Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

  • Home
  • Tajikistan
  • Panjakent
  • Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент "Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент аввалин ва ягона муассисаи таълимии ғайридавлати
(1)

Санаи 30 сентябри соли 2026 дар факултети таърихи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент барои донишҷӯёни к...
30/09/2026

Санаи 30 сентябри соли 2026 дар факултети таърихи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент барои донишҷӯёни курси якум, ки ба соли таҳсили 2026–2027 қадам гузоштанд, вохӯрии хотирмон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ноиби ректор оид ба таълим, муҳтарам Салихов Н., мудири шуъбаи сифати таҳсилот, муҳтарам Мақсудов З., декани факултети таърих Ҳоҷиев К. ва раиси Шӯрои занони факултет Раҳимова М. иштирок намуда, донишҷӯёни навро ба муносибати оғози марҳилаи нави ҳаёти донишҷӯӣ самимона табрик намуданд.
Зимни вохӯрӣ ба донишҷӯёни курси якум билетҳои донишҷӯӣ ва дафтарчаҳои имтиҳонӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуданд. Масъулон ба донишҷӯён таъкид намуданд, ки донишҷӯӣ давраи муҳимтарини ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифати илмӣ, ахлоқи ҳамида ва омодагӣ ба фаъолияти минбаъдаи касбӣ мебошад.
Ноиби ректор оид ба таълим ва дигар масъулон ба донишҷӯён дар роҳи омӯзиши илму дониш, азхуд намудани ихтисоси интихобкарда, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятии донишкада ва факултет, инчунин дар озмунҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ барору комёбиҳо орзу намуданд.
Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки ҳар як донишҷӯ бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, одоби намунавӣ, меҳнатдӯстӣ ва талоши пайваста барои донишомӯзӣ таҳсил намуда, бо натиҷаҳои баланди таълимӣ номи факултет ва донишкадаро дар сатҳи шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ сарбаландона муаррифӣ намояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ масъулон ба донишҷӯёни курси якум саломатии бардавом, хониши аъло, иродаи қавӣ, дастовардҳои назаррас, комёбиҳои беназир ва фатҳи қуллаҳои баланди илму маърифат таманно намуда, изҳори боварӣ карданд, ки онҳо дар оянда ҳамчун мутахассисони соҳибмаърифат ва соҳибкасб барои пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ин вохӯрӣ барои донишҷӯёни курси якум ҳамчун оғози нек ва марҳилаи нави ҳаёти донишҷӯӣ таассуроти хуб ба ҷой гузошта, онҳоро ба донишомӯзӣ, худтакмилдиҳӣ ва ноил гардидан ба дастовардҳои нав рӯҳбаланд намуд.

30 сентябри соли 2026 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода бо мақсади шиносоӣ бо ваз...
30/09/2026

30 сентябри соли 2026 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи раванди таълиму тарбия, фаъолияти таълимӣ ва илмӣ, инчунин шароити таҳсил, забономӯзӣ ва заминаи моддию техникии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент боздид ба амал овард.

Муовини вазирро роҳбарияти донишгоҳ пазироӣ намуда, вобаста ба самтҳои асосии фаъолияти муассиса, раванди таълиму тарбия, вазъи омодасозии мутахассисони баландихтисос, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва тадбирҳои дар ин самт амалишаванда маълумоти зарурӣ пешниҳод намуд. Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан ба забономузӣ дар ҳама равияҳо ва тақвияти заминаи моддию техникии раванди таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни боздид муовини вазир аз як қатор синфхонаҳо, маҳфилҳо ва дигар сохторҳои таълимии факултетҳо дидан намуда, бо шароити фароҳамгардида барои донишҷӯён ва имкониятҳои мавҷудаи таълимӣ аз наздик шинос гардид. Зимни шиносоӣ ба сатҳи таҷҳизонидани синфхонаҳо, истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҳамзамон, муовини вазир сараввал устодон ва донишҷӯёнро бо 35 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд ва бо донишҷӯён суҳбати озод анҷом дода, доир ба раванди таълим, сифати донишандӯзӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои таълимӣ, иштироки донишҷӯён дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва риояи талаботи интизоми дохилии донишкада андешаҳои онҳоро шунид. Дар ин замина, ба масъалаи ташаккули малакаҳои касбӣ, рушди тафаккури илмӣ ва омодагии донишҷӯён ба фаъолияти мустақилонаи касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Дар идомаи боздид масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими заминаи моддию техникӣ, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, истифодаи самараноки технологияҳои муосири таълимӣ ва беҳтар намудани шароити таҳсилу фаъолияти донишҷӯён мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд.

Дар маҷмӯъ, боздиди муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз донишкада барои арзёбии вазъи таълиму тарбия, шиносоӣ бо имкониятҳои таълимию илмӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи такмили фаъолияти донишкада аҳаммияти муҳим дошта, ба таҳкими ҳамкории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо мақомоти соҳавӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот мусоидат менамояд.

БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ ДАСТОВАРДҲОИ  ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ         Санаи 26-уми се...
27/09/2026

БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

Санаи 26-уми сентябри соли 2026 дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Оятулло Аҳмадзода Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мастона Муродзода, Ансорӣ Муаззамхон, аз намоиши дастовардҳои пурмасъули донишҷӯёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ДОТ” боздид намуданд.


Дафтари матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

НОМИ РӮДАКӢ -РАМЗИ ҶОВИДОНАИ  ШЕЪРИ ҲАКИМОНАВУ ОЛАМГИРИ МО                                Паёми  шодбошии раиси шаҳри Па...
22/09/2026

НОМИ РӮДАКӢ -РАМЗИ ҶОВИДОНАИ ШЕЪРИ ҲАКИМОНАВУ ОЛАМГИРИ МО

Паёми шодбошии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ

Ҳамдиёрони азиз!
Меҳмонон ва сокинони соҳибмаърифати шаҳри Панҷакент!

Дар партави сиёсати фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон арҷгузорӣ ба фарзандони фарзонаи миллат, чеҳраҳои шинохтаи адабиёту ҳунар, забони модарӣ, ёдгориҳои таърихӣ ба ҷузъи муҳими сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат табдил ёфта, тоҷикон ба ҷаҳониён ҳамчун миллати тамаддунсоз ва дорои адабиёти қадима муаррифӣ шуданд.

Дар ин замина, ҳар сол санаи 22 сентябр дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва берун аз он Рӯзи Рӯдакӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Дар ин рӯзи фархунда кулли ҳамдиёрон, меҳмонон ва сокинони соҳибмаърифати шаҳри Панҷакент, инчунин ҳаводорини ҳавзаи адабии шеъри тоҷику форсро бо Рӯзи Рӯдакӣ самимона табрик менамоям.

Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Устод Рўдакӣ бо қудрати ҷонофарини сухан, ҳикмату дониши комил ва маҳорату ҳунари шоирии худ тавонист ҷаҳони шеъри тоҷикиро бо ашъори ҷовидонаи худ бекарона созад. Аз ин рў номи Рўдакӣ рамзи ҷовидонаи шеъри ҳакимонаву оламгири мо мебошад».

Имрӯз моро беш аз ҳар вақти дигар зарур аст, ки осори ин абармарди фарҳанги миллатро омӯхта, нисбат ба рӯзгор ва осори Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ маълумоти кофӣ пайдо намоем, аз таърихи пуршебу фарози халқи худ сабақ омӯзем.

Устод Рӯдакӣ адабиёти моро чунон бунёд ниҳод, то ба рағми ҳама гирдоби воқеаҳои пурпечутоби таърих пойдор бимонад ва бо ҳиммату истеъдоди ворисони сазовор боз ҳам муҳташаму тавоно гардад.

Имрӯз ҳам шеъри волову сухани миллатсози устод Рӯдакӣ ба рамзи фарҳанги оламгири тоҷик ва хирадмандиву созандагиву накӯкорӣ табдил ёфта, дар шинохт ва беҳбуди асолати миллӣ нақши муҳим мегузорад.

Фарзандони мо бо шеъри ӯ дарси маърифату одамгирӣ, хираду садоқат, муҳаббат ба Ватан ва парастиши онро меомӯзанд.

Шоҳбайтҳои безаволи устод Рӯдакӣ худ як китоби пурмаъност, ки ҳазорсолаҳо шиори зиндагии насли башар шудааст:

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,
Не бад он чашм к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз то ба-дон гузарӣ.

Дар Тоҷикистон номи мубораки устод Абуабдулоҳ Рӯдакӣ ба ноҳия, ҷамоат, деҳаҳо, хиёбону кӯчаҳо, майдону боғҳо, муассисаҳои фарҳангӣ гузошта шуда, муҷассамаи амири шоирон майдонҳои марказии аксар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва дигар давлатҳоро ҳусну тароват бахшидаанд.

Бо иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ашъори устод Рӯдакӣ дар шакли куллиёт ва ба забонҳои гуногун бо сифати баланд чоп гардида, ба ҳаводорони назми оламшумули тоҷик пешкаш шуданд.

Дар даврони истиқлол бо ибтикори Пешвои миллат оромгоҳи устод Рӯдакӣ борҳо таҷдид шуда, шукӯҳу шаҳомати хосаро соҳиб гашта, макони дӯстдоштатарини сайёҳону ҳаводорони ашъорӣ ӯ гардидааст.

Рӯзи Рӯдакӣ ба ташаккули ҳисси ифтихори миллию ватанпарастии наслҳои имрӯзаву оянда неру мебахшад ва масъулияти онҳоро дар рушду пешрафти Тоҷикистон меафзояд.

Бори дигар Рӯзи Рӯдакиро барои ҳама ҳаводорони назми оламгири ӯ сидқан муборакбод гуфта, барояшон саломатӣ, бахту нишот орзу менамоям ва итминон дорам, ки рӯй овардан ба ашъори хирадмандонаи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ моро ба роҳи ақлу хирад, сулҳу дӯстӣ, муҳаббати воло ба Ватан ва ояндаи нек ҳидоят мекунад.

