Институти забон ва адабиёт /Tajik Institute of language and literature

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Институти забон ва адабиёт /Tajik Institute of language and literature

АЗ ТАЪРИХИ ФАЪОЛИЯТИ ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ А. РӮДАКИИ АМИТ

Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ аз умдатарин ва муҳимтарин маркази омӯзиш ва таҳқиқи забон ва адабиёти тоҷик ва дар маҷмуъ мероси фарҳангии миллати тоҷик ба шумор меравад. Таъсиси Институт бо таъсиси бахши таъриху лингвистикаи базаи дар Тоҷикистон будаи АИ Иттиҳоди Шуравӣ марбут аст. Бинобар қарори Раёсати АИ Иттиҳоди Шуравӣ аз 17 марти соли 1932 дар ҳайати ин бунгоҳ бахши таъриху лингвистика таъсис дода шуд. Аммо ин бахш дар Тоҷикистон ба таври воқеӣ аз моҳи ноябри соли 1933 бо сарварии яке аз ховаршиносони варзидаи рус Е.Э.Бертелс ба фаъолият оғоз намуд. 19 ноябри соли 1940 дар асоси бахши таъриху лингвистика Шуъбаи тоҷикистонии Институти таърих, забон ва адабиёти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ таъсис дода шуд, ки қисмати филологияи он дорои ду бахш – забону адабиёт ва фолклор буд. Соли 1945 ба хотири танзим ва таҳияи фарҳангҳои дузабона, соҳавӣ ва тафсилӣ дар сохтори Институт бахши фарҳангнигорӣ таъсис гардид. Аз 4 марти соли 1948 сохтори Институти таърих, забон ва адабиёт бозсозӣ гардида, бахшҳои таҳқиқ ба шуъбаҳо табдил дода шуданд, ки мутобиқи он ҳар шуъба дорои бахшҳо ва ё гурӯҳҳои ҷудогонаи таҳқиқотӣ буд. Моҳи марти соли 1951 бо қарори Шурои Вазирони Тоҷикистон якҷо бо таъсиси Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар ҳайати он Институти забон ва адабиёт ҳамчун муассисаи мустақили илмӣ ташкил гардида, сохтори он иборат аз чаҳор бахш буд: бахши забон, бахши адабиёти классикӣ, бахши адабиёти шуравӣ ва бахши луғатҳо. Ба таърихи 17 январи соли 1958 дар асоси бахши адабиёти классикии Институт Шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд. Моҳи октябри соли 1958 ба муносибати 1100-солагии бузургдошти асосгузори адабиёти форсии тоҷикӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Институт ба номи ӯ гузошта шуд.

Аввалин таҳқиқоти илмӣ оид ба забон ва адабиёти тоҷик дар замони шуравӣ солҳои 20-уми асри гузашта ба миён омаданд. Пажӯҳиши забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷик дар ҷараёни баҳсҳои табдили алифбо ба лотинӣ ва забони адабии тоҷикӣ (1927–1930) сурат мегирифт. Омӯзиши масъалаҳои суханшиносӣ яке аз вазифаҳои Шурои илмии Тоҷикистон (1927), Институти тадқиқотии назди Нозироти (Комиссариати) маорифи Тоҷикистон, ба хусус бахши Тоҷикшиносии он будааст.

То солҳои 50-уми асри гузашта қариб дар тамоми соҳаҳои филологияи тоҷик мутахассисони баландихтисос ба воя расидаанд. Омӯзиши таърихи забон ва қисматҳои грамматика, лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ ва тартиб додани луғатҳои тафсирию дузабона, услубшиносӣ ва таҳқиқи назарияи лексикология ва лексикография, сохтани луғатҳои фразеологӣ ва таҳқиқи масъалаҳои поэтика, омӯзиши қиёсии забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, ҷамъоварӣ ва нашри осори эҷодиёти халқ, таҳқиқи жанрҳои фолклор, ҷустуҷӯ ва ба чоп омода кардани мероси адабӣ ва таҳқиқи эҷодиёти адибони ҷудогонаи давраҳои адабиёти классикӣ ва нави тоҷик ва масъалаҳои робитаҳои мутақобили адабиётҳо аз мавзуъҳое буданд, ки ба барномаи асосии Институт дохил гардиданд. Ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмию ташкилии Институт барномарезии амиқ ва дахолат ба ҳалли муҳимтарин масъалаҳои сохтмони маданӣ дар ҷумҳурӣ хос буд.

Кормандони илмии Институт дар ҳалли мавзуъҳои умумииттфоқии Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи М.Горкий, институтҳои забоншиносӣ ва шарқшиносии АИ Иттиҳоди Шуравӣ, аз қабили “Таърихи адабиёти милали Шуравӣ”, дар шаш ҷилд (М., 1969–73), “Роман дар адабиёти милали Шуравӣ” (М., 1985), “Таҳқиқи типологии забони русӣ – забони дӯстӣ ва равобити қавмҳо ва миллатҳо” (М.,1984–1987) саҳм гузоштаанд. Ходимони илмии Институт дар ташкил ва гузаронидани Симпозиуми байналхалқии “Назми муосири форсизабонон”(1967) ва конфронсҳои умумииттифоқӣ ва минтақавии “Таъсирпазирӣ ва баҳамтаъсирии фолклори халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон”(1969), “Ҷустуҷӯҳои эҷодӣ дар адабиёти муосири тоҷик” (1974), “Садриддин Айнӣ ва ҷараёнҳои адабии муосир” “Мирзо Турсунзода ва ҷараёнҳои муосири адабӣ”, “Масъалаҳои дузабонӣ ва такмили таълими забони русӣ” (1984) фаъолона иштирок намудаанд. Ба Институт ташкил ва гузаронидани сессияи ҳарсолаи “Солонаи Айнӣ” вогузор шудааст. То соли 2017 сессияҳои илмии “Солонаи Айнӣ” зиёда аз 40 маротиба баргузор шуда, дар онҳо беш аз 450 гузориши илмӣ, ахбор ва суханрониҳо шунида, баррасӣ шудаанд. Маводди сессияҳои мазкур дар силсилаи “Ҷашнномаи Айнӣ” мунтазам чоп мешаванд. Нашри асарҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, ба чоп расонидани дурдонаҳои мероси мадании гузашта ва намунаҳои эҷодиёти шифоҳии мардум яке аз вазифаҳои асосии Институт маҳсуб меёбад. Институт соли 1941 3 китоб дар ҳаҷми 14 ҷузъи чопӣ нашр карда бошад, ҳоло соле 12-15 асар ба нашр мерасонад, ки ҳаҷми он 200-220 ҷузъи чопиро ташкил медиҳад.

