18/07/2026
СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "МАРКАЗИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲОИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР"
18.07.2026 шаҳри Душанбе
Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур, Educational Research Center, А. Дониш – 2, Dushanbe.
18/07/2026
СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "МАРКАЗИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲОИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР"
18.07.2026 шаҳри Душанбе
11/07/2026
ГУЗАРОНИДАНИ ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР МУАССИСА
11 июли соли 2026, шаҳри Душанбе
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати кормандони Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур» шанбегии дастаҷамъона гузарониданд.
Дар рафти шанбегӣ корҳои тозакорӣ ва ободонӣ анҷом дода шуда, ҳудуди муассиса рӯбучин гардид, зери гулу буттаҳо нарм карда шуда, муҳити атроф обпошӣ карда шуд.
Чунин ташаббусҳо ба ободонӣ, тозагии муҳити зист ва таҳкими фарҳанги шаҳрвандӣ мусоидат намуда, ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии кормандонро инъикос менамоянд.
26/06/2026
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ – ИДОМАИ СИЁСАТИ СУЛҲОФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар доираи татбиқи ташаббуси байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур” мизи мудаввар таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ директори Муассиса Зиёдуллозода Суҳроб Зиёдулло бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намуда, оид ба аҳамияти ташаббуси навбатии байналмилалии Пешвои миллат, ки ба таҳкими сулҳ, субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи наслҳои оянда равона гардидааст, ибрози назар намуданд.
Ҳамчунин омӯзгорони фанни ҳуқуқи Муассиса Шеров Аминҷон ва Муминзода Оятулло зимни баромадҳояшон таъкид карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ ҳамеша масъалаҳои сулҳу амният, ҳамзистии осоишта ва ҳамкории созандаро дар меҳвари сиёсати хориҷии худ қарор додааст.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки сулҳу Ваҳдат аз арзишҳои волои инсонӣ ба шумор рафта, ҳар як шаҳрванд, бахусус ҷавонон, бояд дар ҳифз ва таҳкими онҳо саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, омодагии онҳо барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” таҳкими Ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид гардид.
24/06/2026
19/06/2026
🏆МУВАФФАҚИЯТИ НАВ ДАР ОСТОНАИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
18- уми июни соли 2026 дар асоси барқияи электронии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар варзишгоҳи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии даври ноҳиявии мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дастаи Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур” дар мусобиқаи мазкур ҷойи 3-юмро ишғол намуд.
Ин дастовард самараи заҳмат, ҳамбастагӣ ва рӯҳияи баланди варзишии ҳайати даста мебошад. Ҳамаи иштирокчиёнро бо ин муваффақияти арзанда табрик гуфта, барояшон пирӯзиҳои нав ва комёбиҳои бештар орзумандем.
Мақоми сеюм муборак бошад! 🥉🥉🥉
17/06/2026
МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2025-2026 ВА ҚАДРДОНИИ ИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОН ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Имрӯз дар толори фарҳангии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 маросими ҷамъбасти соли таҳсили 2025-2026 ва қадрдонии ғолибони озмуну олимпиадаҳои фаннӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф ва хонандагони соҳибистеъдод иштирок намуданд.
Дар доираи маросим ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагон, ғолибони озмунҳои илмӣ-эҷодӣ ва хатмкунандагони курсҳои иловагии Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур» қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин, омӯзгорону роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф бо Сипосномаҳо сарфароз шуданд.
АКСҲО АЗ РАФТИ ЧОРАБИНӢ:
13/06/2026
| Monday | 08:00 - 17:00 |
| Tuesday | 08:00 - 17:00 |
| Wednesday | 08:00 - 17:00 |
| Thursday | 08:00 - 17:00 |
| Friday | 08:00 - 17:00 |
| Saturday | 08:00 - 16:00 |