Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар"

  • Home
  • Tajikistan
  • Kurgan-Tyube
  • Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар"

Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар" Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар", Education Website, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Абӯалӣ ибни Сино 7, Kurgan-Tyube.

Государственное образовательное учреждение «Медицинский колледж города Бохтар» — флагман медицинского образования в Хатлонской области, задающий стандарты профессионализма и качества подготовки будущих специалистов.

ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР” БО ДОНИШҶӮЁНИ БАХШҲОИ ЯКУМИмрӯз, 28 сентябри соли равон дар Муассис...
28/09/2026

ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР” БО ДОНИШҶӮЁНИ БАХШҲОИ ЯКУМ

Имрӯз, 28 сентябри соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» вохӯрии директори муассиса Одилзода Исмоил, номзади илмҳои тиб, бо донишҷӯёни бахшҳои якум баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ роҳбарияти муассиса донишҷӯёни навро ба муносибати оғози таҳсил дар коллеҷ хайрамақдам гуфта, онҳоро бо талаботи муассисаи таълимӣ, тартиби ташкили раванди таълим ва қоидаҳои низоми дохилӣ шинос намуд.

Зимни вохӯрӣ ба масъалаҳои интизоми донишҷӯӣ, одобу ахлоқ, риояи қоидаҳои дохилии муассиса, муносибати эҳтиромона бо омӯзгорон ва масъулиятшиносӣ дар раванди таълим таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Таъкид карда шуд, ки донишҷӯ бояд ба таҳсил бо ҳисси баланди масъулият муносибат намуда, дар машғулиятҳои таълимӣ фаъолона иштирок кунад, қоидаҳои муқарраргардидаи муассисаро риоя намояд ва барои баланд бардоштани сатҳи дониш, такмили малакаҳои касбӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии худ пайваста кӯшиш намояд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мутобиқшавии донишҷӯёни ба муассиса тариқи гузариш қабулшуда ба муҳити нави таълимӣ, идомаи таҳсил аз рӯйи ихтисосҳои мувофиқ, риояи талаботи муассиса ва таҳкими ҳамкории муассисаи таълимӣ бо волидон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» Одилзода Исмоил, номзади илмҳои тиб, таъкид намуд, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу омӯзиши донишҷӯён, тарбияи мутахассисони соҳибкасби тиб ва баланд бардоштани масъулияти онҳо дар назди ҷомеа мебошад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ донишҷӯён ба риояи интизоми дохилӣ, муносибати масъулона ба таҳсил, эҳтироми омӯзгорон ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи муассиса ҳидоят карда шуданд.

ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР” МУЛОҚОТИ СУДМАНД ДОИР БА МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДОИР ШУД  Дар Муассисаи давлатии т...
25/09/2026

ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР” МУЛОҚОТИ СУДМАНД ДОИР БА МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДОИР ШУД

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» бо мақсади пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва дигар қонуншиканиҳои марбут ба ин самт мулоқоти намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бо роҳбарият, устододону кормандон ва донишҷӯёни ин муассисаи тиббӣ доир шуд.

Зимни оғози мулоқот муовини директор оид ба корҳои таълимии МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар" Сангинов Ғолиб баромад намуда аз аҳамияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони соҳа ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва дигар амалҳои номатлуб ёдовар гардид.

Сипас, дар идомаи мулоқоти судманду самарабахш сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар подполковники адлия Олимзода Мансур дар мавзӯи "Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа" дар назди ҳозирин баромад намуд.
Ҳаминтавр дигар баромадкунандагон низ атрофи роҳҳои муқовимат бо коррупсия, сабабу омилҳои даст задан ба чунин кирдорҳо ва масъулияти пешбининамудаи қонунгузорӣ, инчунин оид ба масъалаҳои терроризм ва экстремизм ва дигар масоили мубрам суханронӣ намуданд.