Дар солҳои 1951-86 Институт дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ленинград 435 адад китоб ба табъ расонидааст. Муҳимтарин асарҳои Институт “Луғати русӣ–тоҷикӣ”, дар ду ҷилд (1933–1934) бо иштироки С.Айнӣ; “Намунаҳои адабиёти тоҷик”(1940, бо иштироки бевосита ва зери роҳбарии С.Айнӣ), “Луғати русӣ-тоҷикӣ” (1949, 1985) “Луғати русӣ-тоҷикӣ”(1954), “Ҷамъбасти илмии шеваҳои ҷанубии тоҷикӣ”, дар 5 ҷилд (1979-85), “Грамматикаи забони тоҷикӣ” барои мактабҳои олӣ, Морфология ва синтаксис (қ. 1, соли 1956; қ. 2, соли 1963 ва нашри дуюми ҳарду китоб– солҳои 1984-85); “Фарҳанги забони тоҷикӣ” аз асри X то ибтидои асри XX, дар ду ҷилд (1969); “Очерки таърихи адабиёти шуравии тоҷик”, дар ду ҷилд (солҳои 1956-57), нашри русии он дар як ҷилд–М., 1961); “Очеркҳо оид ба адабиёти тоҷики асри X то ибтидои асри XX”, дар 12 китоб (1976–87); “Таърихи адабиёти советии тоҷик”, дар шаш ҷилд (ҷилдҳои 1–2,4,6 1976–87); “Куллиёти фолклори тоҷик”, дар 35 ҷилд (ҷилди 1, 1981); “Нашри академии асарҳои Абулқосим Лоҳутӣ”, дар шаш ҷилд (1987–90) ва ғ. мебошанд. Институт нашри нави Куллиёти Лоҳутиро дар 7 ҷилд ва Куллиёти устод Айниро дар 22 ҷилд ба чоп расонид.

Барои омӯзиши мероси адабии шоирону нависандагони муосир, нашри интиқодӣ ва илмии чеҳраҳои шинохтаи адабиёт, ҳамчунин ҷовидон сохтани хотираи бузургони адабиёт дар солҳои гуногун дар назди Институт осорхонаҳои адабии Садриддин Айнӣ (1955), осорхонаи М.Раҳимӣ (1968), осорхонаи адабии М.Аминзода дар шаҳри Хуҷанд (1976), осорхонаи адабии М.Турсунзода (1978), осорхонаи А.Лоҳутӣ (1980) таъсис дода шуданд.

Дар заминаи ду муассисаи илмӣ-академӣ – Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ 4 феврали соли 2011 Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки пас аз шаш соли фаъолият бо ин ном дар соли 2017 боз бо номи собиқи худ – Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ имрӯз фаъолият менамояд. Институти мазкур аз муҳимтарин маркази тадқиқу таҳқиқи забон ва адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик ва дар маҷмуъ, муассисаи умдаи омӯзиши фарҳанги миллати тоҷик ба шумор меравад. Масъулияти нигаҳбонӣ ва ҳифзи тамоми мероси фарҳангии гузашта ва муосир бар дӯши ин муассисаи бонуфузи илмӣ вогузор шудааст.

Аз замони таъсиси Институти таърих, забон ва адабиёт дар солҳои гуногун ба ин муассисаи илмӣ донишмандони зерин сарварӣ кардаанд: узви пайвастаи АМИТ, доктори илми филология, профессор Б.Н.Ниёзмуҳаммадов (1941-1944), профессор Ш.Ҳусейнзода (1944-1947), узви пайвастаи АМИТ, доктори илми филология, профессор А.Мирзоев (1947-1952), узви пайвастаи АМИТ М.Фозилов (1952-1958), доктори илми филология, профессор Х.Мирзозода (1958-1959), узви вобастаи АМИТ Н.А.Маъсумӣ (1959-1972), узви вобастаи АМИТ, профессор А.Маниёзов (1972-2000), узви вобастаи АМИТ, доктори илми филология Д. Саймиддинов (2000-2005), доктори илми филология С.Назарзода (2006-2011), узви пайвастаи АМИТ, доктори илми фалсафа А.Турсунов (2011-2015), узви вобастаи АМИТ, доктори илми филология С. Раҳматуллозода (2015-2019), узви пайвастаи АМИТ, доктори илми филология Н.Салимӣ ( 2019- 2019), номзади илми филология Б. Шарифзода (2020-2022). Феълан директори Институт доктори илми филология Фарангис Шарифзода (13 июли 2022 ) мебошад.