Рӯзи сардафтари адабиёти оламшумули тоҷику форс-устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ муборак бод!

НОМИ РӮДАКӢ -РАМЗИ ҶОВИДОНАИ ШЕЪРИ ҲАКИМОНАВУ ОЛАМГИРИ МО

Паёми шодбошии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ

Ҳамдиёрони азиз!
Меҳмонон ва сокинони соҳибмаърифати шаҳри Панҷакент!

Дар партави сиёсати фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон арҷгузорӣ ба фарзандони фарзонаи миллат, чеҳраҳои шинохтаи адабиёту ҳунар, забони модарӣ, ёдгориҳои таърихӣ ба ҷузъи муҳими сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат табдил ёфта, тоҷикон ба ҷаҳониён ҳамчун миллати тамаддунсоз ва дорои адабиёти қадима муаррифӣ шуданд.

Дар ин замина, ҳар сол санаи 22 сентябр дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва берун аз он Рӯзи Рӯдакӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Дар ин рӯзи фархунда кулли ҳамдиёрон, меҳмонон ва сокинони соҳибмаърифати шаҳри Панҷакент, инчунин ҳаводорони ҳавзаи адабии шеъри тоҷику форсро бо Рӯзи Рӯдакӣ самимона табрик менамоям.

Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Устод Рўдакӣ бо қудрати ҷонофарини сухан, ҳикмату дониши комил ва маҳорату ҳунари шоирии худ тавонист ҷаҳони шеъри тоҷикиро бо ашъори ҷовидонаи худ бекарона созад. Аз ин рў номи Рўдакӣ рамзи ҷовидонаи шеъри ҳакимонаву оламгири мо мебошад».

Имрӯз моро беш аз ҳар вақти дигар зарур аст, ки осори ин абармарди фарҳанги миллатро омӯхта, нисбат ба рӯзгор ва осори Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ маълумоти кофӣ пайдо намоем, аз таърихи пуршебу фарози халқи худ сабақ омӯзем.

Устод Рӯдакӣ адабиёти моро чунон бунёд ниҳод, то ба рағми ҳама гирдоби воқеаҳои пурпечутоби таърих пойдор бимонад ва бо ҳиммату истеъдоди ворисони сазовор боз ҳам муҳташаму тавоно гардад.

Имрӯз ҳам шеъри волову сухани миллатсози устод Рӯдакӣ ба рамзи фарҳанги оламгири тоҷик ва хирадмандиву созандагиву накӯкорӣ табдил ёфта, дар шинохт ва беҳбуди асолати миллӣ нақши муҳим мегузорад.

Фарзандони мо бо шеъри ӯ дарси маърифату одамгирӣ, хираду садоқат, муҳаббат ба Ватан ва парастиши онро меомӯзанд.

Шоҳбайтҳои безаволи устод Рӯдакӣ худ як китоби пурмаъност, ки ҳазорсолаҳо шиори зиндагии насли башар шудааст:

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,
Не бад он чашм к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз то ба-дон гузарӣ.

Дар Тоҷикистон номи мубораки устод Абуабдулоҳ Рӯдакӣ ба ноҳия, ҷамоат, деҳаҳо, хиёбону кӯчаҳо, майдону боғҳо, муассисаҳои фарҳангӣ гузошта шуда, муҷассамаи амири шоирон майдонҳои марказии аксар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва дигар давлатҳоро ҳусну тароват бахшидаанд.

Бо иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ашъори устод Рӯдакӣ дар шакли куллиёт ва ба забонҳои гуногун бо сифати баланд чоп гардида, ба ҳаводорони назми оламшумули тоҷик пешкаш шуданд.

Дар даврони истиқлол бо ибтикори Пешвои миллат оромгоҳи устод Рӯдакӣ борҳо таҷдид шуда, шукӯҳу шаҳомати хосаро соҳиб гашта, макони дӯстдоштатарини сайёҳону ҳаводорони ашъорӣ ӯ гардидааст.

Рӯзи Рӯдакӣ ба ташаккули ҳисси ифтихори миллию ватанпарастии наслҳои имрӯзаву оянда неру мебахшад ва масъулияти онҳоро дар рушду пешрафти Тоҷикистон меафзояд.

Бори дигар Рӯзи Рӯдакиро барои ҳама ҳаводорони назми оламгири ӯ сидқан муборакбод гуфта, барояшон саломатӣ, бахту нишот орзу менамоям ва итминон дорам, ки рӯй овардан ба ашъори хирадмандонаи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ моро ба роҳи ақлу хирад, сулҳу дӯстӣ, муҳаббати воло ба Ватан ва ояндаи нек ҳидоят мекунад.

Рӯзи сардафтари адабиёти оламшумули тоҷику форс-устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ муборак бод!

