳои рӯзмарраи донишҷӯён бевосита шинос шуда, ҷиҳати беҳтар намудани шароити будубоши онҳо дастуру тавсияҳои зарурӣ пешниҳод карданд.

Инчунин, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи тозагӣ ва тартиботи дохилӣ, китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати фарҳангиву илмӣ аз масъалаҳои дигари ин вохӯрӣ ба ҳисоб мерафт.

Тағоймурод ЭШЗОДА

СОАТИ ТАРБИЯВӢ ВА ҶАЛБИ ДОНИШҶӮЁН БА МУТОЛИАДар асоси нақшаи кории кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи до...
23/09/2026

СОАТИ ТАРБИЯВӢ ВА ҶАЛБИ ДОНИШҶӮЁН БА МУТОЛИА

Дар асоси нақшаи кории кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи донишгоҳ 23-юми сентябри соли равон бо иштироки донишҷӯёни курси якуми ихтисоси кори бонкӣ дар мавзуи «35 соли Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон - роҳи пуршарафи давлатсозӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувор» дарси сиёсиву тарбиявӣ доир гардид.

Сараввал, муаллмими кафедра Сорбон Шарбатов зимни баромад қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули 35 соли соҳибистиқлолӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ин ҳама пешравию дастовардҳо маҳз ба туфайли сиёсати хирадмандонаву меҳанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст.

Дар идомаи соати тарбиявӣ донишҷӯёни соли аввал ба китобхонаи илмии донишгоҳ аъзо шуда, аз фаъолияти китобхона аз наздик шинос шуданд. Инчунин, аз тарафи кормандони китобхонаи илмии донишгоҳ бо мақсади мутолиаи бештар ба донишҷӯён рӯзномаи “Молия ва иқтисод” тақсим карда шуд.

Тағоймурод ЭШЗОДА

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО МУТАХАССИСОНИ ОЯНДАДар доираи чорабиниҳои маърифатию тарбиявӣ дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амни...
23/09/2026

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО МУТАХАССИСОНИ ОЯНДА

Дар доираи чорабиниҳои маърифатию тарбиявӣ дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ бо иштироки донишҷӯёни курси чорум вохӯрии судманд доир гардид.

Ҳадафи вохӯрӣ баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ, инчунин омодасозии донишҷӯён ба ҳаёти мустақилонаи касбӣ мебошад. Дар рафти вохӯрӣ муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ ва нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар вохӯрӣ декани факултет Мастура Буризода, эдвайзер оид ба таълим Абдураҳмони Баҳром, эдвайзер оид ба тарбия Абдулло Камолзода ва муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Давлатҷон Ҳукматов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки донишҷӯёни соли охир бояд дар баробари дониш ва малакаи касбӣ, дорои ҷаҳонбинии васеъ, фарҳанги баланди ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва фарҳанги муошират бошанд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои риояи интизоми таълимӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои илмӣ-таълимӣ, иштироки фаъол дар корҳои илмӣ ва омодагӣ ба талаботи бозори меҳнат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар идомаи вохӯрӣ зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ, такмили захираи луғавӣ ва истифодаи самараноки захираҳои илмӣ ва таълимии байналмилалӣ таъкид гардид.

Ҳамчунин, ба донишҷӯён оид ба фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии рафторҳои номатлуб ва риояи меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ тавсияҳои муфид пешниҳод карда шуданд.

Дар фарҷом таъкид шуд, ки мутахассиси оянда бояд донишҳои андӯхтаи худро дар фаъолияти касбӣ самаранок истифода намуда, бо меҳнати содиқона, рафтори намунавӣ ва ташаббусҳои созанда дар рушди ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.

Вохӯрӣ дар фазои озоду самимӣ баргузор гардида, миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт ва ба саволҳои донишҷӯён посухҳои дахлдор дода шуданд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия

ДАРСИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА МАВЗУИ СУЛҲДар Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар доираи дар...
23/09/2026

ДАРСИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА МАВЗУИ СУЛҲ

Дар Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар доираи дарси тарбиявӣ бо иштироки донишҷӯёни курси якуми ихтисоси иқтисодиёти сабз дарси тарбиявӣ доир гардид.

Дар рафти дарс масъалаҳои марбут ба сулҳ, ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва нақши ҷавонон дар ҳифзу таҳкими арзишҳои сулҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар чорабинӣ мудири кафедраи иқтисоди сабз ва захираҳои табиӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Азизулло Исматуллозода баромад намуда, оид ба аҳамияти сулҳу субот дар рушди устувори ҷомеа ва иқтисодиёти кишвар андешаронӣ намуд.

Ҳамчунин, донишҷӯёни курси якуми ихтисоси иқтисодиёти сабз бо маъруза баромад намуда, андешаҳояшонро вобаста ба нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу ваҳдат баён кард.

