24/01/2026
Ҷашни Сада
Ҷашни Сада яке аз идҳои куҳантарин ва пурмаданияти мардуми тоҷик ва дигар халқҳое ки ориёинажоданд ба шумор меравад. Ин ҷашн таърихи бой, ғани, қадимаю ибратомӯз дошта, аз замонҳои пеш аз нуфузи дини мубини ислом то имрӯз дар фарҳанги мардуми тоҷик мақоми хоса дорад. Сада асосан ҳар сол дар нимаи дуюми зимистон, тақрибан 30-юми январ аввали моҳи феврал ҷашн гирифта мешавад.
Мафҳуми асосии Калимаи «Сада» аз рақами «сад» гирифта шуда, маънояш «сад рӯз мондан то Наврӯз» мебошад. Аммо суоле ба миён меояд, ки чаро 50 рӯзро 100 рӯз мегӯянду номи ҷашн низ чунин аст? Аммо ҷавоби ин суол чунин аст 50 шаб ва 50 рӯз пеш аз Наврӯзро шумурда ниёгони мо чунин хулоса баровардаанд. Сада рамзи наздик шудани баҳор ва анҷоми сардиҳои шадиди зимистон аст. Ин ҷашн бештар бо оташ, гармӣ, нур ва рӯшноӣ алоқаманд мебошад.
Тибқи ривоятҳои таърихӣ, бунёдгузори иди Сада шоҳи афсонавӣ Ҳушанг ба ҳисоб рафта, мувофиқи ривоятҳо Шоҳ Ҳушанг ҳангоми бархӯрдан бо мор сангеро ба санге мезанад ва тасодуфан оташ кашф мешавад. Ба ифтихори ин кашфиёт мардум оташ афрӯхта, Садаро ҷашн гирифтаанд. Аз он вақт инҷониб, оташ рамзи асосии ҷашни Сада аст.
Дар рӯзи таҷлили Сада мардум оташ меафрӯзанд, гирди он ҷамъ шуда, суруд мехонанд, рақсу бозӣ мекунанд ва хӯрокҳои гуногун омода месозанд. Оташ дар ин ҷашн рамзи покӣ, гармӣ, умеди тоза ва пирӯзии нур бар торикӣ мебошад.
Иди Сада на танҳо ҷашни табиат, балки ҷашни фарҳанг ва ҳамбастагии мардуми покдилу меҳрубон аст. Он инсонҳоро ба меҳрубонӣ, дӯстӣ, ва эҳтиром ба неъматҳои табиат даъват мекунад. Дар солҳои охир иди Сада дар Тоҷикистон расман эҳё гардида, ҳамчун ҷузъи муҳими мероси фарҳангии миллӣ таҷлил карда мешавад.
Хуллас ҷашни Сада як ҷашни бостонисту рамзи рӯшноӣ ва умеди инсон ба ояндаи нек, зиндагии пур аз файз сурхӣ гармиву гулгулшукуфоӣ ва файздиҳандагист инчунин бо гармиҳояш овардани фасли баҳору Наврӯз таъсири бузурге дорад.
Сатторов Субҳон