ГАНҶИ ДИЁРИ РӮДАКӢ            “Мардуми заҳматқарини шаҳри бостонии Панҷакент, ки зодгоҳи бунёдгузори шеъру адаби тоҷику ...
22/09/2026

ГАНҶИ ДИЁРИ РӮДАКӢ

“Мардуми заҳматқарини шаҳри бостонии Панҷакент, ки зодгоҳи бунёдгузори шеъру адаби тоҷику форс- Одам-уш-шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва яке аз марказҳои илму адаб ва донишу маърифати тоҷикон мебошад аз тамаддуни деринаи мардуми куҳанбунёдамон оини неки созандагиро мерос гирифта, бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ворисону посдорони анъанаву суннатҳои дар Саразми бостонӣ ташаккулёфта арзишҳои миллӣ ва расму ойинҳои наврӯзӣ будани худро пайваста дар амал собит менамоянд.”
Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чакидаҳо. Дар мақолаи мазкур, муаллиф роҷеъ ба китобхонаи навтаъсиси “Маркази Рӯдакишиносӣ ва омӯзиши осори ниёгони адабиёти классикии форсу тоҷик” маълумот дода, менигорад, ки таъсиси Маркази Рӯдакишиносӣ дар маркази шаҳри бостонии Панҷакент, падидаи олиест, ба вижа барои дӯстдорони каломи бадеъ, муҳаққиқону олимони ҷавон ва унвонҷӯёну магистрантон. Ҳамчунин зикр менамояд, ки дар ин ганҷинаи сухун, китобҳои нодире ҷамъоварӣ карда шудаанд, ки аксари он дар кишвари мо камназиранд. Инҳо китобҳои пурарзише мебошанд, ки аз тамоми кишварҳои Шарқ ба Тоҷикистон оварда шуда, мавриди таваҷҷӯҳи хонандаи тоҷик гардидаанд. Ҳамчунин муаллиф андеша баён менамояд, ки: “Мо барои бузургдошти ин нобиғаи ашъори латиф, дар қатори музейи ҷумҳуриявии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент, мактаб барои бачагони болаёқати шаҳр бо номи “Рӯдакӣ”, як Маркази илмию фарҳангие бо номи “Маркази Рӯдакишиносӣ ва омӯзиши осори бузургони адабиёти классики тоҷик” бунёд намудем, ки он ҷои зиёрати олимону фарҳангдӯстон ва сайёҳони аз хориҷ ташриф меоварда мешавад. Ин далели рӯшан ва бурҳони қотеъест, ки мо Рӯдакиро омӯхтем ва то ҳол меомӯзем.”
Калидкалимаҳо. Мирзо Муллоаҳмадов, китоб, Рӯдакишиносӣ, хазина, хориҷи кишвар, ганҷинаи ҳастӣ, миллат, фарҳангпарвар, адабдӯст, хазина, тоҷик.
Адабиёти ғанӣ, пурмӯҳтаво ва беш аз ҳазорсолаи ниёгон барои худшиносӣ ва ифтихор вазифаи муҳамро метавонад иҷро кунад. Пеш аз ҳама моро бо таърихи пурифтихорамон шинос намуда саҳми адибонамонро дар инкишофи тамаддуни башарӣ нишон медиҳад. Меъроси пурбаҳои илмӣ ва адабӣ имрӯз барои кишвари соҳибистиқлол, ки рӯ ба ҷомеаи ҳуқуқбунёди дунявӣ ниҳодаанд, хеле муҳим ва зарур мебошад. Бунёди ҷомеаи нав тарбияи инсони худшиносу худогоҳ, дорои ахлоқи нек ва маънавиёти баландро тақозо менамояд. Осори адабии ниёгон саршори андешаҳои волои ахлоқиву башардӯстӣ буда дар тарбияи эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамбастагии мардум нақши бузург мебозанд. Хидмати Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар шуаро дар бузургдошти фарҳангу тамаддун ва такомули забони тоҷикӣ-форсӣ низ хеле бузург аст. Ашъори Рӯдакӣ бо сабки ниҳоят содаву равон офарида шудааст, ки имрӯз, яъне, пас аз 11 аср низ ба ҳар хонандаи форсизабон фаҳмост. Рӯдакӣ на танҳо шаклу мазмуни назми тоҷикро ба такомул расонд балки бо эҷодиёти ғанӣ, гаронбаҳо ва нотакрори худ ба сабки хуросонӣ ибтидо гузошт. Ӯ ҳамчунин асоси адабиёти тоҷик ва гузашта аз ин бунёди тамоми адабиёти форсизабонро устувор кард. Сарвари кишвар дар вохӯриашон бо сокинони шаҳри Панҷакент, соли 2020 чунин гуфтанд: “Таърих гувоҳ аст, ки дар соҳили дарёи Зарафшон аввалин давлати миллии тоҷикон- давлати Сомониён ва “асри тилло”-ии мардуми тоҷик арзи ҳастӣ намудааст. Аз оби ҳаётбахши Зарафшон абармардоне чун Спитамен ва Деваштичи рамзовар , шоҳ Исмоили Сомонӣ, Одамушшуаро Устод Рӯдакӣ, шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва ҳазор андар ҳазор бузургворону алломагон ба авҷи камол расида, бо корнамоиҳояшон умри абад ёфтаанд. Ин дарёи ҳаётбахш асрҳои бешуморест, ки аз яхистонҳои болооби минтақа сарчашма мегирад ва ҳазорсолаҳост, ки ин сарзамини паҳновар бо номи водии Зарафшон дар таърих шӯҳрат дорад”
Рӯдакишиносӣ дар илми шарқшиносии дунё ва умуман мамлакатҳои Шарқу Ғарб мавқеи калон дошт ва дар ин ҷо хизматҳои донишмандони Эрону Покистон, Афғонистону Олмон, Фаронсаву Англия ва кишварҳои дигарро мебинем. Адабиёт, назми инсондӯстӣ ва симоҳои бузурги шеър, мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷалолиддини Балхию Камоли Хуҷандӣ ва бисёр дигарон васлгари дилҳо, пайвандгари халқу миллатҳо боқӣ мемонанд. Дар осмони баланди назм шеърӣ тобноки устод Рӯдакӣ ҳамеша фурӯзон хоҳад монд ва наслҳои оянда ба он арҷгузорӣ хоҳанд кард.
