07/12/2022
Дар Прокуратураи н.Мургоб санаи 6.12.2022 Чаласаи Хамохангсозии Макомоти хифзи хукуки нохияи Мургоб вобаста ба вазьи Ичрои Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи масьулияти падару модар дар таьлиму тарбияи фарзанд"баргузор гардид
23/11/2022
Бо максади тахким бахшидани хамкории милитсия бо чомеа ,таргиби тарзи хаети солим , кабули мурочиат ва арзу дархостхои шахрвандон як силсила тадбирхои амали андешида шуда,дар ин замина мулокот ва вохурихои озоду ошкорои рохбарияти милитсияи нохия ва прокурори нохия бо сокинони табакахои гуногуни чомеа дар нохияи Мургоб гузаронида шуд.
Сипас Сардори шуьбаи Вазорати Корхои Дохила Полковники милитсия Шарифзода Киемиддин Махмадуло оид ба дастовардхои 31-соли Истиклолият дастгириву гамхорихои беназири Асосгузори Сулху Вахдати Милли Пешвои Миллат Президенти Чумхурии Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон суханрони намуд
Номбурда дар идомаи суханрони зикр дошт , ки баргузории чунин мулокотхои озоду ошкоро васила ва воситаи асосиест,ки робитаи милитсияро бо чомеа тахким бахшида , дар ташкили фазои комили хамдигарфахми, аз байн бурдани муаммову мушкилоти чомеа, пешгири ва мубориза зидди кирдорхои зиддихукуки бартараф намудани омилхои халалдоркунандаи тартиботу ороми ва баланд бардоштани маьрифати хукукии чомеа сахми арзанда мегузорад.
Дар кисмати дигари мулокот якчанд сокинони бошандагони нохия суханрони намуда, икдоми милитсияро доир ба ташкили мулокот бо сокинон дар махалхо , Ки барои рафьи мушкилоти мардум ва ташкили фазои хамдигарфахми равона гардидааст ,икдоми самаровар маьнидод намудаанд.
Илова бар ин сокинон чихати баланд бардоштани сатхи некуахволии ахолии нохия якчанд дархосту пешниходхои муфид ироа намудаанд.
Ва дар охир Сардори шуьбаи Вазорати Корхои Дохила Полковники милитсия Шарифзода Киемиддин Махмадуло хамаи сокинони баландкухи нохияи Мургобро бо чашни фархунда "Рузи Парчами"давлатии Чумхурии Точикистон табрику муборакбод намуд.