Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саҳифа расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фейсбук

ЭЪЛОН: ТАҒЙИРОТ ДАР МУҲЛАТҲОИ ДАВРИ СЕЮМИ ИМД 2026 Душанбе, 18-уми сентябри соли 2026 Маркази миллии тестии назди Презид...
18/09/2026

ЭЪЛОН: ТАҒЙИРОТ ДАР МУҲЛАТҲОИ ДАВРИ СЕЮМИ ИМД 2026

Душанбе, 18-уми сентябри соли 2026

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ (аз 29-уми август то 15-уми сентябри соли 2026) сабти ном кардаанд, мерасонад, ки бинобар тамдид шудани ин давраи бақайдгирӣ, муҳлати марҳалаҳои дигари ИМД 2026 низ тағйир ёфтанд.
Бо дарназардошти ин гуфтаҳо, барои даври сеюми ИМД 2026 муҳлатҳо ба таври зерин муқаррар карда шуданд: дастрас кардани даъватномаҳо – аз 22-юм то 23-юми сентябр; имтиҳонҳо – қисмҳои В ва Г – аз 23-юм то 25-уми сентябр; имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б – 27-уми сентябр; эълони натиҷаҳо – 2-юми октябр; пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ оид ба холҳои гузошташуда – аз 2-юм то 3-юми октябр; эълони натиҷаҳои тақсимоти асосӣ – 4-уми октябр.
Ҳозиршавии довталабони дар тақсимоти асосӣ комёбшуда дар муассисаҳои таълимӣ аз 4-ум то 7-уми октябр, азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз 6-ум то 9-уми октябр, эълони натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории ин давра 11-уми октябр ва ҳозиршавӣ дар муассисаҳои таълимӣ баъди эълони натиҷаи озмуни тақсимоти такрорӣ аз 11-ум то 13-уми октябри соли 2026 муқаррар шуд.
Хотиррасон менамоем, ки тағйирот танҳо дар муҳлатҳои даври сеюми ИМД 2026 ворид карда шуда, муҳлатҳои даври чоруми ИМД 2026 бетағйир мемонад.

КОНФРОНСИ МИЛЛӢ: НАТИҶАҲОИ ТАҲҚИҚОТИ АСОСИИ БАРНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АРЗЁБИИ ХОНАНДАГОН – PISA 2025 ДАР ТОҶИКИСТОН Душанбе...
17/09/2026

КОНФРОНСИ МИЛЛӢ: НАТИҶАҲОИ ТАҲҚИҚОТИ АСОСИИ БАРНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АРЗЁБИИ ХОНАНДАГОН – PISA 2025 ДАР ТОҶИКИСТОН