Фарзанди фарзонаи миллат, шахсияти маорифпарвару хирадоини тоҷикони тамоми дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пайваста таъкид менамоянд, ки гузаштагони дурандешу ояндабини мо, ҳамеша ба адабу фарҳанг ҳамчун зарурияти муҳими зиндагӣ таваҷҷӯҳ доштанд ва дар ин арса ба мардумони фарҳангпарвару адабдӯсти замони худ паҳлӯ ба паҳлӯ буданд. Таваҷҷӯҳ ба шеъру калом, “коми тоҷиконро бо сухан бардоштан”, далели антиқа будани тамаддуни мо, тоҷикон аст. Ба хусус, шеъри
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар...ки онро 1161 сол қабл, Падари шеъри форсӣ Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сурудааст, имрӯз гимни тамоми мардуми тоҷикзабони дунё гаштааст.
Дар арафаи Рӯзи Рӯдакӣ, 22 сентябри соли 2024, дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент боз як маркази илмию фарҳангӣ бо номи “Маркази Рӯдакишиносӣ ва омӯзиши осори ниёгон” ифтитоҳ гардид. Маросими ифтитоҳи ин марказ бо иштироки ширкаткунандагони конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии “Устод Рӯдакӣ ва суннатҳои адабӣ”, бо ҷамъи олимону донишмандони кишвар, ки дар ҳамбастагии АМИТ (Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент баргузор гардид, хубу диданӣ буд.
Дар маҷлисгоҳи бинои таълимии “Маърифатпарвар” конфронси “Устод Рӯдакӣ ва суннатҳои адабӣ”, директори Маркази Рӯдакӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода дар баромади пурмуҳтавои худ, қайд намуд, ки таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ бояд ҷашни умумимиллӣ гардад. Ҳанӯз дар солҳои 20 –уми асри 20 адабиётшиноси самарқандӣ Бақозода пешниҳод карда буд, ки барои дар доираи лозимӣ пешвоз гирифтани ҷашни Рӯдакӣ, он бояд дар иди Наврӯз ҷашн гирифта шавад. Дар Ҷумҳурии исломии Эрон Рӯзи Рӯдакӣ дар санаи 26 декабр таҷлил мегардад. Пешниҳоди ман ин аст, ки гуфт А.Сатторзода, минбаъд ҷашни ҳамасолаи Рӯдакиро дар Панҷакент “Ёди Рӯдакӣ дар диёри Рӯдакӣ” ном гузорем, зеро ин аз ҳар лиҳоз номи мувофиқ аст. Пешниҳод хуб пазируфта шуд.
Афзун ба зикр аст, ки донишкада ба ин китобхона, зиёда 5 ҳазор китоби адабиётшиноси номии кишвар, узви вобастаи академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи адабиёти классикии форс-тоҷики Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, рӯдакишинос-устод Мирзо Муллоаҳмадовро харидорӣ намуд. Китобхонаи нодир аз ҷониби Раёсати Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, роҳбарони фарҳангдӯсту маорифпарвар ба маблағи зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шуд. Дар ин хазинаи бебаҳо, китобҳои зиёди илмӣ, таърихӣ, бадеӣ, фарҳангҳо ва қомусҳои нодир, дастурҳои соҳавӣ ҷамъ оварда шудаанд. Бетардид, китобхонаи мазкур китобҳоеро дорост, ки барои устодону олимони ҷавон, унвонҷӯёну магистрон, муҳаққиқон ва дӯстдорони адабиёт беҳтарин ганҷинаи сухан аст. Тадқиқотчиёни соҳаи адабиётшиносӣ аз ин махзани илм фаровон истифода бурда метавонанд.
Ҳангоме, ки гуфтушунидҳо доир ба интиқоли китобҳои устод аз пойтахти мамлакат ба шаҳри Панҷакент мерафт, зиндаёд Мирзо Муллоаҳмадов чунин гуфтанд:
“Ҳар вақте, ки барои иштирок ва суханронӣ дар конфронсҳои бонуфузи байналмилалӣ, ба хориҷа мерафтам, аз бозгашт, ҳатман ҳамроҳам китобҳои нодире, ки дар Тоҷикистон кам дида мешуд, меовардам, ки мардуми фарҳангпарвари тоҷик аз онҳо истифода барад. Байни китобҳое, ки овардаам, фарҳангу қомусҳои нодире низ мавҷуд аст, ки илми тоҷик аз онҳо зиёд баҳра бардошта метавонад. Чун Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, ягона муассисаи олӣ дар водии зарфишони Зарафшон маҳсуб меёбад, хеле хостам, ки ин ганҷинаи бебаҳо барои ин мардуми ташнаи илм хизмат кунад.”
Имрӯз, мо, суханони пандомези устоди равоншодро ба ёд меорему аҳсант ба сарсупурдагони роҳи илм мекунем, ки барои саҳми босазо дар баланд бардоштани нерӯи ақлонии ҷомеа ва дар масири адабиёти муосири тоҷик ҷоннисориҳо намудаанд. Воқеан, мактаби китобдорӣ, ба вижа мактаби рӯдакишиносӣ, мактаби бузургест, ки онро ҳифз намуда, идома додан ҳам, аз арҷгузорӣ ба арзишҳои олии миллат ба ҳисоб меравад.
Чи гунае, ки ҳини ифтитоҳи ин “Хазинаи пурганҷ”, адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода иброз намуд, “....чунин китобхонаи бою ғанӣ, ки соҳибаш дар зинда будани худ оварда супурда бошад, ҳатто дар пойтахт дида намешавад.”
Чаро китобхонаро “Маркази Рӯдакишиносӣ ва омӯзиши осори ниёгони форс-тоҷик” номгузорӣ намудем? Ин суолест, ки посухи он рӯшан аст.