Институт дар даврони Истиқлол аз рӯйи мавзуъҳои илмӣ-таҳқиқотии гуногун кору фаъолият дорад. Дар Институт шаш шуъба – тарихи адабиёт, адабиёти муосир, забони тоҷикӣ, забонҳои бостон ва ориёӣ, фарҳангнигорӣ ва истилоҳот, шуъбаи фолклор ба кору фаъолияти илмӣ-пажуҳишӣ машғуланд. Инчунин дар Институт панҷ ганҷина – ганҷинаи луғат ва истилоҳот, ганҷинаи мероси адабӣ, ганҷинаи сабти овозӣ, ганҷинаи фолклор, ганҷинаи шевашиносӣ нигаҳдорӣ ва ҳифз мешавад.

 Мирзоев Сайфиддин (10.07.1958 деҳаи Ғармени дараи Яғноб) н.и.ф. солҳои 1965–1976 дар мактаби миёнаи №116 ба номи Улянов...
10/07/2026


Мирзоев Сайфиддин (10.07.1958 деҳаи Ғармени дараи Яғноб) н.и.ф. солҳои 1965–1976 дар мактаби миёнаи №116 ба номи Улянови деҳаи Чорбоғ таҳсил кардааст. Солҳои 1976 – 1978 дар сафи ҚМ Иттиҳоди Шуравӣ адои хизмат намудааст.
Хатмкардаи факултети шарқшиносӣ (бахши форсӣ) УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) мебошад (1986).
Мирзоев Сайфиддин баробари хубу аъло хондан яке аз варзишгарони хуб ба шумор мерафт. Солҳои 1982 дар мусобиқаи байни донишҷӯёни донишгоҳҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон оид ба варзиши сабук ширкат намуда ба гирифтани медали тиллоии Комитети варзиши назди Совети Вазирони СССР “Готов к трудуи обороне СССР” сазовор гардидааст.
Мирзоев Сайфиддин солҳои 1983- 1984 ба ҳайси тарҷумони низомӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон ифои вазифа намудааст. Барои хидматҳои шоён бо Қарори Президиуми Шурои Олии СССР бо медалҳои “Барои шуҷоат” (1985), “Барои матонати ҷангӣ” (1985) қадрдонӣ шудааст.
Мирзоев Сайфиддин баъди хатми УДТ бо роҳхатти махсус ба ИЗА ба номи Рӯдакии АИҶТ ба кор қабул шудааст.
Мирзоев Сайфиддин соли 1998 дар мавзуи “Лексикаи забони яғнобӣ” рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст. Ба қалами ӯ китобҳои дарсии яғнобӣ, луғатномаҳои дузабона ва сезабона оид ба суннатҳову фолклори мардуми Яғноб ва мақолаҳои илмии зиёде мансуб аст.
Мирзоев Сайфиддин соли 1989 барои китобҳои дарсии“Яғнобӣ зивок”– 2 (Забони яғнобӣ барои синфи 2), “Хониши китоб”– 3 (Китоби хониш барои синфи - 3) барандаи стипендияи Бунёди фарҳанги СССР гардидааст. Инчунин, ду бор барои китобҳои “Фарҳанги забони яғнобӣ” (1996) ва “Фарҳанги масодири забонҳо ва гӯйишҳои эронии Тоҷикистон” (1999) барандаи Ҷоизаи Мавлавии Бунёди забон, соли 2021 ба унвони “Аълочии маориф ва илми ҶТ”сазовор шудааст.
Мирзоев Сайфиддин аз соли 1986 то ба имрӯз дар ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ кору фаъолият намуда, солҳои 2011-2013 котиби илмии Институт буд ва аз соли 2013 то ба ҳол вазифаи мудири шуъбаи забонро ба зимма дорад. Ҳамзамон солҳои 1989 –2015 дар вазифаи раиси Иттифоқи касабаи Институт кор кардааст.
Мирзоев Сайфиддин муаллифи 19 китоб мебошад: китобҳои дарсӣ барои мактаббачаҳои яғнобӣ, луғатҳои дузабона ва сезабона, дастур (грамматика), суннатҳо ва беш аз 200 мақолаи илмӣ. Мирзоев Сайфиддин дар конференсияҳои байналмилалӣ (Душанбе, 2002, 2004; Ереван–Арманистон, 2004; Равенна–Италия, 2007; Хоруғ–Помир, 2009: Язд–Эрон 2010) ширкат ва суханронӣ кардааст.
I. Таълифот илмӣ таҳқиқотӣ:
1.Суннатҳои маҳаллии мардуми Яғноб. –Душанбе: Деваштич, 2007. – 108с.
2. Шеъру сурудҳои яғнобӣ. Душанбе: Шуҷоиён, 2011. – 60 с.
3. Суннатҳои маҳаллӣ ва сурудҳои яғнобӣ . –Душанбе: ҶДММ “Контраст”, 2012. – 168 с.
4. Фарҳанг ва суннатҳои яғнобӣ. –Душанбе: ҶДММ“Ҳумайро”, 2015. 174с.
5. Маҷмӯаи мақалаҳои эроншиносӣ . –Душанбе: Эр-граф, 2021. – 208с.
6. Яғнобидоруӣ вешатгиёҳт (Гиёҳу алафҳои шифобахши Яғнобдара). - Душанбе: Эр-граф, 2022. – 98с.
II. Фарҳангҳо:
1. Фарҳанги яғнобӣ ба форсӣ. –Душанбе: Пайванд, 1995. – 120 с.
2. Луғати яғнобӣ-тоҷикӣ. –Душанбе: Деваштич, 2002. – 233 с.
3. Фарҳанги яғнобӣ-тоҷикӣ. –Душанбе: Анҷумани Деваштич, 2008. – 280 с.
4. Фарҳанги яғнобӣ-тоҷикӣ- англисӣ. –Душанбе: Деваштич, 2008. – 438 с.
5. Фарҳанги масодири забонҳо ва гӯйишҳои эронии Тоҷикистон. –Душанбе: Пайванд, 1997. –Ҷ. 2. –С. 271- 614.
III. Китобҳои дарсӣ
1. Йағнобӣ зивок (Забони яғнобӣ)-барои синфи 2. – Душанбе: Маориф, 1993. – 46 с.
2. Йағнобӣ зивок (Забони яғнобӣ)-барои синфи 2-3. – Душанбе: Деваштич, 2007. – 200 с.
3. Хониши китоб (Китоби хониш)-барои синфи 3. – Душанбе: Маориф, 1993. – 72 с.
4. Яғнобӣ зивок (Забони яғнобӣ)-барои синфи 2. – Душанбе: Сурушан, 1998. – 112 с.
5. Яғнобӣ зивоки алифбо (Алифбо ба забони яғнобӣ). – Душанбе: Maestro – Print, 2008. – 52 с.