Дарси тарбиявӣ дар фазои самимӣ ва маърифатӣ баргузор гардида, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандии донишҷӯён мусоидат намуд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия

ОМӮЗГОР БУДАН ТАНҲО КАСБ НЕСТ ИН ИШҚ АСТБаъзе касбҳо бо вақти корӣ оғоз шуда, бо анҷоми рӯзи корӣ тамом мешаванд. Аммо п...
23/09/2026

ОМӮЗГОР БУДАН ТАНҲО КАСБ НЕСТ ИН ИШҚ АСТ

Баъзе касбҳо бо вақти корӣ оғоз шуда, бо анҷоми рӯзи корӣ тамом мешаванд. Аммо пешаи омӯзгорӣ чунин набуду нест. Омӯзгор баъди баромадан аз синфхона ҳамоно омӯзгор мемонад, зеро кори ӯ танҳо дарс додан нест, кори
ӯ таълиму тарбияи насли ояндаи ин миллату ин давлат мебошад.

Ҳар рӯз омӯзгор ба назди донишҷӯён медарояд, мавзуъеро мефаҳмонад, савол медиҳад, ҷавоб мешунавад ва баъзан ҳатто худаш аз саволҳои донишҷӯ чизе меомӯзад. Шояд барои касе ин танҳо як рӯзи одии корӣ бошад, аммо дар зиндагии як донишҷӯ метавонад ҳамин як дарс сабаби тағйири фикр, интихоби касб ё пайдо шудани ҳадафи нав гардад.

Дар замони мо донишҷӯ барои пайдо кардани маълумот ҳатман соатҳо китоб ҷустуҷӯ намекунад. Маълумот дар телефони ӯст, аммо маълумоти зиёд ҳанӯз маънои донишманд буданро надорад. Ин ҷо нақши омӯзгор боз ҳам муҳимтар мешавад.

Омӯзгори имрӯз бояд ба донишҷӯ танҳо ҷавоб доданро не, балки саволи дуруст доданро омӯзонад. Ӯ бояд донишҷӯро ба фикр кардан водор кунад, на ба аз ёд кардан. Зеро маълумоте, ки имрӯз аз ёд карда мешавад, мумкин аст пагоҳ фаромӯш шавад, аммо тарзи дуруст фикр кардан метавонад тамоми умр ҳамроҳи инсон бимонад. Баъзан донишҷӯ ба омӯзгор бо ҷавоби нодуруст муроҷиат мекунад. Вазифаи омӯзгор танҳо гуфтани «нодуруст аст» нест. Муҳимтар аз ҷавоби дуруст он аст, ки донишҷӯ фаҳмад, чаро хато кард ва чӣ гуна метавонад дафъаи дигар беҳтар фикр кунад.

Шояд ҳамин муносибат фарқи байни омӯзгори одӣ ва омӯзгореро нишон диҳад, ки дар хотири донишҷӯ мемонад. Омӯзгори ҳақиқӣ худро маркази дониш намешуморад. Ӯ кӯшиш мекунад донишҷӯро ба дараҷае расонад, ки донишҷӯ бе ӯ ҳам ҷустуҷӯ кунад, таҳлил кунад, омӯзад ва қарор қабул намояд. Вақте солҳо мегузаранд ва донишҷӯ ба мутахассиси хуб табдил меёбад, шояд номи ҳамаи дарсҳои омӯхтаашро ба ёд наорад. Аммо мумкин аст як ҷумлаи омӯзгор, як маслиҳат ё ҳатто як боварии одӣ ба ӯ дар хотир монад. «Ту метавонӣ».

Баъзан ҳамин ду калима аз садҳо саҳифаи китоб қуввати бештар доранд. Омӯзгор на ҳамеша натиҷаи меҳнати худро дарҳол мебинад. Ӯ имрӯз тухми донишро мекорад, вале меваи онро шояд баъд аз солҳои зиёд бинад. Донишҷӯ имрӯз дар аудитория менишинад. Фардо бошад, метавонад дар корхона чизе созад, дар идора қарор қабул кунад, дар лаборатория таҳқиқот анҷом диҳад ё худ рӯзе ба назди тахтаи донишгоҳ истода, ба насли дигар дарс диҳад. Дар ҳар яке аз ин роҳҳо як қисми меҳнати омӯзгор вуҷуд дорад. Аз ин сабаб, омӯзгорӣ касбест, ки натиҷаи он бо рақам чен карда намешавад, соатҳои корӣ дорад, аммо таъсири кори ӯ соати анҷом надорад.

Ӯ мутахассис тайёр мекунад, ба ташаккули инсон саҳм мегузорад. Шояд беҳтарин мукофоти омӯзгор ҳамон рӯз бошад, ки донишҷӯи собиқаш баргардад ва бигӯяд. «Устод, он чизе ки Шумо он рӯз ба ман гуфтед, роҳи зиндагии маро дигар кард». Он вақт омӯзгор мефаҳмад, ки ҳамаи заҳматҳо, омодагии дарсҳо, шабҳои пурфикр ва рӯзҳои хастагӣ беҳуда набудаанд. Зеро баъзе одамон ба инсон дониш медиҳанд, аммо омӯзгорони ҳақиқӣ ба инсон бовар кардан ба худро меомӯзонанд.

Ҷамшедҷон НУРОВ,
омӯзгори ДДМИТ

Address

Улица Нахимова 64/14
Dushanbe
734067

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:00 - 14:00

Telephone

9922310201

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share