10/09/2026

ШОМИ ЗЕБОВУ НУРАФШОНИ БИНОИ НАВИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР»

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ-КАФОЛАТИ СОАДАТУ ХУШБАХТӢ   Ҳар фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати ми...
09/09/2026

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ-КАФОЛАТИ СОАДАТУ ХУШБАХТӢ

Ҳар фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ сутунҳои зарине мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояҳои давлатдории миллатамонро боз ҳам таҳким бахшем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 ҳаёти мардуми Тоҷикистонро ба таври куллӣ тағйир дод ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ барои кишварамон гардид. Давраи нав, яъне замони соҳибистиқлолӣ дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи ниҳоят мушкилу масъулиятноки таърихӣ, яъне бунёди давлати навини миллӣ, ҳифзи манфиатҳои халқу Ватан ва таъмини амнияти кишварро ба миён гузошт. Хушбахтона, дар оғози замони соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва бо азму иродаи қавӣ ва дастгирии мардуми шарифамон аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои мазкур баромаданд.
Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. «Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад.
Ба роҳ мондан ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар даврони истиқлолият барои кишвар имконият фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбад ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд. Албатта, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки таърихи 35-сола дорад, ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дастовардҳо ва комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд.
Яке аз дастовардҳои сиёсии истиқлолияти давлатӣ ин ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон диҳад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Аз ин лиҳоз, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири истиқлолият мебошад.
Раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои осиёимиёнагӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Хушбахтона, фарҳанги бузурги тоҷикона ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз ҷурми якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуктаҳои калидие буданд, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои бартараф намудани рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд. Инчунин сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргардонда шаванд ва як заминаи воқеӣ барои ҷомеаи боамну босубот дар кишвар муҳайё карда шавад.
Албатта ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат неъмати бузург аст, аммо ҳифзу таҳкими он масъулияти азим дошта, заҳмату ҷонфидоиҳоро талаб менамояд. Бешубҳа, аз асоситарин омилҳои расидан ба қадри ин неъмати бузург, яъне соҳибистиқлолӣ ва ҳимояи он дар зеҳну шуури ҳар як соҳибватан ташаккул додани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Боиси хурсандист, ки солҳои охир ба шарофати истиқлолият худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстии мардуми мо боло рафтааст. Қавӣ гардидани Артиши миллӣ ва умуман иқтидори мудофиавии давлат, ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ рафта хизмат кардану барои ҳифзи Ватан омода будани ҷавонони кишварамон исботи гуфтаҳои болост.
Оре, истиқлол неъмати бебаҳои зиндагист, вале он мӯъҷизае нест, ки баъди эълонаш мо даст рӯи даст, дар кунҷи хона бишинему тамоми нозу неъмати зиндагӣ болои хонамон муҳайё шавад. Ҳам пойдории истиқлол ва ҳам беҳ гардидани рӯзгорамон аз меҳнати ҳалол, муносибати пок ва дилу нияти софи ҳар як фарди ҷамъият дар сари иҷрои вазифа аён мегардад. Чунончи, агар хонанда ва донишҷӯем бояд хубу аъло таҳсил кунем, то ҳамчун донишманду закӣ ва соҳибтахассус паи ободии Ватан камари ҳиммат бандем. Ва ё агар кишоварзем, бо сад умед ба замин дона корем, то дастурхони мардум ҳамеша пурфайз бошад. Агар муҳофизи ватанем, софдилона хизмат кунем, то ҳар нафар шаҳрванди ин кишвар тавонад дар фазои орому осоишта кору зиндагӣ кунад. Агар омӯзгорем кӯшиш кунем, ки насли босаводро тарбия кунем, зеро маҳз насли босавод метавонад ободгар бошад. Агар шахси фарҳангием, дар ҳифзи фарҳанг ва баланд бардоштани донишҳои фарҳангӣ талош варзем. Агар табибем, баҳри саломатии ин миллат хизмат кунем, зеро ҷомеаи солим боигарии давлат аст ва фарди солим метавонад ҷомеаи солиму пешрафта созад.
Бояд ҳар як сокини Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон қимату арзиши озодиву соҳибихтиёрӣ ва давлати миллиро ба таври дурусту амиқ дарк намояд ва аз ин имконият, ки таърих барои мо фароҳам овардааст, яъне соҳибистиқлолӣ пурсамар истифода барад. Фаромуш набояд кард, ки мо танҳо бо доштани давлати соҳибистиқлол, Ватани озоду соҳибихтиёр ва ҷомеаи пешрафтаи мутамаддин метавонем дар ҷаҳони муосир мақоми арзанда дошта бошем ва ҳамчун миллат соҳибэҳтиром бошем.
Мусаллам аст, ки дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир мо танҳо дар сурати доштани ваҳдату сарҷамъӣ ва саъю талоши ватандӯстонаи тамоми сокинони кишварамон метавонем истиқлоли Ватани маҳбубамонро ҳимоя кунем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта гардонем ва ҳамаи нақшаву ҳадафҳои миллиамонро амалӣ намуда, миллати хушбахт бошем.
Ҳоло мо дар арафаи ҷашни муқаддаси истиқлолият қарор дорем ва аз ин рӯ, орзу мекунем, ки сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон ҳамеша ҳукмрон ва амну суботи ҷомеаи фарҳангсолорамон ҷовидону бегазанд бошад! Орзумандем, ки нури хуршеди истиқлол то абад равшангари сарзамини биҳиштосои мо бошад! Миллати сарбаланди мо бо роҳбарии Пешвои муаззами худ ба зинаҳои баланди тараққию пешрафтҳо ноил гардад! Бигзор ҷашни муқаддаси истиқлол барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат ва фатҳу зафарҳо оварад! Ҷашни истиқлол ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!
ЛАТИФЗОДА БЕҲРӮЗ АБДУЛАЗИЗ
Декани факултети “Кори табобатӣ”-и МДТ
“Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар”