                          Қаламтароши рӯимизӣ Қаламтароши механикии «Clou» мансуб ба устод Абулқосим Лоҳутӣ буда,  соли ...
09/07/2026



Қаламтароши рӯимизӣ

Қаламтароши механикии «Clou» мансуб ба устод Абулқосим Лоҳутӣ буда, соли 1933 исттеҳсол шудааст. Истеҳсолкунандаи эскпонати мазкур фабрикаи «Idea GmbH», шаҳри Лейпсиги Олмон мебошад.
Экспонати мазкур дар утоқи №4 дар осорхонаи адабӣ-ёдгории Лоҳутии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ таҳти №029 нигаҳдорӣ шудааст.
Шиносномаи экспонат: Экспонати таърихии соҳаи коргузорӣ буда, механизми буриши танзимшаванда бо 6 теғи радиалӣ муҷаҳҳаз шудааст. Бо сабаби набудани сарпӯши берунӣ, сохтори дохилии дастгоҳ пурра намоён аст. Қаламтарош аз чӯян ва пӯлод сохта шуда, қисмҳои филизии он нуқрагин ва сиёҳтоб мебошад ва пояи чӯбӣ дорад. Сохтори универсалӣ дошта, механизми танзимшавандаи буриш имкон медиҳад, ки қаламҳои сохташон гуногун тарошида шаванд.
Экспонати мазкур ашёи нодир буда, аз нимаи аввали асри XIX-XX ба устод расидааст.
Ҳамакнун барои тамошои коллексионерҳо ва пажуҳишгарон ба намоиш гузошта шудааст.

قلمتراش رومیزی

این قلم تراش مکانیکی با نام "Clou" منسوب به استاد ابوالقاسم لاهوتی بوده، در سال 1933 میلادی استحصال شده است. استحصالکنندۀ اکسپونات مذکور کارخانۀ "Idea GmbH" در شهر لایپزیگ المان می باشد.
اکسپونات مذکور در اتاق شمارۀ 4 در آسارخانۀ ادبی یادگاری لاهوتی پژوهشگاه زبان و ادبیات به نام ابو عادالله رودکی آکادمی ملی علوم تاجسکستان،تحت رقم 29 نگهداری شده است.
شناسنامۀ اکسپونات:
اکسپونات تاریخی ساحه کارگوزاری بوده، مکانیک بریش تنظیم شونده با شش تیغۀ شعاعی مجهز شده است. به سبب نبودن پوشش بیرونی، ساختار داخلی دستگاه پرّه نمایان است. قلم تراش از چوین و فولاد ساخته شده و بخش های فلزی آن به رنگ نقره ای و سیاه می باشد و پایه ای چوبی دارد. ساختار یونیورسالی داشته، مکانیزم تنظیم شونده بورش امکان می دهد، که صلم های ساختشان گوناگون تراشیده شند.
اکسپونات مذکور اشیای نادر بوده، از نیمۀ اول عصر XIX-XX به استاد رسیده است.
هم اکنون برای تماشای کلکسیونرها و پژوهشگران به نمایش گذاشته شده است.

                  САЙРИ ТАЪРИХИИ ПӮШИШИ МИЛИИ БОНУВОН         Яке аз нишонаҳои аслии ҳувияти миллӣ пас аз забон ва зоҳир...
08/07/2026


