Филиали Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорон дар шаҳри Душанбе

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Филиали Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорон дар шаҳри Душанбе

Филиали Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорон дар шаҳри Душанбе Филиали Донишкадаи такмили ихтисос дар шаҳри Душанбе

26/08/2026
26/08/2026
🇹🇯КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢИмрӯз дар Филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи...
25/08/2026

🇹🇯КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз дар Филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Дастовардҳои соҳаи таҳсилоти томактабӣ дар замони истиқлолият» баргузор гардид.

Конференсия ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, бо ташаббуси мудири кафедраи методикаи таълими фан дар муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ Паллава Ситора ва омӯзгори калони кафедра Қурбонова Гулрухон ташкил ва баргузор гардид.

Дар кори конференсия собиқадорони барҷастаи соҳаи маориф, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии пойтахт, инчунин ҳайати устодону кормандони Филиал фаъолона иштирок намуданд.
Дар ҷараёни конференсия директори Муассиса Мутриба Аҳмадӣ, профессор Ҳафиза Маҷидова, дотсент Силмон Мавлоназаров, омӯзгорони Филиал Ҳафиза Бобоҷонова, Назира Файзиева, Фазлиддин Ҳусейнов ва мудири муассисаи таҳсилоти томактабии №59 Фароғат Қурбонова бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.
Суханрониҳо ба масъалаҳои муҳими рушди соҳаи таҳсилоти томактабӣ дар даврони истиқлолият, татбиқи усулҳои муосири таълиму тарбия, навовариҳо дар фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ва саҳми арзандаи устодону собиқадорони соҳа дар тарбияи насли наврас бахшида шуданд.
Дар фарҷоми конференсия миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, доир ба рушди минбаъдаи соҳаи таҳсилоти томактабӣ пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.

Истиқлолият — заминаи рушди маориф ва тарбияи насли оянда!

24/08/2026

Address

Мирзо Турсунзода 8
Dushanbe
734000

Opening Hours

Monday 07:30 - 17:00
Tuesday 07:30 - 17:00
Wednesday 07:30 - 17:00
Thursday 07:30 - 17:00
Friday 07:30 - 17:00
Saturday 07:30 - 13:00

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Филиали Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорон дар шаҳри Душанбе posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share