Конститутсия ва рушди низоми давлатдорӣ дар замони Истиқлол     Конститутсия  ҳамчун  Қонуни   асосии  ҳар  як  давлат  ...
09/09/2026

Конститутсия ва рушди низоми давлатдорӣ дар замони Истиқлол


Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии ҳар як давлат нақши муҳимро дар ташаккул ва рушди низоми давлатдориро иҷро менамояд. Он асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҷомеаро муайян намуда, самтҳои асосии рушди давлатро муқарар мекунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба санади муҳими давлатӣ мустақил ва таҳкими давлатдорӣ заминаи устувор гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 – уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин ҳучҷат арзишҳои асосии давлат ва ҷомеаро муайян намуда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон кард.

Конститутсия ҳуқуқи озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро ҳифз намуда принсипи волоияти қонунро дар ҷомеа муқарар сохт. Маҳз тавассути ин санад пояҳои ҳуқуқии давлатдории навини тоҷикон гузошта шудаанд.
Дар давраи истиқлол Тоҷикистон марҳилаҳои гуногуни рушди давлатдориро паси сар намуд. Солҳои аввали истиқлол бо мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳамроҳ буданд. Бо барқарор гардидани сулҳу субот давлат имконият пайдо кард, ки ба рушди институтҳои давлатӣ диқати бештар диҳад.

Дар солҳои истиқлол сохтори мақомоти давлатӣ такмил дода шуд. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарвари давлат ва кафили Конститусия дар таҳкими истиқлолият ва суботи сиёсӣ муҳим арзёби мегардад.

Ҳамзамон фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии қонунгузор ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи муосир шароити мусоид фароҳам омад.

Ҳокимияти судӣ низ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимият такмил ёфта, барои қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи муосир шароити мусоид фароҳам овард. Яке аз муҳимтарин омилҳои рушди давлатдорӣ барқарор гардидани сулҳу суботи сиёсӣ мебошад. Имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои таҳкими давлатдорӣ аҳамияти бузург дошт. Яке аз самтҳои муҳими рушди давлатдорӣ таҳкими мақомоти маҳалии ҳокимияти давлати мебошад.

Дар замони истиқлол нақши мақомоти маҳаллӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳо афзоиш ёфтаанд. Ин раванд ба рушди минтақаҳо ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол ба шумор меравад. Он ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ барои ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолият, барқарории сулҳу субот ва рушди ҷомеа нақши ҳалкунанда бозидааст.