САЙРИ ТАЪРИХИИ ПӮШИШИ МИЛИИ БОНУВОН
Яке аз нишонаҳои аслии ҳувияти миллӣ пас аз забон ва зоҳири инсон, либоси миллӣ ё пӯшиши миллӣ аст, ки мансубияти фарҳангии фардро возеҳ нишон медиҳад. Либоси миллату ақвоми мухталиф реша дар фарҳангу тамаддун дошта, бастагӣ ба иқлиму муҳит ва сабки зиндагии мардумон дорад. Ба қавли профессор Г.Майтдинова “Дар либоси миллӣ, ки мафҳуми «суннатӣ» бо он тавъам аст, ҷаҳонбинии мардум инъикос ёфта, аз насл ба насл анъанаҳо бо тағйироти баъзан барои ҳаёти як насл ноаён мегузаранд” (4, 73).
Дар ҷомеаи мухталифақвому гуногунфарҳанг гурӯҳҳои этникиро аз пӯшиши онҳо мешиносанд. Миллатҳои фарҳангу тамаддуни қадимӣ доштаро бароҳатӣ метавон аз либосу пӯшиши онҳо шинохт ва табиист, ки миллатҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ ин унсури ҳувияти миллии худро нигоҳ ва ҳифз мекунанд, заро суннатҳои фарҳангӣ тули қарнҳо устувор шуда, боиси пешрафти ин ақвом ҳам шудаанд. Намунаи боризи ин гуфтаҳо пӯшиши мардумони Ҳинду Ҷопону Шотланду, Укроину Молдоваву Туркманистон шудан метавонад. Ин феҳристро то бениҳоят метавон идома дод, зеро ҳар миллате, ки худро на ҳамчун “тудаи космополитӣ”, балки ҳамчун миллате, ки ҳувияти миллии худро мешиносад, ин унсур дар фарҳанги онҳо устувору побарҷост.
Дар ҷаҳони муосир кишварҳоро аз рӯйи вижагии унсури ҳувияти миллӣ – пӯшиши миллиашон метавон чунин дастабандӣ кард: 1) миллатҳои тамаддуну фарҳанги қадима дошта, ки ин унсури муҳимро аз умқи таърих то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; 2) миллатҳое, ки таърихи начандон қадима доранд ё дар натиҷаи нуфуси бештар пайдо кардан бар пояи фарҳангу суннатҳои миллии дигар ақвом унсурҳои ҳувияти миллии худро сохтаанд; 3) миллатҳои “маснуъӣ”, ки ба лутфи шароити сиёсӣ аз иттиҳоди ақвоми мухталиф бофта шудаанд низ чунин намодҳое доранд. Гоҳе ин унсур бар асоси далоили мазҳабӣ шакл мегирад, барои мисол ҳиҷоб, бурқаъ, мақнаъӣ дар кишварҳои мухталифи Шарқ ва Африқо роиҷ аст, ё бар асоси ба як ҳавзаи муштараки фарҳангӣ мансуб будан, масалан пӯшидани шими ҷинс, кулоҳи бейсбол ва аз болои зерпӯш пӯшидани куртаи пешбоз намунаи афроди амрикоӣ ва ё муқаллидони он аст.
Дар қарни ХХ дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ либоси миллӣ махфиёна таҳти мамнуъияти идеологӣ қарор дошт. Дар ҳоли ҳозир дониши таърихӣ ва назарӣ дар мавриди таърихи либоси миллӣ рӯйи кор омада, тарроҳон онро мутобиқу мувофиқи завқи замона дуруст мекунанд. Ин раванд ҷанбаи муҳиму хуб дорад: нахуст пайравӣ аз анъанаҳои миллӣ ва ҳифзи унсури ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллӣ ва дигар мувофиқ гардонидани он ба муд ва сабки замони муосир мебошад.
Ҳар миллате либоси миллии ба худ хосро дорад, ки сарчашмаи бойи таърихиву этнгорафӣ дорад ва таҳқиқи он метавонад гузаштаи таърихии мардумро рушан кунад. Либоси миллӣ муҳимтарин муаллафаи зиндагии инсон ва ҷомеа аст. Муҳаққиқон онро ба унвони як мероси фарҳангии арзишманди мардум медонанд ва ҳамчунин либоси миллӣ баёнгари мансубияти миллии фард буда, вижагии фарҳангии ӯро мушаххас мекунад ва мояи ифтихору ғурур аст. Либоси миллӣ ҳатто баёнгари эҳсоси отифӣ, вазъи равонӣ ва синну соли инсон аст. Чунончи пӯшидани либоси сурх хоси ҷавонон ва арусон, либоси сабзу камранг хоси занҳои бузургсол, ранги кабуд “ҷомаи фаввот ва мусибатзадагон бувад” (“Кашф-ул-маҳҷуб”-и Ҳуҷвирӣ, асри ХӀ).
Сайри таърихии либоси ақвоми ориёӣ баёнгари вижагии ҳунарӣ ва завқу салиқаи мардуми мо ва дар умум фарҳанги мост. Муҳимтарин намуна аз таърихи пӯшиши даврони бостонӣ ёдгориҳои Саразм мебошад, ки ба фарҳанги ҷануби Турманистон, Эрон, Афғонистон, Покистону Тсин-зяни Чин шабоҳат дорад ва муҳаққиқон пӯшишҳои бозёфташудаи занонаро чунин тасвир кардаанд: тоҷи баланд бо муҳраҳои зарин, мӯйҳо дар пушти сар бо сӯзанак ҷамъ ва гиреҳ карда шуда, қисме аз мӯйҳо рӯйи шонаҳо кушода бо муҳраҳои зарин ороиш ёфтаанд. Зан доман ё пероҳани дарози сари китфу остини он муҳрадӯзӣ шуда бо пойҷома дошт (3, 159).
Дар деворнигораҳои Эрони бостон тасвире аз бонувон нашудааст, аммо дар ёдгориҳои хурд тасвирҳое боқӣ мондаанд. Пӯшондани бадан яке аз суннатҳои хоси фарҳанги қадимии мо буд. Дар нигорае аз Миср пайдо шуда, ки имрӯз дар музеи Бруклин нигаҳдорӣ мешавад, бонуи ҳахоманишие бо пероҳани дарози чиндор тасвир ёфтааст. Дар муҳре аз музеи Париж тасовире аз занҳои ориёӣ бо мӯйи дарози бофта, тоҷ ва сарандоз ба назар мерасад.
Дар нигораҳои ганҷинаи рӯди Ому дар ҷануби ғарби Тоҷикистон мутааллиқ ба замони Ҳахоманишиён дар муҳри ангуштари нуқраӣ бонувон бо ҳамин сабки либоспӯшӣ ҳаккокӣ шудаанд. Бино бар қавли Г.М. Майтдинова “Маҳз дар пӯшиши занон дар даврони Ҳахоманӣш муди аслии эронӣ мушоҳида мешавад. Куртаҳоро ҳатман бо камарбанди баста мепӯшиданд ва баъзан аз болои пероҳан болопӯш ҳам мепӯшиданд. Мӯйҳоро дар пушти сар ғундошта бо муҳраҳо оро медоданд” (3,174).
Дар даврони Сосонӣ пӯшиши занон аз абрешим, пахта, пашм ва каришма (матои турӣ) бо гарданбандҳое аз сангҳои бузург ва тугмаҳои бо сангу гулдӯзӣ ороишёфта иборат буд.
Санъати либосу пӯшиш дар асрҳои миёна ба далели рушди абрешимбофӣ анвои гуногун пайдо карда, омезиши унсурҳои эфталитҳо ба пӯшиши кӯшониён ва таъсири туркҳо ба пӯшиши суғдиён мушоҳида мешавад. Шуруъ аз қарнҳои VII-VIII пӯшиши занон дӯхти мураккаб гирифт ва матову порчаҳои дурушту ғафс ба монанди зандана барои ашрофзодаҳо ва барои мармудми оддӣ матоъҳои пахтагӣ бо нахҳои дурушт, ба монанди карбос истифода мешуд. Бонувони хонадонҳои ҳоким аз болои пероҳани нафис хилъати дароз бо остинҳои то нӯги ангуштон мепӯшиданд.
