15/05/2026
🌟🏆 Муассисаи давлатии
«Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои»
шаҳри Турсунзода
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки хонандагони болаёқати шаҳри Турсунзода дар Олимпиадаҳои фаннии даври ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намуда, натиҷаҳои арзанда ба даст оварданд.
📊 Натиҷаҳои бадастомада:
🥇 3 медали тилло
🥈 19 медали нуқра
🥉 53 медали биринҷӣ
✨ Ин муваффақият шаҳодати сатҳи баланди дониш, ҷаҳонбинии васеъ ва заҳмати шабонарӯзии хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр мебошад.
🤝 Маъмурияти Марказ ба ҳамаи ғолибон, омӯзгорон ва падару модарон барои саҳми арзандаашон изҳори сипос намуда, дар роҳи илму маърифат комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамояд.
📚 Илм — асоси пешрафти ҷомеа!
🌟 Истеъдод — ояндаи дурахшони миллат!
🇹🇯 Турсунзода — шаҳри ҷавонони соҳибистеъдод!