Панҷакетшаҳри бостонӣ, яке аз марказҳои антиқаи фарҳангу тамаддуни мардуми ориёинажод мебошад. Бешак, тамоми мардуми Панҷакент огандаи шеъру шоириву касбу ҳунаранд. Аз ин мавзеъ шоирону нависандагони бузурги беҳисобе ба арсаи адбиёту ҳунар буруз намудаанд, ки ашъору осорашон назир надорад. Вале, мояи ифтихори мо, тоҷикистониён аст, ки Падари шеъри форсӣ, Одам-уш-шуоро, Малик-уш-шуаро Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар Рӯдакӣ, ки ӯро асосгузори адабиёти классикии тоҷик мегӯянд, маҳз аз Панҷакенти бостон аст. Мо барои бузургдошти ин нобиғаи ашъори латиф, дар қатори музейи ҷумҳуриявии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент, мактаб барои бачагони болаёқати шаҳр бо номи “Рӯдакӣ”, як Маркази илмию фарҳангие бо номи “Маркази Рӯдакишиносӣ ва омӯзиши осори бузургони адабиёти классикии форсу тоҷик” бунёд намудем, ки он ҷои зиёрати олимону фарҳангдӯстон ва сайёҳони хориҷӣ мешавад. Ин далели рӯшан ва бурҳони қотеъест, ки мо Рӯдакиро омӯхтаем ва то ҳол меомӯзем.
Мирзо Мулоаҳмад мегӯяд: “Дар Тоҷикистон суннати донишноманигорӣ ба миён омад, ки тадвин ва нашри Энсиклопедия ва санъати тоҷик (дар ҳашт ҷилд), Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик (дар се ҷилд) гувоҳи он аст.” Дар китобхонаи навтаъсиси рӯдакишиносӣ китобҳои “Донишномаи Эрон”, чопи Теҳрон дар 2 ҷилд, “Доиратул маорифи бузурги исломӣ”, Теҳрон дар 26 ҷилд, нашраш аз соли 2004 то 2008, “Луғатнома” дар 14 ҷилд, чопи Теҳрон, китобҳои бузургҳаҷми “Шоҳнома” и Абулқосим Фирдавсӣ ва “Рубоиёти Умари Хайём”, “Девони Камоли Хуҷандӣ”, “Офтоби маърифат”, Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ - “Нафаҳот –ул-унс мин ҳазарот –ил қудс”, Осор –ул –билод ва ахбору –л-ибод, Закариёи Қазвинӣ, Девони кабири Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ “Расоил-ул- эъҷоз”, Душанбе, чопхонаи Арт Крафт, 2013, 461 саҳ. Китоб ба ифтихори гиромидошти 760 солагии яке аз абармардон ва посдорони фарҳанги форсии тоҷикӣ Амир Хусрави Деҳлавӣ ба зевари чоп ороста гардидааст, Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо, китоби рангаву мунаққаши “Миниатюраҳои мактаби Эрон ва Ҳинд” мавҷуданд, ки назирашон дар кишвари мо кам аст.
Дар нашри аввали китоби “Рӯдакӣ рафт, монд ҳикмати ӯй”( (Душанбе, Ирфон, 2020, 455 саҳ.) Мирзо Муллоаҳмадов дар мақолаи “Рӯдакишиносӣ дар замони истиқлолият” (саҳ.208.) чунин ибрози ақида мекунад: “Дар замони истиқлол рӯдакишиносӣ на танҳо торафт вусъат пайдо карда, масъалаҳои гуногуни марбут ба адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, таърих, антропология, тиб, мусиқӣ, ҳунар ва амсоли онҳоро фаро мегирад, балки аз лиҳози таҳлилу баррасии масъалаҳо, аз умумигӯиҳое, ки қаблан ҷой дошт, берун мебарояд ва дар аксари асарҳо амиқрафту дақиқназариҳо ва далелу бурҳонҳои тоза дар таҳлилу баррасӣ мушоҳида мешавад.”
Ҳақиқатан, исботи ин андеша, ҷилди якуми китоби “Рӯдакӣ рафт, монд ҳикмати ӯй”, ки мақолаҳои олимони ватаниву хориҷӣ дар мавзӯи рӯдакишиносӣ ва паҳлӯҳои ашъори ӯ аз ҷониби олимони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент (Душанбе, Ирфон, 2020, 455 саҳ.) гирдоварӣ карда шудааст, ки маводҳои илмии олимони адабиётшиноси тоҷик ҳамчун А.Абдуллоев, Субҳон Амирзода, Алиасғари Шеърдӯст, Алимуҳаммади Хуросонӣ, З.Ғаффорова, М.Мирзоюнус, М.Файзхоҷа, А.Маҳсадаминов, Масъуд Қосимӣ, М.Муллоаҳмадов, Ш.Исрофилниё, Н.Нурзод, В.Элбоев, Т.Мардонӣ, З.Ӯлмасова, Р.Ҳодизода, Ш.Шокирзода, Назри Яздонӣ ва дигарон роҷеъ ба рӯдакишиносӣ, паҳлӯҳои шеъри ӯ, сабки хуросонӣ ё рӯдакиёна буда, фикрҳои бикри олимонаи онҳо мунташир гардида буд. Умед дорем, ки ҷилди дуюми маҷмӯаи мақолаҳои “Рӯдакӣ рафт, монд ҳикмати ӯй...” бо иловаи мақолаҳои олимони ватаниву хориҷӣ мавриди таваҷҷӯҳи олимону донишмандон ва рӯдакишиносони олам мегардад.
Раёсати Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо бунёди чунин маркази илмӣ-фарҳангӣ чун “Маркази Рӯдакишиносӣ ва омӯзиши осори ниёгони классикии форсу тоҷик”, барои донишҷӯёни донишкада, Колледжи омӯзгории шаҳри Панҷакент, омӯзишгоҳи тиббии шаҳр, литсейҳои касбию техникии шаҳр, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дӯстдорони адабу фарҳанг дари як хазинаеро боз намуд, ки “роҳи садсоларо” наздик гардонид.
Ҷанбаҳои муҳим ва навгониҳо инҳо мебошанд:
Ифтитоҳи Маркази илмӣ навиди нави фарҳангӣ барои аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент;
Бори аввал тавассути ДОТП ба шаҳри Панҷакент чунин миқдор китобҳои илмӣ харидорӣ карда шуд;
Аз ин китобҳо ҳамагон метавонанд бо риояи низому тартиби дохили китобхона, истифода баранд;
Таҳқиқотчиён, унвонҷӯён, магистрантон ва донишҷӯён барои пешбурди фаъолияти илмии худ аз ин сарчашмаҳо фаровон истифода хоҳанд бурд;
Дастрасии асарҳои адибон ва шоиру нависандагон барои аҳли ҷамоатчигии шаҳр;
Баргузории ҷамъомаду вохӯриҳо бо адибон дар Маркази мазкур;
Саҳми Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар бунёдгузории шеъри форсии тоҷикӣ мондагор аст. Рӯзи Рӯдакӣ –рӯзи ҷашни адабиёт ва истиқлоли фарҳангии халқи тоҷик хоҳад монд!