Дар солҳои истиқлол низоми давлатдорӣ мунтазам такмил ёфта, пояҳои давлатдории муосири тоҷикон мустаҳкам гардидаанд. Имрӯз Конститутсия ҳамчун кафили субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти давлат барои рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ахамияти бузург дорад.

Сардори шуъбаи тарбияи
МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” Маликова Миҷгона

35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ “Истиқлолият муқаддастари...
09/09/2026

35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ

“Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад”, — таъкид намудаанд
(Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат арзиши бузург ва муқаддас ба ҳисоб меравад, зеро он рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва ҳуқуқи комил барои муайян намудани роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат мебошад.
Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки оғози марҳилаи нави таърихӣ, асоси ташаккули давлатдории миллӣ ва заминаи таъмини рушди устувори ҷомеа мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ роҳи пурпечутоб, вале пурифтихорро тай намуда, аз як давлати навистиқлол ба кишвари соҳибмақом, дорои сиёсати мустақил ва обрӯи байналмилалӣ табдил ёфт. Агар солҳои аввали истиқлол барои давлат давраи мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маҳсуб мешуданд, имрӯз Тоҷикистон бо такя ба суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, сиёсати хирадмандона ва рушди пайгиронаи иқтисодӣ ба марҳилаи нави давлатсозӣ ворид гардидааст.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳким ва рушди давлатдории миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Давлат пояҳои асосии сохтори сиёсӣ ва ҳуқуқии худро мустаҳкам намуда, барои ташаккули ҷомеаи муосир заминаи устувор фароҳам овард. Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихии ин давра қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамчун санади асосии ҳуқуқии давлат пояҳои давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин принсипҳои идоракунии давлатро муайян намуд. Қабули Конститутсия барои ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ ва таҳкими волоияти қонун аҳамияти бузург дошт.

Дар баробари ин, дар кишвар сохторҳои асосии давлатӣ ташаккул ёфта, фаъолияти онҳо тадриҷан такмил дода шуд. Мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар асоси талаботи давлати демократӣ фаъолият намуда, барои таъмини суботи сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳм гузоштанд. Ислоҳоти давлатӣ ва такмили низоми идоракунӣ имкон доданд, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ самараноктар гардида, робитаи давлат бо ҷомеа боз ҳам мустаҳкам шавад.

Ҳамзамон, Тоҷикистон дар самти таҳкими соҳибихтиёрӣ ва муаррифии худ ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ низ муваффақ гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бисёр кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва ҷонибдори ҳамкориҳои байналмилалӣ шинохта мешавад.

Мавқеи фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар солҳои истиқлолӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан дар масъалаҳои вобаста ба обу иқлим ташаббусҳои муҳими байналмилалиро пешниҳод намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти экологӣ, ҳифзи захираҳои табиӣ ва истифодаи оқилонаи об ҷалб кардааст. Маҳз бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор пешниҳодҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои об аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд. Аз ҷумла, ташаббуси “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд. Ин иқдомҳо аҳамияти бузурги масъалаҳои экологӣ ва нақши Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба тағйирёбии иқлим нишон медиҳанд.
Ҳифзи пиряхҳо имрӯз ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, зеро обшавии босуръати онҳо метавонад ба захираҳои обӣ ва вазъи экологии сайёра таъсири манфӣ расонад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги пиряхӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории муштарак барои ҳифзи пиряхҳо ва пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим даъват менамояд.
Ҳамзамон, Тоҷикистон дар масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ низ мавқеи устувор дорад. Бо дарназардошти вазъи мураккаби минтақа ва таҳдидҳои муосир, кишвар пайваста ҷонибдори таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мебошад. Тоҷикистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои ҳифзи субот ва амнияти минтақа саҳми фаъол мегузорад.
Ба даст омадани сулҳу субот яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Сулҳ барои барқарор гардидани ҳаёти осоишта, рушди иқтисоди миллӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Маҳз бо шарофати сулҳу оромӣ имрӯз Тоҷикистон дар роҳи бунёдкорӣ, пешрафт ва таҳкими давлатдорӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Истиқлолият асоси пойдории давлат, рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмат, дастоварди бузургу бебаҳои таърихӣ ва ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ маҳсуб меёбад. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо зарур аст, ки ҳар фард, махсусан мо ҷавонон ба эътимоду эътиқоди Пешвои миллат сазовор бошем, маърифату ҷаҳонбинии худро таҳким бахшида, баҳри баланд бардоштани нуфузу эътибори миллат, пойдории давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд саҳми худро гузорем ва дар марҳилаҳои амалишавии ормонҳои халқу миллатамон саъю кӯшиш намоем.