Дар давраи нав, вобаста ба имконоти пазируфтани фарҳанги нав ва қобилияти фарҳангпазирӣ ин тамаддуни қадима нафаси тоза гирифт ва ҷомаи кӯҳнашудаи худро бо ороишу пероиши нав ба бар мекард. Дар ҳунари сӯзаниҳои бисёр маҳалҳо рамзҳои хеле қадимӣ мушоҳида мешуд. Пӯшиши тоҷиконро аз рӯйи ареал ва вижагиҳои сарулибоси мардумон муҳаққиқон ба ду гурӯҳ дастабандӣ кардаанд: 1) ҷанубӣ: қаротегинӣ, дарвозӣ, кӯлобӣ ва ҳисорӣ; 2) шимолӣ: зарафшонӣ, истаравшанӣ, конибодомӣ, исфарагӣ, аштӣ (4). Пӯшиши маъмулии бонувон аз курта, пойҷома, тоқӣ, рӯймолу кафш ва баъзан аз камзӯл (воскат - Дарвоз) иборат буд. Пӯшишҳои бонувони ҷануб аз шимол, манотиқи кӯҳистонӣ аз ҳамворӣ фарқ мекард. Дар асри ХIХ дар Дарвоз куртаҳои аз матоъҳои пахтагӣ (карбос, алоча, қаламӣ) аз миён поёнаш кушоди каме поёнтар аз зону, бо остинҳои кушоди банди дасташ танг, пеши курта ба тариқи амудӣ боз ва атрофаш то камар гулдӯзишуда ва гиребони рост маъмул буд. Тарҳу гулдӯзиҳои куртаҳои бонувон дар ҷануб аз ҳам фарқ мекарданд. Аз зери куртаи гулдӯзишуда, куртаи ранги рушандошта бо остинҳои каме дарозтари бо шероза дӯхташуда мепӯшиданд. Гулҳои куртаҳо дар аввалҳои асрҳои миёна нафис буд ва дар қарнҳои баъдӣ ин нақши гулҳо бузургтару пуррангтар шуданд.
Дар манотиқи шимол бонувон куртаҳои кушоди дароз бо пеши бари секунҷа дӯхташуда, ки онро “куртаи пешкушо” мехонанданд ва гӯё намоди тақдиру бахти кушода ва фарзанддорӣ буд, мепӯшиданд. Дар манотиқи ҷанубу шарқии Тоҷикистон занон болопӯш намепӯшиданд, аммо дар шимол хилъат ҷузъи муҳимми сарулибоси бонувон маҳсуб меёфт ва чунин хилъатҳои бегиребонро “мунисак” ва “калтача” меномиданд. Хилъатҳоро аз матоъи пахтагин – карбоси малла, рангҳои гуногуни алоча, матоъҳои рахдори қаламӣ, барои бузургсолон матоъи нафиси хатҳои сафеду кабуддор бо номи парипашша омода мекарданд. Инчунин болопӯшҳое аз қабили ҷома, якта, ҷелак, абра, пӯстин барои бонувон дӯхта мешуд.
Либоси барои марсимҳои арӯсиву тую шодиро аз абрешими худбофт, адрас бо нақши рангҳои бунафш-сафед ва сабз, беқасаб бо рангҳои сабзу кабуду сурх медӯхтанд. Дар Бадахшон бонувон гилем – ҷомаи аз матоъи худбофт дӯхташуда мепӯшиданд.
Рӯсарии занон иборат аз рӯймоли чаҳоркунҷа, секунҷа ва росткунҷа буда, ҳангоми арусӣ ва замоне пас аз издивоҷ бонувон дар Бадахшон сарбанд аз матои гулдӯзишуда, дар Дарвоз - мандил ва дар Кӯлобу Қаротегин сарбанд аз нуқра – силсила меандохтанд. Дар қисмати шимол ва Самарқанду Бухоро арусҳо қоштиллои бо сангҳои рангоранг орододаро меандохтанд. Анъанаи гӯшаҳои рӯймоли сарро боз мондан аз даврони бостон боқӣ монда, баъзан онро гирди сар мепечонданд, аммо ҳеҷ гоҳ онро гиреҳ намебастанд. Аз анвои пойафзол дар қисмати шимол маҳсӣ бо калуш, кафши пошнадор, дар Бадахшон ҷураби пашмӣ, пех/шушк (мӯзаи чармин бо банд), пехбанд/шушкбанд (чоруқ) мепӯшиданд.
Мардуми тоҷик барои ҳар маросиме аз шодиву ғам либоси хоссе мепӯшиданд, ки баёнгари вазъии равонӣ ва ҷаҳони ботинӣ инсон буда, ин анъана то ҳол роиҷ аст. Пӯшиши миллӣ чунонки мебинем, дар асоси суннатҳои бостонӣ шакл гирифта, қарнҳо ин занҷираи ҳунарӣ гусаста нашуда, то замони мо расида, такомул ёфтааст.
Либоси миллӣ баёнгари мансубияти миллии фард буда, он ба унвони як мероси фарҳангии арзишманди мардум дониста мешавад. Беҳуда шоирон либоси миллиро дар ашъорашон васф накардаанд:
Эй духтари нозанини қадрас,
Зебанда туро либоси атлас.
Ё ин ки:
Эй куртачакан, эй зеби чаман...
Ё ин ки шоир Шаҳрия дар шеъри “Куртаи чити қаламӣ” духтари тоҷикро чунин васф мекунад:
Бо ҳамон куртаи чити қаламӣ,
Пеши чашмони ту хушрӯ будам...
Дар танам куртаи шоҳӣ дорам,
Саду якранг бувад мисли баҳор...
Албатта эрод гирифтани либоси бонувон ва дахолат ба ҳарими хусусии онон ба табиату одоби мардуми тоҷик созгор нест, аммо имрӯз ин масъала боиси нигаронӣ шадид шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро аз вазъи нигаронкунанда ва пайомади он ҳушдор дода, мегӯянд: “Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад”.
Мухотаби он пурсишҳое, ки Сарвари давлат дар мулоқот бо ходимони дин моҳи марти соли равон ироа карданд, маҳз ҳамон афроде аст дар ҷомеа, ки масири нодурустро пеш гирифтаанд: “Чаро мо бегонапарастӣ мекунем? Чаро мо бегонаҳоро ин қадар ташвиқу тарғибот мекунем? Ман намефаҳмам, чунин рафтор ба мо чӣ медиҳад? Чаро миллатро гумроҳ мекунем?”.
Рушанфикрон ва ашхоси огоҳу фарҳангии мо, ки дар умури дунё бо назари бозу нав менигаранд, бояд роҳи ҳимоят ва тақвияти сармояи фарҳангии миллати худро пеш гиранд, то ҷомеа аз онҳо пайравӣ бикунад. Он чи сарвати асосии фарҳангии мардум аст, онро ба хотири нигаҳ доштани ҳувияту ягонагии миллати худ дастгирӣ ва ҳимоят кунанд. Барои ин, ба назари мо, ба фарҳанги гузашта рӯй оварда, дар заминаи он ба такмили имрӯзаи он машғул шудан лозим аст, то фарҳанги миллиро, ки пӯшиши миллӣ ҷузъи муҳимми он аст, дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва бархуди фарҳангу тамаддунҳо ба боди фано надиҳем, зеро
Бе нақши Ватан пираҳан аз хештанам нест,
Бар сар наниҳам, он чи кулоҳи Ватанам нест.
Ман вориси Ҷамшедаму фарзанди Таҳамтан,
Орияти бегона сазовори танам нест.
Ва ҳар фарде, ки худро шинохт, фарҳангу мероси гузаштагонро пос хоҳад дошт ва ин фарҳанг барояш мояи ифтихору сарафрозӣ ва муаррифгари миллаташ аст:
Аз меҳри Ватан ҳаст матои дилу ҷонам,
Осуда дар ин пираҳанам рӯҳу равонам.
Бо ҷомаи покизаи тоҷикӣ ҳама умр
Чун кӯҳи сарафрозаму манзури ҷаҳонам!
Адабиёт:
1.Ғафуров Б. Тоҷикон.- Душанбе, -
2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Мардумшиносӣ. Ҷ.7. – 511с.
3.Майтдинова Г.М. История таджикского костюма. Том I. - Душанбе,2004.-280с.
4. Майтдинова Г.М. История таджикского костюма. Том II. - Душанбе,2004.-254с.
5.Сухарева О.А. К истории городов Бухарского ханства.- Ташкент, 1958.- 145с.
6. Сухарева О.А. Костюм народов Средней Азии.- М.:Наука,1979.-237с.
7.Сухарева О.А.История среднеазиатского костюма.-М,Наука,1982.-140с.
8. Таджики Каратегина и Дарваза.- Душанбе: Дониш,1976.- 237 с.
Шарифзода Ф.Х. – директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

