07/11/2024
ВАТАНПАРВАР. Аз 02 то 06 ноябри соли 2024 дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии,,Шарора"лагери ҳарбӣ Ватандӯстии,,ВАТАНПАРВАР"барои хонандагони М.Т.М.У-и н.И.Сомонии ш.Душанбе чорабини зерин таҳти унвони тарбияи ҳарбӣ - Ватандӯсти шуда гузашт.Дар ин чорабини хонандагони синфҳои 10-11-и ҳудуди ноҳия иштирок варзиданд.Бояд зикр кард, ки чорабини бо дастгирии ҳукумати ноҳия ва шӯъбаи маорифи он гузаронида шуд. Боъиси ифтихору сарбаландист,ки чорабинии мазкур бо дастгирии бевоситаи мудираи шӯъбаи маорифи ноҳия Кучарзода Ҳусния Аламхон дар сатҳи баланд, ҷиддӣ сурат гирифт.Дар чорабини хонандагон либосҳои ҳарбӣ ба бар карда аз рӯи низомнома ҳарбӣ амал карданд. Дар лагери ҳарбӣ Ватандӯстии,,Ватанпарвар"реҷаи кори тартиб дода шуд.,ки хонандагон аз рӯи он амал намуданд: Аз қабили машқҳои сафорои,машғулиятҳои назарявӣ,мусобиқаҳои ҳарбӣ ва варзиши. Дар ҷамъбаст чорабини меҳмонон аз Вазорати мудофиа, шӯъбаи маорифи ноҳия Кучарзода Ҳусния Аламхон.ҳофизони халқии Тоҷикистон Афзалшои Шодӣ, Баҳруллои Абдулло баромад намуда, хонандагонро ба ҳисси Ватаншиносию Ватандӯсти ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуда, бо таронаҳои Ватандӯсти хотири иштирокчиёнро болида намуданд.Мо омӯзгорони О.Д.Ҳ-и ноҳияи И.Сомонӣ ифтихор аз он дорем, ки бо чунин робари сахтгиру ҳалиму меҳрубон,ободкор, Ватандӯсту Ватанпарвар- Кучарзода Ҳусния Аламхон кор ва фаъолият мекунем.