Мудири кафедраи “Тарбияи ҷисмонӣ”
Муассисаи давлатии таълимии
“Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар”
Турахонов Сироҷ

ИСТИҚЛОЛИЯТ — МЕРОСИ ГАРОНБАҲОИ  МИЛЛАТИ ТОҶИК МЕБОШАД«Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи ол...
09/09/2026

ИСТИҚЛОЛИЯТ — МЕРОСИ ГАРОНБАҲОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК МЕБОШАД

«Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад».

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат бузургтарин дастоварди таърихӣ ва арзиши муқаддаси миллӣ ба ҳисоб меравад. Барои миллати тоҷик соҳибистиқлолӣ оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, эҳёи худшиносии миллӣ ва фароҳам гардидани имконияти мустақилона муайян намудани роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад.

9 сентябри соли 1991 дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун санаи тақдирсоз ва фаромӯшнашаванда сабт гардид. Аз ҳамин рӯз марҳилаи нави давлатдории миллии тоҷикон оғоз ёфт. Дар даврони истиқлолият мардуми Тоҷикистон бо талошҳои пайваста ва заҳмати созанда барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, сулҳу субот ва рушди кишвар қадамҳои устувор гузошт.

Истиқлолият барои мо на танҳо мероси гаронбаҳои таърихӣ, балки масъулияти бузург дар назди наслҳои имрӯз ва оянда мебошад. Ҳифзи сулҳу ваҳдат, таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату дониш ва тарбияи насли ватандӯсту соҳибмаърифат аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҷомеаи соҳибистиқлол ба шумор мераванд.

Истиқболи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ набояд танҳо як ҷашни расмӣ бошад. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи давлат назар андозем, дастовардҳои худро қадр намоем ва барои ояндаи боз ҳам ободу пешрафтаи Ватан масъулияти бештар эҳсос кунем. Ободии Тоҷикистон, пешрафти ҷомеа ва таҳкими истиқлолият аз меҳнати содиқона, дониш, масъулият ва ваҳдати ҳар як шаҳрванди кишвар вобаста мебошад.

Дар давоми солҳои истиқлолият дар мамлакат роҳҳои автомобилгард, нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тандурустӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ бунёд гардиданд. Иқтисоди миллӣ марҳилаҳои муҳими ислоҳоту рушдро паси сар намуда, заминаҳои рушди минбаъдаи кишвар таҳким ёфтанд.

Истиқлолият ҳамчунин барои рушди ҳувияти миллӣ ва худшиносии шаҳрвандӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин давра таваҷҷуҳ ба забони давлатӣ, таъриху фарҳанг, мероси адабӣ ва арзишҳои миллии тоҷикон бештар гардид. Зеро эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ нақши муҳим дорад.

Дар ҷаҳони муосир истиқлолият танҳо маънои соҳибихтиёрии сиёсиро надорад. Истиқлолияти воқеӣ ҳамчунин ба рушди иқтисоди миллӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, пешрафти илму технология, рушди маориф, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум вобаста мебошад. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими истиқлолият вазифаи доимии тамоми ҷомеа мебошад.

Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози давлат дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ нақши махсус доранд. Донишомӯзӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, истифодаи дурусти технологияҳои муосир, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷомеа аз ҷумлаи роҳҳои муҳими саҳмгузории ҷавонон дар рушди давлат мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки «Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад». Ин таъкид аз он шаҳодат медиҳад, ки истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо рамзи соҳибихтиёрӣ, балки заминаи асосии рушди давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Истиқлолият ба мардуми Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки сарнавишти давлату миллатро мустақилона муайян намояд, арзишҳои миллӣ ва фарҳангии худро ҳифз кунад ва ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар ҷомеаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо намояд.