 Забеҳулло Беҳрӯзи Саидхоҷа/ (Беҳрӯзи Забеҳулло) 30. 06.1968. дар деҳаи Рузвайи ноҳияи  Дарвози ВМКБ дар оилаи зиёӣ ба д...
30/06/2026


Забеҳулло Беҳрӯзи Саидхоҷа/ (Беҳрӯзи Забеҳулло) 30. 06.1968. дар деҳаи Рузвайи ноҳияи Дарвози ВМКБ дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Солҳои 1975-85 дар мактаби миёнаи №8-и ба номи Алишер Навоии ноҳияи Дарвоз таҳсил карда, соли 1986 Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №67-и шаҳри Душанберо бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1987-1989 хидмати сарбозиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ адо намуда, соли 1993 факултети филологияи ДМТ бо дипломи аъло хатм кардааст.
Фаъолияти кории Беҳрӯзи Забеҳулло аз Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ шуда, муддати се сол ба сифати хабарнигор ва муовини директори шабакаи сартосарии радиои “Садои Душанбе” кор кардааст. Баъдан фаъолияти хабарнигории худро дар дафтари намояндагии “Садо” ва “Симои Эрон” дар Тоҷикистон ва радиои “Имрӯз” идома додааст.
Беҳрӯзи Забеҳулло дар тули фаъолияти хабарнигории хеш садҳо мақолаҳои зиёде дар рӯзномаву маҷаллаҳои ватанӣ мунташир кардааст. Аз соли 2006 ба баъд мақолаҳои гуногуни Беҳрӯзи Забеҳулло дар рӯзномаву маҷаллоти кишварҳои ҳамзабон ба чоп расидаанд. Аз ин рӯ, Беҳрӯзи Забеҳулло соли 2011 ба хотири таблиғи фарҳанг, тамаддун ва дастовардҳои навини тоҷикон дар матбуоти кишварҳои ҳамзабон бо Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосими Лоҳутӣ сарфароз шудааст.
Беҳрӯзи Забеҳулло шоири ватансаро буда, то кунун чаҳор маҷмуаи шеърҳо бо номҳои “Ғамамро шеър кардам” (“Суруш”, 1999), “Танҳо барои худ” (“Нодир”, 2003), “Сипоҳи сухан” (“Эр-граф”, 2021) ва “Яштҳои ватандорӣ” (ЭР-граф”, 2023) мунташир кардааст. Беҳрӯзи Забеҳулло ҳамчунин се асари пажуҳишӣ дар бораи адабиёти классикӣ ва муосири Тоҷикистон бо номи “Офтобе дар миёни сояе; шарҳи мухтасари муҳимтарин мавзуъҳои “Маснавии маънавӣ” (“Адиб”, 2022), “Қиссаи мурғи Самандар; саргузашти адабиёти тоҷик дар даврони шуравӣ (Машҳад, 2012) ва “Зангулазанон гузашт борон”; нигоҳе ба шеъри муосири Тоҷикистон (Кобул,2011ба хатти форсӣ). ба нашр расондааст, ҳамчунин ашъори ватанпарваронаи ӯ дар маҷмуаи “Суруди истиқлол” (“Дониш”, 2021) маҷмуаи ашъори шоирони АМИТ ба табъ расидааст. Ашъору таронаҳои зиёди Беҳрӯзи Забеҳулло дар мавзуи Ватан, сулҳу ваҳдат ва тарғиби созандагии кишвар аз тарафи ҳунармандони маъруфи тоҷик суруда шудаанд.
Беҳрӯзи Забеҳулло дар мавзуи “Таҳаввули шеър дар адабиёти тоҷики замони шуравӣ (ибтидои садаи бист то солҳои 80) рисолаи номзадиашро дифоъ карда, монографияи илмияш бо номи “Таҳаввули шакл ва муҳтавои назми тоҷик дар асри ХХ” (соли 2020 дар нашриёти “Дониш”) чоп шудааст.
Беҳрӯзи Забеҳулло соли 2019-2021 мудирии шуъбаи тавсиф ва таҳияи феҳристи дастхатҳои Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба уҳда дошта, ҳамзамон таҳқиқоти илмиро перомуни адабиёти муосири тоҷик идома додааст.
Зарфи солҳои ахир беш аз 10 мақолаи илмии Беҳрӯзи Забеҳулло дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии кишвар чоп шудааст, ҳамчунин соли 2018 зери назари Ҷӯрабек Назриев “Девони ашъор”-и Шамсиддин Шоҳинро таҳияву мунташир кардааст. Беҳрӯзи Забеҳулло яке аз мураттибони ҷилдҳои 9-10-и феҳристи дастхатҳои АМИТ мебошад.
Беҳрӯзи Забеҳулло солҳои 2021-2022 дар вазифаи муовини директори Муассисаи нашриявии “Адиб” оид ба корҳои эҷодӣ адои хидмат намудааст. Аз моҳи ноябри соли 2022 то ҳол мудирии шуъбаи адабиёти муосири ИЗА ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба уҳда дорад. Мавсуф ҳамзамон дар ДДОТ ба донишҷӯён аз фанни “Таърихи адабиёт” ва “Назарияи адабиёт” дарс мегӯяд.
Беҳрӯзи Забеҳулло аз соли 2005 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 2015 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Вай соли 2020 ба хотири хидматҳояш дар бахши илму фарҳанги ҷумҳурӣ бо нишони “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.