Рӯйхати адабиёти истифодашуда:
Рӯдакӣ, Абуабдуллоҳ. Девон / А. Рӯдакӣ. – Олмотӣ, 2007. – 256 с.
Розӣ, Шамси Қайс. Ал-муъҷам / Шамси Қайси Розӣ. – Душанбе: Адиб, 1991. – 464 с.
Маҷмӯи мақолаҳо. Рӯдакӣ рафт монд ҳикмати ӯй. Душанбе, Ирфон , 2020, 455 саҳ.
Сатторзода, Адунабӣ. Рӯдакӣ ва шеъри рӯдакивор / А. Сатторзода // Армуғони “Ганҷи сухан” (Ҷилди аввал). Баёзи суханварон ва муҳаққиқони вилояти Суғд. – Хуҷанд, 2007. – С. 21-29.
Футӯҳии Рӯдмаъҷанӣ, Маҳмуд. Балоғати тасвир / М. Футӯҳии Рудмаъҷанӣ. – Теҳрон: Сухан, 1385. – 464 с.
Шамисо, Сирус. Баён ва маъонӣ / С. Шамисо. – Теҳрон: Фирдавсӣ, 1374. – 256 с.
Шафеъии Кадканӣ, Муҳаммад. Суври хаёл дар шеъри форсӣ / М. Шафеъии Кадканӣ. – Теҳрон: Огоҳ, 1366. – 732 с.