2 марти соли 1992 Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ки ин яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихи навини кишвар ва далели эътирофи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол мебошад.

Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи худро устувор намуда, дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузорад. Кишвар дар фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ иштироки фаъол дошта, ташаббусҳои созандаи худро дар самтҳои таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти минтақавӣ, ҳифзи муҳити зист, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор пешниҳод менамояд.

Яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлолият ташаккули низоми мустақили давлатдорӣ мебошад. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол Конститутсия, рамзҳои давлатӣ, низоми қонунгузорӣ ва сиёсати мустақили дохилию хориҷии худро ташаккул дод. Ин замина имкон фароҳам овард, ки давлат дар роҳи таҳкими соҳибихтиёрӣ ва рушди минбаъдаи ҷомеа қадамҳои устувор гузорад.

Истиқлолият инчунин барои ҳифзи забон, фарҳанг, таърих, анъана ва арзишҳои миллӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи ҳувияти миллӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Миллате, ки забон, фарҳанг ва таърихи худро ҳифз менамояд, метавонад дар фазои ҷаҳонии иттилоотӣ ва фарҳангӣ мавқеи устувор дошта бошад. Аз ин рӯ, истиқлолияти сиёсӣ бояд бо истиқлолияти фикрӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва технологӣ пайваста тақвият дода шавад.

Имрӯз, ки аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 сол сипарӣ мегардад, мо бояд ба роҳи тайкардаи кишвар назар намуда, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро арзёбӣ ва вазифаҳои минбаъдаро муайян намоем.

Дар тӯли ин солҳо Тоҷикистон марҳилаҳои ниҳоят душвори таърихиро паси сар намуда, дар самти таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, густариши муносибатҳои байналмилалӣ ва рушди инсонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Бо вуҷуди ин, истиқлолият танҳо бо дастовардҳои гузашта чен карда намешавад. Мазмуни воқеии истиқлолияти муосир дар қобилияти давлат барои таъмини рушди устувор, иқтисоди рақобатпазир, фароҳам овардани ҷойҳои кории босифат, рушди илму технология, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ифода меёбад.

Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ вазифаи на танҳо давлат, балки тамоми ҷомеа мебошад. Насли ҷавон бояд арзиши истиқлолиятро дарк намуда, бо дониш, маърифат, меҳнати созанда ва эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузорад.

Қобили зикр аст, ки дар таҳкими сулҳу ваҳдат, барқарор намудани суботи сиёсӣ ва пешрафти кишвар саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад. Сиёсати созанда ва дурнамои рушди давлат дар солҳои истиқлолият барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷомеа замина гузошт.

Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ пеш аз ҳама натиҷаи муттаҳидӣ, меҳанпарастӣ, заҳмати содиқона ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони кишвар мебошанд. Мардуми тоҷик, ки дорои таърихи пурғановат ва фарҳанги қадима мебошад, бо азми қавӣ барои ободии Ватан ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳм мегузорад.

Халқи тоҷикро мебояд ин 35 соли тақдирсоз-ро таҳлил намуда, ба қадри хизматҳои фарзандони тавонманди миллат расад, таҷрибаи созандаву ибратбахши онҳоро омӯзад ва ба қадри ин неъмати бебаҳо — Истиқлолият — бирасад.
Дастовардҳои даврони истиқлолиятро бояд бештар тарғибу ташвиқ намоем, зеро Истиқлолият шиносномаи давлати тоҷикон, санаи сарнавиштсозу муқаддас, рамзи саодат ва омили муҳими ташаккули муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ҳар як миллат барои расидан ба ормонҳои миллии худ, пеш аз ҳама, бояд соҳибистиқлол бошад.

Барои миллати тоҷик соҳибистиқлолӣ оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, зиндагии созанда ва имкони бунёди ояндаи шоиста мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд ин неъмати муқаддасро қадр намоем, сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва бо меҳнати содиқона барои ободии Тоҷикистони маҳбуб саҳм гузорем.