ТАЪЗИЯРаёсат ва ҳайати кормандони Иттифоқи касабаи Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи мил...
29/06/2026

ТАЪЗИЯ

Раёсат ва ҳайати кормандони Иттифоқи касабаи Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз даргузашти модари гиромии устод Азиз Мирбобоев Мирбобоев сахт андӯҳгин гардида, ба эшон, аҳли хонавода, пайвандон ва наздиконашон ҳамдардии амиқ ва таъзияи самимии худро изҳор менамоянд. Модар неъмати бебаҳои зиндагӣ, сарчашмаи меҳру муҳаббат, тарбия ва раҳнамои роҳи инсон аст. Даргузашти чунин шахсияти азиз барои фарзандон ва пайвандон мусибати гарон ва ҷуброннопазир мебошад. Дар ин лаҳзаҳои сангини ғаму андӯҳ аз даргоҳи Худованди меҳрубон барои марҳума раҳмату мағфират, ҷаннати фирдавсӣ ва барои бозмондагон сабри ҷамилу аҷри азим хоҳонем.
Руҳашон шод, манзили охираташон обод ва ёдашон гиромӣ бод!

Address

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ/21
Dushanbe
734025

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00

Telephone

+9922272907

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Институти забон ва адабиёт /Tajik Institute of language and literature posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The School

Send a message to Институти забон ва адабиёт /Tajik Institute of language and literature:

Shortcuts

Share