Гулпарӣ Шарифова- узви фаъоли ҳизб аз ТИҲ "ДОТ" устоди Донишкадаи омӯзгорииТоҷикистон, дар шаҳри Панҷакент, номзади илмҳои филологӣ

Тибқи нақша чорабиниҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷаке...
19/09/2026

Тибқи нақша чорабиниҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент як гурӯҳи калони корӣ бо сарварии Муҳиба Маҳмадҷонова- раиси Шӯрои занони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сурайё Шарифзода- сармутахассиси Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 9 нафари дигар кормандони шӯъбаҳои гуногун дар мавзӯи "Зан-сарвар" бо донишҷӯёни ДОТП, Коллеҷи педагогии шаҳри Панҷакент, Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент вохӯрӣ-машваратҳои илмӣ гузарониданд.
Маҷлисро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи ДОТП, н.и.ф.дотсент Гулпарӣ Шарифова ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро пазироӣ намуда, ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Дар рафти маҷлис меҳмонон дар мавзӯи Зан -модар суҳбатҳои пурмазмуну доманадор карданд. Ҳамчунин мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент Ҳамзира Замонова роҷеъ ба масъалаи мазкур суханронӣ намуданд. Устоди факултети филология:- психологияи донишкада Дилфуза Эсоева, духтарони фаъол Париноз Ҷабборова ва Омина Сулоҳова низ аз ташрифи меҳмонон изҳори таманно карданд. Маҷлисро ноиби ректор оид ба тарбия, н.и.п.Фотима Сироҷзода ҳусни хотима бахшид.
Чунин вохӯриҳои судманд барои ривоҷу равнақи илм, хоса барои занону духтарон манфиат мебахшад. Вохӯрӣ дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гашт.

Иштирок дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея16.09.2026 https://president.tj/event/news...
17/09/2026

Иштирок дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея
16.09.2026
https://president.tj/event/news/57196

16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Корея, сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ин кишварҳо иштирок доштанд.

Зимни суханронӣ дар кори ҳамоиш Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ин чорабинӣ барои муайян кардани роҳҳои татбиқи ҳадафҳои нишасти якуми Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” заминаи мусоид фароҳам месозад.

Гуфта шуд, ки ҳамоиши “Ҳамкорӣ ва шарикии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баҳри пешбурди инноватсия, шукуфоӣ ва пайвастагӣ” метавонад барои ояндаи устувор тавассути ҳамкории судманд ва эҷоди фазои эҳтирому боварӣ замина фароҳам орад.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея”-ро заминаи муҳими ҳамкорӣ ва ҷавобгӯи барномаҳои рушди миллӣ ва манфиатҳои мардумони кишварҳо номиданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати рушди соҳаҳои стратегӣ, бахусус энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, рақамикунонӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ чораҳои зарурӣ меандешад.

Аз ҷумла, тайи солҳои охир барои таҳкими устувории макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ислоҳоти фарогир амалӣ гардид.

Гуфта шуд, ки қонунгузории кишвари мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст.

Ба таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (WTO) далели мутобиқати қонунҳои мо ба меъёрҳои байналмилалӣ дар ин ҷода мебошад.

Зимни суханронӣ дар ҳамоиши иқтисодию тиҷоратӣ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои сармоягузорӣ, зарфиятҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва захираҳои табиӣ, аз ҷумла энергияи “сабз”, саноат, кишоварзӣ, нассоҷӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, бонкдорӣ ва молияро муаррифӣ намуданд.

Изҳор гардид, ки ин самтҳои ҳамкорӣ мавриди алоқамандии доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Ҷумҳурии Корея қарор хоҳанд гирифт.

Дар фарҷом, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби Тоҷикистонро ба амалисозии мувофиқаҳои дар доираи нишастҳои имрӯза ҳосилшуда, ки дар шакли Баёнияи муштарак қабул мегарданд, иброз доштанд.

Address

Проспект Рудаки 108
Panjakent
735500

Opening Hours

Monday 08:00 - 12:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:00 - 12:00

Telephone

+992347554020

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The School

Send a message to Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент:

Shortcuts

Share