Душанбе, 15-уми сентябри соли 2026

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Hilton» бо ташаббуси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси миллӣ баргузор шуд, ки мавзуаш натиҷаҳои Таҳқиқоти асосии Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон – PISA 2025 (Programme for International Student Assessment) дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе буд.
Дар конфронс директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, мудири бахши маориф ва иттилооти раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло Зувайд, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Дарски Радослав, намояндаи PISA-и Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) Вилтард Натан ва дигар намояндагону масъулони соҳа иштирок доштанд.
Дар оғоз директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ дар робита ба аҳаммияти ин конфоронс суханронӣ карда, таъкид намуд, муҳиммияти ин чорабинӣ дар он аст, ки шаҳри Душанбе бо намояндагӣ аз Тоҷикистон бори аввал дар ин таҳқиқоти бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок кард. Ин қадам барои мо имкон дод, ки сатҳи саводи хонандагони 15-солаи худро дар заминаи стандартҳои ҷаҳонӣ муайян намоем. Маълумоти бадастомада барои мо на танҳо як нишондиҳанда, инчунин нақша ва роҳнамо барои ислоҳоти ояндаи соҳаи маориф мебошад.
Сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба рушди сармояи инсонӣ ва ворид шудани маорифи миллии мо ба фазои ҷаҳонии таҳсилот нигаронида шудааст. Иштироки Тоҷикистон дар арзёбии байналмилалии PISA маҳз бо дастгирии бевосита ва таваҷҷуҳи хоссаи Роҳбари давлат амалӣ гардид.
Ташкили ин таҳқиқот аз мо омодагии ҷиддии техникӣ ва логистикиро талаб мекард. Санҷиши асосӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз 2-юм то 25-уми апрели соли 2025 гузашт, ки дар он 5771 нафар хонандаи 160 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла мактабҳои миёна, литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии касбии ибтидоӣ ва миёна иштирок карданд. Ин интихоб аз ҷониби худи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ба таври тасодуфӣ ва шаффоф сурат гирифт, ки 92%-и тамоми наврасони 15-солаи пойтахтро фаро мегирад.
PISA таҳқиқоти байналмилалии сифати таҳсилот аст, ки дараҷаи қобилияти хонандагони 15-соларо дар истифодаи дониш ва малакаҳои ҳосилкардаашон барои ҳалли вазифаҳое, ки дар вазъиятҳои таълимӣ ва воқеии ҳаёт ба миён меоянд, арзёбӣ мекунад. Самтҳои асосии арзёбӣ саводи фанҳои табиатшиносӣ, саводи математикӣ ва саводи хондан аст. Таҳқиқот аз соли 2025 дар чор сол як маротиба гузаронида мешавад, – гуфт Ҷаъфарзода С.Ф.
Сипас мудири бахши маориф ва иттилооти раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло Зувайд ва дигар намояндагону масъулон вобаста ба масъалаҳои баланд бурдани сифати таҳсилот ва масъалаи иштироки Тоҷикистон дар арзёбии байналмилалии PISA, ки маҳз бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, суханронӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки дар конфронс масъалаи дар даври навбатӣ – PISA 2029 ба шакли компютерӣ баргузор шудани ин арзёбӣ дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.

Иштироки роҳбарият ва кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳпаймоии идона ба муно...
10/09/2026

Иштироки роҳбарият ва кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳпаймоии идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Муҳтарам Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ!Шуморо ба муносибати сарфароз гардиданатон бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷики...
25/08/2026

Муҳтарам Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ!
Шуморо ба муносибати сарфароз гардиданатон бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона ва аз таҳти дил табрику таҳният мегӯем.
Ин мукофоти пуршараф эътирофи шоистаи заҳматҳои содиқона, донишу таҷрибаи ғанӣ ва саҳми арзандаи Шумо дар рушду пешрафти соҳаи маориф, аз ҷумла шаффофият ва мукаммалгардонии фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ба Шумо тансиҳатӣ, амонӣ, беҳбудии рӯзгор ва дар фаъолияти масъулиятноку созандаатон ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон - Тоҷикистон зафарҳои нав ба нав ва муваффақиятҳои беназир хоҳонем!
Мукофоти давлатӣ муборак бошад!

ЭЪЛОН: НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ...
05/08/2026

ЭЪЛОН: НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи намояндагони расонаҳои хабарӣ мерасонад, ки тибқи Нақша оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2005, № АП-1677, рӯзи 5-уми августи соли 2026, соати 14:00 дар дафтари асосии Марказ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад. Мавзуи нишаст ҷамъбасти нимсолаи якуми фаъолияти Марказ дар соли 2026 аст.

05/08/2026
Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Хуҷанд, Истаравшан ва Панҷакент барои даври азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштиро...
04/08/2026

Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Хуҷанд, Истаравшан ва Панҷакент барои даври азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ (аз 11 то 13 августи соли 2026)

Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе барои даври азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти т...
03/08/2026

Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе барои даври азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ (аз 11 то 13 августи соли 2026)

Address

Рудаки, 192
Dushanbe
734003

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00

Telephone

+9922245368

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The School

Send a message to Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Shortcuts

Share

Category