Зеро ояндаи Ватан аз андешаву фаъолияти имрӯзаи мо вобаста аст. Ҳар қадами созанда, ҳар дастоварди илмӣ, ҳар кори неку самарабахш саҳме дар таҳкими истиқлол ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Хулоса, Истиқлоли давлатӣ сарчашмаи ифтихор ва шарафи миллӣ, кафили зиндагии осоишта ва заминаи пешрафти ҷомеа мебошад. 35-солагии Истиқлолият на танҳо як санаи ҷашнӣ, балки фурсати андеша, таҳлил ва муайян намудани вазифаҳои нав барои оянда аст.

Мо бояд бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтироми таъриху фарҳанги миллӣ, ҳифзи сулҳу ваҳдат ва меҳнати созанда барои ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузорем.

Сангинов Ғолиб, муовини директор оид ба корҳои таълимии МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар"

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР” НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ТИБ, ОДИЛЗОДА ИСМОИЛ БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚ...
09/09/2026

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР” НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ТИБ, ОДИЛЗОДА ИСМОИЛ БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Муҳтарам устодону омӯзгорон, ва донишҷӯёни азиз!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза ҳамаи Шуморо ба муносибати яке аз муқаддастарин ҷашнҳои миллӣ — Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат болотарин дастоварди сиёсӣ ва муҳимтарин заминаи давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Барои миллати тоҷик Истиқлолият оғози марҳилаи нави таърихӣ буда, имконияти воқеии таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва муайян намудани самти рушди кишварро фароҳам овард.

Арзиши Истиқлолиятро пеш аз ҳама дар сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва имконияти созандагии ҷомеа метавон дид. Давлати соҳибистиқлол танҳо дар сурате устувор мемонад, ки ҷомеа ба арзишҳои давлатдорӣ эҳтиром дошта, ҳар як шаҳрванд масъулияти худро дар назди Ватан дарк намояд.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо қайд кардаанд:

Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд.

Ба ин маънӣ, истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.
Дар солҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, пеш аз ҳама маориф ва тандурустӣ, имкониятҳои васеъ фароҳам омаданд.

Имрӯз рушди маориф маънои тарбияи насли соҳибмаърифатро дорад ва рушди тиб — ҳифзи саломатии ҳамин насл ва тамоми ҷомеаро. Аз ин рӯ, байни ин ду соҳа ва Истиқлолият робитаи амиқ вуҷуд дорад: маориф кадр месозад, тиб инсонро ҳифз мекунад ва инсони солимву соҳибмаърифат нерӯи асосии давлати соҳибистиқлол аст.

Боиси ифтихор аст, ки дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи мо соҳиби бинои нави замонавӣ гардид, ки бо иштироки фосилавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Ин бино танҳо як иншооти нав нест. Он нишонаи таваҷҷуҳи пайваста ба соҳаи маориф, эҳтиром ба касби омӯзгорӣ ва ғамхорӣ ба омода намудани мутахассисони ҷавон мебошад. Барои муассисаи тиббӣ бошад, фароҳам овардани чунин шароити муосири таълим маънои омода намудани кадрҳоеро дорад, ки фардо барои саломатии мардум масъулияти бузург ба зимма хоҳанд гирифт.

Аз ин лиҳоз Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон неъмати бузургест, ки қадри он на танҳо бо сухан, балки бо амал, масъулият ва созандагӣ бояд нишон дода шавад. Қадр кардани Истиқлолият — қадр кардани сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллии мост.

Бо ҳамин нияти нек ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ — Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба Шумо саломатӣ, ба оилаҳоятон хушбахтӣ, ба фаъолияти касбиатон барору комёбӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.

Бигзор Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пойдор ва Ватани маҳбуби мо ҳамеша ободу осуда бошад!

Ҷашни Истиқлолият муборак бошад!

Address

Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Абӯалӣ ибни Сино 7
Kurgan-Tyube
735140

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:00 - 15:00

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар" posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share